Бахшҳо
28 май 2012 03:13Иқтисодӣ

Сармояи Тоҷикистон ба хориҷ меравад

Раванди кӯчидани сармояро коршиносон аз муҳити тиҷоратии дохили кишвар вобаста медонанд, ки агар соҳибкор донад, ки дар дохили кишвараш сармоягузорӣ кунад ва фоидаи хуб ба даст наорад, роҳи даромаднокеро ҷустуҷӯ мекунад.

Дар ҳоле, ки мо интизори сармоягузори хориҷӣ ҳастем, сармоядорони худӣ Ватанро тарк мекунанд

Даромади ками корхонаҳо сармоягузорро ҳавасманд намекунад

Мегӯянд, ки соҳибкорони тоҷикистонӣ дар Дубай барои сохтани иншоотҳои замонавӣ маблағ дода истодаанд, дар Русияву Қазоқистон корхонаҳо бунёд карда, тиҷорати худро оғоз намудаанд ва дар бархе аз кишварҳои дигар сармоягузорӣ мекунанд ё дар фикри рушд додани тиҷорати хеш ҳастанд. Дар ҳоле тоҷикон дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мекунанд, ки Тоҷикистон худ ба сармоягузорон эҳтиёҷи зиёд дорад ва бахшҳои зиёде дар кишвар чашм ба роҳи маблағгузорон аст.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки шароити номусоиди тиҷорат дар дохили кишвар майли пулдоронро ба кишварҳои муҳиташ баҳри сармоягузорӣ озод меафзояд. Иқтисодшинос Исломбек Хоркашов бар ин назар аст, ки новобаста аз он ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҳама гуна шароитро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба сармоягузорон фароҳам меорад ва баъзе имтиёзҳои андозӣ ҳам медиҳад, аммо даромаднокии кам боиси ҳавасманд нагаштани онҳо мегардад. Тӯли чандсолаҳост, ки кишварҳои аврупоӣ барои ҷалби сармоягузорон асосан ба имтиёзҳои андозӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва бахши хусусиро бо ин роҳ ҳавасманд мегардонанд. Ба бовари ин коршинос дар Тоҷикистон фишангҳои ҳавасмандкунии молии сармоягузорон чандон самарабахш нест. Тоҷикистон бештар ба ҷамъоварии андозҳо машғул аст ва ин боиси зиёд шудани меъёру намуди андозҳо гашта, ба кам шудани фоидаи корхонаҳо оварда мерасонад. Исломбек Хоркашов бар ин назар аст, ки соҳибкорони хориҷӣ дар ҳоле ҳавасманд мегарданд, ки даромади соҳибкорони ватанӣ аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардашон назаррас бошад. Вақте соҳибкорони дохилӣ имконияти гирифтани даромади хуберо надоранд, дар аксар ҳолат сармояи худро гирифта, ба хориҷи кишвар мекӯчанд. Пастравии сармояи асосии корхонаҳои дохилӣ нишондиҳандаи он аст, ки корхонаҳо ба кӯчонидани сармоя майл мекунанд.

Бо сиёсати андози феълӣ вазъ тағйир намеёбад

Ҳарчанд ба назари ин коршинос мушкили аслии ҷалб нашудани таваҷҷӯҳи сармоягузорон аз набудани ҳавасмандкунии кофӣ ва андозҳои гарон аст, аммо иддае аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки то замоне сиёсати андозбандиро Кумитаи андоз таъйин мекунад, вазъ тағйир намеёбад. Матлуба Улҷабоева, роҳбари Асотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна чунин андешаеро ҷонибдорӣ мекунад, ки ҳеч гоҳ кодекси хуби андоз ба тасвиб намерасад, агар мақоми фискалие чун Кумитаи андоз сиёсати андозбандиро ба ӯҳда дошта бошад.
Дар ҳоле, ки қаблан раиси Кумитаи андоз изҳор дошта буд, ки пешниҳод шудааст то навъи андозҳо аз 21 ба 12 намуд кам карда шавад, ба қавли Матлуба Улҷабоева дар таҳрири нави кодекси андоз, ки Кумитаи андоз пешниҳод кардааст, теъдоди андозҳо аз 21 ба 24 навъ зиёд шудааст. Дар лоиҳаи нави кодекси андоз пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ буданд, ба назар гирифта нашудаанд. Дар хусуси таҳкурсии сиёсати андозӣ ӯ чунин гуфт: "Аввалин кодекси андози Тоҷикистон аз кодекси андози Канада нусхабардорӣ шудааст. Канада куҷову Тоҷикистон куҷо? Тамоман муҳиту шароит ва вазъи иқтисодӣ тафовут дорад. Дар Канада мtнталитет, шароит ва сохтор дигар аст".

