Бахшҳо
18 май 2012 04:06Гузориш

Мақомоти Тоҷикистон танбаланд ё мақомоти Узбакистон зирактар?

Чунин менамояд, ки мақомоти Узбакистон нисбати ҳамтоёни тоҷикашон дар вокуниш ба ҳодисоту ворқеоти минтақа пештозӣ менамоянд. Мақомоти узбак ин бор ҳатто аз заминларзаи чорбалае, ки дар ҳудуди Тоҷикистон рух дод, хостанд ба манфиаташон истифода баранд. Аз инрӯ "Озодагон" ин ҳафта чунин суолро пешорӯи коршиносон гузошт: Мақомоти Тоҷикистон танбаланд ё мақомоти Узбакистон зирактар?

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛОҲ, коршиноси сиёсӣ
Аз омиле, ки пайдо мегардад, ҷониби Узбакистон бояд истифода кунад, ин талаботи ҳар як давлат аст ва ҳамин тавр Тоҷикистон, ки бояд манфиати милии худро бо ҳар роҳе, ки имкон дорад, ҳимоя намояд. Фазои иттилооти мо аз ду қисм иборат аст. Фазои иттилоотии расмӣ ва ғайрирасмӣ. Табиист, ки фазои иттилоотии дуввум хеле фаъолтар аст. Дар фазои иттилоотӣ расонаҳои расмӣ вазоифи худро хуб иҷро намекунанд, зеро расонаҳои расмӣ бинобар талаботи байнидавлатӣ наметавонад монанди расонаҳои мустақил ибораҳои "шуълаовар" - ро истифода барад. Чун мавқеъгирии расонаҳои расмиро дар беруни кишвар ҳамчун мавқеъгирии давлат медонанд. Ин расонаҳо то як андоза аз хеле чизҳо худдорӣ менамоянд, ки ба ҳамин хотир чунин тасаввуроте пайдо мегардад, ки онҳо ба қадри лозим ҳамчун расонаҳои мустақил аз манофеи миллӣ ҳимоя намекунанд. Ҳар кадоми инҳо вазоифи худро иҷро мекунанд ва албатта инҷо масъалае ҳаст, ки чаро расонаҳои Туркманистону Узбакистону Қазоқистон дигар кишварҳо берун аз кишвар шунавотаранд? Чунки ин кишварҳо имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои берунанд ва муносибати дигар кишварҳо бо ин 3 кишвар дар асоси захоири нефту газе, ки онҳо доранду истихроҷи онҳо чандон душвор нест, вобастааст, барои ҳамин ҳар чизе, ки ин кишварҳо мегӯянд, дар берун ба инобат мегиранд. Зеро бевосита ба манофеъ рабт дорад. Ва азбаски захоири табиии Тоҷикистон дар дастрас нестанду ба бозор бароварда нашудаанд, хоҳ нерӯи барқи обӣ бошад, хоҳ канданиҳои фоиданок бошад, ҳамаи инҳо танҳо захоири беҳаракат ҳастанду дар муомилот ҳоло бароварда нашудаанд.           

