Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:24

Сабади истеъмолии тоҷик чӣ дорад?

12 май 2012, 04:12

Яке аз шохисҳои макроиқтисодӣ ва низ муъаянкунандаи сатҳи зиндагии мардум, ин сабади истеъмолии аҳолист, ки мувофиқи меъёр бояд маоши халқ хароҷоти сабади истеъмолияшонро пӯшонад. Аммо маоши ҳадди ақали аҳолии Тоҷикистон, ки 80 сомонӣ ва дараҷаи миёнаи он 555 сомонист, оё ҳазинаҳои сабади итеъмолиро пӯшонида метавонад?

Бо гузашти 20 сол аз истиқлолият сабади истеъмолӣ омода нест
Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маош бо 115 доллар дар поинтарин рутба қарор дорад. Русия бо маоши миёнаи 800 доллар дар ҷои аввал, Қазоқистон бо 625 ва Озарбойҷон бо 469 доллар дар ҷойҳои дуввуму севвум ҷойгиранд. Ба андешаи таҳлилгарон, маоши ҳадди ақали 80 ва миёнаи 555 сомонӣ, қобилияти пӯшонидани сабади истеъмолиро надорад.

Дар Амрико ба сабади истеъмолии аҳолӣ садҳо номгӯйи молҳову хидматрасониҳо ворид мешавад. Дар Русия аз рӯи низомномаи ҳукумат 58 намуди молҳову хидматрасонихо сабади истеъмолкунандаро дар бар мегирад минҷумла 31 номгӯий молҳои ғизоӣ: орд, биринҷ, гӯшти гов, мурғ, моҳӣ, меваи тоза ва ғайра. Боз 6 навъи маҳсулоти истифодаи шахсии ғайриистеъмолӣ: либосҳои таг, курта, костюм, палто ва низ 14 навъи молҳои истифодаи умумиоилавӣ аз ҷумла хокаи дандоншӯӣ, хокаҳои либосшӯию хонатозакунӣ, доруҳо, косаю табақ ва ниҳоят 7 намуди хидматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра.
Аммо то имрӯз дар Тоҷикистон дақиқан эълон нашудааст, ки кадом маҳсулот бо чӣ нарх барои як нафар тӯли як моҳ дар рӯйхати сабади истеъмолӣ шомил карда мешавад. Феълан Вазорати меҳнат низомномаи онро таҳия кардаву то тасдиқу баррасии аз ҷониби ҳукумат оморе интишор намеёбад. Тавре сардори шӯъбаи ҳифзи кафолатҳои иҷтимоии Вазорати меҳнат Абдураҳмон Юлдош дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт: "мувофиқи қонунгузорӣ ду лоиҳа дар бораи муъаян кардани нархҳои сабади истеъмолӣ ба ҳукумати ЧТ пешниҳод гардида, ки то баррасии комил аз ҷониби ҳукумат иттилое дар ин бора дода наметавонем, зеро ин ду лоиҳа ҳануз дар ҳоли баррасист ва ҳазинаи ойилаҳо дар ин сабад феълан мушаххас нашудааст". Ин сӯҳбатҳо дар ҳоле матраҳ мегардад, ки беш аз 3 сол аст, ки масъулин ваъдаи омода кардани сабади истеъмолиро медиҳанд.     

Дар ҳамин маврид иқтисодшинос Фирӯз Саидов ҳам мегӯяд, ки лоиҳаи сабади истеъмолӣ ба парлумон пешниҳод гардида ва ба наздикӣ бояд қабул карда шавад. Ба қавли номбурда, соли 2011 нархи сабади минималии физиологии истеъмолӣ 286 сомонӣ бар сари ҳар нафар рост меомад: "мо ба якбора ин сабадро қабул карда наметавонем, зеро дар ин сурат маҷбур мешавем маоши ҳадди ақалро дар мутобиқат бо сабади минималӣ ба якбора ба 400 сомонӣ расонем. Ин кор бояд оҳиста - оҳиста анҷом шавад. Музди меҳнати 80 сомонӣ ба ин сабад мувофиқат намекунаду тақрибан 3 маротиба аз сабади минималӣ камтар аст. Ҳарчанд маоши миёна бо сабади истеъмолӣ мувофиқат мекунад, аммо бояд диққат дод, ки ин сабад барои ҳама аст, ҳатто барои бекорон ва барои кудакони 4 то  14 сола ва низ онҳое, ки кор мекунанду шахсони нафақахӯр ҳам ба ин сабад шомиланд".

