Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Ғалаба

11 май 2012, 05:26

Ҳатто гоҳо фазишм дар шакли маҳалгароӣ чунон печида ва дар доираи танге маҳдуд мешавад, ки намедонӣ дар баробараш чи гуна вокуниш кард.

Шасту ҳафт сол қабл бар фашизм пирӯз шудем. Бале, мо ҳама дар ин Ғалаба шарикем. Зеро бобоҳои мо хун рехтанду захмӣ шуданд. Момоҳои мо азоби ҳиҷрон чашиданд ва хелеҳояшон то охирин лаҳзаи умр чашм ба роҳ буданд. Албатта ин Ғалабаро бобои мо, бобои Иван, бобои Гога, бобои Ашот, бобои Турдибой, бобои Кенеш, хуллас бобои ҳамаи ҷавонону падари калонсолтарҳои имрӯз дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, ба даст оварда буданд. Ҳоло муҳим нест, ки он кишвар вуҷуд надорад. Муҳим он аст, ки бар нерӯи вайронкоре ба номи фашизм пирӯз шудем. Гузашта аз мардуми Шӯравӣ дар ин пирӯзӣ мардуми чандин кишвари дигари ҷаҳон низ саҳим ҳастанд. Вале…

Ба назар мерасад он пирӯзӣ барои ҳамеша набудааст. Зеро имрӯз мо ҳамчунон дар банди фашизм азият мекашем. Фашизм дар шаклҳои мухталиф мисли ангале вуҷуди зиндагии моро печондааст. Яке дар шакли нажодгароӣ зуҳур мекунад. Ин Иван, ки бобояш паҳлӯ ба паҳлӯи бобои мо дар хандақҳо алайҳи фашизм меҷангид ва бобои моро бародари худ медонист, имрӯз дар симои мо душманро мебинад ва сари каммағзашро тарошидаву хушунатро қаҳрамонӣ ба ҳисоб меорад. Ҳоло роҳҳои пирӯзӣ бар ин навъи фашизм, ки бидуни шак ба амнияти худи Русия низ таҳдиди айнист, бояд пайдо шавад ва шояд лозим аст, ки мисли мубориза бар зидди фашизм ҳама даст ба дасти ҳам бидиҳем ва ҳадаф ҳам фақат нобуд кардани ин ангал бошад?! Ба ҳар ҳол ин ҷо маҷоли решаёбии ин падида нест ва ҳадаф ҳам фақат зикре аз ин беморӣ дар ин шакл буду бас.

Аммо шакли дигари фашизм дар миқёси кишвари мо маҳалгароист. Борҳо навиштанду гуфтанду менависанду мегӯянд, вале боз ҳамчунон маҳалгароӣ мисли девори азими фулодин пеши роҳи рушд қад алам кардааст. Ҳар касе такя ба курсии мансабаке мезанад ҳатман ба дунболи овардани ҳаммаҳаллаҳову ҳамгузарҳояш ба он идора ё корхона мешавад. Тақсимбандиҳои маҳалгароёна боиси ба инзиво кашида шудани даҳҳову садҳо фарди соҳибистеъдод ва кордон шудаву мешавад. Ба зоҳир онҳое, ки дар тасмимгириҳои калону муассир нақши асосӣ доранд, аз ин навъи фашизм огоҳанд ва гӯё алайҳи он забонӣ меҷанганд. Вале дар воқеият амали онҳо далолат бар чизи дигар дорад. Ҳатто гоҳо фазишм дар шакли маҳалгароӣ чунон печида ва дар доираи танге маҳдуд мешавад, ки намедонӣ дар баробараш чи гуна вокуниш кард. Албатта дар асл ин падида шояд нишон аз заъф ва маҳдуд будани тавоноӣ ва истеъдоди он нафаронест, ки мехоҳанд манфиатҳояшонро аз ин тариқ таъмин намоянд. Зеро бузургони ҳамаи миллатҳову оинҳо таъкид бар ин нукта доранд, ки нотавонҳо ҳамеша тарсуянд ва нотавониву оҷизии худро бо дар атрофи худ ҷамъ овардани наздикону ҳаммаҳалҳои худ ҷуброн кардан мехоҳанд. Ба ҳар сурат зарурати муборизаи ҳамагонӣ алайҳи ин навъи фашизм ҳам ҳар чи бештар эҳсос мешавад.  
Як навъи дигарӣ фашизмро шояд битавон ифротгароӣ номид. Вақте сухан аз ифротгароӣ ба миён омад таҳти таъсири дастгоҳҳои таблиғотӣ ва хабарпарокании Ғарбу Амрико пеши назари хелеҳо афрод ё гурӯҳҳои исломгаро намоён мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дини мубини ислом дар асли худ ба ҳама гуна ифроту тафрит мухолиф аст. Бидуни шак наметавон иддао кард, ки гурӯҳҳо ё афроде таҳти пӯшиши ислом ба амалҳои ифротгароёна даст намезананд. Вале таъкид бояд кард, ки онҳоро ба асли ислом ҳеч пайванде нест. Гузашта аз ин бар алайҳи таҳоҷуми бегонагон ва ё дифоъ аз марзу номуси худ таҳти парчами ислом мубориза кардани ин ё он афрод ва гурӯҳ набояд ифротгароӣ арзёбӣ шавад. Ҳамон гуна, ки ин беадолатӣ нисбати муборизони фаластинӣ ё соири муборизин дар кишварҳои исломӣ раво дида мешавад.   