Сӯҳроб ШАРИФОВ,  вакили Маҷлиси намояндагон
Заминларзаҳое, ки дар мо вуҷуд дорад ба сохтмони Роғун ва дигар нерӯгоҳҳо таъсир надорад. Гап дар сари он аст, ки он технологияҳову тарҳҳои муҳандисие, ки дар нерӯгоҳи Роғун корбурд мешаванд, дар баробари заминларзаи то 9 бал муқовиманду озодона метавонанд истифода гарданд ва таҳдидҳои ҷиддие дар инҷо вуҷуд надорад. Заминларзаи рух дода дар кишвар то 4 бал буд, ки ин таъсире намерасонад.
Ба амалӣ гаштани стратегияҳои дохилии худ, пеш аз ҳама мо худамон масъулем. Он чизе, ки ба мардуму миллати тоҷик суд меорад, ҳатман сохта мешавад. Ман фикр мекунам, ки кайҳо боз ҳама аз эродҳои бо сабабу бесабаби Узбакистон хаста шудаанд. Ҳоло марҳилаи ҳасосест ва бояд ҳам Узбакистон ва ҳам Тоҷикистон нишаста дар хусуси истифодабарии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба нафъи минтақа сӯҳбат кунанд. На ин ки дубора эродҳои кӯҳнаро дар қолаби нав ба Тоҷикистон гиранду боз барои бори даҳуму садум бар сари ин масоил гуфтугӯ кунем. Ингуна сиёсат оянда надорад ва ман фикр мекунам, ки ҳам Роғун ва ҳам дигар нерӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшону Сурхобу Ванҷ ва дигар дарёҳо аз рӯи нақша сохта мешаванд ва ҷониби дигар бояд фаҳмад, ки мо дар чорчуби манофеи миллӣ ва ҳурмату эҳтироми дигарон, тамоми захоири мавҷударо ба фоидаи минтақа истифода мебарем. Тоҷикистон доимо омода аст ва дар паёми охирини худ президент ҳам гуфт, ки тамоми барномаҳои рушди Тоҷикистон ба минтақа равона шудааст ва дигар ниёзе ба гапҳои зиёдатӣ вуҷуд надорад.
Узбакистон доимо муқобили сохтмони Роғун аст, зеро ин яке аз афзалиятҳои сиёсати имрӯзаи ин кишвар аст ва ҳатто дар муқобили сохтмони нерӯгоҳҳои дигар кишварҳо ҳам барои пешгирӣ аз инкишофи ин давлатҳо эродҳои ҷиддӣ мегирад. Ин сиёсат ғайримантиқӣ аст ва мо бояд дар минтақае, ки хеле бузург ҳам нест, дар чорчубаи созандагӣ амал намоем. Худи давлати Узбакистон ин тарҳҳоро ҳамчун як рақобати ҷиддии минтақавӣ қабул мекунад. Зеро бо сохтани ин нерӯгоҳ Тоҷикистон ба як давлати муқтадири содиркунандаи барқ табдил мешавад. Он барқу дигар маводҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мегардад, нисбат ба барқу оби ӯзбакистону дигар кишварҳо хеле арзонтар аст. Аз ин рӯ, манофеи геоиқтисодии Узбакистон дар инҷо зери хатаранд ва онҳо намехоҳанд чунин рақиби ҷиддӣ, ки қобилияти васеъи гидроэнегетикӣ дорад, пайдо гардаду ҷои ӯзбакистонро дар содироти минтақавии барқ гирад. Кишвари мо ҳақи комил дорад, ки аз ин қобилият баҳри рушди худу дигар давлатҳои минтақа истифода кунад. Ман фикр мекунам, ки манфиатҳои геоиқтисодии ӯзбакистон бо манофеи рушди миллии иқтисодии Тоҷикистон зиддият дорад ва мо дар инҷо бояд сари манофеи давлатии худ андеша кунем. Ин як чизи оддист, ки ҳар як давлате мехоҳад захоири табии худро самаранок барои рушди минтақаву мардуми худ истифода барад.

Алихон ЛАТИФӢ,  роҳбари ширкати "БАРС Консалтинг"
Имрӯз мутахассисони Тоҷикистон дар масъалаи бунёди "Роғун" баҳои воқеӣ дода истодаанд. Аз ҷумла, академик Собит Неъматуллоев гуфтанд, ки дар он ҷое, ки "Роғун" сохта мешавад, заминларзаи сахт шуданаш ғайримумкин аст ва ягон хатаре надорад. Аз сӯи дигар ҳоло ӯзбакистон беҳудаву баҳуда масъалаи "Роғун"-ро мебардорад. Онҳо комилан зид ҳастанд, ки Тоҷикистон рушд кунад. Ман фикр мекунам, ки ба ҳар гуна ҳангомаҳое, ки дар бунгоҳҳои иттилоотии Узбакистон оид ба бунёди "Роғун" пахш мешаванд, ҷавоб додан бефоида аст. Узбакистон хуб медонад, ки аз сохтани "Роғун" ҷуз фоида зараре намерасад. Аммо онҳо медонанд, ки агар "Роғун" сохта шавад, Тоҷикистон рушд мекунад ва ба ин хотир зидди пешравӣ дар кишвари моянд. Ин ҷо ягон сабаби дигар нест. Онҳо мегӯянд, ки об намерасад, ин гап асоси воқеӣ надорад. Зеро Тоҷикистон он оберо, ки аз рӯи тақсимот бояд истифода барад, пурра истифода намекунад. Оби зиёдатӣ ба Узбакистон меравад. Онҳо вақте, ки обро аз тақсимот зиёд мегиранд, ин қадар обро куҷо мебаранд, ки аз ҳоло об намерасад? Онҳо мегӯянд, ки сохтани "Роғун" ба фоҷиаи "Арал" мерасонад. Вале мо феҷеаи "Арал"-ро имрӯз дида истодаем, дар ҳоле, ки "Роғун" ҳанӯз сохта нашудааст. Пас кӣ имрӯз ба фоҷеаи "Арал" сабаб гаштааст? Ҳама маълумотҳои Узбакистон дар бораи "Роғун" сиёсӣ аст ва ягон таҳкурсии илмии на экологӣ, на иқтисодӣ, на иҷтимоӣ ва на техникӣ надорад. Мо бояд аз сухан ба амал гузарем..  

