Бахшҳо
19 май 2012 04:30Иқтисодӣ

Тоҷикистон бидуни коррупсия, бовар мекунед?

Чунин менамояд, ки тақрибан ҳар рӯз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳангоми бо кормандони давлатӣ вохӯрдан бо ришваву пора сару кор мегиранд. Гӯё ҳама мисли робот шудаанд, бепарво пораро бароварда додан мегиранд. Ё шояд гумон мекунанд, ки системаи ба фасод олударо наметавон тағйир дод. Шоядам ҳақ бар ҷониби эшон бошад…

Сар аз субҳи содиқ духтур дар ғами он аст, ки имрӯз чӣ қадар бемор қабул мекарда бошад ва чанд сомонӣ фоида ба даст меоварда бошад. Донишҷӯ имтиҳон дошта бошад аввал пулашро ҳисоб мекунад, ки оё барои баҳои 4 кифоят мекунад ё не. Ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ чашмашро аз қароргоҳи муваққатӣ ё доимии корманди БДА намеканад, то мабодо қоидаи роҳро вайрон накунад ва "доля"-ро калонтар надиҳад. Нозири роҳ бошад бе ин ҳам баҳона меҷӯяд, ки аз ронанда як илоҷ карда пул ситонад. Ҳатто ронандаи мусофиркаше, ки дар Душанбе фаъолият мекунаду нархи давлатии роҳкиро маълум аст, мехоҳад боз аз мусофирон зиёдтар пул гирад. Агар мусофир то охири сайрхат рафтанӣ бошад, аз ӯ ба ҷои 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ мегирад. Соҳибкорон бошанд, ба хотири муфлис нашудан ду тарзи баҳисобгириро роҳандозӣ мекунанд, то ҳар чӣ камтар андоз супоранд. Андозгирон бошанд ба соҳибкорон роҳи осони "андозсупорӣ"-ро ёд медиҳанд. Ин ҳама саволеро дар зеҳн халқ мекунад, ки оё дар Тоҷикистон ягон бахше ҳаст, ки он ҷо фасод вуҷуд надошта бошад? Як шиносам гуфт, ки бовар надоштааст, ки дар бонк ҳам ришва роиҷ аст, аммо ҳангоми пулгирӣ дар як бонк дидааст, ки муҳофизон аз навбатистодагони алоҳида пул гирифта, онҳоро пештар аз ҳама роҳ медиҳанд. Аммо тамоми он нафаронеро, ки дар соҳаҳо кор мекунанд, наметавон коррупсионер, бевиҷдон ё беинсоф ном бурд. Якеро зиндагӣ маҷбур кардааст, дуввумиро система дар давоми 20 сол порахӯрӣ омӯзонидааст, саввумӣ намехоҳад пора гирад, вале дигар илоҷи зистан нест, чорумӣ аз ришва нафрат дорад, аммо қудрату тавони муборизаро надорад, панҷумӣ медонад, ки дар ҷомеаи фасодзада зистан оянда надорад, аз ин рӯ дар кишвари дигар тиҷоратро ба роҳ мондааст, нафари шашум аз фикр кардан дар ин бора дигар хаста ва ноумед гаштааст…

Система чунин аст: бекоррупсия ба ҳеч куҷо!

