Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

Баҳрайн кишваре аз диёри фаромӯшшудагон

25 май 2012, 11:07

Он чи раднопазир аст ин аст, ки мардуми Баҳрайн имрӯз бо силоҳҳои амрикоӣ кушта мешаванд ва Кохи сафед саъй дорад аз роҳи сиёсӣ бар ҷиноятҳои режими ҳокими Баҳрайн алайҳи мардуми ин кишвар, сарпўш бигзорад.

Чорчӯби мафҳуми ҳуқуқи башар

Ҳуқуқи башар ва замонати эҳтиром ба ҳуқуқи зотии башар, аз ҷумлаи мафҳумҳоест, ки реша дар хилқати башарӣ дорад ва ба шаклҳои мухталиф дар тамоми динҳо ва мазҳабҳои Илоҳӣ ба он ишора шудааст. Ин ҳуқуқ ва ҳифзи ҳайсияти зотии инсон аз ҷумлаи қоидаҳои ҳуқуқи табиӣ аст, ки дар чорчӯби усулҳои куллии ҳуқуқи зотӣ тавсиф мегардад ва дар натиҷа фаротар аз иродаи ҳокимон, усули тағйирнопазир ва фарогир аст, ки гузашти замон ба он таъсире надорад ва аз ниёзҳои ҳар шахс ва ҳар ҷомеа аст. Аммо корбурди ин мафҳум ва густариши он собиқаи тулонӣ надорад ва натиҷаи баҳсҳое аст, ки ба таҳияи ойинномаи Созмони милали муттаҳид дар соли 1945 мунҷар шуд, ки тайи он пешбурд ва ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ ба унвони яке аз ҳадафҳои асосии ойинномаи СММ матраҳ шуд.

Дар банди саввум, аз модаи як маншур ё ойинномаи СММ, ҳамкорӣ ба манзури густариш ва ташвиқи риояти ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ, барои ҳамаи абнои башар бидуни ҷудо кардан аз нигоҳи нажод, ҷинс, забон ва дин ба унвони яке аз ҳадафҳои СММ мавриди таъкид қарор гирифтааст. Дар моддаи 55-и ин маншур низ чунин омадааст: «Бо дидгоҳи эҷоди шароити субот ва ҳамзистӣ, ки барои робитаҳои дӯстона ва сулҳомези миллатҳо зарурӣ аст, СММ бар мабнои риояти усулҳои ҳуқуқи баробар ва худмухтории мардум, эҳтиром ва риояти ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосиро барои ҳама, бидуни ҷудо кардан ба ҷинс, забон, нажод ва дин густариш медиҳад».

Эъломияи чаҳонии ҳуқуқи башар иборат аз як муқаддима ва 30 модда дар соли 1948 дар Париж ба имзо расид ва тасдиқ шуд. Дар воқеъ илова бар ойинномаи СММ, эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва паймонҳои ҳуқуқи маданӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, санадҳое ҳастанд, ки ба шарҳу баёни ҳуқуқи башар ва замонатҳои таъмини ин ҳуқуқ пардохтаанд.
Бо ин ҳол иддея ва мафҳуми «ҳуқуқи башари ом» ё ҳуқуқе, ки ҳама ба таври баробар фақат ба воситаи инсон буданашон аз он бархурдоранд, василаи қудратманд дар сиёсатҳои моҳири қарни 20 ва аввалҳои асри 21 мебошад. Агар чӣ ин иддея ҷадид нест, аммо «шок» ё такони ахлоқии бархоста аз натсизм, катализаторе шуд, ки ҳуқуқи башар тавассути миллатҳо ва давлатҳо ҳамзотпиндорӣ шавад. Имрӯз бо қотеият метавон изҳор дошт, ки дар солҳои баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ҳуқуқи башар ба як мавзӯи мавриди алоқи тамоми ҷомеаи байналмилал табдил шудааст, то ин ки як ҳавзаи хос дар салоҳияти миллии давлатҳо қаламдод шавад.

Ба иборати дигар имрӯз ҳуқуқи башар ба унвони мероси ахлоқӣ ва маънавии давлатҳо ва миллатҳо тавсиф мешавад, ки мутааллиқ ба ҳамаи инсонҳо аст. Дар асри кунунӣ ҳамбастагии байналмилалӣ дар партави иртиботот, як навъ виҷдони муштараки башариро пайрезӣ намуда, ки боиси ҳимояти ҷаҳонӣ аз ҳуқуқи башар мегардад. Иттиҳоди ҷомеаи байналмилалӣ, густариши корбурд ва нақшҳои СММ, ҷаҳоншумулии мабонии ҳуқуқи башар ба маънои қоидаҳои бунёдин, монанди ҳаққи ҳаёт, ҳақи озодии баён ва ақида, мамнуъияти шиканҷа, мамнуъияти бардагӣ, масъулияти давлатҳо дар баробарӣ барои поймол кардани фоҳиши ҳуқуқи башар, аз ҷумлаи далелҳои асосии ҳимояти ҷаҳонӣ аз ҳуқуқи башар мебошад.