Баҳор ИРКАЕВ, узви вобастаи Академияи муҳандисони Тоҷикистон
Мо бояд дар баробари фазосозии манфии ҳамсоякишварамон ҳамлаҳои ҷавобӣ дошта бошем. Мақомоти Узбакистон бо истифода аз бунгоҳҳои иттилоотӣ маълумотҳо дар бораи "Роғун"-ро яктарафа пахш мекунанд ва баҳодиҳии мавқеъгирона медиҳанд. Мо бояд ба ин гуна фазосозии муғризона ё яктарафа роҳ надиҳем. Нагузорем, ки дар бораи Тоҷикистон ва иншоотҳои муҳими стратегии мо баҳои нодуруст диҳанд. Вақте даъвои бунёди НОБ-и "Роғун"-ро дорем, бояд барои ҳимояи он аз ҳама ҷиҳат омода бошем. Аксари давлатҳо дар чунин ҳолатҳо сиёсати иттилоотии худро хеле қавӣ месозанд, то манфиатҳои миллии онҳо нодида гирифта нашавад. Ин ҷо заъфи ҷониби Тоҷикистон ё ҳушёрии мақомоти Узбакистон муҳим нест. Танҳо хоҳиш даркор аст то аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя карда шавад. Барои ин кор маблағи зиёд даркор нест, фақат бо роҳи ҷалб кардани мутахассисони варзида дар бахши экология, заминларза ва иқтисод таъсири иқтисодиву иҷтимоии "Роғун" ба таври воқеӣ баҳогузорӣ карда шавад ва ин маълумоти саҳеҳу дуруст дар бунгогҳҳои иттилоотӣ бо чанд забон пахш гардад то мардуми кишвар ва минтақаву ҷаҳон ба иштибоҳ нараванд.  

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот"
Барои пайгирии манофеи миллат бояд ин гуна корҳо бошад. Яъне иттиҳомот ва ё якгуна дигарпароканиҳое, ки дар мавриди ин ё он воқеияти дохилии Тоҷикистон пайдо мегарданд, бояд ниҳодҳое дошта бошем, ки вокуниши мантиқиву муассир ва низ баҷову ба мавридро матраҳ кунанду ба он ҷо фиристанд. Агар мо дар ҳолате ақиб мемонем ва масъаларо ҷониби дигар тавре шарҳ медиҳад, ки  вокуниш сурат мегирад, доираҳо ва фазои умумӣ дар ҷаҳон тавре бардошт мекунанд, ки ин воқеият асту чунин хабаре эҳтимолан ҷой дорад. Мо бояд ин корҳоро систематик дошта бошем, на фақат дар он ҳолатҳое, ки дар хусуси заминларзаи мо аз тарафи ҳамсоя назарафканиҳо сурат мегираду мо танҳо посухе медиҳему бо ҳамин хомӯш. Ин мебояд систематик бошаду мо пештоз бошем ва низ бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳо ва тавоноиҳои кишвар инчунин манофеи миллат шарҳу эзоҳи тамоми ҷузиёти масъаларо бояд тариқи расонаҳо ба тамоми ҷаҳониён ироа диҳем. Дар ин ҳангом чунин назарпароканиҳо аз паҳлу хунсо мегарданд. Зеро вақте онҳо пештозанду мо ба дунболи хунсогардонии ҳарфҳои онҳо мегардем, ҳадафи мо чандон муассир нахоҳад буд. Ман зиракии ҷониби узбакро дар ин масоил бештар мебинам. Онҳо ба қадре аз воқеиёти кишвари мо огоҳанд. Бо эълони хабари заминларза дар дохили кишвар ягон вокунише нашуд, монанди ин ки дар мамлакат оромист ва ё хисорат ворид нагаштааст. Аммо ҷониби ӯзбакистон аз ин истифода карду масъаларо кашонд ба тарафи қазияи Роғун. Дар инҷо нотавонмандӣ ва ё зирак набудани ҷониби Тоҷикистон эҳсос мешавад.

