Бахшҳо
26 май 2012 07:32Сиёсат

Қасрҳои мансабдорони тоҷик аз кадом ҳисоб аст?

Маҷаллаи "Forbes", ки ҳамасола дар моҳи апрел исми сарватмандони ҷаҳонро номбар мекунад, боре ҳам аз Тоҷикистон нафареро ба ҳайси шахси доро шомили ин рӯйхат накардааст. Дар ҳоле, ки солҳои қаблӣ исми фарзандони раисони ҷумҳурии ӯзбакистон ва Қазоқистонро дар қатори сарватмандони дунё зикр карда буд. Аммо аз қасрҳои боҳашамату мошинҳои гаронқимат ва карру фарри баъзе мансабдорони тоҷик хулоса кардан мумкин аст, ки пули онҳо андак ҳам нест ва бо ин ҳама дороӣ натавонистаанд шомили рӯйхати сарватмандон шаванд.

Дар ҳоле, ки қонун фаъолияти соҳибкориро барояшон манъ кардааст

Дороии чиновникҳо ба номи хешу таборашон сабт мешавад


Зимнан, ин маҷалла номи он сарватмандонро зикр мекунад, ки маблағи онҳо бо роҳи қонунӣ ба даст омада бошад. Аммо ба андешаи таҳлилгарон дар Тоҷикистон сарватмандон асосан мансабдорони давлатиянд, вале даромади онҳо ошкор намешавад. Зеро аз рӯи қонунгузорӣ тиҷорати мансабдорон манъ аст ва онҳо амволу дороиҳои худро ба номи дигарон сабт кардаанд ва агар ба таври шаффоф хоҳиши нишон додани сарчашмаи даромадро дошта бошанд, эҳтимол  пайдо мешаванд нафароне, ки даромадҳои ғайриқонунии онҳоро фош мекунанд. Аз ин рӯ онҳо аз усули ба таври шаффоф нишон додани сарчашмаи даромад даст кашидаанд ва то имрӯз аксари мансабдорон даромади худро ошкор накардаанд.
Дар бораи маоши вазирони мо маълумот гирифтан душвор аст ва то имрӯз баъзе аз раисону вазирон дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон ҳаҷми моҳонаи худро бозгӯ кардаанд. Аммо аз фош кардани даромадҳои иловагияшон худдорӣ варзидаанд, ки масалан, бо 2000 ё 3000 сомонӣ чӣ гуна қасрҳои 100 ҳазор долларӣ бунёд кардаанд ё тавонистаанд мошинҳои 50 ҳазор доллариро харидорӣ кунанд.

Дар сурате, ки ҳаҷми маоши вазирону раисони тоҷикро бо душворӣ метавон маълум кард, баъзе вазирони кишварҳои хориҷӣ худашон маошу даромадҳояшонро ошкор мекунанд. Ба таври мисол, сарвазири Қазоқистон Карим Масимов дар блоги шахсии худ навиштааст, ки музди моҳонаи ӯ 4 ҳазору 746 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Чаро ҳаҷми маоши сарвазир ошкор нест?

Сомонаи "Mojazarplata.kz"  музди меҳнати сарвазиронро муқоиса карда, навиштааст, ки нисбат ба моҳонаи Владимир Путин, собиқ сарвазири Русия моҳонаи сарвазири Қазоқистон камтар будааст. Путин дар моҳ 10 ҳазору 565 доллар маош мегирифтааст. Маоши нахуствазири Украина Николай Азаров бошад дар моҳ 3 ҳазору 249 долларро ташкил медодааст.

Аммо дар бораи маоши сарвазири Тоҷикистон дар интернет ягон маълумоте пайдо нагардид. Ба андешаи Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон сабаби дар рӯйхати маҷаллаи "Forbes" то ҳол пайдо нашудани ягон сарватманди тоҷик дар он аст, ки шахсони доро, вазирон ва дигар мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон сарватмандии худро фош кардан намехоҳанд ва ин якчанд сабаб дорад: Пеш аз ҳама дороии мансабдорону вазирон расман ба номи хешу табор ва дигар шахсони бегона ба қайд гирифта шудааст. Баъдан, даромади онҳо ғайриқонунӣ ба даст омадааст, на аз фаъолиятии соҳибкории қонунӣ. Аз сабаби он ки қонун ба мансабдорону вазирон фаъолияти соҳибкориро иҷозат намедиҳад, ин ҳама даромадҳои зиёдро танҳо бо роҳи фаъолияти коррупсионӣ ба даст овардан мумкин аст. Вақте мансабдорон ягон роҳи қонунигардонии даромади худро аз соҳибкорӣ ва дигар сарчашмаҳо надоранд, маҷаллаи "Forbes" ҳам даромади ғайриқонуниро ба назари эътибор намегирад.

Баъзе мансабдорон ҳаҷми маоши худро ошкор карданд

Дар ҳамин ҳол кӯшиши ошкор кардани даромади мансабдорон аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ борҳо сурат пазируфтааст. Оҷонси иттилоотии "Авеста" як соли пеш барои фош кардани сарчашмаи даромади мансабдорон барномаеро роҳандозӣ карда буд, ки шаҳрвандон оид ба даромади мансабдорон назари худро баён мекарданд ва ҳамчунин кормандони ин оҷонсӣ ба мансабдорон муроҷиат мекарданд, ки асноди зарурии нишондиҳандаи сарчашмаи даромадро ба онҳо пешниҳод намоянд. Аммо ба гуфтаи онҳо аксари мансабдорон дороии худро ба номи фарзандону хешу табор сабти ном кардаанд ва барои мушаххас кардани сарчашмаи даромади мақомдорон донистани сарчашмаи даромади наздикони онҳо ҳам зарур аст. Вале 90 дар сади мансабдорон хоҳиши "Авесто"-ро дар мавриди ошкор кардани даромадҳояшон рад кардаанд ва якчанд нафари дигар, ки санад пешниҳод намудаанд, мувофиқи он аснод чандон доро набудаанд. "Авесто" ин назарпурсиро на танҳо ба хотири ошкор кардани сарватмандон анҷом додаст, балки баҳри он ки вақте мардум огоҳ мешаванд, ки ягон вазир сарватманд аст, аз ӯ иқдомеро баҳри сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвар интизор мешаванд. Хонандагони ин сомона навиштаанд, ки доротарин одамон мансабдоронанд ва сарвати худро бо истифода аз мансаб ҷамъ овардаанд.