Дар Тоҷикистон сол то сол афзоиши фасод бештар шуда истодааст ва бисёре аз мардум мубориза алайҳи ин падидаи номатлубро ғайримкон мешуморанд. Дар гузориши ахири созмони "Транспаренси Интернешнл" Тоҷикистон дар миёни 182 кишвари ҷаҳон дар роҳи мубориза бо фасод ҷои 152-юмро ишғол кардааст, ки нисбат ба соли 2010 ду зинаи дигар ба самти фасод ғарқ шудааст.
Ин созмон мустақил набудани додгоҳҳо, ба иҷро нарасидан ё кундии раванди иҷрои қонунҳо ва дар дасти як гурӯҳ қарор доштани қудратро аз омилҳои аслии густариши фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари ҳолат шаҳрвандони ҷумҳурӣ фасодро яке аз омилҳои пешбари фаъолият ном мебаранд. Зеро дар чунин як системаи феълии амалкунандае, ки аз рӯи қонун фаъолият намудан ба муфлисшавии соҳибкорону тоҷирон ва камбизоат шудани аҳолӣ оварда мерасонад, коррупсия барои пешбурди кор беҳтар кӯмак мекунад. Таҳлилгари масоили иҷтимоӣ Ислом Раҳимов чунин мешуморад, ки аслан дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон фасод чун як падидаи таҳрикдиҳанда хизмат мекунад. Зеро агар як соҳибкор хоҳад, ки ширкате таъсис диҳад ё тиҷорати худро оғоз кунад, то он замоне, ки ба баъзе мансабдорон пора надиҳад, шояд кори ӯ чанд моҳи дигар тӯл кашад. Ба хотири сарфаи вақт соҳибкор ришва медиҳад. Аз ин нуқтаи назар фасод барои пешравии иқтисод фоида ҳам дорад.

Дар ҳоли ҳозир агар аҳолии ба истилоҳ 50 дар сад камбизоат ҳамаи намуди андозу пардохтҳо ва хизматрасониҳои коммуналиву ҳаққи газу барқро супоранд, барои нон пул намеёбанд, ки шикамашонро сер кунанд. Аз ҳамин хотир роҳи осони пардохти андозу хизматрасониҳоро меҷӯянд. Дар ин миён мансабдор ё масъули ягон ниҳод ба "пешвоз" меояд ва бо соҳибкор ё бо шахси корафтода "гапзанон" мекунад ва бо маблағи камтаре масъаларо ҳал менамояд. Аз чунин тарзи муносибат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ изҳори нигаронӣ карда, дар як сӯҳбаташ гуфт, ки ҳар қадар дар ҷараёни кор мансабдор бо соҳибкор камтар вохӯрад, ҳамон қадар коррупсия камтар мешавад.

Коршиносон роҳи коҳиш ёфтани фасодро дар автоматикунонии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ медонанд. Нозгул Хушвахтова, пешбари лоиҳаи "Мусоидат ба масъалаи ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ" мегӯяд, ки гузаштан ба фаъолияти комили "Оинаи воҳид" бисёр мушкилу монеаҳои соҳибкориро ҳал мекунад. Зеро "Оинаи воҳид" ин яке аз элементи ҳукумати электронӣ аст. Вале асли масъала дар он аст, ки ҳар қадар андозбандӣ камтар бошад аҳолӣ ҳамон қадар доротар мешавад ва бо роҳи қонунӣ фаъолият карданро авлотар мешуморад, аз он ки зери хавфу ҳароси пинҳонкорӣ умр ба сар барад.  
Вале нуқтаи назари дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки ҳавасмандкунии кофӣ дар ҳукумат вуҷуд надорад ва ба кормандони давлатӣ маоши ночиз дода мешавад. Яъне, ҳавасмандкунии нокофӣ ва маоши ночиз ифодагари онанд, ки система ҳамин хел сохта шудааст, ки коррупсия метавонад тамоми проблемаро ҳал кунад ва бидуни он ҳал кардан душвор аст.

