Бахшҳо
19 май 2012 04:42Минбари Шумо

Бухорову Самарқанд рафт аз даст...

Бо ғалабаи Инқилоби Октябр нахуст соли 1924 ва баъдан соли 1929 Ҳукумати болшевикии Маскав таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфт. Аммо ба вуҷуд омадани Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳама масоилу мушкилоти марзиро ҳал кард, ки сабабҳои он ба ҳамагон маълуму мафҳум аст.Ин мавзӯъ, хоса дар китоби Салими Аюбзод - "Тоҷикон дар қарни бистум" дар боби "Давлате бидуни пойтахт" бо фарогирии андешаву афкори олимону таърихнигорон ва адибон муфассалу бавусъат таҳлил гардидааст. Ба як ҳисоб, таъсис ва бавуҷудоии аввалин ҷумҳурии мустақили (гӯё!) тоҷикон як падидаи то ҷое неки таърихӣ маҳсуб меёфт, вале...

(Ё чӣ тавр ин амали нангин ҳуҷҷатӣ карда шуд?)

Вале ин таъсисёбӣ пайомадҳои мӯҳлику фоҷеаборе барои миллати тоҷик ба шумор мерафт. Зимнан, сардамдорони ҳукумати марказии болшевикӣ ташкили як чунин Ҷумҳуриро бо хости дили хеш ва ҷонибдории сарварони мансабхоҳи ин кишвар, дар зери шиори дурӯғини "талабу хоҳиши оммаи васеи меҳнаткашони Тоҷикистонро ба назар гирифта" ба гунаи айёрона ва ҳадафҳои муғризона амалӣ намуданд.
Дар ҳуҷҷати бойгонӣ омадааст: "Аз қарори сессияи 2-уми КИМ Советҳои РАСС Тоҷикистон, даъвати 2-ум дар бораи сохтмони хоҷагӣ ва мадании Тоҷикистон ва дар бораи перспективаҳои тараққиёти минбаъдаи он, ки 11 сентябри соли 1929 қабул карда шудааст:

... 3 Сессия махсусан, қайд мекунад, ки ҳамаи муваффақиятҳои номбурда дар навбати аввал натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати миллии пролетариати революционӣ мебошад, ки он ба барҳам додани нобаробарии амалӣ, маданӣ ва хоҷагии миллатҳои гуногун нигаронида шудааст.
Муваффақиятҳои дар боло зикршуда ва талабу хоҳиши оммаи васеи меҳнаткашони Тоҷикистонро дар маҷлисҳои сершумор ва пленумҳо ба эътибор гирифта, сессияи 2-уми КИМ РАСС Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз ҳайати РАСС ӯзбекистон ҷудо шудани Тоҷикистон ва ҳамчун Республикаи Иттифоқӣ бевосита ба Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ дохил гардидани он зарур дониста шавад;
2. Барои ҳал кардани ин қарор 5 октябри ҳамин сол Съезди фавқуллодаи Советҳои РАСС Тоҷикистон даъват карда шавад".
Амали неку дақиқ ва дар нигоҳи нахуст боадолатона. Ва аммо дар ҳоле, ки ин қарор ба тасвиб расид, аз чӣ бошад, масоили маълуму саҳеҳи марзбандӣ яку якбора, дағалона вайрон гардид ва тақсимоти ҳудудиву маъмурӣ таҳриф карда шуд. Ва ҳеч раҳбару муборизе аз миллати қадимтарини рӯйи олам - тоҷики фарҳехтаву сарафрохта дар ин росто бонги эътироз ва салои бедорӣ баланд накард.
Ва барҳақ мегуфт шодравон Аслиддини Соҳибназар, ки ба ин тамоюли сиёҳу доғи таърих, ки аз Маскав таҳлил гардида буд, сарварони ҳукумати вақти кишвари мо, баҳри нигаҳ доштани курсии мансаб ҳамаҷониба розӣ буданд ва онро бе ҳеч эътироз истиқбол карданд. Ба як ибора, ормону ғояҳои баланду воло ва арзишманди миллати тоҷик пушти по зада шуд ва марказҳои тамаддуни фарҳангӣ - Бухорову Самарқанд, Фарғонаву Сурхондарё, Хоразму Урганҷ, Шаҳрисабзу Китоб, Намангону Қашқадарё ва ҷумла, шаҳру вилояти тоҷикнишини қадимиву азалии мо дар як пилк ба ҳам задани чашмони нигоҳаш бефарқи фарзандони гӯё "муборизи" тоҷик аз даст рафт ва бас осон, саҳлу содда.