Тоҷикистон аз ӯзбакистон пайравӣ мекунад?

Ахиран ӯзбакистон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ эълон кард, ки ҳар соҳибкоре, ки беш аз 10 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ мекунад, давоми 5 сол аз тамоми намуди андозҳо озод аст.
Ба гуфтаи Исломбек Хоркашов Тоҷикистон низ метавонад бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун таваҷҷӯҳи сармоягузоронро ба кишвар ҷалб кунад. Вай мегӯяд, ки дар Чин ба он корхонаҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони дохилӣ ё хориҷӣ фаъолият мекунад ё корхонаҳои муштараканд, барои дорусозӣ, таҷҳизот ба хотири амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва ғайраро аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод мекунанд. Аз ҷумла, барои рушди иқтисоди минтақа ва навоҳӣ ба ширкатҳое, ки навтаъсисанд, ташкилоте, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоӣ мерасонанд, корхонаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд ва корхонаҳои давлатии хоҷагии қишлоқ имтиёзҳои андозӣ дода мешавад. Вай чунин андеша дорад, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи Чин метавонад истифода кунад ва ба корхонаҳое имтиёз диҳад, ки дар муҳити на он қадар мусоиди маҳалҳо мехоҳанд фаъолияти истеҳсолӣ дошта бошанд.

Корхона ё чойхонаи миллӣ?

Аммо ба андешаи таҳлилгарон танҳо ба даст овардани даромад ё кам будани андозҳо боис намегардад, ки сармоягузор ба кишвар таваҷҷӯҳ кунад. Пеш аз ҳама шароити мувофиқе барои инсонвор зистани онҳо бояд муҳайё бошад. Дар сурате, ки роҳҳои Тоҷикистон харобу валангор аст, ҳангоме, ки барои инсонвор зиндагӣ кардан ҳатто дар маҳалҳо ҳаммоме пайдо намешавад, ки меҳмони хориҷӣ сару руйяшро бишӯяд. Дар шаҳрҳо оби тозае нест, хонаҳо дар зимистон гарм нестанд, дар минтақаҳо барқ вуҷуд надорад,  пас кадом сармоядор дар асри бистуяк дар чунин шароит мехоҳад зиндагӣ ва фаъолият кунад?

Ҳукумати кишвар азми рушд додани саноат ва рушди истеҳсолотро пеш гирифтааст. Аммо барои ин ҳама кор маблағи зиёд даркор аст, ки ба қавли Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон барои ба даст овардани он муҳити дохилӣ бояд ҷалбкунанда бошад. Ба бовари ӯ дар Тоҷикистон чунин муҳити ҷалбкунанда ба назар намерасад. Зеро дар кишвар ҳуқуқи шахс ба замин давлатӣ аст ва дар ин сурат як нафар соҳибкор чӣ хел корхонаи бузурге месозад, ки медонад ҳар вақте давлат хоҳад корхонаро вайрон карда, аз байни он роҳ, чойхонаи миллӣ ё наврӯзгоҳ месозад. Ба андешаи ин коршинос набояд ба хотири манфиати ҷамъиятӣ шуда, ҳуқуқи як шахсро поймол кард. Зеро агар имрӯз ба хотири манфиати умум шуда, ҳуқуқи як нафарро поймол кунанд, фардо нафари дигаре ба ҳамин рӯз меафтад ва ин раванд идома пайдо мекунад. Дар ҳоле, ки он шахс ҳамаашро аз рӯи қонун амалӣ кардааст ва бояд қонун ба ӯ кафолати рискашро диҳад. Аммо баръакс ҳар лаҳза имкон дорад, ки ӯ аз сарвату даромади дасташ маҳрум монад. Ин ҳолат соҳибкоронро ба ҳарос меорад ва онҳо аз сармоягузорӣ дар ин ё он бахш худдорӣ меварзанд. Соҳибкорони сарватманд хоҳиши нишон  додани даромади худро надоранд. Зеро таваҷҷӯҳи зиёди мақомоти давлатиро ҷалб кардан намехоханд, барои он ки тарси аз даст додани боигарии худро доранд, афзуд ӯ.