Дурустии механизми мубориза бо фасод зери савол аст

Таҳлилгарон мегӯянд, ки коррупсия ба ду категория ҷудо мешавад, ки яке коррупсияи миёна ва дигаре калон мебошад. Аз рӯи таҳлили Маркази тадқиқоти стартегии Тоҷикистон дар соли 2011 меъёри миёнаи пора аз 650 ба 1800 сомонӣ боло рафтааст. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки чунин раванд дар бисёре аз кишварҳо ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар Русия соли 2011 меъёри миёнаи ришва 250 ҳазор рубл ва баландаш 1 млн. 200 ҳазор рублро ташкил медод. Дар ҳоле, ки соли 2010 меъёри миёнаи ришва 61 ҳазор рубл, дар соли 2009 23 ҳазор рубл, дар соли 2008 нӯҳ ҳазор рубл буд. Яъне сол то сол болоравии ставкаи ришва ба назар мерасад. Русия ҳам кишвари фасодзада аст ва дар ҷадвали созмони "Транспаренси Интернешнл" дар ҷои 143-юм қарор дорад, аммо Тоҷикистон фасодзадатар аст ва дар зинаи 152  ҷой дода шудааст. Ба қавли коршиносон болоравии "ставка"-и ришва вобаста аст ба ду нишондод. Яке он ки мубориза бо коррупсия сахт мешавад ва ришвагирон ставкаро баланд мекунанд, то мабодо агар ба даст афтанд ҳам маблағи гирифтаашон барои озод гардиданашон кофӣ бошад. Дигаре он ки худи муборизон алайҳи фасод  ин бахшро дар таҳти контрол мегиранд ва меъёри ришваро худашон таъйин мекунанд. Яъне, дар кишвар ягон заминаи қонуниву иқтисодии паст кардани сатҳи коррупсия амалӣ намешавад, вале масъулин бидуни роҳандозии ягон механизм мехоҳанд бар зидди фасод мубориза баранд. Ин чунин маъно дорад, ки дар бозор нархи гӯшт 35 сомонӣ аст ва мардум имкони харидани онро надоранд, аммо ҳукуматдорон бидуни ворид кардани гӯшти иловагӣ ба бозор ё имтиёзҳои андозӣ нархи гӯштро ба андозаи 30 сомонӣ танзим кардан мехоҳанд. Дар натиҷа соҳибкор ним кило гӯшту ним кило чарбуро якҷоя карда, бо арзиши 30 сомонӣ мефурӯшад ё тамоман гӯштро намефурӯшад ва одамон маҷбур мешаванд, ки пинҳонӣ як кило гӯштро бо арзиши 40 сомонӣ харанд. Механизми нодурусти мубориза метавонад натиҷаи баръакс диҳад.

Коррупсияи "миёна ва калон"

Ба корупсияи шакли миёна дар Тоҷикистон шаҳрвандон ҳар рӯз рӯбарӯ мешаванд. Ҳангоми "зиёрат"-и духтурон дар бемористонҳо, варақаи беморӣ, вохӯрдан бо нозирони роҳ, гирифтани маълумотнома аз идораҳои манзиливу коммуналӣ, ҳини имтиҳону санҷиш дар донишгоҳҳо, дар вақти иҷозатгирӣ ё ба расмиятдарории молу коло дар идораҳои давлатӣ, замони санҷиши молии корхона ё тиҷорат, ҳангоми аз ташхиси техникӣ гузаронидани мошин ё патенту иҷозатгирӣ барои фаъолият ва ғайра рӯ ба рӯ шудан бо коррупсия дар ҷомеаи феълӣ ногузир аст.
Корупсияи калон ин фурӯхтани мансабҳои роҳбарикунанда, сӯиистифода аз мансаб, дуздидани маблағҳои буҷетӣ ба фоидаи шахсӣ, ситонидани ришва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, монополияи вазифаҳо ва объектҳои давлатӣ давлатӣ барои ба даст овардани фоида ва ғайра мебошад. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки кадоме аз инҳо хатари зиёд дорад?

