Бахшҳо
25 май 2012 06:43Гузориш

Аббосалӣ Ҳасанов: Сафире, ки қавл медиҳаду иҷро намекунад беҳтараш ҷомадонашро гирифта баргардад

«Ба масулъулин гуфтам, ки чаро қавл дода, иҷро накардед? Гуфтанд, ки «корамон зиёд аст ва моҳи июн меоем». Гуфтам се рӯзи дигар вақт доред, агар дар ин фурсат ба Душанбе наоед, ба Боку меравам ва аз раисҷумҳур хоҳиш мекунам, ки ҳайати дигарро фиристад, то масъулиятро бишносад».

Аббосалӣ Ҳасанов, сафири ҷумҳурии Озорбойҷон дар Тоҷикистон гуфт миёни Боку ва Душанбе ҳеҷ мушкили сиёсӣ мавҷуд нест. Аммо ҷаноби сафир аз мизони мубодилаи мол миёни ду кишвар нигаронӣ кард.

Аббосалӣ Ҳасанов зимни нишасти хабарие ба муносибати 20-умин солгарди оғози муносибатҳои дипломатии Озорбойҷону Тоҷикистон дар қароргоҳи сафорат қайд намуд, ки гардиши мол миёни ду кишвар ҳудуди 22 миллион долларро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист. Аммо номбурда гуфт, коҳиши гардиши мол ба ду далел аст: «Далели аввал ҷангест, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ду кишвар аз сар гузаронданд. Далели дуюм набудани парвози мустақим миёни Тоҷикистону Озарбойҷон аст».

Ҷаноби сафир афзуд, ки ҷониби Озорбойҷон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкориҳо  бо Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо аст: «Дар масъалаи интиқоли алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон мо метавонем бештар ҳамкорӣ бикунем. Озорбойҷон маҳсулоти мавриди ниёзашро аз кишварҳои дигар мехарад, аммо имкон дорад, ки мо онро аз корхонаи алюминии Тоҷикистон бихарем. Бо раиси ширкати Талко дар ин самт як мулоқот ҳам доштем ва имкониятҳои содирти ин навъи маҳсулотро баррасӣ намудем. Мушаххас кардем, ки то 15-уми май як ҳайати Озорбойҷон ба Тоҷикистон омада дар ин самт музокиротро шурӯъ намоянд ва санадҳои лозимиро имзо бигузоранд. Бо масъулини озорбойҷонӣ ҳам сӯҳбатҳо шуд ва мувофиқа кардем, ки биёянду баъди имзои созишномаи ҳамкорӣ алюминии Тоҷикистонро ба Озарбойҷон интиқол диҳанд. Вақти муайяншуда фаро расид, вале аз ҷониби масъулини Озарбойҷон, ки қавл дода буданд, то 15-уми май меоянд, садое нашуд. Барои муайян кардани сабабҳои наомадани намояндаҳо бо Боку тамос гирифтем. Ба масулъулин гуфтам, ки чаро қавл дода, иҷро накардед? Гуфтанд, ки «корамон зиёд аст ва моҳи июн меоем». Гуфтам се рӯзи дигар вақт доред, агар дар ин фурсат наоед, ба Боку меравам ва аз  раисҷумҳур хоҳиш мекунам, ки ҳайати дигарро фиристад, то масъулиятро бишносад. Аммо далел пеш оварданд, ки ҳоло мубодилоти тиҷоратӣ миёни ин кишвар поён аст, дар сатҳи шоиста нест ва дувум парвози мустақим байни Боку ва Душанбе мавҷуд нест. Сафире, ки қавл медиҳаду иҷро намекунад беҳтараш ҷомадонашро бигираду баргардад».

Дар ҳамин ҳол бархе коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ва Озорбойҷонро мебояд ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ чун дигар кишварҳои пешрафта, ҳар чи зудтар аз зарфиятҳои зиёди мавҷудаашон истифода баранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Аббосалӣ Ҳасанов изҳор дошт, ки барои ташаккули ҳамкориҳои иқтисодву тиҷоратӣ миёни Боку ва Душанбе имкониятҳои кофӣ вуҷуд дорад, вале аз чунин зарфиятҳо ба таври муассир истифода нашудааст. Ҷаноби сафир таъкид кард, ки соли 2013, бо ҷалб намудани сармояи ширкатҳои хусусӣ ва давлатии Озарбойҷон, гардиши мол миёни ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Масъалаи дигаре, ки дар нишасти мазкур матраҳ гардид, баргузории озмуни «Евровижн» дар шаҳри Боку буд. Сафири Озорбойҷон дар Тоҷикистон баргузории ин озмунро фурсате барои ба ҳам овардани фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон унвон кард. Номбурда илова намуд, ки баргузории ин озмуни мусиқӣ дар Озарбойҷон баёнгари он аст, ки озариҳо ба фарҳанг ва мусиқии миллатҳои дигари ҷаҳон эҳтиром мегузоранд: «Ин озмун саршор аз омезиши муситқии апрупоӣ ва мусиқии миллии озарбойҷонӣ буда, барои доир намудани он мақомаоти Озарбойҷон толори бузургеро бо номи «Кристол» бунёд карданд».

Аббосалӣ Ҳасанов ҳамчунин ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Озарбойҷон омодаи ҳамкорӣ барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик аст.  Ӯ гуфт, талош хоҳанд кард, то дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳои миёни ду кишвар тавсеа ёбад. Дар назар аст  рӯзҳои наздик як ҳайат аз Озарбойҷон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ба Тоҷикистон сафар намояд.

Алишер Зарифӣ



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)