Санадҳои мазкур ва бисёре дигар аз санадҳои марбут ба ҳуқуқи башар, ӯҳдадориҳои иҷрошавандае эҷод кардаанд, ки низоми густурдае барои иҷро ва назорат бар он фароҳам овардааст. Аммо ҳуқуқи башар дар солҳои охир он тавр ки дар ойинномаи СММ таъриф шудааст, мафҳуми дурусте надорад ва ҳатто метавон гуфт мафҳуми ҳуқуқи башар барқасдона, аз тарафи Ғарб, ба вижа ИМА таҳриф ва тағйир ёфтааст ва маънои воқеии он аз байн рафтааст. Ба дигар сухан ҳуқуқи башар ба иллати ғарқ шудани он дар идеологияҳо ва сиёсатҳои хасмона ва нажодпарастонае, ки барои хидмат ба манофеи Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа ва ба вижа Исроил аст, мафҳуме мубҳам ва номушаххас аст. Ҳамин масъала ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҷомеаи маданиро оҷиз ва нотавон дар пешгирӣ аз поймолкуниҳои густурдае, ки дар ҳавзаи ҳуқуқи башар сурат мегирад, сохта аст. Албатта ин амр баъд аз маҳкам шудани пояҳои мантиқи қудрат ва душманӣ ва қарор додани мафҳумҳои ҳуқуқи башар ва адолат таҳти тасаллути қудратҳо ҷаҳонӣ, пуррангтар шудааст. Амрико ва Исроил аз тариқи иқдомоти хасмона мафҳуми одии ҳуқуқи башарро таҳриф намуда, ба гунае ки кишварҳо бояд дубора ба бозтаърифи мафҳуми ҳуқуқи башар бипардозанд, то мафҳуми нав ва ба дур аз тасаллути онҳо ва дур аз ҳадафҳои онҳо, ба ҷаҳон пешниҳод шавад.

Дар воқеъ Амрико ва Ғарб мафҳуми ҳуқуқи башарро ба мафҳуми нажодпарастӣ алайҳи арабҳо ва мусалмонон табдил сохтаанд. Аз назари амрикоиҳо арабҳо ва мусалмонон афроди ифротӣ ва террорист ҳастанд ва ҳеч монеъ барои куштани онҳо ва қатли оми онҳо вуҷуд надорад. Ҳоло муҳим нест Амрико дар ин росто то чӣ ҳад муқаррароти байналмилалиро риоят кунад. Намунаи ошкори ин мавзӯъ ҷанги 22 рӯзаи Ғазза буд, ки тайи он сокинони Навори Ғазза аз тарафи саҳюнистҳо қатл шуданд ва Исроилу Амрико ҷиноятҳои Исроилро дифоъ аз худ қаламдод карданд ва иҷоза надоданд ин ҷиноятҳо дар чорчӯби куштори ҷамъӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ва поймолкунии ҳуқуқи башар дарҷ шавад. Ба ростӣ, чаро ин гуна аст; оё касоне, ки қудрати бештаре доранд, озоданд ба осонӣ қатли ом кунанд, ҳар коре ки мехоҳанд, анҷом диҳанд, куштор ба роҳ биандозанд ва натиҷаи мантиқии чунин муодилае низ ин бошад, ки бояд як идда қурбонии ҳадафҳои онҳо бошад? Чизе ки имрӯз дар ҷараёни таҳаввулоти бедории исломӣ дар кишвари мусалмони Баҳрайн шоҳид ҳастем ва мебинем, ки чӣ тавр дар муқобили чашмони ҷаҳониён, СММ, Шӯрои амният ва созмонҳои ҳуқуқӣ, режими Оли Халифа бо ҳимояти Амрико ва Оли Саъуд, даст ба ҷиноят мезанад ва аз он ба ҳифзи ҳокимияти миллии худ, ёд мекунад.

Ба ростӣ, Баҳрайн кишваре фаромӯшшуда аст? Ва оё касе медонад, ки дар Баҳрайн чӣ мегузарад? Агар Муаммар Қаззофӣ дар Либӣ бояд сарнагун мешуд ва Сурия бояд бо таҳрими муҷозот рӯ ба рӯ шавад, чаро режими Оли Халифа бояд ба таври пай дар пай аз Амрико бастаҳои ҳимоятӣ дарёфт кунад? Воқеият ин аст, ки сиёсатмадорони амрикоӣ бо муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои баҳрайнӣ ва муздурони Оли Саъуд бо силоҳҳои гуногун ва сипас бастани чашми худ бар рўи ҷинояти онҳо, хуб ҷинояти бузурге содир кардаанд. Ба ростӣ, посухи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба талабҳои тазоҳуроткунандагони баҳрайнӣ дар баробари сафорати Амрико дар Манома бо шиорҳое монанди «Диктаторҳоро ҳимоят накунед!» бо жести амрикоии ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва шиори сиёсатмадорони амрикоӣ қобили муқоиса аст? Оё ғайр аз ин аст, ки сафари мақомоти баландпояи низомии Амрико, назири Майк Молен ва Роберт Гетс ба Баҳрайн дар ҳоле анҷом шуд, ки мардуми Баҳрайн ба шакли бераҳмонае дар хиёбонҳо саркӯб шуданд.