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фасоди миёна дар марҳилаи аввал аз лиҳози оммавӣ, рӯзмарра ва гумони мубориза бо он бефоида буданаш хатарнок менамояд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин аз ҳама бадбахтии асосӣ нест. Ба хуруҷи фасод худи аҳолӣ нафрат доранд. Вале  "ставка"-и ришва дар ин шакли коррупсия пасттар аст, нисбат ба "ставка"-е, ки дар ниҳодҳои иҷозатдиҳиву назорат ситонида мешавад. Фасоди калон дар нисбати фасоди миёна ба устувории низоми давлатӣ хатари бештар дорад. Вале ҳар ду намуди фасод ҳам дар охир хатарзост ва набояд онро сарфи назар кард. Ба андешаи ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов агар ҷо ба ҷогузории кадрҳои идораву вазоратҳо мавриди таҳлил қарор дода шаванд, муайян хоҳад шуд, ки хешу таборони раисону вазирон дар мансабҳои муҳим, ба вижа шӯъбаҳои молияву ҳисобдорӣ ба кор гирифта шудаанд. Роҳбарон дар Тоҷикистон хешу таборони худро ба он ниҳоде, ки фаъолият доранд, ба кор мегирифтанд ва ҳанӯз ин зуҳурот кам нашудааст. Ин яке аз сабабҳои фароҳам овардани замина барои авҷи коррупсия мебошад.

Система фалаҷ мегардад

Гуфта мешавад, ки дар системаи давлатӣ, мақомоти иҷозатдиҳиву назорат ва тафтишоту ҳифзи ҳуқуқ ҷой доштани коррупсия ин шакли калони фасод аст ва ба таври системавӣ фаъолият мекунад, ки ин низоми давлатиро аз дохил заъиф ва фалаҷ месозад. Шакли ниҳоят хатарзои фасод ин коррупсияи калон ба ҳисоб меравад. Зеро ин шакли коррупсия дар фаъолияти системаи давлатӣ ва байни мансабдорон ривоҷ ёфта, ҳолатҳои хариду фурӯши мансаб, "тағобозӣ", маҳалгароӣ, монополияи тиҷорат ва танг кардани доираи фаъолияти соҳибкоронро зиёд месозад. Бархе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки коррупсияро пурра решакан кардан ғайриимкон аст ва аз ҳама чораи сангин барои коррупсионерон дар Чин, ҷазои оммавӣ аст, аммо ин ҳам фасодро аз байн набурдааст. Ба бовари иддае муҳим он аст, ки коррупсия аз номи ҷомеа баромад накунад ва принсипи волоияти қонун ҳамеша риоя гардад ва мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ ба он олуда нашаванд.
Бо вуҷуди он ки қонунҳои мо ба қонуни кишварҳои дигар монандиҳои бештар доранд ва қонунҳои нав ҳам хеле зиёданд, аммо он қонунҳое, ки қабул шудаанд, қисмати зиёдашон иҷро намешаванд. Касоне, ки ба фасод машғуланд, ҳамин қонунҳоро ба эътибор намегиранд. Медонанд, ки касе аз онҳо риояи қонунро талаб намекунад. Мардум ҳам аз пурсидани он, ки чаро ин мансабдорон қонунро риоя намекунанд, ҳарос доранд.

Аммо ба андешаи таҳлилгарон ҳарчанд фасоди миёна "ставка"-и пасттар дорад, аммо шакли оммавӣ гирифтани он ба саодати зиндагии мардум халал ворид мекунад. Зеро бо вуҷуди он ки фасоди миёна хатари ҷидди системавӣ надошта бошад ҳам, дар ҳолатҳои мушаххас ҳаёти инсонро таҳдид мекунад. Ин проблема чунон оммавӣ шудааст, ки ҳангоми  ба ин ё он бемористон рафтан, хоҳ дар шаҳр бошад хоҳ дар навоҳӣ, одамон худашон ягон роҳи "розӣ" кардани духтуронро меҷӯянд то ба онҳо чун ашё муносибат накунанд. Масалан, агар дар бемористон мехобонанд, пас хобгоҳашон лоақал ҳоҷатхона дошта бошад ё дорӯҳои нодаркорро нанависанд ё ин ки беҳудаву баҳуда пшниҳоди ҷарроҳӣ накунанд.  

