Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:12

Чаро тоҷикон дар ватан хушбахт нестанд?

18 май 2012, 12:23

Бо вуқуъи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бисёре аз шаҳрвандон маҷбур ба тарки ватан шуданд, чунончи имрӯз сафар ба хориҷа ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии аҳолии икшвар гаштааст. Аммо ба ростӣ дар замони кунунӣ мардуми мо зиндагӣ дар ватанро беҳтар медонанд ё дар хориҷа ва зиндагии шаҳрвандон дар хориҷа метавонад боиси пешрафти кишвар гардад?

Ватан азиз аст, аммо тарки он аз ночорист!

Бо фурӯпошии СССР шумораи тоҷиконе, ки ватанро тарк карданд, чандин баробар афзуд ва имрӯз ҳам онҳо аз сабаби вазъияти нобасомони иҷтимоиву иқтисодии кишвар, дар хориҷа қарор доранд. Вақте, ки дар ватани худашон барои онҳо ҷои кору зиндагии мусоиде фароҳам наоварданду дар хориҷа ин имконотро барояшон муҳайё карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ дар хориҷаро барои худ беҳтар мешуморанд ё дар ватан?   

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Русия Иззат Амон зиндагӣ дар ватанро авлотар медонад, вале таъкид мекунад, ки инсонҳо ва тарбияи онҳо гуногун буда гоҳо одам метавонад таҳти таъсири омилҳое қарор гираду фикру ақидааш нисбати ватанаш иваз гардад: "Табиист аксари мардум ҳамон ҷоеро, ки зиндагии беҳтаре дар он ҷо доранд, интихоб мекунанд. Гурӯҳи дигаре ҳам ҳастанд, ки зиндагӣ дар ватанро новобаста аз шароити сангини мавҷуда, барои худ авлотар медонанд. Вале баъзе вақтҳо шароите пеш меояд, ки дигар зиндагӣ дар ватан имкон надорад. Дар ин ҳангом шаҳрвандон маҷбур ба сафар мешаванд".
Бисёре аз шаҳрвандон зиндагӣ дар ватанро барои худ беҳтар медонанд, аммо ба ин нукта ишора мекунанд, ки шароит барои як зиндагии матлуб дар дохили кишвар мавҷуд нест.    

Аваз Раҳимов сокини шаҳри Душанбе бо дарназардошти вазъияти кунунии кишвар, зиндагӣ дар хориҷаро барои худ беҳтар дониста ояндаи худро дар ватан дурахшон  тасаввур намекунаду мегӯяд, ки мардуми Русия ва соири кишварҳо ба оянда дилгармӣ доранд, зеро зиндагияшон онҳоро ба фардоҳо умедвор месозад: "аммо дар Тоҷикистон умеду дилгармии мардум ба оянда кам аст махсусан ҷавонон, ки аз ҳамин сабаб роҳи сафар ба Русияро пеш мегиранд".           
Хабарнигори тоҷик Шоира Юсупова ҳам дар ин бора мегӯяд: "фикр мекунам барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ дар канори ойилаи худ ва ширкат кардан дар тарбияи фарзандон хеле беҳтар аст, зеро дар оянда боиси пешрафти Тоҷикистон хоҳад гашт. Аммо мутаасифона чун имрӯз чунин имконияте фароҳам нест, мардум барои нон маҷбуранд берун аз марз раванд".  

Ҳуқуқшинос Гулдаста Бобомуродова ин гуфтаҳоро тақвият бахшида зиндагӣ дар ватанро хубтар арзёбӣ мекунаду мегӯяд, ки ватан ватан аст ва ба хориҷа бештар метавон барои тамошову истироҳат рафт то барои зиндагӣ. Дигар ҳамсӯҳбати мо Мунира Надҷимова дар ин маврид мегӯяд, "чун то ҳол дар хориҷа зиндагӣ накардаам, намедонам, ки дар онҷо чи гуна душвориҳо метавонад пеш ояд. Барои ҳамин мушаххас гуфта наметавонам. Агар чунин шароит фароҳам ояд, ман кӯшиш мекунам равам, он ҳам ба фикрам барои як муддати муаяйн. Аммо дар пиронсолагӣ ҳама мехоҳанд дар ватан бошанд".

Оё дар ҳақиқат муҳоҷирони мо эҳсоси хушбахтӣ мекунанд?

Ва аммо он шаҳрвандоне, ки дар хориҷа ҳастанд, барои худ зиндагӣ дар ватанро беҳтар мешуморанд ё дар хориҷа ва то чи ҳад онҳо аз иқомат дар мамлакати дигар эҳсоси хушбахтӣ мекунанд?

Салим Аюбзод хабарногоре, ки солҳост дар Прага иқомат дорад, дар ин бора мегӯяд, "фарқеро байни зиндагӣ дар ватан ва хориҷа намебинам, зеро ҳамеша фикр мекунам, ки дар ватан ҳастам, чунки ҳамарӯза бо хабарҳои ватан сару кор дорам".  
Аммо Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон назари дигаре дорад. Ба қавли ӯ, шахс дур аз ватану ёру дустон худро хушбахт эҳсос намекунад: "мо ба амри тақдир беруни кишварем, албатта ҳар вақт хоҳем имкони бозгашт ба ватанро дорем. Аммо қисми зиёде аз шаҳрвандони мо солҳост аз ватану хонаву зану фарзандашон дуранд, ки шояд 90 фоизашон дар Русия ҳамин ҳолро дошта бошанд. Чун кирояи роҳ барои бозгашт ба ватан гарон асту онҳо ба худашон ин хушбахтиро иҷоза намедиханд. Вале боз ҳастанд қисме, ки дар ин кишвар хонаву ҷой доранду хушбахтона зиндагӣ мекунанд ва ҳаргиз фикри бозгашт ба ватане, ки даҳшати зимистони сарди бебарқию бепулию бекорӣ ва дармондагиро ба ёдашон меорад, намекунанд", мегӯяд номбурда ва меафзояд:  