Нархи бекорӣ дар Баҳрайн 15 дар сад аст, ки дар миёни кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс бештарин миқдор аст. Нахуствазири Баҳрайн, ки амаки подшоҳи ин кишвар аст, аз соли 1971 машғул ба кор аст. Вай пурсобиқатарин нахуствазири интихобнашудаи ҷаҳон аст. Аксарияти шиаи ҷомеаи Баҳрайн ҳамвора аз табъизе ки алайҳи онон аст, шикоят доштаанд. Агар нигоҳе дақиқ ба ҷомеашиносии қиёми мардуми Баҳрайн дошта бошем, мефаҳмем, ки ин қиём, на қиёми шиаён ба танҳоӣ, балки қиёми сунниҳо ва шиаёни Баҳрайн будааст.

Мавзеъгириҳои дугунаи мақомоти амрикоӣ ва ғарбӣ дар нисбати таҳаввулоти Баҳрайн
иддаоҳои кордори сафорати Амрико дар Баҳрайн дар ҳимоят аз гуфтугӯ ва ҳамчунин пешниҳоди ӯ ба рад кардани он даста аз гурӯҳҳои сиёсии хоҳони сарнагунии режими Оли Халифа аз арсаи сиёсии Баҳрайн, ниқоб аз чеҳраи воқеии Амрико бардошт. Дар воқеъ мавзеъи ду гунаи хонуми Вилямз ва Барак Обама барои миллатҳои Ховари Миёна, ки ҳамвора бо саркӯб ва шиканҷаву куштори ҳокимони диктатори мавриди ҳимояти Амрико рӯ ба рӯ ҳастанд, чизи наве набуд. Ҳамзамон бо иддаои кордори сафорати Амрико дар Баҳрайн, сафири Англис дар Манома низ эътироф дошта буд, ки «мо нигарониҳои худро дар болотарин сатҳ бо мақомоти давлати Баҳрайн матраҳ карда ва хостори риояти дақиқи меъёрҳои қонунӣ ва риояти ҳуқуқи муттаҳамон шудаем». Ин дар ҳолест, ки афкори умумӣ ва мардуми Баҳрайн муътақиданд, ки Амрико ва Ғарб ба режими ҳокими Баҳрайн барои саркӯби ҳаракати мардумии ин кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз сарнагунии режими ҳоким, чароғи сабз нишон додаанд.

Гуфтанӣ аст, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва гурӯҳҳои мухолифи баҳрайнӣ, давлати Англис ва Амрикоро ба гирифтани мавзеъи дугуна дар нисбати қиёми мардуми Баҳрайн муттаҳам мекунанд ва муътақиданд, мавзеъи ин кишвар дар баробари эътирозоти мардуми Баҳрайн, бо мавзеи он дар қиболи таҳаввулоти кишварҳое назири Миср, Тунис, Либӣ ва ... қобили қиёс набудааст. Мардуми Баҳрайн хостори ин ҳастанд, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳақи таъини сарнавишт ва интихоби як низоми сиёсии одил, даст ёбанд. Вале мақомоти амрикоӣ бо нодида гирифтани ҳақи қонунии мардуми Баҳрайн, аз режими диктатории Оли Халифа ҳимоят мекунанд. Нигарониҳои ҷомеъаҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи тарзи дастгирии муттаҳамон, мизони дастрасии онон ба вакили мудофеъ, равишҳои бозҷӯӣ аз муттаҳамон, иддаоҳои матраҳшуда дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ бо онҳо ва касби эътирофоти иҷборӣ дар Баҳрайн, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Саркӯби мардуми Баҳрайн бо таҷҳизоти амрикоӣ