Чаро ин амали нангин дар пеши чашми тоҷикон воқеъ гардид, аслан ҷойи шарҳу тафсир ва муаммоковӣ надорад. Додем, ана ҳамин тавр, баровардему пешкаш кардем. Ва касе ба нудрат ҳам бошад, наандешиду ба як бор таҳаммули тафаккур кардан ба ҷо наовард, ки оқибати ин "ҳадяҳои" шармзо баҳри насли минбаъда чӣ гарон меуфтад? Мо ҳамон як лаҳзаи зудгузарро фикр кардему тамом. Аз қавли Хайёми ринд "ин нақд бигиру даст аз он нася бишӯй" (ҳарчанд на чизеро нақд ситонидему на ҳадди аққал ба гунаи нася додем).
Ба асноди он айём амиқан диққати хешро равон месозем: "Ба республикаи Иттифоқӣ табдил ёфтани РАСС Тоҷикистон". Моҳи октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе съезди III-и Фавқуллодаи Советҳои РАСС Тоҷикистон барпо гардид. Съезд Декларацияро дар бораи ташкил кардани Республикаи Советии Тоҷикистон қабул карда, ба ҳукумати Тоҷикистон супурд, ки Конститутсияи РСС Тоҷикистонро кор карда барояд. Ба ҳайати РСС Тоҷикистон Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва округҳои Хуҷанд, ӯротеппа, Ҳисор, Ғарм, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Панҷакент дохил шуданд.

5 декабри соли 1929 КИМ СССР дар бораи бевосита ба ҳайати СССР дохил шудани Республикаҳои Иттифоқии Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар поён як қатор ҳуҷҷатҳо оварда мешаванд, ки ба ин давра мансубанд. Аз Декларацияи Съезди III-и фавқуллодаи советҳои умумитоҷикистонӣ дар бораи ташкил шудани Республикаи Иттифоқии Советии Социалистии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси 16 октябри соли 1929 қабул карда шудааст.
...Съезди III-и Фавқуллодаи Республикаи Тоҷикистон аз номи коргарон ва деҳқонони тамоми Тоҷикистон (таваҷҷӯҳ намоед: аз номи киҳо ва бо ҳамон сиёсати дурӯғину маснӯии сарварони ҳукумати болшевикӣ) ва Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон тантанавор эълон мекунад: (аҷаб "тантанае"!):
1. Бо хоҳиши меҳнаткашони Тоҷикистон аз Республикаи Автономии Советии Социалистӣ ба Республикаи Иттифоқии Советии Социалистӣ табдил дода шуда, ба ҳайати он Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва округҳои Хуҷанд, ӯротеппа, Ҳисор, Ғарм, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент дохил мешаванд;
2. Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон зисту зиндагии осоиштаи меҳнаткашони ҳамаи миллатҳои сокини он, тараққии сиёсӣ, хоҷагӣ ва мадании ин миллатҳоро таъмин мекунад.
Зинда бод Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ!
Зинда бод Республикаи сулҳҷӯи Советии Социалистӣ!

