Бахшҳо
06 май 2011 11:17Хабарҳои минтақа

Номаи маҷрӯҳи ҷанг ба Обама

Маҷрӯҳи ҷанги Бузурги Ватанӣ ба президенти Амрико Барак Обама нома навишта, хоҳиши дарёфти шаҳрвандии ИМА-ро кардааст.

Сокини 83 солаи Санкт- Петербург Антон Караванетс дар арафаи таҷлили 66-солагии Иди ғалаба навиштааст, ки 83 сола аст ва ҳанӯз нерӯ ва хоҳиши зистанро дорад, аммо барои Русия нолозим шудааст. Шояд кишвари шумо дар тақдири ман саҳмгузор шавад, -иброз кардааст, Антон Караванетс.

 

Ин муроҷиати собиқадори ҷанг бар асоси ваъдаҳои беохир барои таъмини ӯ бо манзили зист аз сӯи масъулини Питер сурат гирифтааст. Бо сабаби аз 10 сол камтар зистани ӯ дар Питер шаҳрдорон ӯро ба рӯйхати маҷрӯҳони ҷанг шомил ва бо манзили зист таъмин накардаанд.

Аз мактуби мӯсафед бармеояд, ки соли 1945 барои саҳми чашмрас доштанаш дар озод намудани асирони амрикоӣ аз дасти фашистон роҳбарияти ин кишвар ӯро барои зисти доимӣ ва гирифтани табаъият ба ин кишвар даъват намуда будаанд ва аммо ӯ он замон ин таклифро рад карда будааст.  Акнун бо гузашти 66- сол    аз рад кардани ин таклиф пушаймон шудааст.

Дар Консулгарии ИМА мактубро ба қайд гирифтаанд ва ба маъмурияти Президент ирсол кардаанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди аз сӯи президент Дмитрий Медведев ба имзо расидани  қарор дар хусуси таъмини якояки меҳтарони чанг бо манзили  зист, садҳо нафар ҳанӯз ҳам дар ҳуҷраҳои танг ва фарсуда ва ё хонаи фарзандону ақрабо ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол роҳбари Кумитаи манзилии Санкт-Петербург Юрий Осипов баъди ирсоли ин нома гуфтааст, шахсан масъалаи таъмини меҳтари қаҳркардаро таҳти баррасӣ ва иҷро қарор хоҳад дод.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)