Бахшҳо
08 май 2012 03:34Гузориш

Низоъ бар сари роҳбарии ҷаҳони араб

Рақобати ду кишвар бар сари роҳбарӣ бар ҷаҳони араб, агар чӣ тайи солҳои ҳукумати Ҳусни Муборак ранг бохта буд, аммо дар шароити ҷорӣ далелҳо баёнгар аз ҷаҳиши баланди Миср барои дастёбӣ ва иҷрои дубораи нақши таърихии худ аст.

Робитаҳои Миср ва Арабистони Сауди имрӯзҳо дар ҳоли сипари кардани пурихтилофтарин даврони худ аз соли 2011 то кунун аст. Баҳонаи ин ихтилоф эътирози мисриён ба бархӯрди таҳқиромези Арабистон Саудӣ бо Аҳмад Ҷизовӣ аст. Ҷизовӣ вакили мудофеи бархе мисриҳои зиндонишуда дар Арабистон аст, ки чанде пеш дар хусуси сиёсатҳои таҳқиромезонаи подшоҳи Арабистон нисбат ба ин зиндониён танқидҳое карда буд. Ин танқидҳо Оли Саудро хуш наомад. Аммо асли моҷаро замоне шурӯъ гардид, ки Ҷизовӣ ҳамроҳи ҳамсараш барои адои Ҳаҷ ба Арабистон рафт. Ба гуфтаи ҳамсари ӯ, нерӯҳои амниятӣ дар фурудгоҳ бидуни ин ки ҷомадонҳоро бозрасӣ кунанд, бо ҷурми ҳамл ва қочоқи маводи мухаддир аз Миср ба Арабистон Ҷизовиро дастгир кардаанд. Ба завҷааш гуфтаанд, ки зудтар биравад, вагарна ӯро ҳам боздошт мекунанд.

Ин моҷаро баҳонае шудаст барои ихтилофҳои шадид дар робитаҳои ду кишвар. Аммо ин масъала бештар аз он ки худ дорои умқи қобили таваҷҷуҳе бошад, дар ҳоли ҳозир ба намоде табдил шудааст барои ибрози хашми мисриҳо аз Арабистони Саудӣ. Барои фаҳми беҳтари ин хашм, нигоҳе ба тамоми амалкардҳо ва мавзеъҳои Арабистон дар қиболи Миср аз оғози эътирозоти тамомшуда ба инқилоби соли 2011 то кунун метавонад муфид бошад:

-даъват аз Ҳусни Муборак ва хонаводааш барои ҳузури ҳамешагӣ дар Арабистон;
-талош барои монеътарошӣ дар масири расидагӣ ба иттиҳомоти Ҳусни Муборак дар додгоҳ;
-ҳимоят аз гурӯҳҳои салафии Миср барои тафриқаандозӣ ва низоъҳои мазҳабӣ. Ин масъала дар талоши салафиҳои Миср барои аз миён бурдани намодҳои шиаён ва масеҳиёни Миср барои эҷоди низои мазҳабӣ ба мушоҳида мерасад;
-ҳимоят аз номзадии Умар Сулаймон;

Тамоми мавридҳои боло бо рӯҳи инқилоб ва хостаҳои мардумӣ дар масири пирӯзии инқилоб, дар таззод аст. Ин масъала муҷиб шудааст, то дар шароити феълӣ мардуми Миср бо баҳонаи дастгирии Чизовӣ, аммо ба хотори дифоъ аз моҳияти инқилоби худ, дар муқобили сафорати Арабистон митинг кунанд ва бар рӯи деворҳои он шиорнависӣ карда, алайҳи Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Саудӣ фарёд бизананд. Ба ҳар ҳол ин моҷаро низ эҳтимолан бо имтиёздиҳии ду тараф ба итмом хоҳад расид. Аммо оё низои ин ду кишвар тамом шуданӣ аст? Ба назар посухи ин савол манфӣ аст. Илова ба мавридҳои боло, ки дар ҳофизаи инқилобии мисриҳо боқӣ хоҳад монд, баъзе масъалаҳои таърихӣ низ бар тулонӣ шудани ин ихтилофҳо ҳукм меронад.