"Худованд касеро муҳоҷир насозад. Чун солҳост бо онҳо ҳастам ва зиндагияшонро меомузаму аз ояндаашон сахт дар шигифтам. Зеро бовар кунед ҳеч касро ғами ояндаи ин миллат нест. Касе фикр намекунад, ки ин ҷавонони 18 то 30 сола ояндаашон чӣ мешуда бошад. Дарду аламу розу ниёзи онҳоро шунида ба фикр меравед. Аз ҳамин ҷавонӣ чун зулм дидаанд, ба ватанашон хушбин нестанд. Оқибати ин ҳама бадбахтӣ ва беаҳаммиятӣ чи мешавад, Худо беҳтар медонад".

Раванди мусофират ба хориҷа сабаби тараққии Тоҷикистон хоҳад гашт?

Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки бисёре аз мардум мехоҳанд ба хориҷа раванд, аммо чаро? Ҳоло ҳам бештари шаҳрвандони мо дар беруни кишвар зиндагӣ мекунанд, оё иқомати онҳо дар соири мамлакатҳо ба рушду пешрафти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард?
Ба гуфтаи Салим Аюбзод шаҳрвандон ба ин хотир мехоҳанд ба хориҷа раванд, ки вазъияти иқтиодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва низ ҳисси беояндагӣ ва бесоҳибӣ ба рафтани шаҳрвандон таъсир дорад: "ҳузури шаҳрвандони мо дар хориҷа дар сурате сабабгори рушди кишвар шуда метавонад, ки онҳо барои ҳифзи забону фарҳанги худ мубориза баранду фарзандонашон бегона нашаванду пайвандро бо ватан қатъ накунанд".

Ҳуқуқшинос Гулдаста Бобомуродова чунин мешуморад, ки пешрафти давлат ба мардуме, ки дар дохили кишвар дар ҳудуди ватанашон зиндагӣ мекунанд, вобаста аст: "Зеро ҳар қадар дар дохили кишвар кору фаъолият кунанд, ҳамон қадар кишвар пешрафт мекунад. Аммо кору фаъолият дар берун аз ватан маънои пешрафтро надорад, зеро дар ин ҳолат барои дигарон меҳнат мекунию маош мегирӣ, ки ин ватанро обод карда наметавонад".

Аммо Аваз Раҳимов сокини пойтахт бар ин бовар аст, ки зиндагӣ дар дигар мамлакат ҷиҳатҳои мусбату манфии худро дорад. Ба қавли ин шаҳрванд, бо сафар ба хориҷа шахс зиндагии худу ойилаи худро таъмин мекунад. Аммо паҳлуи манфии дар хориҷ зистан ин аст, ки шаҳрвандон аз таҳсил ва фарҳангу ватани худ фосила мегиранд: "муҳоҷират танҳо дар он ҳолат Тоҷикистонро обод гардонида метавонад, ки муҳоҷирон қабл аз сафар мутахассис бошанд ва ё ба ин кишварҳо барои таҳсилу омӯзиш сафар кунанд, ки дар ин сурат онҳо ҳамчун намояндаи миллати тоҷик баромад карда бо таблиғу намоиши фарҳангу арзишҳои милли худ, ба ватанашон манфиат меоранд ва низ имиҷи кишварро назди хориҷиён боло мебаранд".                   

Сӯҳбатҳои ақшори гуногуни ҷомеа, ҳокӣ аз он аст, ки онҳо аксаран ҳеч кадомашон сафари шаҳрвандони бетахассусро ба хориҷа муҷиби тараққии Тоҷикистон намедонанд.
Иззат Амон яке аз онҳост, ки мӯътақид аст: "Сафари шаҳрвандон ба кишварҳои дигар ҳеч гоҳ кумаке ба пешрафти кишвар нахоҳад кард. Ҳама сола садҳо ҳазор оила барои ҳамеша Тоҷикистонро тарк мекунанд. Агар ин вазъ идома ёбад, ояндаи кишвар дар хатар меафтад. Чун ҳамсояи мо Чин аст бо 1 миллиарду 300 млн аҳолӣ, ки намедонад шаҳрвандонашро куҷо барад. Дар ин ҳолат шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ҷойгузини шаҳрвандони мо гарданд. Бинобар ин кӯч бастани шаҳрвандон аз Тоҷикистон падидаи манфие барои ояндаи кишвар аст".

Дар ҳамин ҳол журналист Шоира Юсупова зиндагӣ кардани шаҳрвандон дар хориҷаро барои ободии ватан муассир арзёбӣ намекунад: "Албатта аз ҳисоби шаҳрвандони мо дар хориҷа буҷети Тоҷкиистон пур мешавад, аммо ба назари ман чунин мерасад, ки ин ба пешрафти Тоҷикистон кумаке нахоҳад кард. Суоли дигар, вақте шаҳрвандони мо барои таҳсил ва ё такмили тахассус аз марз хориҷ мешаванд, дар ин ҳолат мамлакат кадрҳои беназиреро дарёфт мекунад, ки имрӯз монанди ҳаво барои Тоҷикистон лозиманд".
Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки соҳиби тахассус будани шаҳрвандон дар хориҷа метавонад боиси тараққии Тоҷикистон гардад.

Сиёвуш Қосимзода


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!