Бахшҳо
11 май 2012 10:48Сиёсат

Фирори мағзҳо: мушкиле, ки дар Тоҷикистон ҷиддӣ намегиранд

Барои Тоҷикистон ифодакунандаи тамоми паҳлӯҳои раванди фирори мағзҳо ҳамин байт аст, ки тақрибан ҳама медонанд: Рӯ ба ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист? Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад. Ҳарчанд ифодаҳои "оина" ва "хокистар" эҳсосиву бадеӣ бошанд, ҳам.

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон
Барои Тоҷикистон ифодакунандаи тамоми паҳлӯҳои раванди фирори мағзҳо ҳамин байт аст, ки тақрибан ҳама медонанд: Рӯ ба ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист? Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад. Ҳарчанд ифодаҳои "оина" ва "хокистар" эҳсосиву бадеӣ бошанд, ҳам.
Фирори мағзҳо дар ҷомеашиносии 50-60 соли ахир аз мушкилоти умда ба ҳисоб меравад. Ин ибора аз ҷониби Ҷамъияти шоҳигарии Бритониё барои ҳисобу китоби равандҳои муҳоҷиратӣ миёни олимон ва муҳандисон баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба илм ворид шудааст. Асосан баъди фирори бесобиқаи олимони инглис ба ИМА дар солҳои 50-уми асри 20. Худи фирори мағзҳо ин як раванди муҳоҷиратиест, ки дар натиҷаи он аз як кишвар ва ё минтақа бар асари омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва монанди инҳо мутахассисон, олимон ва коргарони дорои тахассуси баланд берун мераванд. Дар ҳоли ҳозир ин раванд асосан барои кишварҳои рушдёбанда хос мебошад. Дар натиҷаи ҳузури бештар аз нимасраи ин раванд доираҳои бузургтарини илмиву таҳқиқотии олам онро ба унвони як таҳдиди бузург барои кишварҳои зиёд шинохтаанд. Ҳарчанд аз ҷониби дигар, баъзан дар доираҳои илмиву тадқиқотӣ ба ҷойи истилоҳи "фирори мағзҳо" ибораҳои "табодули мағзҳо" (Brain Exchange) ё "таҳрики мағзҳо" (Brain Mobility) истифода мешавад ва таъкид мекунанд, ки ин раванд дар баробари камбудҳо бартариҳо низ дорад.

Оқибатҳои хатарзои "фирори мағзҳо"
Бар асоси омӯзишҳо маълум шуд, ки бар асари фирори мағзҳои дар 20 соли ахир аз ҳама бештар кишварҳои хурде, ки рӯ ба рушди саноатӣ доранд, зарар дидаанд. Мувофиқи тадқиқот аз ҳама бештар фирори мағзҳо бар асоси авомили сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст. Ҳоло дар дунё аз ҳама бештар аз фирори мағзҳо 90 кишвар зарари зиёд мебинанд, ки Тоҷикистон ҳам яке аз онҳост. Ин тадқиқотро чанд сол беш Сандуқи байнулмилалии пул анҷом дода буд. Аз ҷониби дигар фирори мағзҳо фақат дар кишварҳои қашшоқ мушоҳида намешавад, балки дар кишварҳои рушдёфтаи саноатӣ ҳам ин мушкил вуҷуд дорад. Барои намуна дар 50 соли ахир 3 миллион шаҳрвандони Бритониё ин кишварро тарк кардаанд, ки 1, 1 миллиони онҳо мутахассисини олитахассус: муаллимон, духтурҳо ва муҳандисон будаанд. Бештар аз 10%- и хатмкардаи макотиби таҳсилоти олии Бритониё ин кишварро тарк мекунанд. Танҳо дар соли 2006  аз ин кишвар 207 ҳазор берун рафтаанд. Шаҳрвандони ин кишвар асосан ба Австралиё, ИМА, Конодо ва Зеландияи Нав фирор мекунанд, ки яке аз сабабҳои аслии онро коршиносон нархи баланди хонаҳои истиқоматӣ, андозҳои ғайримеъёрӣ ва иқлими номусоид медонанд.
Бар асоси як таҳқиқоти дигар дар соли 2004 маълум шудааст, ки қариб ҳар даҳумин нафари соҳиби дипломи маълумоти олие, ки дар кишварҳои рӯ ба рушд таваллуд шудааст ва ҳамчунин 30 - 35 фисади олимону муҳандисони дар ин кишварҳо таваллудшуда, ҳоло дар кишварҳои рушдкарда зиндагӣ ва кор мекунанд. Аз рӯйи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои Африқо ҳамасола бештар аз 4 миллиард долларро барои барномасозҳо, муаллимон, муҳандисон ва менеҷерҳои хориҷӣ масраф мекунанд, ки чунин мутахассисонро надоранд ё онҳо кишварҳояшонро тарк кардаанд.

