Бахшҳо
10 май 2012 10:12Иҷтимоӣ

Созишномаҳои коре, ки рӯи коғаз мемонад

Тоҷикистон бо чанд кишвари хориҷа, аз қабили Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ ва Беларус дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаҳое дорад, ки ҳанӯз амалӣ нагардидаанд.

Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки барои тадбиқи созишномаҳо, ки роҷеъ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шудаанд, вақт лозим аст. Мансур Арипов, сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷират дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт: «Барои тадбиқи чунин созишномаҳо ҳеч монеа вуҷуд надорад, вале мо мунтазири ҷониби дигар ҳастем, ки кай барои тасдиқ ва тадбиқи созишномаҳо посух мегӯянд. Дар сатҳи давлату ҳукумат баъзе созишномаҳое ба имзо мерасанд, ки аз рӯзи тасвиб то амалишавии он 3-4 сол мегузарад. Мо тамоми кӯшишҳоямонро барои дароз нагардидани мӯҳлати иҷрои созишномаҳо ба харҷ медиҳем. Созишномаи ҳамкориро дар масъалаи муҳоҷират бо давлати Беларус имзо карда, тасдиқ намудем ва мунтазирем, ки ҷониби Беларус кай онро тасдиқ мекунад, то он мавриди амал қарор бигирад. Лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ дар ин самт бо Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ низ ҳаст, ҷавоби онҳоро ҳам интизорем».

Ҷаноби Арапов афзуд, ки ҳар кишвар расмиёти дохили давлатӣ дорад, ки чунин созишномаҳо дар сатҳи ҳукумат ва ё парлумонашон бояд тасдиқ шавад. Ба қавли номбурда муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи конвенсияҳои байналмилалӣ озод ҳастанд ва ба кадом давлат, ки хоҳанд мераванд. Лекин вазифаи Хадамоти муҳоҷират ба низом даровардан ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳост. Аз ин рӯ бо тасвиби созишномаҳои байниҳукуматӣ мехоҳад манфиати онҳоро ҳимоя намояд.

Русияву Қазоқистон ҳам набояд фаромӯш шавад
Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ахиран бо як ҳайати баландпояи давлати Қатар атрофи созишномае дар мавриди фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар табодули назар карданд. Лоиҳаи созишномаи мазкур феълан дар ҳоли баррасист. Коршиносони тоҷик бо пуштибонӣ аз чунин як ҳамкорӣ мегӯянд, бо амалӣ гаштани созишномаи мазкур муҳоҷирони тоҷик роҳи алтернативии муҳоҷиратро пайдо хоҳанд кард. Зимнан, ба иддаои Иззат Амон, роҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия бояд шароити муҳоҷирони тоҷик дар  Русия ва Қазоқистон беҳтар карда шавад. Гуфтанист, бахши аъзами шаҳрвандони кишвар, ки Тоҷикистонро ба қасди муҳоҷират тарк мекунанд, ба Русия ё Қазоқистон мераванд. «Албатта ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо дар самти муҳоҷират хуб аст, вале беҳтар аст, ки дар ҳоли ҳозир шароит ва вазъияти будубоши онҳоро дар Қазокистон ва Русия беҳтар кард. Сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон дар хусуси ҳалли мушкили муҳоҷират нокофӣ ва ноқис аст. Зеро дар ин кор на мутахассисони соҳа, балки шахсони тасодуфӣ ҷалб шудаанд. Бубинед, аз таъсис ва фаъолияти Хадамоти муҳоҷират як сол гузашт, аммо то кунун кори назарраси ин ниҳодро надидем, ҷуз паҳн кардани маълумотномаҳо дар фурӯдгоҳҳо».

Номбурда сабаби инро ба камтаҷрибагӣ ва ҳавсала надоштани масъулин дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдошта унвон кард. Дар ҳамин ҳол, Зафар Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик ба Озодагон гуфт, ки фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирон заъифу суст мебошад. Ғайр аз Русия наёфтани роҳҳои алтернативӣ ба кишварҳои пешрафта, ки ниёз ба қувваи кории муҳоҷирони моро доранд, аз бемасъулиятии масъулини ин ниҳод аст мегӯяд вай: «Мсъулини ин ниҳод то ҳол дарк накардаанд, ки танҳо муҳоҷирати Русия барои миллати мо зараровар аст». Зафар Қурбонов афзуд, мушкили дигар дар ин самт қалбакӣ омода намудани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон аст. Бархе муҳоҷирон вақте ба Русия мераванд, мехоҳанд бо маблағи камтар будубоши худро таъмин созанд. Дар натиҷа бо маблағи нисбатан камтар муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба даст меоранд, ки зимни тафтишоти мақомоти Русия ошкор мегардад.