Президиуми Съезди III-и Фавқуллодаи советҳои РАСС Тоҷикистон

Кунун ин "зинда бодҳо"-ро як тараф монда, ба воқеияти талхи он айём таваҷҷӯҳ мекунем. Бо таъсиси ибтидо Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон (соли 1924) чӣ қадар шаҳру навоҳӣ ва деҳу рустои тоҷикӣ дар ихтиёри ӯзбекистони ҳамсоя монд, аз рӯи ин факти таърихӣ метавон хулосаву натиҷагирӣ намуд.
"...Раиси КИМ-и Шӯроҳои Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) сентябри соли 1924 баъди шиносоӣ бо протоколҳои комиссияи Марказӣ ба номи И.В.Сталин нома навишт: "Масъалае, ки ба манофеи мардуми тоҷик дахл дорад, ғайриодилона ҳаллу фасл шудааст, ...бисёр маҳалоте, ки дар онҳо ғолибан мардуми тоҷик зиндагӣ доранду дар ҳамсоягӣ ва ҳудуди пешбинишудаи вилояти Тоҷикистон воқеъ мебошад, берун аз марзҳои аслии худ, дар ҳудуди ӯзбекистон мондаанд".
Нусратулло Махсум таклиф пешниҳод кард, ки "ба қаламрави Тоҷикистон ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сӯх, Риштон, Учқӯрғон, инчунин дигар маҳаллоти муҷовире, ки тоҷикон аксари аҳолиашонро ташкил медиҳанд, ҳамроҳ карда шаванд! (нигаред ба китоби доктор Мансур Бобохонов - "Таърихи тоҷикони ҷаҳон, саҳ.150).
Шодравон Аслиддини Соҳибназар дар асари пурмӯҳтавои худ "Субҳи ситоракуш" перомуни ин падидаи иштибоҳангезу нобахшиданӣ чунин афкорро пеш меронад:

"...Шогирди Ленин - И.В.Сталин баъдҳо гуфта буд, ки "тоҷикон таърихи кӯҳан доранд" ва гӯё намедонист, ки аслан Бухорову Самарқанду Хуҷанд шаҳрҳои тоҷиконанд. Агар инро мегуфт, пас ӯ Ленину байрақи сурхашро дар Осиёи Миёна баланд бардошта наметавонист.
Дар машриқ ба "маҳви бесаводӣ" ва ташвиқи саводи ленинӣ зарурат намемонд. ӯ ҳаргиз намехост, ки дар ҳеч давра пойтахти тоҷикон - Бухоро қаламрави давлати тоҷик зинда монад" (саҳ.194, қисми 1).
Ин мушкил ва ҳаллу баррасии он дар китоби С.Аюбзод - "Тоҷикон дар қарни бистум" ба гунаи зайл оварда шудааст: "8-уми августи соли 1924 ба Маскав, ба номи Сталин ва Рудзутак мактуб равон карда шуд, ки дар он аз иҷрои Қарори Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Шӯравӣ дар бораи тақсимоти миллию марзии ОМ, гузориш дода шуд.
Ҳамин тариқ, тақсимбандӣ расман дар 27-уми октябри соли 1924 баъди тасдиқи ин гузориш аз тарафи мақомоти Маскав ба поён расид ва тоҷикон аз шаҳрҳои қадимии худ - чун Бухоро, Самарқанд, Марв, Тирмиз, Насаф (Қаршӣ), Қӯқанд, Андиҷон, водиҳои зархезе чун Сурхондарё, Фарғона, даштҳои беохири Қаршӣ, Шаҳрисабз, Ҷиззах ва ғайра маҳрум шуданд.