Аммо дар хусуси нафақахӯрон бошад, бояд гуфт, ки тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 533 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, ки аз ин шумора 380 ҳазори онҳо аз 50 то 80 сомонӣ мегиранд, ки барои пӯшонидани сабади истеъмолияшон кифоят намекунад. Инчунин пӯшонидани хароҷоти сабади истеъмолӣ барои қишри камбизоати ҷомеа сангинӣ мекунад.
Ба он хотир сангинӣ мекунад, ки аз рӯи маълумоти иддае аз иқтисодшиносон барои 12 гурӯҳи аҳолӣ 14 навъи сабади истеъмолӣ муайян шуда, ки номгӯи зиёда аз 300 молҳои истеъмолии халқ ва заруртарин намудҳои хидматрасониро дар бар мегирад. Дар қатори молҳои истеъмолии дараҷаи аввал, маҳсулоти ғизоӣ, пойафзол ва либосҳои лозимӣ, молҳои маданиву хоҷагӣ, дорӯворӣ, манзил, хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёт ва ғайра шомил мешаванд. Танҳо дар гурӯҳи молҳои ғизоӣ тақрибан ҳамаи маҳсулоти аввалиндараҷа барои гузаронидани ҳаёт минҷумла маҳсулоти гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, равған, ширинӣ (шакар, асал), сабзавот(картошка, сабзӣ, пиёз, кабудӣ), меваҷот(себ, хурмо, ангур, тарбуз, харбуз, мандарин, анор) ва нон дохил мешаванд. Агар барои як кас дар як рӯз 100 грам гӯшт(3 сомонӣ), 200 грам шир(1, 40 дирам), 1 моҳӣ(2, сомонӣ), 50 грам равған(1, 40 дирам), қанд(1 сомонӣ), сабзавот(1 сомонӣ), мева(3 сомонӣ) ва 1 нон(1 сомонӣ) сарф шавад, пас дар як моҳ нархи 3 кг гӯшт ба 90 сомонӣ, шир ба 42 сомонӣ, моҳӣ 60 сомонӣ, равған 42 сомонӣ, қанд 30 сомонӣ, сабзавот 30 сомонӣ, мева 90 сомонӣ ва нон ба 30 сомонӣ дар моҳ баробар мешавад, ки дар маҷмӯъ моҳе танҳо барои гурӯҳи маҳсулоти ғизоии сабади истеъмолӣ бо ҳисоби минималӣ 414 сомонӣ маблағ лозим аст. Дар ҳоле, ки ин танҳо гурӯҳи ғизоии сабади истеъмолист. Агар хизматрасониҳо, пардохти коммуналӣ ва дигар молҳои ниёзи аввалро ҳисоб кунем, хароҷот бе ниҳоят  зиёд мегардад.

