Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Бузургдошти шоҳсутуни мусиқии тоҷик

19 май 2012, 08:31

98-умин солгарди яке аз маъруфтарин санъаткорони тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе ҷашн гирфта шуд. Ин ҷашнвора дирӯз дар осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ беҳтарин шеъру суруд ва оҳангу таронаҳо  аз эҷодиёти устод Зиёдулло Шаҳидӣ хонда шуд. Ҳабибулло Абдуразоқов,  ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки дар ин ҷамъомад ширкат дошт, дар суҳбат ба Озодагон иброз дошт, ки Зиёдулло Шаҳидӣ  яке аз асосгузорони театри тоҷик, мусиқии тоҷик , филармонияи тоҷик ва болотар аз ҳама асосгузори санъати касбии тоҷик аст, ки дар рушди фарҳанги касбии тоҷик нақши муассир дорад:

- Зиёдулло Шаҳидӣ аввлин шахсе мебошад, ки дар кансерваторияи ба номи Пётр Личенковкийи Маскав таҳсил кардаанд. ӯ аввлин раиси иттиҳодияи композиторҳои Тоҷикистон аст. Яъне он композиторҳое чун Абдулфатоҳ Одинаев, Хайрулло Ҳабибов, Шарофиддин Сайфиддинов ва даҳҳо нафари дигар метавонанд бигӯянд, ки бо кӯмаки Зиёдулло Шаҳидӣ дар хориҷа рафта таҳсил кардаанд. Яъне барои пешравии мусиқии тоҷик, рушди фарҳанги тоҷик хизмати Зиёдулло Шаҳидӣ хеле бузург аст. Чи хуш аст, ки рӯ ба рӯи хона- музейи устод Мирзо Турсунзода, боз хона- музейи мусиқии устод Зиёдулло Шаҳидӣ вуҷуд дорад.  45-50 сол қабл ин ҷо зиёиён -Абдусалом Деҳотӣ, композиторри маъруф устод Солеҳов,  Осимӣ зиндагӣ мекарданд, ки чунин  шахсиятҳо бо ҳам нисбати ояндаи Тоҷикистон, фарҳангу мусиқӣ, санъати тасвирии Тоҷикистон суҳбатҳои зиёде мекарданд, ки мо гоҳ-гоҳ хушбахтона дар ин суҳбатҳо иштирок мекардем.  Солҳои 30-ум то   80-ум дар радиову телевизиони тоҷик садои Зиёдулло Шаҳидӣ буданд. Ҳабибулло Абдуразоқов мегӯяд, хеле афсус, ки он таҳкурсие, шаъну шукӯҳе, ки нафароне чун Зиёдулло Шаҳидӣ тӯли 60-70 сол гузоштаанд, ҳоло оперои тоҷик мелангад, оркестраҳои синмфонии тоҷик дар 20-25 соли ахир мелангад: "Яъне замоне буд, ки 100 нафар дар оркестр менишастанд, холо 20-25 нафарро оркестр меноманд. Яъне афсус, ки сол то сол мутахассисони хубе, ки буд аз Тоҷикистон берун рафтанд, беҳтарин мусиқинавозҳову композиторҳо, коргардону кинометографистҳои тоҷик дар ин воқеаҳое, ки дар кишвар рух дод,  берун рафтанд.  Ҳоло беҳтарин филмҳоро тоҷикон дар Италия, Испания, Фаронса, Беларус, Русия месозанд. Дар тӯли 20 сол дар Тоҷикистон як филме ҳам гирифта нашудааст. Ин филмҳое, ки мебинем ман ҳам дар чандтои он иштирок кардам, ки инҳо филм  нестанд, инҳо филмҳои видеоӣ аст, филм бояд ҷаҳонӣ бошад, филм бояд негатив дошта бошад, барои як филм камаш 20-30 миллион доллар сарф кардан дакор, ки буҷети кишвари мо ба ин намерасад. Барои ҳамин касе, ки ҳунарманди ҳирфаӣ буданд рафтанду дар хориҷа фаъолият доранд. Дар даҳо филмҳои тоҷикӣ устод Шаҳидӣ  мусиқӣ навиштааст, ки  "Марги судхур"-и Садриддин Айнӣ аз зумраи онҳост", иброз дошт, Ҳабибулло Абдуразоқов. Профессор Мунира Шаҳидӣ, духтари Зиёдулло Шаҳидӣ, зимни баргузории ҷашнвораи мазкур, гуфт, эҷодиёти падараш  дар таҳавули афкори мусиқии тоҷик саҳми асосие гузоштааст. Номбурда мегӯяд, ҳарчанд имрӯз  сурудҳои  машҳури ӯ, чун  "Хонаи мо", "Дар лаби обе", "Ситораи ман", "Эй тор" хеле зиёд бадоҳатан суруда мешванд, вале мутаасифона на ҳама медонад ,ки муаллифи ин сурудҳо кист: " Имрӯз мутаасифона бесаводӣ хеле зиёд шудааст ва мардум намедонанд, ки кадом эҷодкоре дар фарҳанги муосири тоҷик чӣ саҳме гузоштааст.