Фасод низоми демократиро ба тоталитарӣ табдил медиҳад

Натиҷаи омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки таҳдиди дигари коррупсия ин шакл гирифтани низоми тоталитарӣ ё авторитарии ҳукуматдорӣ аст. Яъне, риоя нагаштани қонунҳо, дар сатҳи лафзӣ кафолат пайдо кардани амнияти шаҳрвандон ва монополияи гурӯҳиву фардии тамоми соҳаҳо майдонро барои як гурӯҳ васеъ месозад, лекин аксари аҳолӣ камбизоат мегарданд, имкони тиҷорат маҳдуд мешавад ва ҷалби сармоя коҳиш меёбад ва ин ба таназзули иқтисоди миллӣ оварда мерасонад. Коршиносон мегӯянд, ки муҳити сармоягузорӣ аз дуомил вобаста аст: То кадом андоза роҳандозии тиҷорат дар кишвар фоидаовар ва то куҷо тиҷорат озоду амнтар аст. Коррупсияи мансабдорҳо ба омили аввал, яъне ба фоидаоварии тиҷорат таъсири манфӣ мегузорад ва коррупсияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба омили дуввум, яъне тиҷорати озод ва амн халал мерасонад. Дар натиҷа раванди кӯчидани сармоя аз кишвар ба назар мерасад. Таҳлилгари тоҷик Амният Абдуназаров чунин мешуморад, ки коррупсия то ба дараҷае робитаҳои дохилиро бо давлат суст мекунад, ки дигар амалӣ шудани ягон қонун ё ислоҳот номумкин мегардад. Зеро ин ҷо қонун ба манфиати чиновникҳои алоҳида рост намеояд. Аз ин рӯ мо бисёр соҳибкоронамонро аз даст медиҳем, онҳо аз кишвар мераванд, чун намехоҳанд дар системаи порахӯрӣ кор кунанд. Мо рақобатро аз даст медиҳем, барои он ки чиновникҳо ба соҳибкорон фишор оварда, бозорро ба фоидаи бизнеси худу хешу таборашон истифода менамоянд, мегӯяд ӯ.

Хуруҷи бемории дигари иқтисоди: МОНОПОЛИЯ

Ба андешаи ин коршинос кишваре, ки худкома аст, дар он ҷо фасод аслан рушд меёбад, на ин ки заиф мешавад. Ба он хотир, ки назорати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва парлумон аз болои ниҳодҳо вуҷуд надорад. Маҳз ҳамин омилҳо боиси хуруҷи бемории дигари иқтисоди Тоҷикистон: монополияи тиҷорат аз ҷониби доираи танги тоҷирони "худӣ" мегардад. Сипас зарбаи нахустин ба рақобати озод зада мешавад, ки ба боло рафтани нарху паст шудани сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ оварда мерасонад. Оқибат ин амал боиси таназзули иқтисод мегардад ва коррупсия дар ниҳодҳои давлатӣ мисли микроб вуҷуди "соҳиб"-аш, яъне давлатро сироят мекунад ва аз пой дармеафтонад.