Буҷети Тоҷикистон маошро бо сабади истеъмолӣ мувофиқ гардонида наметавонад!
Коршиносон мегӯянд, ки барои ноил гардидан ба ин амр бояд солона то 20% нархи ин сабад боло бардошта шавад то ниҳоят ба музди меҳнати ҳадди ақал ва миёна мувофиқат кунад. Агар ин сабад дар шакли феълӣ монаду ҳамон тавр пешниҳод гардад ва дар баробари он музди меҳнати зиёд карда нашавад, маошҳои феълӣ сабади истеъмолиро пушонида наметавонанд. Инчунин музди меҳнат ба ашхосе марбут мешавад, ки дар сохторҳои давлативу хусусӣ кор мекунанду мувофиқи корашон маош мегиранд. Гуфта мешавад, ки даромади аҳолӣ беш аз 50 фоизаш аз ҳисоби музди меҳнат набуда аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар манобеъ сарчашма мегирад. Чун порсол нақши музди меҳнат дар таъмини сохтори зиндагии мардум 40% буду боқимондаи онро соири сарчашмаҳои даромад ташкил дод. Сабади минималӣ танҳо ба одамоне, ки дар асоси музди меҳнат маош мегиранду манбаъи даромаде надоранд, ҳисоб карда мешавад.
Ҳарчанд гуфта мешавад, ки дар шароити кунунӣ ба далели мувофиқ наомадани маошҳо бо сабади истеъмолӣ, лоиҳаи сабади истеъмолӣ дар шакле пазируфта мешавад, ки мувофиқи он тамоми сохторҳои хусусиву давлатӣ маҷбур хоҳанд шуд, то маоши кормандонашонро боло бардоранд, аммо бештари коршиносон бар ин назаранд, ки ин лоиҳаро наметавон ҳамчун қонуне пазируфт, ки мутобиқи он ҳамаи корхонаҳову ташкилотҳо маҷбур шаванд маоши кормандонро боло бардоранд. Зеро маҳдудияти буҷет ба иҷрои ин амр иҷоза намедиҳад.                               

Бино ба гуфтаи иқтисодшинос Фирӯз Саидов сабади истеъмолӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад. Аз ҷумла сабади минималии физиологӣ, ки барои шахс ҳаётисту дар он меъёрҳои камтарин молҳое, ки барои зиндагии одамон лозим аст, муъаян карда шудааст. Беш аз 40 намуди маҳсулоти гуногун ба он дохил мешавад монанди мавди ғизоиву барқу ғайра, ки ҳамаи инҳо вобаста ба синну соли одамон танзим гардидааст. Барои нафақахурону кудакон ин мизон камтару барои қувваҳои корӣ зиёдтар аст. Дар сабади истеъмолӣ ҳар як шахс чи миқдор орду гӯшту дигар намуди маҳсулот масраф мекунад, муъаян мегардад. Дар оянда маошҳо мувофиқи ин сабад, ки як шохиси мушаххаскунандаи тараққиёти иқтисодист, бояд мувофиқ карда шавад.      

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари масоили иқтисодӣ Сафват Бурҳонов зиёд кардани маошҳоро барои пӯшонидани сабади истеъмолӣ зери суол мебарад ва мегӯяд, ки ҳарчанд маошҳо зиёд шаванд ҳам, аммо дар баробари он нархи молу маҳсулот то 5 маротиба боло меравад, ки ин арзиши музди меҳнатро барои пӯшонидани сабади истеъмолӣ кам мекунад: "аз сабаби ҳамин болоравии нархҳо маошҳо то 10 баробар  зиёд гардад ҳам сабадро пӯшонида наметавонад. То кунун сабади истеъмолиро дар Тоҷикистон ҳеч ниҳоде ҳисоб накардааст, зеро нархҳои муъаяни молу маҳсулот мавҷуд несту ҳарки ҳар тавре хоҳад нархгузорӣ мекунад ва ба ҳамин хотир ягон ташкилоти махсус ин сабадро ҳисоб карда наметавонад".   

Чанде аз шаҳрвандон ҳам мегӯянд, ки маоши онҳо сабади истеъмолияшонро рӯпуш карда наметавонад. Манучеҳр Хоҷаев, ки 600 сомон маош мегирад мегӯяд, "хароҷоти зиндагии ман бо 2 фарзанд, аз 1000 сомонӣ ҳам бештар мешавад ва агар касе аз хонавода бемор гардад, ин хароҷот чанд баробар афзоиш меёбад. Барои ҳамин маошам нақше дар пӯшонидани сабади истеъмолӣ надорад. Гузашта аз ин, боз ҳазинаҳои дорувориро ҳам бояд дар ин байн илова намуд. Бояд аз масъулин пурсид, ки вақте нархҳо доимо дар ҳоли болоравиянд, оё онҳо ин афзоиши нархҳоро дар сабади истеъмолӣ ба назар мегиранд". Ба гуфтаи ин шаҳрванд фасод дар сохторҳои гуногун хароҷоти аҳолиро чанд маротиба зиёдтар мекунад.

