Бахшҳо
18 май 2012 10:01Сиёсат

Рақибони Раҳмон дар интихобот муттаҳид мешаванд?

Ахиран Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон эълом дошт, ки музокироти аҳзоби мухолиф барои пешбарии номзади ягона дар интихоботи президентии соли 2013 шурӯъ шудааст. Масъуд Собиров дар ин маврид дақиқан ҳизберо ном нагирифтааст. Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ гуфт, ки аслан аз изҳороти Масъуд Собиров  бехабар аст. Ба гуфтаи номбурда Масъуд Собиров ва ё намояндагони демократҳо то имрӯз дар робита ба ин мавзуъ бо комунистҳо дар иртибот нашудаанд. Исмоил Талбаков мегӯяд, ки раёсат ва плениуми ҲКТ то имрӯз ҳатто дар мавриди эҳтимоли иттиҳоди аҳзоби мухолиф барои интихоботи соли 2013 гуфтушуниде накардааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои ҲНИТ дар робита ба суханони Масъуд Собиров изҳори беиттилоӣ кард.

Гуфта мешавад ин бори нахуст нест, ки ҳизбе барои пешбарии номзади ягона ва иттиҳоди аҳзоби мухолиф дар пешорӯи маъракаи сиёсӣ тасмим бигирад. Қаблан Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ пешниҳоде ҳаммонанд дошт. Аммо он  эътилоф муваффақ нагардида бойиси парокандагии чанд ҳизби сиёсии дигар шуд.  Ин навбат низ ба иттиҳод ва мувафақияти дастаҷамъонаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон коршиносон бо шубҳа менигаранд. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки муттаҳидшавии аҳзоби сиёсӣ шояд танҳо як "хоҳиш"-и Масъуд Собиров бошад. Ба далели он, ки як ҳизб дар алоҳидагӣ намехоҳад рақиби ҳукумат гардад. Аз ин хотир вақте номзад умумӣ бошад, бархурди ҳукумат бо ҳама ҳизбҳои сиёсӣ якранг хоҳад буд. Дар сурати ғайр аҳзобе агар барои пешниҳоди номзади худ иқдом бигиранд, метавонанд ба душмани ҳукумат табдил ёбанд. Аммо мушкили аслии роҳандозии ин "хоҳиш"-и Масъуд Собировро таҳлилгари сиёсӣ дар интихоби номзади арзанда ва мустақил мебинад.

"Чеҳраеро бояд интихоб кунанд, ки воқеан мустақил ва боҷасорат бошад. Миёни мардум низ маъруфияте дошта, ба ягон ҳизби сиёсии Тоҷикистон марбут набошад. Аммо дар шароити Тоҷикистон пайдо кардани чунин касе корест басо мушкил. Чунки тибқи барномаи фаъолият арзишҳои наҳзатиҳову коммунистҳо, демократҳову сотсиалистҳо аз ҳам фарқият дорад. Аз ин хотир шояд онҳо талош кунанд. Аммо то куҷо муваффақ мешаванд, баъдан маълум мегардад", гуфт Парвиз Муллоҷонов.  
Номбурда мегӯяд,  ҳарчанд натиҷаи интихоботи президентии соли 2013 аз имрӯз барои ҳамагон рӯшан аст. Бо эълон гардидани ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатӣ, ба эҳтимоли зиёд ҲНИТ, ҲКТ ва ё ҲСДТ-ву аҳзоби дигар аслан номзаде пешниҳод накунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ки дар интихоботи соли 2013 ҳатман як номзад бо барномаи ҷадид пайдо хоҳад шуд. Аммо ин маънои инро надорад, ки дар интихоботи соли 2013 7 ҳизби мухолифи кишвар муттаҳид шаванд. Агар ҳизбҳои мухолиф воқеан даъвои иттиҳодро дошта бошанд, пас дар натиҷаи музокироти дурудароз метавонанд танҳо бо ширкати 3 ва ё 4 ҳизб як эътилоф таъсис бидиҳанд.