Иззат АМОН,  таҳлилгар
Сиёсат ҳам ҳамин аст, ки нуктаҳои заъфи ҳарифатро ҷуста, зарба мезанӣ. Ҳоло ин заминларзае, ки рӯй дод, гуё ин ки "заказ"-и сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя буд, вале ин тавр ҳам фикр кардан дуруст нест. Ҳамин дараҷа заминларза дар ин минтақа ҳама вақт буду ҳаст. Ба ёд оред заминларзае, ки якчанд сол қабл  дар худи пойтахти Узбакистон- Тошканд рӯй доду чӣ қадар харобиҳоро ба бор овард. Яъне, дар  бадбахтии мо имрӯз ҳамсояи мо механдад. Онҳо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ба рӯи мо  механдиданд ва "хидматҳо"-и шоёне барои аланга гирифтани ин ҷанг карданд. Масалан, ҳавопаймоҳои онҳо манотиқи ҷануби Тоҷикистон, махсусан Рашти имрӯзаро бо "заказ"-и баъзе аз худиҳоямон бомбаборон карда буданд, ки ин ҳам фаромӯш нашудааст. Дар мавриди ин ки мақомоти тоҷик танбаланд ё мақомоти ӯзбак зирактар, бояд гуфт, ки мо инро баъд аз анҷоми ташхиси Бонки ҷаҳонӣ хоҳем фаҳмид. Ҳоло мо дар ин ҷанги иттилоотӣ бо ҳам рафта истодаем. Бубинем, ки ин ҷанг ба нафъи кӣ анҷом меёбад. Он гоҳ метавонем гуфт, ки кӣ зирактар аст. Вале ба гумони ман мақомоти мо ҳам, махсусан Вазорати хориҷаи кишвар дар ин самт хуб фаъолият карда истодаанд. Лекин масъала боз ҳам бармегардад ба натиҷа. Мо дар ростои як хатари бузурге қарор дорем ва ҳоло намедонем, ки оқибати ин ҳама қаҳрамонии мо чӣ балоҳое ба сарамон хоҳад овард. Дар ин ҷо танҳо атрофи як фикр, ин ҳам бошад муттаҳид сохтани тамоми қишри ҷомеа барои сохтумони "Роғун" мебошад. Мо бошем чӣ кор мекунем? Мақомоти мо ҳамин шабу рӯз як ҷанги иттилоотиро зидди ҳама гуна дигарандешӣ ба роҳ мондаанд. Ҳар кӣ ба онҳо гӯяд, ки ҷаноб, коре, ки шумо мекунед иштибоҳ аст, зуд айби ҳаммаслаки салафию наҳзатию ваҳҳобию шиъа будан ё кадом гуноҳи дигарро ба пояш мепечонанд. Мо пайдошавии як гуна бадбинӣ ва ихтилофро дар ҷомеа эҳсос карда истодаем, ки махсусан бо хидмати хирсонаи баъзе аз мақомоти кишвар сурат гирифта истодааст. Мушкил ҳамин аст. Ба гумони ман дар ин шабу рӯз беҳтар мебуд якдигарро ба сафеду сиёҳ, шимолию ҷанубӣ ҷудо накарда, зидди идеяҳои душманонаи ҳукумати ҳамсоякишвар, якдилу якҷон истодагарӣ кунем. Дигар ман роҳеро намебинам, зеро  роҳамон ҳам аз тариқи ҳамин кишвар аст ва фазомон ҳам. Яъне, мо ба ин кишвар ниёзи зиёд дорем, ки бояд гуфтугӯ шаваду ниёзҳои мардум бароварда гарданд.

Мӯсо АСОЗОДА,  сиёсатшинос
Вақти он расидааст, ки мо ба ҳар иттилое, ки ба имиҷи Тоҷикистон латма ворид мекунад, вокуниш нишон диҳем ва ба ҳар гуна эроду айбҷӯиҳо дар рӯёрӯи манфиатҳои миллӣ посухи қонеъкунанда дошта бошем. Тоҷикистон бояд тамоми имкониятҳоро барои ҳимояи манфиатҳои геополитикиву дохилии худ истифода барад. Дар бораи ҳимояи он манфиатҳое сухан меравад, ки дар оянда барои рушди иқтисод ва пешравии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Тоҷикистон дар масъалаи бунёди "Роғун" ҳамеша мавқеи устувор дорад ва аз нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ба манфиати мардуми минтақа аст, ҳимоя мекунад.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)