Фоидаи фирори мағзҳо
Дар қисме аз кишварҳо мушоҳида шудааст, ки фирори мағзҳо натиҷаҳои мусбат ҳам дорад. Қисме аз мағзҳо бо гирифтани донишҳо ва маълумоти нав дар кишварҳои рушдёфта ба ватани худ бармегарданд ва тиҷорату истеҳсолоти навро роҳ меандозанд.
Ҳоло аз нисф бештари ширкатҳои ҷадиди технологияҳои муосири Тайванро тайвандиҳое таъсис додаанд, ки аз ИМА баргаштаанд. Дар Чин  ҳисоб шудааст, ки  ширкатҳои бузуртарини интернетиро шаҳрвандоне таъсис додаанд, ки таҳсилоти олиро дар ИМА фаро гирифтаанд. Дар Ҳиндустон ҳам мушоҳида шудааст, ки  рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ бар асари баргашти мутахассисине сурат гирифтааст, ки солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта ба ИМА ҳиҷрат кардаанд.  Дар натиҷаи базгашти "мағзҳо", имрӯз дар Ҳиндустон  бештар аз 7,5% маҷмуи маҳсулоти дохилиро даромад аз IT - ширкатҳо ташкил медиҳад ва ин ширкатҳо наздик ба 2 миллион ҷойи кор ба вуҷуд овардаанд. Қисме аз кишварҳо нисфи буҷаи худро аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи "мағзҳои фироркарда" пур мекунанд. Аз ҷумла Тоҷикистон.  Маблағҳои ҳангуфти онҳо барои суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишварашон боис мегардад. Аз ҷумла ин ҳолат барои Тоҷикистон хос аст. Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҳисоб кардааст, ки дар соли 2006 ҳудуди 150 миллион муҳоҷире, ки дар кишварҳои рушдёфтаи саноатӣ зиндагӣ мекунанд ба кишварҳои худ бештар аз 300 миллиард доллар сармоя ворид кардаанд.

Зарар ба кишвари содиркунанда ва даромади гӯшношунид ба қабулкунанда
Дар солҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки кишварҳои хориҷӣ бурсҳо, стипендияҳо ва барномаву лоиҳаҳои илмиро барои кишварҳои гуногун роҳандозӣ кардаанд. Инро онҳо бо мақсади дастгирии башарият, рушди гуманизм ва волоияти инсону ҳуқуқҳои он маънидод мекунанд. Вале бояд гуфт, ки ин барномаҳо ҳеч кадом аз мақсадҳои болоро доро намебошанд ва ҳадафашон танҳо ва танҳо истифодаи зеҳниятҳои нав, ҷалби истеъдодҳои беназир барои рушди иқтисод ва соҳаҳои дигари кишварашон мебошад.
Як қисм кишварҳои дигар барои ҷалби истеъдодҳо ва мутахассисини теззеҳн ва қобилиятнок моделҳои гуногунро коркард намудаанд. Масалан ИМА, Австарлиё, Зеландияи Нав, Конодо, Фаронса ва Бритониё дар макотиби таҳсилоти олии худ барои хориҷиёни соҳибистеъдод шароитҳои мусоид фароҳам кардаанд ва дар як қисм ҳолатҳо онҳоро аз пардохти ҳаққи таҳсил озод намудаанд. Ҳамчунин ин кишварҳо барои ин гуна шаҳрвандони хориҷӣ ва хонаводаи онҳо ҷараёни гирифтани мақоми шаҳрвандиро хеле сода намудаанд. Кишварҳои аврупоӣ бошанд ҳаққи таҳсил ва зиндагиро барои ин гуна шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба ИМА арзонтар намудаанд. Кишварҳои аврупоӣ хоссатан дар ин гуна маворид   шаҳрвандони хориҷиеро дастгирӣ мекунанд, ки дипломи ихтисосҳои техникиро сазовор мешаванд ва барои онҳо имтиёзоти фаровоне медиҳанд.
Бритониё, Фаронса, Олмон ва Ҷопон барои шаҳрвандони ин гуна кишварҳо, ки кадрҳои дорои тахассуси баланд эътироф мешаванд, раводиди махсус роҳандозӣ кардаанд. Масалан, дар чанд соли ахир дар Ҷопон  чунин раводид барои 220 ҳазор нафар дода шудааст. Олмон ва Ирландиё ҳадафмандона барои рушди саноати компютарии кишвар барномасозони хориҷиро ҷалб мекунанд. Ин равандҳо дар кишварҳои пешрафта ҳамагӣ ҳисобшудаанд ва мақсаднок истифода мешаванд. Кишварҳое, ки чунин равандҳоро ба ҳисоб намегиранд, мисли Тоҷикистон ҳамеша дар мушкилоти гуногун ғарқ мешаванд.