Фашизм дар ҳар навъаш нишон аз тарси он афроде дорад, ки ба ин падида гароиш пайдо мекунанд. Инсонҳои қавӣ ва боистеъдод ҳеч зарурате барои гароиш ба фашизм надоштанду надоранд. Аз ин дидгоҳ ба назари ин ҷониб талош барои тарсондани афроде, ки бо орзӯи нек ва дар ростои ободии зодбуму озодии мардумашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, беҳтарин намунаи фашизми зодаи тарс аст. Тарсуҳое, ки худ аз ҳама падидаи созанда ва зодаи истеъдоду иродаи қавӣ метарсанд, бар ин боваранд, ки мешавад ҳамаро дар тарс нигоҳ дошт ва аз роҳи интихобкардаашон боздошт. Ва дар ин росто як мисоли охирин шояд мавриди зарбу лат қарор гирифтани рӯзноманигори ҷавон Далер Шарифов бошад. Албатта ба ин монанд зери мушту лагади афроди ношинос қарор гирифтани рӯзноманигорон бори аввал нест. Чанд соле қабл рӯзноманигор Раҷаби Мирзоро ва соле қабл сардабири нашрияи "Наҷот" Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзодаро ҳамин гунна афроди ношинос мавриди зарбу лат қарор доданд. Ҷолиб дар ин аст, ки ин се нафарро фақат ба сурату сарашон заданд. Шояд чеҳраи онҳо, ки эҳтимолан нишон аз ҷасорат ва нотарсӣ дошта, ҳуҷумкунандагонро ба даҳшат оварда ва ё шояд афкори ҷасурона дар мағзашон ин тарсуяконро бештар тарсондааст? Охир ба сару рӯ задани онҳо ҳатман далеле ва ишорае бояд дошта бошад. Намедонам, зеро то имрӯз ҳуввияти ҳеч як аз ин ҳуҷумкардаҳо маълум нашудааст. Вале инро бо итминон мегӯям, ки ин гуна ҳуҷумҳо зуҳури фазишм бар мабнои тарс асту бас!

Гузашта аз ин ҳама хушунат ва такя ба зӯри мушт нишони ҷасорат набуду нест, балки ин падида зодаи тарси ғаризаист. Ҳар инсони соҳибакл медонад, ки пирӯзии ғариза бар ақл нишон аз бартарияти нимаи ҳайвонӣ бар нимаи инсонӣ дар одам аст. Фашизм бар пояи тарси пинҳон зодаи ғариза ва зояндаи амалҳо бар мабнои ғариза будаву ҳаст. Ҳоло моем, ки ихтиёри интихоб дорем, то дар хидмати нимаи инсонӣ бошем ва ё нимаи ҳайвониро бартарӣ диҳем. Шумо назари дигар доред?

Зафар СӯФӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!