Халқе, ки дар тӯли таърихи худ садҳо шаҳр бино карда буд, акнун як шаҳр ҳам надошт, ки онро пойтахти давлати худ эълон кунад" (С.Аюбзод, ҳамин китоб, с.110).
Фоҷеаи мазкур мардуми риёзатпешаи тоҷикро ба бунбасту сардаргумӣ мувоҷеҳ намуд. Эшон чун нотавонию заъфи сарварони худро дар хомӯшиву ҳарос ба мушоҳида гирифтанд, худ ба додхоҳӣ ба майдон баромаданд. Воқеаи маълуму машҳури таърихии ба вилояти Фарғона, соли 1924 омадани М.Калининро аз Маскав пеши назар оред, ки чӣ тавр тоҷикони Конибодом ба пешвози ӯ баромада, хоҳиш карданд, ки онҳоро ба Тоҷикистон ҳамроҳ кунанд. Дуруст аст, ки хоҳишашон иҷро нагардид, вале районашонро минбаъд райони тоҷикии республикаи ӯзбекистон номиданд.
Чуноне, ки таърихнигори маъруфи тоҷик Мансур Бобохонов дар асари номбурдааш меорад: "...Дар маҷлиси комиссия оид ба масоили тоҷикон аз таърихи 26 июли соли 1929 баъд аз музокираҳои доманадор оиди Бухоро раисикунанда Макеев иброз дошт: Масъала оиди Бухоро. Гап дар Бухоро нест, рафиқон, ин чунин масъалаест, ки пиромуни он ҳозир набояд ҳарф зад, он ба тоҷикон чӣ медиҳад. Ман фикр мекунам, Бухоро барои тоҷикон луқмаи ноқулай мебошад, ки доираи он ҳоло сухан ронем...".

...Дар натиҷаи марзбандӣ аз 2 миллиону 100 ҳазор тоҷикон танҳо 739 503 нафари онҳо, яъне аз се як ҳиссаи тоҷикон соҳиби давлати миллӣ гаштанд, боқимонда ҳама берун аз ҳудуди Тоҷикистон монданд... (Таърихи тоҷикони ҷаҳон, саҳ.155).
Дар китоби Д. Фанян "Аз таърихи сохтмони советӣ дар Тоҷикистон" зимни баёни "Қарори Съезди III Фавқуллодаи Советҳои РАСС Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси 16 октябри соли 1929 қабул карда шудааст", аз ҷумла, дар боби 8 ва 9 омадааст:
8.Съезд ба Ҳукумати Тоҷикистон таклиф мекунад, ки ҳалли масъалаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани районҳои тоҷикнишини республикаи ӯзбекистонро тезонад;
9. Съезд ҳукуматро ваколатдор мекунад, ки муносибати бародарона ва дӯстии халқи тоҷикро бо меҳнаткашони мамлакатҳои ҳамсоя таъмин намояд.

(Президиуми Съезди III Фавқуллодаи Советҳои РАСС Тоҷикистон)

Ва аммо ҳосили ин ҳама тамаллуқкориву чоплусӣ чӣ шуд? Ҳадафи сарнишинони Кремл чӣ буд? Бозмегардем ба гуфтаҳои хирадмандонаи иқтисодшинос, марҳум Аслиддини Соҳибназар: "Аммо болшевикон ҳиллае пеш гирифтанд, ки ҳатто шайтон ҳайрон монд. Мақсади ҳазорсолаи турконро бо як сухан "Нест бод гузашта", "Нест бод алифбои кӯҳна" амалӣ гардонданд. Бо ишораи Ленин тоҷиконро ба тасарруфи на танҳо турку рус, балки дар зери тасарруфи қалмиқу дунгану чукчӣ - авлодони асосии Ленин дароварданд. К.Маркс ҳарчанд ба шогирдонаш талқин дод, вале қудраташ нарасид, ки се ҳарфи аҷаму арабро аз худ кунад ва ба ин ҳарфҳо лаънат хонд: "Дин афюн аст (Зимнан ин гуфта ҷавоб ба муаррихи тоҷик Раҳим Масов мебошад).
Ва боз ҳам суоли дардноке мағзамонро мехарошад, ки аз Бухорову Самарқанд мондему чӣ шудем? "...Болшевикон маркази тоҷиконро ба як деҳаи нообод - Душанбе кӯчонданд, ин калима дар забони тоҷику ӯзбек баробар мавриди истеъмол қарор гирифт. Мо, шаҳриҳо, қишлоқӣ шудем..." (А.Соҳибназар, ҳамон китоб, с.195).

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)