Яке аз омилҳое, ки ба авҷи фасод боис мегардад, ин авлавияти манфиатҳои гурӯҳиву авлодӣ дар ҳукумат аст ва ҷамъи хешу таборон бо маслиҳати якдигар фаъолияти коррупсиониро метавонанд ба роҳ монанд. Ахиран барои мубориза бо чунин зуҳурот дар қонуни мубориза алайҳи фасод дар Тоҷикистон тағйирот ворид гардид ва дар он пешбинӣ шудааст, ки фарзандон ва арӯс ё домод дар идорае, ки падари арӯс ё падари домод кор мекунанд, ҳаққи фаъолият намуданро надоранд. Яъне, ин қонун худ шаҳодат аз он аст, ки дар идораҳои давлатӣ "мафияҳои гурӯҳӣ" амал мекунанд. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қабули чунин қонунро бамаврид арзёбӣ мекунад. Ба қавли ӯ яке аз шаклҳои хавфноки коррупсия ин сарҷамъ шудани хешу таборон дар як ниҳоди давлатӣ мебошад. Чанд нафар вазифаҳои давлатиро ишғол мекунанду бо маслиҳат кори одамони камбағалро ба иҷро намерасонанд. Як-ду ҳафта медавонанд ва он шахси бечора маҷбур мешавад, ки ришва диҳад. Хешу таборон байни худ "шартнома" мекунанд ва барои як маълумотнома(справка)-е, ки дар 5 дақиқа гирифтан мумкин аст, шахси ғариберо чанд моҳ овора мекунанд то замоне, ки аз ӯ маблағи муайяне наситонанд.

Коррупсия ва масъалаи қонунӣ

Мисоли хеле рӯшани ба коррупсия табдил додани масъалаи қонунӣ ин харидории замин аст. Масалан, аз рӯи қонун ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи бо қитъаи замини назди ҳавлигӣ ё хона таъмин шуданро дорад. Вале дар авоили истиқлол мансабдорон бо истифода аз вазифаҳои худ ба шахсони алоҳида заминҳоеро, ки додани он ғайриқонунист, фурӯхтанд. Мардум андеша карданд, ки барои соҳиби замин шудан навбатпойӣ кардан ҳеч зарурат надорад. Каме маблағ дода, заминро мехаранду имоартро шурӯъ мекунанд ва бо ҳамин ришвадиҳӣ барои замин оғоз шуд. Дар андак муддат он қадар заминҳои давлатӣ фурӯхта шуданд, ки масоҳати заминҳои додашуда рӯйхатеро, ки ба ҳар як шаҳрванд қитъаи замин пешниҳод шудааст, гузашт. Ставкаи замин ҳам баланд шуд, ки дигар на ҳама кас имкони харидани онро дорад. Яъне, мавзӯе, ки қонунӣ метавон ҳал кард, дигар бо роҳи додани ришва ҳам гирифтан душвор гаштааст. Аз роҳи қонунӣ бошад, дигар мардум умедашонро аз замин гирифтан канданд. Акнун масъулин маҷбуранд, ки тамоми он заминҳои ғайриқонунӣ фурӯхтаашонро қонунӣ кунанд то дар бало намонанд. Барои ин боз як қарори дигари ҳукумат лозим аст, ки ба аҳолӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо кунад ва онҳо мардумро фиреб дода, як қисми заминро диҳанду қисми боқимондашро ба рӯйхати заминҳои ғайриқонунӣ фурӯхтаашон шомил кунанд ё шояд дар оянда фурӯшанд.

Давлат бидуни коррупсия: то куҷо имкон дорад?

Бисёриҳо бар ин андешаанд, ки ягон давлат бидуни коррупсия наметавонад фаъолият дошта бошад. Аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки замони шӯравӣ коррупсия хеле кам буд ва баъзан ҳолатҳое буд, ки ҳангоми назди муаллим ё духтур рафтан коняку шароб мебурданд. Аммо мансабро харидану фурӯхтан ё бо пул тамоми корро анҷом додан дар системаи Иттиҳоди шӯравӣ тақрибан ғайриимкон буд ва ин худ гувоҳи он аст, ки дурустии масали "бидуни коррупсия зистан ғайриимкон аст", то охир исбот надорад.
Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки вақте сиёсати пешбурди иқтисод заъиф гашт ва иқтисод дар номуайянӣ боқӣ монд, коррупсия дар шакли иқтисоди планӣ ё иқтисоди бозорӣ ҳамчун модели иқтисодӣ баромад мекунад ва то замоне, ки сиёсати иқтисодии дуруст ба роҳ монда нашавад, аз байн бурдани фасод ғайримумкин аст.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)