Фирори мағзҳо: барои Аврупо талафоти элитаи илмӣ, барои мо сифр
Дар Аврупо фирори мағзҳо пеш аз ҳама чун талафони элитаи илмӣ, то ҳатто "ситораҳои илм" эътироф мешавад. Дар Тоҷикистон бошад касе аз фирори мағзҳо садо баланд накардааст. Барои ҳамин Иттиҳоди Аврупо ахиран тарҳрезӣ кардааст, ки хароҷотро дар соҳаи илм бояд зиёд намуд, то имконот барои фориғтаҳсилини макотиби олӣ бештар шавад ва истеъдоду зеҳнияти он дар дохили кишварашон истифода шавад. Иттиҳоди Аврупо ҳарчанд, ки феълан назар ба ИМА ва Ҷопон барои таҳқиқоти илмӣ камтар маблағгузорӣ мекунад, аммо аз фирори мағзҳо шадидан зарар мебинад. Дар ин авохир ИА 1,9% ММД- ро ба ин ҷода масраф мекунад, ки ин арқом дар ИМА 2,8% ва дар Ҷопон 3%- ро ташкил медиҳад. Аммо масрафоти бештар дар соҳаи илм барои ИА имконият фароҳам кард, ки дар ҳоли ҳозир шумораи нафароне, ки дар макотиби олии ИА соҳиби мадраки олӣ мешаванд аз ИМА ва Ҷопон бештар гардад. Дар ҳоли ҳозир дар ИА шумораи коргарони илмӣ ба сари 1000 нафар 5,4 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ИМА ин нишондод 8,7 ва дар Ҷопон 9,7 нафарро ташкил медиҳад.

Мағзҳо фирор мекунанд ё ҷабида мешаванд?
Аслан раванди фирори мағзҳо як ҷараёни табиӣ дониста мешавад. Шаҳрвандон, олимон ва мутахассисони як кишвар барои беҳтар кардани шароити кор ва зиндагии худ ба кишвари мувофиқ муҳоҷират мекунанд. Ҳарчанд ин раванд бар пайи авомили иқтисодиву сиёсӣ ва дигар фишангу фишорҳои ҳукуматҳо ба вуҷуд меояд. Аммо кишварҳое ҳастанд, ки барои ҷалби мағзҳо дар сатҳи давлатӣ ва миллӣ барномаҳо қабул мекунанд, то ки зеҳниятҳои ҷадид, мағзҳои тозаро барои саодати миллаташон истифода кунанд. Кишварҳои дигар усулҳои дигари ҷалби мағзҳои хориҷиро коркард кардаанд. Масалан Сингапур, Қатар ва Малайзиё дар ин замина қарордодҳое бастанд, ки дар дохили худ шумораи намояндагиҳои Донишгоҳои бонуфузи кишварҳои рушдёфтаро боз кунанд.
Ҳоло дар ҷаҳон аз 4 нафар донишҷуйи хориҷӣ як нафарашро шаҳрвандони Чин ва Ҳиндустон ташкил медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Чин ва Ҳиндустон дар ин авохир барои ҷалби донишҷӯёну истеъдодҳои хориҷӣ аз ҳама бештар барномарезӣ кардаанд.

