Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:09

«Зари Кӯлоб»-ро дуздиданд. Корхонаро муфлисшавӣ таҳдид мекунад

25 май 2012, 07:08

Дуздон маҳсулоти заргариро дар ҷомадони чархакдори сардори корхона бор карда, озодона баромада рафтанд.

Шаби 18-уми май шахсони номаълум ба корхонаи воҳиди давлатии «Зари Кӯлоб» даромада, маҳсулоти тайёри истеҳсолшударо ба яғмо бурдаанд. Тибқи иттилои Шоҳқурбон Ҳакимов, сардори корхона, зиёда аз 20 намуди маҳсулоти нуқрагин бо вазни умумии 9 килову 384 грам, ки бо супориши мизоҷон ба тарзи навъи қадимаи суннатӣ сохта шуда буд, рабуда шудааст. Маҳсулот иборат аз гушвора, дастпона, ҳалқаву гарданбанд, ангуштарину садаф будааст.

«Дуздон ҳамаро бурдаанд. Ба болои маҳсулоти тайёр, боз як килову 432 грам ашёи хом низ ба яғмо рафтааст. Маблағи умумии дуздидашудаи маҳсулоти тайёр 126 ҳазор сомонӣ ва ашёи хом наздик ба 8 ҳазор сомониро ташкил медод. Танҳо чанд грам нуқрае, ки аз аҳолӣ барои коркард гирифта будему тасодуфан паси сатили хошокпартоӣ буд, аз назари ғоратгарон дур мондааст», -гуфт Шоҳқурбон Хакимов.
Манбаъ афзуд, субҳи ҳамон рӯз ба шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд. Аммо бо гузашти 7 рӯз ҳанӯз ҳам қазия ҳали худро намеёбад.

Ба андешаи Ҷумъахон Самадов, як корманди ҳамин корона ва дар гузашта корманди милиса, дарёфти дуздон усулан мушкил нест. Тадқиқоту кофтукоби зиёдатӣ ҳам тақрибан зарур намеояд. Зеро ба дурустӣ маълум аст, ки дуздон ба болои боми осорхона, ки корхонаи заргарӣ дар як гӯшаи он қарор дорад, баромада, тақрибан 50 метр харақат намуда аз даричаи болои корхона, ки ба бом мебарояд, фуруд омадаанд. Дар ин маврид, изи пойҳои дуздон зери зинапояи оҳанин баръало муайян аст. Баъдан, 6 дари утоқи корхонаро шикаста вориди он гашта, 3 сандуқи оҳанин ва як сейфи оҳанинро ҳам шикаставу маҳсулотро гирифтаанд. Воқеан, сейф ва сандуқҳои оҳанинро бо як кулулаи калони оҳанини худи устоҳо шикастаанд. Мусаллам аст, дуздон на 10-20 дақиқа, балки шояд соатҳо кор карда бошанду аҷиб буд, ки садои баланди задани оҳан ба оҳанро на посбон ва на милисаи дарбон нашунидаанд.

Номбурда меафзояд: «Ғоратгарон моли дуздиашонро ба ҷомадони чархакдори корхона андохта, онро озод гирифта бо роҳи даричаи ба бом мебаромада берун шуда, тор-тори бом ҷомадонро кашида, ба воситаи зинапояи дигари оҳанин, ки аз утоқи кории суратгирхона мебарояд, поин шуда фирор кардаанд. Изи чархакҳои ҷомадон дар болои бом низ ба пуррагӣ муайян мебошад. Аммо аз чӣ бошад, ки кормандони шӯъбачаи кофтукоби ШКД-и шаҳр, ҳамаи инро нодида мегиранд, дар ҳоле ки он далели шайъӣ мебошад».

Шоҳқурбон Ҳакимов мегӯяд, рӯзҳои наздик маҳсулоти истеҳсолиро ба як намоишгоҳ ба шаҳри Душанбе мебурданд. Дар ин намоишгоҳ, ки бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон доир мегардад, намояндаҳои мамолики хориҷӣ низ иштирок менамоянд. «Маҳсулоти омоданамудаи мо иборат аз намудҳои гуногуни нуқравӣ, ки бо усули суннатии қадима тайёр шуда буд, бояд маърази тамошо қарор мегирифт. Аз ин хотир, кормандони корхона ҳамаи маҳсулот, коркарди яксолаи корхонаро дар ду тахтаи махсус омода карда буданд. Дигар дар корхона на маҳсулот мондаасту на ашёи хом ва низ на маблағи пулӣ»,-илова кард номбурда.
Ба андешаи ӯ эҳтимоли аз фаолият бозмондани корхона ҳам мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки ин ҷо наздик ба 40 ҷавон бо кор таъмин ҳастанд.

Аслиддин Достиев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!