Ба гузориши «Ассошиейтед пресс», бар асоси як гузориши маҳрамонаи вазорати хориҷаи Амрико, Баҳрайн як моҳ қабл аз оғози саркӯбҳо, аз Амрико таҷҳизоти низомӣ харидорӣ карда буд. Арзиши ин қарордод беш аз 200 миллион доллар эълом шудааст. Бештари ин таҷҳизот ҳавопаймо ва системҳои электронӣ буд, аммо 760 ҳазор доллари он барои хариди силоҳҳои ҳуҷумӣ ихтисос дошт. Дар воқеъ ин гузориш нишон медиҳад, ки фурӯши таҷҳизоти низомии Амрико ба Баҳрайн тайи солҳои 2009-2010 ба нисбати 112 миллион доллар афзоиш доштааст, ки аз ин мизон 88 миллион доллари он дар соли 2009 будааст. Яке аз таҳлилгарони амнияти миллии Амрико дар маркази мутолиоти стротегӣ ва байналмилал эълом кард, қарордодҳои имзошуда байни Баҳрайн ва Амрико дар соли 2010 дар муқоисаи фурӯши чанд соли ахири силоҳ ба кишварҳои Ховари Миёна аз сӯи ширкатҳои дифоии аврупоӣ, ночиз аст. Англия мошинҳои зиреҳӣ, гази ашковар ва дигар таҷҳизоти зидди эътирозкунандагонро дар ихтиёри Баҳрайн ва Арабистон қарор додааст. Бархе аз таҳлилгарон муътақиданд, силоҳҳои содиротии Амрико ба Баҳрайн таъсире дар коҳиши эътирозоти мардумӣ надоштааст.

Англия ва омӯзиши горди миллии Арабистон барои саркуби мардуми Баҳрайн
Бо такя ба рӯзномаи «Обзервер», чопи Англия, бар асоси санадҳои ба дастомада ва низ иқрори мақомоти вазорати дифои он кишвар, нерӯҳои артиши Англия горди миллии Арабистонро, ки барои саркӯби қиёмҳои мардумӣ ба Баҳрайн фиристода шуданд, омӯзиш додаанд. Ин омӯзишҳо умдатан ба истифодаи силоҳҳо ва низ роҳҳои барқарории назми умумӣ ва назорати ошӯбҳо, ихтисос доштааст. Дар воқеъ нақши Англия дар омӯзиши горди миллии Арабистон дар тӯли солҳои гузашта идома дошта ва ин афрод дар чорчӯби ин омӯзишҳо, тактикаҳои кӯмак ба саркӯби қиёми мардумӣ дар Баҳрайнро фаро гирифтаанд. Як рӯзномаи маҳаллии Англия низ дар гузорише навишт, ҳудуди 20 гурӯҳи омӯзишӣ ҳар сол ба Арабистон фиристода мешавад ва асоситарин вазифаи онҳо омӯзиши корбурди силоҳҳои харидорӣ шуда аз ин кишвар, ба низомиёни саъудӣ аст.

Натиҷагирӣ

Имрӯз дусӯягӣ дар меъёрҳои ҳуқуқи башар дар ҷаҳон комилан қобили мушоҳида аст. Нажодпарастии кинатӯзона дар ҳамкорӣ бо арабҳо ва мусалмонон, манфиатталабии судҷӯёна дар мавзеъгириҳо дар нисабти таҳаввулоти бедории исломӣ дар кишварҳои исломӣ, ба вижа дар Баҳрайн  барои ҳама мусаллам аст, ҳатто ин нажодпарастӣ дар ин хиёбони яктарафаи ғарбӣ ба номи ҳуқуқи башар коре қонунӣ тавсиф мешавад. Ҳеч касе ҳеч арзиши инсонӣ барои мусалмонон ва арабҳо қоил нест. Дар ҳоле ки саҳюнистҳо ҳаққи ҳимоят доранд ва набояд бо онҳо бархурди баде шавад. Мо дар Фаластин, Ироқ, Лубнон, Афғонистон, Баҳрайн, Яман ва дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ шоҳиди зери по гузоштани иззати инсонӣ ба таври ваҳшиёна, ба баҳонаи терроризм, ифротгарӣ, тундравӣ, ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва таъмини манофеи миллӣ ҳастем, бидуни ин ки ҳайатҳо ва созу корҳои байналмилалии вижа, монеи риоят накардани қонунҳои байналмилалӣ шаванд.

Дар ҳоле ки бар асоси созу корҳои байналмилалии маъруф, назири додгоҳи ҷинояткорони ҷангӣ ё додгоҳи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқии дигар, бояд сабабгорон ва ҳомиёни поймолкунии фоҳиш ва густурдаи ҳуқуқи башар таҳти пайгард ва муҷозот қарор гиранд. Табиист, ки баъд аз ин ки мафҳуми ҳуқуқи башар таҳти ҳокимияти зур ва таҷовуз қарор гирифта ва тамоми асоси адолат ва баробарӣ фурӯ пошидааст, муайян кардани мафҳуми ҷадиди ҳуқуқи башар зарурӣ аст ва бояд аз чанголи ҷинояткорон хориҷ шавад, қабл аз ин ки ҷаҳон ба қонуни ҷангал ва вазъи табиӣ - мубориза барои бақо бозгардад.

Манбаъ: www.farsnews.com


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!