ИМА аз ҳисоби мағзҳои фирорӣ қудрати ҷаҳонӣ шуд!
Дар ҷаҳон аз ҳама кишваре, ки аз мағзҳои фирорӣ барои рушди худ ҳадафмандона кор гирифтааст, ИМА мебошад. Ин кишвар шароити таҳсил ва кору тиҷоратро барои мутахассисини баландмалака хеле сода кард. Барои намуна Сэмюэл Слэйтер, ки ҳоло "падар"- и инқилоби саноатӣ дар ИМА эътироф мешавад, дар собиқ як коргари системаи саноати нассоҷии Бритониё буд. Слэйтер дар ИМА саноати нассоҷиро тақрибан "аз сифр" оғоз кард. Чунин мисолҳо дар таърихи Амрико зиёданд ва аслан Амрико кишварест, ки аз ҳисоби мағзҳои фирорӣ обод шудаву ба сатҳи як қудрати ҷаҳонӣ расидааст. Масъалан муҳоҷирини рус Зворкин ва Сикорский дар солҳои сиюми асри гузашта ба ИМА муҳоҷират кардаанд, ки яке аввалин шуда дар ҷаҳон шабакаи телевизиониро эҷод кард ва дигарӣ аввалин шуда дар ҷаҳон соли 1939 чархбол (ҳеликуптар)- ро эҷод намуд, ки то кунун ширкати "Sikorsky Aviation" яке аз пешоҳангони ҷаҳонии чархболсозӣ мебошад.
Ҷараёни ҳиҷрати аврупоиҳо ба ИМА дар солҳои 1950-1960  авҷ гирифтааст, ки дар ин замон ҳукумати ИМА барои таҳқиқоти илмӣ маблағҳои ҳангуфтро масраф мекард. Тавре маҷаллаи "Science" навиштааст, дар даҳсолаи ахир аз Олмон ба ИМА ҳар ҳафтумин дорандаи дараҷаи доктори илм ҳиҷрат кардааст. Аз 4 се нафари олими олмоние, ки дорандаи ҷоизаи Нобел мебошад, ҳоло дар ИМА кор мекунад. Ҳамчунин ширкатҳои маъруфи интернетии Google ва YouTube дар ИМА аз ҷониби мағзҳои фирорӣ сохта шудаанд.

Ҳоло дар ИМА истеъдодҳои хориҷӣ дар илм ва тиҷорат нақши калидӣ доранд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, дар соли 2008 ҳар чорумин муаллифи дархостгари патент  дар ИМА шаҳрвандони хориҷие мебошанд, ки дар ИМА кор мекунанд. Ва ба иттилои ҳамин созмон, ин ҳоло камтарин нақши хориҷиён дар илм ва тиҷорати ИМА мебошад. Ҳоло дар ИМА 565 ҳазор донишҷӯйи хориҷӣ таҳсил мекунад, ки ин 3,9 фоизи донишҷӯёни ИМА-ро ташкил медиҳад. Тақрибан 60%-и хатмутаҳсили макотиби олии ИМА баъди анҷоми таҳсил дар ИМА мемонанд.  Ҳамин аст, ки ҳар сеюмин дорандаи ҷоизаи Нобел дар ИМА олимони муҳоҷир мебошанд. Тибқи иттилои маҷалаи Time, ҳоло дар ИМА 400 ҳазор олими аврупоӣ (дар худи Аврупо 11 миллион коргари илмӣ аст) мебошад, ки бештари онҳо нияти бозгашт надоранд.
ИМА ҳамасола барои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои махсус таҳия мекунад. Ҳоло дар Амрико 90 ҳазор хориҷӣ  аз рӯйи стипендияҳои илмӣ таҳсил мекунанд.

Русия: Зарари фирори мағзҳо 50 млрд. доллар дар сол
Ҳоло дар Русия ҳам масъалаи фирори мағзҳо аз ҷумлаи мушкилоти сатҳи миллӣ мебошад. Ҳамасола аз Русия бештар аз 350 ҳазор шаҳрванд тарки кишвар мекунад. Танҳо дар миёнаи солҳои 1991 - 1997 шумораи коргарони илмӣ дар Русия аз 878 ҳазор ба 386 ҳазор расидааст. Ин раванд барои ҷомеаи илмии русӣ фоҷиаи бузургеро ба вуҷуд овардааст. Бар асари фирори магзҳо, дар Русия фосила байни наслҳои илмӣ хеле вайрон шудааст ва ин ба гум шудани робита байни наслҳои илмӣ овардааст. Чанде пештар шумораи олимони аз 29- сола поён  10,6, 30-39-сола 15,6 %, 40-49-сола 26, 1% ва аз 50-сола боло 47,7%-ро ташкил додаст. Баъзе муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки ҳамасола Русия аз ҳисоби фирори мағзҳо бештар аз 50 миллиард доллар зарар мебинад. Бар асари номусоидии шароит дар Русия аз рӯйи омори расмӣ 60 дарсади русиягиҳои ғолиб дар олимпиадаҳои байналмилалӣ барои кор ба хориҷа мераванд, ки ҳамагӣ 9 дарсади онҳо бармегардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Русия депопулятсияи демографӣ (камшавии аҳолӣ) ҷой дораду ҳамасола барномаҳои гуногун таҳия мешавад. Ҳоло тибқи ҳисоби марказҳои бузурги илмиву тадқиқотии олам, иқтисод ва саноати Русия асосан аз ҳисоби неруйи кори арзони кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш меравад.