Бизнесмон аз рекламаи тиҷораташ метарсад

Гуфта мешавад, ки бисёре аз соҳибкорон аз ошкор кардани сармояи худ ҳарос доранд. Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки мехост як корхонаро реклама кунад, аммо соҳиби он хоҳиш кардааст, ки розӣ ҳаст пул диҳад, ба шарте, ки ӯро реклама накунад.
Аз сӯи дигар дар чанд соли ахир вайрон кардани хонаву бозорҳо дар марказ ва навоҳии кишвар боиси ҳароси соҳибкорон гаштааст. Чанд соли пеш бозори "Зарнисор"-и пойтахтро, ки бо мағозаҳои зиёде сохта мавриди истифода қарор дода  буд, мақомот ғайриқонунӣ хонда, ба доди тоҷирону савдогарони бозор нигоҳ накарда, онро хароб сохтанд. Чунин ҳодиса чанд соли пеш дар маҳаллаи 82-и Душанбе низ рух дода буд. Он ҷо низ бозоре буд ва тоҷирони зиёде фаъолият мекарданд, аммо он ҷойро ҳам ба хок яксон намуданд.  Инчунин дар Роғун ва Ҳисор баста шудани бозорҳо норозигии соҳибкоронро ба вуҷуд овард.

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Абдулло Ашӯров мегӯяд, ки ба қавли Карл Маркс "Дар паси ҳар сарвати бузург ҷинояти калон меистад". Аммо дар Тоҷикистон, ки тибқи баъзе оморҳо 70 дар сади иқтисоди реалӣ "пасипардагӣ" аст, ин падида бештар ба назар мерасад. Ба бовари ӯ ин ҳолат чанд сабаб дорад. Яке ин ки баъди солҳои 1990 бисёре аз корхонаҳои Тоҷикистон ба таври ниҳоят ноодилона хусусӣ карда шуданд. Бо нархи ниҳоят паст фурӯхта шуданд, вале одамоне, ки хариданд, аз ин соҳаҳо бехабар буданд ва натавонистанд дубора корхонаҳоро ба кор андозанд. Онҳо қисми амволи онро ҷудогона фурӯхтанд ё ба яғмо бурданд ва ҳоло ин гуна одамон аз ошкор кардани манбаи сарваташон ҳарос доранд. Баъдан, сабаби дигар тарси соҳибкорон аст, ки агар сарваташонро ошкор кунанд, нафароне пайдо мешаванд, ки ба ғасби тиҷорати онҳо даст мезананд. Нишонаҳои рейдерӣ ё ғасби тиҷорат дар Тоҷикистон зиёд аст. Бинобар ин тоҷирон метарсанд, ки худро реклама кунанд, чунки метавонанд тиҷорати онҳоро аз даасташон гиранд. Ин амр боиси рушди кунди тиҷорати онҳо мешавад . Ба он хотир ки бидуни реклама дар замони муосир душвор аст ва реклама  локомотиви тиҷорату истеҳсолот аст.
Ҳамаи ин омилҳои дохилӣ сабаб мегардад, ки тоҷирону сарватмандони Тоҷикистон бизнеси худро ба Дубаю Қазоқистон кӯчонанд.

Муносибат бо сармоягузор мисли муносибат бо арӯс аст

Коршиносон мегӯянд, ки ҷалб кардани таваҷҷӯҳи сармоягузорон кори саҳлу сода нест, вале бояд талош кард, то роҳу усулҳои ҷалбкунӣ пайдо шавад. Абдулло Ашӯров мегӯяд, ки русҳо масали машҳуре доранд, ки маънояш "ба суроғи сармоягузор мисли хостгорӣ ба арӯс муносибат бояд кард" мебошад. Ба андешаи ӯ мо бояд ба сармоягузор исбот кунем, ки ба хонаи мо омада, хушбахт мешавад. Яъне, сармояашро афзун карда метавонад. Барои он ки ӯро мутақоид созем, бояд низоми андозситонии муътадил (на миёншикан) ва қулайро ба роҳ монем. Паст будани сатҳи коррупсия, қувваи кории арзони бо ихтисос ва дар охир муътадилии сиёсӣ зарур аст.  
Вақте аз соҳибкорон даъват мешавад, ки корхона созанд, сармоя гузоранд ва ба истеҳсолот машғул шаванд, аммо аз тарафи дигар хатаре ҳаст, ки рӯзе беибо метавонанд корхонаи соҳибкорро бардоранд ва ба ҷои он дигар иншоот бунёд кунанд, пас кадом соҳибкори боғайрат ҷуръат мекунад, ки пулашро ба ҳаво партояд? Дар сурате, ки соҳибкор яқин медонад, кишваре ҳаст дар кадом як гӯшаи дунё, ки тамоми шароитро барои инсонвор зистан фароҳам мекунад ва боз амнияти сармояи ӯро кафолат медиҳад.   

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)