"Агар зимистони дар пеш буда мардум аз барқ ҳудуди 6 моҳ маҳрум нашаванд, бадбахтии табиие ба вуҷуд наояд ва интиқоли маблағи муҳоҷирон бо ҳамин суръат идома ёбад, пас мо метавонем ҳадс бизанем, ки дар интихоботи соли 2013 тағйироти куллӣ ба вуҷуд намеояд. Пирӯзи насиби ҳизби ҳоким ва номзади ин ҳизб хоҳад шуд. Аммо ин ғалабаро дигарон нисбӣ қабул карда, он ҳатман баҳогузорӣ хоҳад шуд", мегӯяд, Абдулғанӣ Маҳмадазимов.

Раҳбари АМСТ ҳамчунин иброз намуд, ки то имрӯз ҳеч шахсият ва гурӯҳи сиёсие барои ширкат дар интихоботи соли 2013 изҳороти ҷиддӣ надодаву суханони таъсиргузоре нагуфтааст. Дар робита номбурда аз вазъияти ноороми пас аз интихоботии Русия мисол оварда гуфт, ки дигаргунӣ аз ҷониби мухолифони ғайрисистемавӣ дар ин кишвар ба вуҷуд омад. Бо баргузории интихоботи моҳи март дар Русия мафҳуми ҷадиди сиёсӣ "мухолифони ғайрисистемавӣ" ба вуҷуд омад. Ин мухолифон маъмулан дар шабакаҳои гуногуни интернет ба ҳам пайваст шуда, пешниҳод ва хоҳиши дигар кардани сиёсати кишварашонро доштанд. Аз ин хотир онҳо баъд аз интихобот бо шиорҳои барои Русия ногаҳонӣ ба майдон рехтанд. Аммо ба вуҷуд омадани чунин як вазъият дар Тоҷикистон  имконнопазир аст. Зеро мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон аз интернет истифода намекунанд. Маъмулан танҳо сокинони шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа дастрасии бештар ба интернет доранд. Гузашта аз ин мардуми тоҷик хелле суннатӣ буда, барои ҳифзи суботи феълӣ аҳамияти хос медиҳад. Абдулғанӣ Маҳмадазимов бар ин назар аст, ки ҳатто дар сурати роиҷ гардидани дастрасӣ ба интернет дар тамоми навоҳии Тоҷикистон фурсат барои дигар кардани вазъият, яъне то замони интихоботи президентӣ хеле кам мондааст. Аз ин хотир ҳатто бо фаъолшавии шаҳрвандон дар интернет дигаргуние ба вуҷуд нахоҳад омад. Коршиносон низ дар ҳамин робита мегӯянд, ки аҳзоби мухолифи сиёсӣ низ кореро барои дигар кардани авзоъ наметавонанд анҷом бидиҳанд. Зеро натиҷаҳои интихоботи сиёсии чанд соли охир якранг буда, боре нашудааст, ки ҳизби мухолифе барои дифоъ аз райъи ҷонибдоронаш то ба охир мубориза бурда бошад. Агар фаъолияти сиёсии аҳзоби мухолиф барои дигаргунии вазъият таъсиргузор нест, пас мавҷудият зарурияте дорад? Дар посух ба ин пурсиш Парвиз Муллоҷонов гуфт, ки мавҷудияти ҳизбҳои мухолиф яке аз нишондиҳандаи ҷомеаи демократӣ буда, аз набудан буданашон беҳтар аст. Агарчӣ дар маъракаҳои сиёсӣ онҳо пирӯз нагарданд, ба ҳар сурат дар баъзе маворид ҳукумат аз ҳарф ва пешниҳоди онҳо мустақим ва ғайримустақим истифода мекунад. Илова бар ин бо истифода аз баъзе минбарҳо аҳзоби мухолиф кӯшиши нишон додани вазъияти воқеии кишварро карда, аз сиёсати феълии ҳукумат интиқод мекунанд.

Ба назар мерасад, ки доираҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳоло ба натиҷаи интихоботи президентии 2013 ба қавле "тан додаанд". Аз гуфтори ҳам коршиносон ҳам намояндагони ҳизбҳои мухолиф ҳамин гунна бардоште ҳосил мегардад. Агар аз як тараф онҳо ба иқтидори ҳизбҳои мухолиф шубҳа намоянд аз ҷониби дигар ба баргузории интихоботи шафоф дар системаи мавҷуда бовар надоранд.


Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)