Тоҷикистон: кишваре, ки мағзҳояш мераванду мераванд
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар рӯйёрӯйи фирори мағзҳо тақрибан коре накардааст. То ҳол дар сатҳи ҳукумат аз фирори мағзҳо ба унвони як мушкили миллӣ ҳарф назадаанд. Инчунин на Академияи илмҳо ва на дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар бораи фирори мағзҳо ва зарари он ба рушди миллат кадом як таҳқиқоти илмие нагузаронидаанд ва дунболаи он ҳам намебошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мушкили нарасидани муаллимони дар макотиби миёна аз бузургтарин мушкили соҳаи маориф дар солҳои ахир ҳаст ва боқӣ мондааст. Ду сол пештар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукумат аз нарасидану набудани кадрҳои сатҳи роҳбарӣ ва мудирият шиква кард. Он замон касе ба ин пиндор нарасид, ки омили аслии ин фирори мағзҳо аз кишвар мебошад.

Як қисм аз кишварҳо дар сатҳи давлатӣ аз фирори мағзҳо ба таври ғайрирасмӣ дастгирӣ мекунанд. Дар ин гуна кишварҳо, доираҳои ҳукуматӣ барои камтар шудани мухолифини сиёсӣ ин равандро ҷонибдорӣ менамоянд. Мутаассифона Тоҷикистондар қатори чунин кишварҳо дохил мешавад. Одед Старк  муаллифи  китоби "Иқтисодиёти ҷадиди фирори мағзҳо" маҳз ба ҳамин хориқаи масъала таъкид мекунад. Эми Чуа муаллифи китоби машҳури "Рӯзи Империя. Чӣ гуна гиперқудратҳо ба султаи ҷаҳонӣ комёб шуданд?" менависад, ки ин гуна кишварҳо асосан аз роҳи истифодаи "фирори мағзҳо" бо мақсадҳои худ, яъне ҳавасманд гардонидани хориҷиёни боистеъдод, неруманд шуданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳисоб нашудааст, ки аз ҳисоби фирори мағзҳо ҳамасола кишвар чӣ миқдор зарар мебинад. Аммо агар чунин як тадқиқот гузаронида шавад, фикр намекунам, ки ин зарар аз 2-3 миллиард дар сол камтар бошад. Аммо мо медонем, ки бар пайи тарки мутахассисони олитахассус дар авохири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-ум иқтисодиёти миллӣ чӣ қадар зиён дид. Бар пайи авомили сиёсӣ, он замон ва акунун ҳам шаҳрвандону мутахассисони зиёде кишварро тарк мекунанд. Ин нишонаи он аст, ки дар дохил шароит барои зиндагӣ ва рушд чандон мусоид нест.