Коршиносон мӯътақиданд, ки маоши кам дар Тоҷикистон шаҳрвандонро водор мекунад то аз роҳҳои қайриқонунӣ даромадҳои алтернативӣ барои худ ҷустуҷу кунанд. Зимнан маълум нест, ки дар сабади истеъмолӣ хароҷоти соҳаи нақлиётро чигуна баровард мекунанд. Зеро нархи сузишворӣ дар ҳоли болорависту ронандаҳо ҳам ҳар кадом мутобиқи майли худ аз мусофирон маблағ меситонанд ва як беназмие дар ҳамаи соҳаҳо дида мешавад, ки оморҳои ироадодаи масъулинро зери шубҳа мебарад. Гузашта аз ин, бо афзоиши маошҳо нархи молу маҳсулот ҳамроҳи он боло меравад. Пас оё метавон интизор дошт, ки сабади истеъмолӣ бо нархҳои реалӣ омода хоҳад шуд? Чунки ҳамин болоравии нархҳо ҳисоботи мақомотро дар сабади истеъмолӣ барҳам мезанад.      

Меъёри дақиқи сабади истеъмолӣ  бар сари ҳар нафар аҳолӣ чанд аст?
Ба ростӣ меъёри муъаянкунандаи сабади истеъмолӣ чист ва оё сатҳи маошҳо қобилияти пӯшонидани ин сабадро дорад?
Дар посух ба ин суол, доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки вобаста ба болоравии арзиши молҳо нархи сабади истеъмолии аҳолӣ  296 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи номбурда арзиши сабади истеъмолӣ бояд ба 700 сомонӣ бар сари ҳар нафар баробар бошад: "дарТоҷикистон маоши аҳолӣ сабади истеъмолиро пӯшонида наметавонад. Дар инҷо бояд дид, ки дар суфраи истеъмолии мардум чи қарор дорад. Чун дар шаҳрҳо нисбат ба деҳот талабот барои хароҷоти иҷтимоӣ зиёдтар аст, ки ин дар ҳазинаҳои оилавӣ таъсиргузор аст. Агар танҳо молҳои ғизоӣ дар назар гирифта шавад, мебояд дид, ки мардум дар кадом сатҳ зиндагӣ доранд ва пас аз он инро аз рӯи қаноатмандӣ ё ноқаноатмандияшон муъаян кардан мумкин аст. Сабади истеъмолиро аз рӯи гузаронидани пурсишнома муъаян мекунанд ва тибқи омори созмонҳои байналмилалӣ 40 дар сади мардуми Тоҷикистон дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, ки аз ин шумора 80 фоизашро мардуми деҳот ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, маоши аҳолӣ сабади истеъмолияшонро пӯшонида наметавонад".

Ба гуфтаи Табаралӣ Ғаниев, мардуме, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, асосан аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки наздики 3 миллардро ташкил медиҳад, рӯз мегузаронанд. Яъне ин маблағҳое, ки онҳо мефиристанд, дар байни ойила тақсим мешавад. Хусусияти ойилаҳои тоҷик ҳам ҳамин аст, ки 2 кас кор мекунанду хуранда 7 нафар аст. Агар даромади ойила 500 сомонӣ бошад, ба 7 нафар тақсим мешавад.
Аз он ҷое, ки сабади истеъмолӣ барои тамоми аҳолист ва барои он ки бар сари ҳар нафар мувофиқат кунад, музди меҳнати миёнаи Тоҷикистон бояд 300 то 400 доллар бошад. Иқтисодшинос Фирӯз Саидов дар ин бора мегӯяд, "ин сабад бар сари ҳар як нафар аз ҳар ойила ҳисоб карда мешавад. Агар дар хонаводае музди меҳнат 500 - 600 сомонӣ бошаду 7 нафар дар он ойила зиндагӣ кунанд, ин ба сабади истеъмолӣ мувофиқат намекунад. Мувофиқ гардонидани сабади истеъмолӣ бо маошҳо ҳазинаи сангинеро металабад". Бо ҳамаи инҳо номбурда мегӯяд, ки лоиҳаи сабади истеъмолӣ бештар барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ равона карда мешавад.       

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!