Надонистани забон проблеммаи ягона нест
Бархе аз соҳибназарон надонистани забон, надоштани касби муайян ва инчунин мушкили таҳияи ҳуҷҷатгузориҳои муҳоҷиронро дар кишвари қабулкунанда аз зумраи мушкилоти аслие медонанд, ки ба қавли онҳо ниҳодҳои марбута бояд сари онҳо бештар чораҷӯӣ намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин рӯзноманигор Садбарг Боқиева мегӯяд, мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҷуз надонистани забон ва касби муайян, инчунин таҳияи ҳуҷҷатгузориҳои онҳо дар Федератсияи Русия мебошад, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро зарур аст дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои рафъи он тадбирҳои судманд андешанд:
-Нафароне, ки бори аввал озими Русия мегарданд, дар аксари ҳолат бо сабаби надонистани роҳу усулҳои ҳуҷҷатгузорӣ ё депортатсия мешаванд ё гӯё чун шахси ҷинояткор дар ин ҷову он ҷо пинҳонӣ фаъолият мекунанд ва баъди итмоми кори фармудашуда гӯё «тасодуфан» ба дасти кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия меафтанд, ки дар бисёртарин ҳолатҳо худи корфармоён барои напардохтани ҳаққи хизматашон онҳоро «мефурӯшанд».

Ба гуфтаи номбурда барои ҳалли ин мушкил лозим меояд, ки намояндагиҳои ғайриштатии Хадамоти муҳоҷират дар ҳар як шаҳру вилояти Русия ба фаъолият пардозанд. Аммо ин афрод бояд ашхоси миёни мардуми мо ва Хадамоти муҳоҷирати Русия обрӯманд бошанд, то ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатгузориҳо ва дарёфти ҷойҳои кори муносиб ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия кӯмаки амалии худро расонида тавонанд. Бо ин роҳ мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони меҳнатии мо сабук гардида, дигар аз сарсониву саргордоние, ки аз худи фурӯдгоҳи Русия оғоз мегардад, раҳо мешаванд. Ба андешаи мавсуф дигар масъалае, ки ҳамватанони моро ба мушкилот мувоҷеҳ мекунад, таваккалӣ ба муҳоҷират рафтани онҳо мебошад. Яъне, онҳо ба умеди баъзе аз шиносҳои худ шуда, ба ин ё он шаҳр барои кор мераванд:
-На дар ҳама ҳолат таваккалӣ рафтан ба муҳоҷират оқибатҳои хуб дорад. Зеро дар пайи ин, чӣ қадар сарсониву мушкилотҳо муҳоҷирони меҳнатиро пешорӯ меояд.

СММ ҳам ба мушкили муҳоҷирони кории тоҷик таваҷҷӯҳ дорад
Гуфтанист, масъулини Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо баъди баррасии гузориши Тоҷикистон дар Женева дар хусуси ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик чанд пешниҳод намуда буданд. Аз ҷумла  гуфта мешуд, ки кишвари қабулкунандаи муҳоҷир бо баҳонаи «қонуншиканӣ» ё муҳоҷири ғайриқонунӣ наметавонад муҳоҷирро аз қаламрави кишвараш хориҷ кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ниҳоди вобаста ба СММ пешниҳод намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар бояд пешнависи қонуне таҳия намуда, онро ба муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ ва қатъномаи 3449-и Маҷмаи Умумии СММ мутобиқ созад. Кумитаи мазкур дар пешниҳодҳои худ гуфтааст, ки тибқи маълумоте, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ дарёфтаанд, дар баъзе ҳолатҳо аз муҳоҷирони меҳнатӣ бархе аз хизматрасониҳо, ки бояд ройгон бошанд, маблағ ситонида мешавад. Ин кумита пешниҳод намудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ин гуна падидаҳо ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбут ба ин соҳа бояд тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва аз худи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо дар ин маврид маълумотҳои лозимаро ҷамъоварӣ кунанд.

Ҳарчанд  созмонҳои мухталифи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳодҳои зиёде мекунанд, вале бархе аз коршиносон иброз медоранд, ки амалӣ гаштани чунин пешниҳодҳо аз фаъолияти муассири ниҳодҳои марбута, хусусан Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон вобаста аст, ки то куҷо онҳоро ҷиддӣ қабул мекунанд. Дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати кишвар курсҳои омӯзиши забон ва касбу корҳои мухталиф роҳандозӣ гардида, дар назар аст ояндаи наздик дар назди ин хадамот боз маркази таълимии муҳоҷирон таъсис ёбад. Чанде қабл Хадамоти муҳоҷират дар назди худ Шӯрои ҷамъиятие ташкил намуд, ки ҳадафи фаъолияташро мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон унвон кард. Вале бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки кори он ҳам мисли фаъолияти худи хадамот чандон таъсирбахш нахоҳад буд.

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)