Бахшҳо
22 май 2012 11:44Минбари Шумо

Сафорати Бритониё надодани раводид ба донишҷӯёнро тасдиқ мекунад

Сафорати Бритониё ба донишҷӯёни тољик беаҳамиятӣ карда, ба онњо раводид намедињад. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостшуда пешниҳод шуда аст. Илова бар ин шоҳиди он мешавем, ки ба ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони мо чандон аҳамияти ҷидди надода, ҳатто таҷрибаи бонкҳои моро зери суол мебаранд.

Чанд рӯз қабл ширкати «TM-International» як донишҷӯро барои раводид ба сафорати Бритониёи Кабир дар Алмаато фиристод, аммо ҷавоби рад гирифт. Баъди мутолиаи мактуби сафорат мутахассисони тоҷик ва ҳуқуқшиносони Бритониё ба хулоса омаданд, ки сафорат нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хунукназарона, дағалона ва бемасъулиятона рафтор намудааст. Онҳо як шаблони омодашуда барои мардуми моро доранд, ки ҳангоми муроҷиат намудан, онро нусхабардорӣ карда, танҳо ному насабро иваз карда, равон мекунанд.

Барои далел аз ҳолати як донишҷӯ, ки вақту маблағи худро дар Алмаато сарф намуда аст, мисол меорем. Муҳаммад Ҷобиров, ки аз 15-уми апрел то 24-уми апрел ба Алмаато барои раводид рафта буд, мактуби рад гирифт. Баъдан, Ҷобиров ба воситаи мутахассисони тоҷик ба ҳуқуқшиноси Бритониё муроҷиат намуд. Мутахассисон бемасъулиятӣ ва муносибати хунукназаронаро бо ин далелҳо исбот мекунанд:

1) Дар мактуби рад, ки сафорат додааст, соли таваллуди Ҷобиров 1997 нишон дода шудааст. Дар ҳоле, ки варианти дурусти он 1994 мебошад;

2) Ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар шиносномаи Ҷобиров мӯҳри рад рӯзи 25.04.2012 гузошта шудааст ва дар мактуби рад бошад, 04.05.2012.  Аз ин сабаб Ҷобиров бовар дорад, ки ҳуҷҷатҳои ӯро дида набаромада, мактуби радро аз рӯи шаблони ҳаррӯзаашон нусха карда доданд;

3) Дар мактуби рад гуфта мешавад, ки далели омӯзиши забони англисиро дар гузашта пешниҳод накарда аст, ҳол он ки ҷавоби расмии имтиҳони TOEFL-и Ҷобиров замима шуда буд. Маълум мешавад, ки кормандони сафорат ҳуҷҷатҳои Ҷобировро ҳатто варақ назадаанд;

4) Дар мактуби сафорат Ҷобировро бо он муттаҳам мекунанд, ки мақсади омӯзиши забони англисиро нанавиштааст. Ҳол он ки Ҷобиров мушаххас нишон дода буд, ки мақсади асосии ӯ дохилшавӣ ба яке аз донишгоҳҳои Бритониёи Кабир мебошад. Илова бар ин аз рӯи нуқтаи назари ҳуқуқшиноси инглис дар ягон ҳуҷҷатнигорӣ ва қонунгузории Бритониёи Кабир нишон додани мақсади таҳсил дархост карда намешавад;

5) Дар мактуб гуфта мешавад, ки донишҷӯ маълумоти мушаххас оид ба баъди хатми мактаби миёна ба чӣ кор машғул буданашро пешниҳод накардааст ва аз рӯи нуқтаи назари сафорат дар ин мӯҳлат бекор будааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷобиров Муҳаммад донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва инро дар санадҳои пешниҳодкардааш қайд намуда буд;

6) Яке аз сабабҳои рад намудани раводид бекор будани Ҷобиров дониста мешавад. Аммо Ҷобиров донишҷӯ буда, донишҷӯи 18 сола ҳуқуқи кор накарданро дорад ва инро бояд кормандони сафорат дарк намоянд;

Дар мактуб нуктаҳои зиёдеанд, ки шаҳодат медиҳад, сафорати Бритониё ба шаҳрвандони мо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.

Абдураззоқ Абдуллоев, раиси ширкати «Аҳмадсоз»
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)