Мутаасифона аз ин лиҳоз суҳбатҳо дар ҷомеа қариб, ки нест, бинобар ин ман ҳамчун як муҳаққиқ фикр мекунам, ки ин яке аз хатоҳҳои бисёр калони имрӯзи мост ва ин холигиҳое, ки дар афкори ҷомеа аст, пурнашавандаанд. Аз ҳамин хотир,  мутаасил ва ҳамарӯза ин корро барқарор кардан лозим ва  ҷомеа бояд донанд, ки ташаккул ёфтани фарҳани муосири тоҷик чӣ роҳҳоеро, чӣ давраҳоеро, чӣ доираҳоеро аз сар гузаронидааст. Фикр мекунам,  осорхонаи ҷумҳуриявӣ фарҳанги мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ дар ин роҳ хеле саҳми арзанда мегузорад. Мо муддати 20 сол архив ҷамъ кардем, бойгоние ҷамъ кардем, ки  назираш дар ҷаҳон нест. Чунки ин ҷо ҳама чиз маҳфуз аст- ҳам сурудҳои шашмақом, сурудҳои фалакӣ,  сурудҳои мардумӣ, ҳам замонавӣ , суруду оҳангҳои муосир ва оҳангҳои аврупоӣ, хулас ин ҷо бояд ба як маркази тадқиқотӣ  табдил ёбад ва ман хеле зиёд мехостам, ки насли ҷавон имрӯз ин ҷо омада кор кунанд. Дигар ин ки албатта  меҳр дар ҷомеа пеш аз ҳама бо мусиқии асил ҷорӣ мешвад. Мусиқӣ бояд ҳамин тур бошад, ки на барои як гурӯҳ мардум, балки ба тамоми миллат хизмат кунад, тамоми миллатро бо ҳамдигар бипайвандад, ки мақом ва мавқеии мусиқии асил ҳамин аст". Мунира Шаҳидӣ  иброз намуд, ки падараш Зиёдулло Шаҳидӣ дар дил хеле орзуву нақшаҳои зиёд дошт. Ин ҳамсуҳбатамон гуфт, падараш пеш аз ҳама нақшаи бисёр бузурге, ки дар дил мепарварид- ин  истиқлолияти фарҳангии халқи тоҷик буд, ки ба ҳамин истиқлолият мо насли имрӯз расидем.
Дар ҳаминҷо зикр намудан бамаврид аст, ки яке аз фарзандони дигари Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози машҳури тоҷик Толибхон Шаҳидӣ аст, ки чанде қабл дар Русия барои саҳмгузоштанаш дар мусиқии имрӯз сазовори медали тилло гардид. Ин аввлин ҷоизаи байналмилалии дараҷаи аввал мебошад, ки ба копмозитори тоҷик  Толибхон Шаҳидӣ супорида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Толибхон Шаҳидӣ ва  профессор Мунира Шаҳидӣ фарзандони Зиёдулло Шаҳидӣ дар тамоми ҷаҳон зимни сафарҳояшон мусиқии касбии тоҷикро муаррифӣ мекунанд.