Рақобати ду кишвар бар сари раҳбарӣ бар ҷаҳони араб, агар чӣ тайи солҳои ҳукумати Ҳусни Муборак ранг бохта буд, аммо дар шароити ҷорӣ далелҳо баёнгар аз ҷаҳиши баланди Миср барои дастёбӣ ва иҷрои дубораи нақши таърихии худ аст. Бо нигоҳе ба даврони роҳбарии Ҷамол Абдулносир дар Миср, метавон ба хубӣ фаҳмид, ки нақши Миср дар таҳаввулоти ҷаҳони араб то чӣ мизоне будааст. Табаддулотҳои гуногун дар кишварҳои арабӣ аз сӯи ҳомиёни Носир, маҳбубияти ӯ дар миёни мардуми араб, муборизаҳояш бо режими сионистӣ аз ҷумлаи мавридҳое аст, ки нишондиҳандаи ҷойгоҳи Мисри Носирӣ дар ҷаҳони араб дорад. Арабистон, ки дар ҳамон замон низ дар хусуси иртибототи пинҳониаш бо Исроил ҳарфу ҳадисҳои зиёде буд, ногаҳон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва дар зиддият бо сионизм, роҳбарии кишварҳои араб дар иҷрои сиёсати таҳрим, инзиво ва муқобила бо Мисрро бар ӯҳда мегирад ва ба ин сурат бо баҳрагирӣ аз ин васила ва намодҳои мазҳабӣ саъй мекунад, то худро модари ҷаҳони ислом муаррифӣ карда ва роҳбарии ҷаҳони арабро бар ӯҳда мегирад. Аммо таҳаввулоти ахири Ховари Миёна ва шимоли Африқо шароити бозпасгирии нақши таърихиро барои Миср фароҳам овардааст ва ин масъалаест, ки навиди даврони пурихтилоф миёни Миср ва Арабистонро медиҳад.

Исломгароии миёнарав дар Миср, ки тавонистааст дар интихоботи порлумонӣ ба пирӯзӣ бирасад, наздикии бештаре бо навъи маниши насли кунунии ҷавонони араб дорад. Ин дар ҳолест, ки Арабистон ҳамчунон ривоҷдиҳандаи равияе хушк ва берӯҳ аз ислом аст. Аз сӯи дигар вобастагии Ал-Азҳар аз ҳокимият, ки сохта ва пардохтаи солиёни ҳукумати мустабидон бар Миср аст, ин рӯзҳо аз миён рафтааст ва шароит барои иҷрои нақши ҳар чӣ бештари Ал-Азҳар бар мактаби Мадинаи Арабистон фароҳам шудааст.
Бо ҳамаи ин тафсирҳо ин рақобати такрории дубора бо таҷдиди қувваҳои Миср оғоз шудааст, аммо далелҳо аз коҳиши нақши Арабистон ва суст шудани мавқеияти ӯ дар муодилоти минтақаӣ ҳикоят мекунад. Пирӯзии нисбии Сурия дар фитнае, ки Арабистон ҳам дар эҷоди он дахл дошт, хурӯҷи Амрико аз Ироқ ва ба қудрат расидани шиаён, инқилоби Тунис, инқилоби Яман ва ҳаракати рӯ ба пеши он, таҳаввулоти Баҳрайн ва латмадор шудани беш аз пеши Арабистон ба далели вуруди низомӣ ба Баҳрайн, боло гирифтани ихтилофот дар бозии қудрат бо Қатар, қудратманд шудани рузафзуни ҷумҳурии исломии Эрон, инқилоби Миср ва аз даст додани яке аз муҳимтарин ҳампаймонони минтақаӣ, яъне Хусни Муборак аз ҷумлаи мавридҳоест, ки дар маҷмӯъ муҷиби тақвияти ҷабҳаи муқовимат дар муқобили ҷабҳаи созиш шуда аст. Аз сӯи дигар барқарории равобити дипломатӣ миёни Эрон ва Миср, омили муҳими дигаре дар заиф шудани Арабистон хоҳад буд, ки ба зудӣ анҷом мешавад.

Ҳамаи ин мавридҳои берунӣ дар канори таҳаввулоти дохилии Арабистон ва боло гирифтани эътирозот дар чандин минтақаи ин кишвар, бӯҳрони ҷонишинӣ ва низоъ бар сари қудрат миёни шоҳзодагон, масоили ҳуқуқи башарӣ, фақр ва бекорӣ ва табъизҳои ҷинсиятӣ ва қабилаӣ аз ҷумалаи мавридҳое аст, ки муҷиб шудааст то мизони нуфузи Арабистон дар минтақа коҳиш ёбад.
Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ омад, ба назар мерасад Арабистон дигар тавони гузаштаро дар минтақа нахоҳад дошт, агар чӣ дасисаҳое ки аз сӯи пулҳои ҳангуфти нафт барои зарба задан ба арзишҳои мушаххасе сурат мегирад, ҳанӯз хатарноканд.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)