Чаро мутахассисони тоҷик Тоҷикистонро тарк мекунанд?
Аз ҷониби дигар фазои сиёсӣ, муҳити носолими тиҷоратӣ, шароити номусоиди инвеститсионӣ, маҳалгаройии зиёд, рушди баланди коррупсия мунҷар ба он шудаанд, ки зеҳниятҳо, элитаҳои илмӣ ва "мағзҳои иқтисодӣ" кишварро тарк намоянд. Шароитҳои ногувор ва фазои носозгору сифати пасти таълим маҷбурият овардааст, ки хонандагони кишвар бо доштани камтарин имконият таҳсилро дар хориҷи кишвар ихтиёр кунанд. Ҳоло дар ИМА, Бритониё, Конодо, Малайзия, Ирон, Русия, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Чин ва кишварҳои дигар бештар аз 20 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон баъди хатми донишгоҳҳо ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳанд. Ахиран сару садо паҳн шуд, ки гӯё сафоратхонаи Бритониё дар Тоҷикистон барои муҳассилини тоҷик дигар раводид намедиҳад ва сабаби аслияш ҳамоно баъди таҳсил бо ҳар баҳона барнагаштани донишҷӯёни тоҷик мебошад. Ин худ як шохиси ҷиддии бозгӯкунандаи фирори мағзҳо мебошад.
Аз ҷониби дигар сатҳи пасти зиндагӣ, кам будани ҳақмузди кор ва дигар авомил боис ба он мешаванд, ки мағзҳои зиёде кишварро тарк кунанд. Ин раванд ояндаи зиёнбор ва хатарноке барои рушди Тоҷикистон ва барои саодати миллат дорад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон то кунун дар миёни мушкилоти муҳоҷирини муқаррарӣ сари худро гум кардааст, акунун чӣ расад ба ин ки раванду зарари фирори мағзҳоро ҳисоб гирифта бошад ва барои ҳукумати кишвар ҳисобот бидиҳад, ки ҳамасола кишвар аз ҳисоби фирори мағзҳо чӣ миқдор зиён мебинад.
Албатта дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон худи муҳоҷират як раванди фоидаовар мебошад, ҳадди ақал барои онҳое, ки ба қудрати сиёсӣ дастрасӣ доранд. Пеш аз ҳама муҳоҷирин дар дохили кишвар шумораи дархостгарони ҷойи корро кам кардаанд. Набуди онҳо (наздики 2 миллион шаҳрванди кишвар) проблемаҳои дигари иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткориро дар кишвар кам мекунад ва ин сохторҳои давлатиро аз як дарди сар халос менамояд. Аз ҷониби дигар онҳо ҳамасола ба дохил бештар 2 млрд. доллар сармоя ворид мекунанд, ки ин ба иқтисодиёти заифи кишвар як такони бузург мешавад. Дар маҷмуъ, муҳоҷирин барои суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва осонтар идора шудани давлат мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ қудрати сиёсӣ дар кишвар бештар манфиатдор шудааст, ки аз муҳоҷират ба унвони як раванди мусбат ҷонибдорӣ кунад.

Ҳоло дар миёни наздик ба 2 миллион муҳоҷири тоҷик дар берун, муаллиму духтуру муҳандису проффесору академик ҳам ҳаст. Ҷойи нигаронӣ дар он аст, ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон баъди хатми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ дигарбора намехоҳанд ба кишвар баргарданд. Ҳатто онҳое ҳам, ки аз ҳисоби барнома ва бурсияҳои давлатӣ таҳсил кардаанд. Ҳамин, ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир наметавонад ба рушди бештар даст ёбад ва зиндагии мардум ва саодати шароити рифоҳии миллат бештар таъмин шавад, бозгӯйи он аст, ки мағзҳои асливу асосӣ ба кор ва мудирият ҷалб нашудаанд. Вуҷуди чунин воқеият бозгӯйи он аст, ки проблемаи фирори мағзҳо дар ҳоли ҳозир як мушкили сатҳи миллии кишвар ба шумор меравад ва барои бозгашти онҳо ниёз ба барномарезиҳои сатҳи миллӣ ва давлатӣ мебошад.

Чӣ кунем, ки мағзҳо фирор накунанд?
Аз ҳама масъалаи мушкил посухи ин суол аст. Пеш аз ҳама фикр мекунам, ки роҳкори асосии ёфтани сару нӯги мушкил эътирофи ҳамин проблема дар сатҳи давлатист. Аммо ин ки чӣ бояд кард, то мағзҳо фирор накунанд, ҷавобаш ба дӯши як нафар нест. Ин масъалаест, ки барои омӯзиши он ва ёфтани роҳҳалҳо бояд марказҳои махсус, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти дигари давлатӣ ва ниҳоят худи ҳукумати кишвар ба таҳлил ва тадқиқи фарогир даст бизананд. Пеш аз ҳама вазифаи донишмандону олимони кишвар аст, ки аз вуҷуди чунин як мушкил ва оқибатҳои зиёнбори он барои ояндаи миллат ба давлатмардон идея пешниҳод намоянд. Ё масалан Вазорати маорифи кишвар масъалаи баргашти шаҳрвандонеро, ки аз ҳисоби бурсияҳои давлатӣ дар хориҷ таҳсил мекунанд ба назорат бигирад. Ин чиз маълум аст, ки то замоне ки дар дохили кишвар шароити зиндагӣ, ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ мусоид нашавад, масъалаи фирори мағзҳо ҳамоно бошиддат боқӣ мемонад. Вале бояд худи мушкил ба арзёбӣ ва таҳлил кашида шавад, то ояндаи миллат, саодати мардум ва суботи кишвар, ки асоси кори ҳар гуна қудрати сиёсӣ ва ҳукумат мебошад, таъмин шавад.

Иршод СУЛАЙМОНӢ



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)