Харчанд дар ин  рӯз солгарди яке аз шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик, яке аз барҷастатрин чеҳраҳои  фарҳанг ҷашн гирифта мешуд, вале иштироки масъулини ниҳодҳои марбут ба бахши фарҳанги кишвар, аз қабили, намояндагони Вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои марбут ба ин соҳа чандон ба назар намерасид. Чунин норасоиро чанд тан аз иштиркчиёни ин чорабинӣ низ эҳсос намуданду ғамгин шуданд. Бо тавҷҷӯҳ ба ин як шаҳрванди Эрон, ки худро Марями Замондон муаррифӣ намуду дар солгарди устод Зиёдулло Шаҳидӣ ширкат дошт, аз он гила намуд, ки дар ин ҷо узве аз нависандагон ё шоирони тоҷикро намебинад. "Вақте ин ҷо омадаму дидам,  чизе, ки маро хеле азият дод, ин ҷудоии мусиқӣ аз шеър буд. Мо ҳамеша мегуем мусиқӣ ҷудо аз шеъру нависандагӣ нест ва ин гилаи сахти ман аз бузургону нависандагони Тоҷикистон аст, ки ман кучактарин узве аз нависандагони ё шоирони Тоҷикистонро дар ин махфил надидам ва кош меомаданд ин барномаро ба хубиву ба шукӯҳе баргузор мекарданд. Аммо вақте мо дидем , ки мусиқиро ҷудо аз шеър мебинанд, ин хеле дардовар аст. Эҳсос мекунам устод  Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ ҳанӯз барои инҳо устод нест, кош қадру арзиши устодро болотар аз ҳар чизе медонистанд. Як навъ беэҳтиромии бузургонро эҳсос мекунам. Ин бузургатрин беэҳтиромӣ нисбати ӯст, чун эшон бузургтарин хадамотро, бузургтарин меҳнатеро барои мардуми Тоҷикистон кардаанд. Дар ин ҷо ҷойгоҳи хеле аз нависандагонро холӣ дидам. Ҳатто як нависандае пайдо нашуд, ҳатто як  дубайти барои устод бихонаду руҳи устодро шод намояд ,вақеан ҷои бисёри бузургони тоҷик дар ин маҳфил холист. Ман ба унвони як фарди эронӣ, ки дар ин ҷо ҳузур дорам аз шодравон  устод  Зиёдулло Шаҳидӣ узрхоҳӣ мекунам". Ин гуфтаҳоро Барзу Абдуразоқов, коргардони шинохтаи тоҷик тақвият дода гуфт,  бадбахтии фарҳани тоҷик дар он  аст, ки дар чунин чорабиниҳо на аз Вазорати фарҳанг касе меояд ва на аз Иттифоқи нависандагон: "Бубинед аз  оҳангсозон ман касеро намебинам, композиторҳо, актёрҳо куҷоянд? Имрӯз ин хона бояд пур аз фарҳангӣ бошад. Барои он ки иди Зиёдулло Шаҳиди иди формалӣ нест, ӯ ҳатман ҳамчун Хайёму Саъдӣ дар ирсияти мо ҷо дорад". Барзу Абдуразоқов мегӯяд аз он меладистоне, ки ӯ медонад, Зиёдулло Шаҳидӣ аз беҳтарини беҳтаринаш аст, танҳо ба он хотир, ки сурудҳои ӯ хеле халқӣ шудаанд:

- Маслан қариб суруде нест аз Зиёдулло Шаҳидӣ рӯи хотири ҳар касе набошад. Чӣ дар бораи ҷанги бузурги ватанӣ аст, чӣ дар бораи пахтачинӣ аст, чӣ дар бораи ишқ бошад, чи дар бораи меҳр бошад, бубинед ин қадар халқӣ шудаанд, ки то дараҷае баъзе сурудҳояшро мо намедонем, ки аз Зиёдулло Шаҳидӣ аст ва метонем гуем, ки оҳанги халқ аст. Мо шоири халқӣ мегӯем, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мегӯем, агар  имрӯз аз ман  сувол кунанд, ки ҳунармандӣ мардумӣ  кист, мегӯям Зиёдулло Шаҳидӣ. Барои он ки ӯ ин қадар дар ирсияти мо ҷо дорад, ӯ аз исрияти мо баромадааст ва дар ирсияти мо ҷо дорад. Агар гӯем, ки тоҷикона, беҳтарин оҳангҳои тоҷикона аз Зиёдулло Шаҳидӣ аст, агар маънӣ гӯем  беҳтарин маъниро низ сурудҳои ӯ доранд. Аз ҷиҳати ҳирфаӣ? Ҳирфаитар аз Зиёдулло Шаҳддӣ нест. Агар аз ман пурасанд, ки беҳтарин композитор ки аст?  Ҳатман дар ҷои аввал Зиёдулло Шаҳидиро мемонам".  Бояд зикр намоем, даргузашти Зиёдулло Шаҳидӣ дар олами санъати тоҷик як холигиеро ба миён овард, ки ҳамеша чунин холигӣ эҳсос мешвад. Барзу Абдуразоқов иброз медорад, ки дар баробари устод Зиёдуло Шаҳидӣ, холигӣ дар ҳамаи сатҳҳои фарҳанг ҷой дорад, маслан аз рафтани Лоиқ ҷои шеър холӣ монд, аз рафтани Фарухи Қосим як қисмати театр холӣ монд, аз рафтани Мирзо Турсунзода як сутуни миллат. Мо оҳиста- оҳиста як бадбахтие дорем, ки тамоми сутун тамоми он ҷойро пур карда наметавонем. Баробари Зиёдуло Шаҳидӣ дар ҳама сатҳҳо чанд сутуни дигар буданд, ки он сатҳҳои афсус, ки шикастанд ва мо дар ин ҳолем, илова намуд Барзу Абдуразоқов. Зиёдулло Шаҳидӣ 14-уми майи соли 1914 ба дунё омада, дар сини 71 солагияш-соли 1985 аз олам чашм пӯшиданд. Духтараш Мунира Шаҳидӣ мегӯяд,  падараш хеле ғамгин шуда буд барои аз Ватан  муҳоҷират намудани бисёр аҳли илму фарҳанг, мусиқишиносону сарояндагон дар солҳои 1980-ум: "Шояд ҳамин танҳоӣ ва ғаму ғусса ӯро ахиран ба марг расонид".

Зимнан осорхонаи Зиёдулло Шаҳидӣ аз 5 ҳуҷра иборат буда, ҳар яки он дорои  бойгониҳои таърихӣ, асбобҳои гуногуни мусиқӣ, навиштаҷотҳо, расму мусавара  ва китобҳое мебошанд, ки он ҷой воқеан як даргоҳи маърифат аст. Зиёдулло Шаҳидӣ соҳиби беш аз 500 асарҳои  беҳтарини мусиқӣ, соҳиби аввлин синмфонияҳои мусиқӣ, соҳиби операҳо ҳаст. Аз соли 1953 то соли 1985 зиндагии ӯ дар ҳаин осорхона мегузарад. Ин осорхона соли 1987 аввал ҳамчун хона музей, баъдан соли 1989 ҳамчун осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи устод Зиёдулло Шаҳидӣ ташкил шудааст. Харчанд ӯ имрӯз дар қайди ҳаёт нест, вале номаш ҳамеша вирди забонҳо ва дар қалби ҳар як тоҷики фарҳангдӯст зинда аст.

Алишер ЗАРИФӢ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!