Дар ҳамин ҳол ахиран дар пайи талоши рӯзноманигорон баъзе аз мансабдорону вазирони тоҷик ҳаҷми маоши худро ошкор карданд.  Ин қолабшиканӣ охири соли 2011 аз парлумон оғоз ёфт. Дар як ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки маоши вакилони парламент ва вазирони Тоҷикистон то 3 300 сомонӣ мебошад. Аммо баъдан ҳаҷми маош 50 дар сад боло рафт ва гуфта мешавад, ки феълан моҳонаи вакилон ба 5000 сомонӣ мерасад. Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф гуфт, ки маошаш 2 850 сомониро ташкил медиҳад. Раҳмонов ҳамчунин шахси сарватманд буданашро комилан рад карда, изҳор дошт, ки дар бонкҳо суратҳисоб доштанаш овозае беш нестанд.  Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои амнияти феълӣ гуфт, ки бо иловаи рутбаву орденҳояш 3 000 сомонӣ моҳона мегирад. Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар суҳбати онлайние ба сомонаи "Озодӣ" гуфта буд, ки 2 906 сомонӣ моҳона мегирад, ки 1 980 сомонӣ барои вазифа; 352 сомонӣ барои рутба; 539 сомонӣ барои собиқаи хизмат ва 35 сомонӣ ҷубронпулӣ барои хӯрок. Ҷаноби Назаров ҳамчунин гуфта буд, ки то 31-уми декабри соли 2009 аз ҳисоби Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҳамчун грант 400 доллари амрикоӣ маош мегирифт. Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ ба хабарнигорон гуфта буд, маоши ӯ танҳо бо иҷозати Раёсати бонк эълон мешавад. Ҳаҷми маоши Нусратулло Абдуллоев, райиси Суди олӣ 2 400 сомонӣ будааст. Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода моҳонаашро бештар аз ҳақмузди вакилони парлумон гуфт, яъне бештар аз 3 300 сомонӣ. Ба қавли Салимзода баланд будани маошаш ба он бастагӣ дорад, ки бо сабаби доштани баъзе имтиёзҳо аз моҳонааш андози андак ситонда мешавад. Ҳайбулло Латипов, собиқ райиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бошад, маошашро 2 260 сомонӣ арзёбӣ кард.

Барои мошинҳои қимату қасрҳои боҳашамати вазирон аз куҷо пул меёбанд?

Ин дар ҳолест, ки вазирону мансабдорони қазоқ ҳангоми эъломи дороиҳояшон на танҳо ҳаҷми маош, балки ҳамаи амволи дар ихтиёр доштаашонро низ ошкор кардаанд. Вазири молияи Қазоқистон Болат Жамишев даромади солонааш дар соли 2009-ро эълом кардааст, ки 73 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ӯ дар бораи ба вай тааллуқ доштани як қисми хонаи чорҳуҷрагӣ дар Остона, хонаи чорҳуҷрагӣ ва 6 садяк қитъаи замин дар Алмаато маълумот додаст.  

Албатта, даромади солона ва маоши мансабдорони қазоқ ба маротиб аз маоши вазирону мансабдорони тоҷик зиёд аст, вале як нуктаро бояд ба назари эътибор гирифт, ки дар Қазоқистон беҳдошти зиндагӣ низ ба маротиб болотар аст ва аз рӯи омори ахир як шаҳрванди оддии қазоқ нисбат ба тоҷик 7 баробар зиёд даромад дорад. Аммо гап дар сари он аст, ки мансабдори қазоқ бо даромади солонаи 60 ё 70 ҳазор доллар имкони харидани мошини гаронқимат ё хонаро дорад. Лек даромади солонаи мансабдори тоҷик дар як сол 5 ё 6 ҳазор долларро ташкил медиҳаду соҳиби қасри боҳашамат ва мошинҳои қимати хориҷӣ аст. Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки ин ҳама дороӣ аз кадом ҳисоб аст?

Ба бовари таҳлилгари иқтисодӣ Дилшоди Абдуҷалил барои маҷаллаҳои бонуфузе чун "Forbes" маълум аст, ки даромади сарватмандони Тоҷикистон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадааст ва онҳо ҳаҷми воқеии дороии худро ошкор намекунанд. Вақте дороӣ бо роҳи ғайрирасмӣ ва дар пояи "иқтисоди соягӣ" пайдо мешавад, ин, албатта, маънои онро дорад, ки манбаъҳои ҷамъоварии сарват чандон тоза нестанд. Аз ин хотир "Forbes" онҳоро аз рӯйхат хат мезанад.
Бисёре аз шаҳрвандон ба қасрҳои бошукӯҳи Варзобу кӯшкҳои бошаҳомати пойтахт бо ҳавас менигаранд ва суол мекунанд, ки ин қадар пул аз куҷо пайдо мешавад? Дар ҳоле, ки 50 дар сади мардуми Тоҷикистон камбизоат дониста мешаванд ва ноне барои хурдан надоранд.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)