Бахшҳо
28 май 2012 04:36Иҷтимоӣ

Чаро Тоҷикистон ба амнияти озуқаворӣ намерасад?

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат расидан ба амнияти озуқаворист, ки ноил шудан ба ин мақсад бевосита ба истеҳсоли молҳои истеъмолӣ дар соҳаи кишоварзӣ марбут мешавад. Ин соҳа яке аз унсурҳои таркибии мезаиқтисод ва аз муҳимтарин сарчашмаҳои қонеъгардонии талаботҳои гуногуни истеъмолӣ ба шумор меравад. Аммо соҳаи кишоварзӣ дар шароити феълӣ метавонад давлатро ба ҳадафи стратегии худ, ки расидан ба амнияти озуқаворист расонад?

Соҳаи кишоварзӣ бояд қобилияти мустақилан таъмин намудани тақозои беинтиҳои субъектҳои иқтисодиро дошта бошад, ки ин чиз имрӯз ба мушоҳида намерасад. Чунончи бисёре аз молҳо аз берун ба дохили кишвар интиқол дода мешавад. Ба монанди гандум, биринҷ, себ, картошка ва ғайра, ки аз Чину Покистон ворид мегардад. Истеҳсоли молҳои истеъмолии кишоварзӣ на танҳо талаботи бозори дохилро қонеъ нагардонида, балки дар бозорҳои берун ва содироти Тоҷикистон нақши камранге доштааст.

Таи солҳои 2008, 2009, 2010 ва 2011 3 миллиард доллар мол вориди кишвар гардид ва танҳо 800 миллион доллар коло аз дохил ба берун содир гардид. Тибқи омори расмӣ содироти Тоҷикистон дар соли 2011 ба 1 миллиону 256,9 ҳазор доллар ва воридот ба 3 миллиону 186,4 ҳазор доллар расид, ки дар натиҷа тарози савдои хориҷии мо манфӣ баромада ба -1 929,5 баробар шуд. Аз рӯи омори расмии Агентии омор, то моҳи марти соли 2012 содироти Тоҷикистон 122,3 ҳазор долларро ташкил дод ва воридот бошад, ба 296,2 ҳазор доллар расид, ки боз ҳам баланси савдои хориҷии кишвар манфӣ гашта ба -173,9 ҳазор доллар баробар гашт. Аммо чаро соҳаи кишоварзӣ, ки ҳиссааш дар содироти Тоҷикистон нисбатан мӯътадил асту то моҳи марти соли ҷорӣ ба 311 миллиону777,3 ҳазор сомонӣ баробар аст, имрӯз монанди замони шӯравӣ яке аз сердаромадтарин соҳаҳо нест ва бо вазъияти феълии ҳоким дар ин соҳа Тоҷикистон ба амнияти озуқаворӣ расида метавонад?

Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мӯътақид аст, ки бо вазъияти ҷорӣ дар соҳаи кишоварзӣ наметавон ба амнияти озуқаворӣ даст ёфт: "қаблан дар навоҳии Тоҷикистон меваву сабзавот кишт мешуд, аммо имрӯз онҳо аз байн рафтаанд. Бештари меваву сабзавоте, ки дар бозорҳои мо ба чашм мерасад, ҳама истеҳсоли Покистону Афғонистон аст".
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои расидан ба амнияти озуқаворӣ бояд дар Тоҷикистон саноати тавлидии маводи ғизоӣ роҳандозӣ гардад, ки дар ин самт ҳам иқдоме дида намешавад. Мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ танҳо он кишваре амнияти озуқаворӣ дорад, ки то 70% мардуми худро бо молҳои дохилии ғизоӣ таъмин карда метавонад. Аммо дар Тоҷикистон акси он дида мешавад, чунончи аз 60 то 77 дарсади маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷа ворид мегардад. Ин кишвар фақат то 30% қобилияти таъмини аҳолии худро бо молҳои дохилӣ дорад.

Ҳамчунин ғизои аслии мрдуми Тоҷикистон орду гандум мебошад ва солона наздики 1 миллиону 400 ҳазор тон гандум ва 1 миллиону 200 ҳазор тон орд барои аҳолии Тоҷикистон лозим аст, ки қисми зиёде аз инҳо ҳам аз хориҷа махсусан аз Қазоқистону Русия ворид мегардад. Танҳо дар моҳи марти соли 2012 дар ҳаҷми 36 ҳазору 896,3 тонна гандум ба кишвар ворид гардид.
Ҳарчанд ҳар сол ҳисобот дода мешавад, ки то 1 млн. тонна ғаладона ҷамъоварӣ мегардад, аммо ин талаботи аҳолиро таъмин карда наметавонад. Зеро ғаладонаро барои чорво ҳам истифода мебаранд. Аз рӯи оморҳо дар тӯли як сол дар Тоҷикистон ҳудуди 450 то 500 ҳазор тон гандум истеҳсол мегардад, ки аз он орди хушсифат намебарояд ва барои ҳамин бино ба гуфтаи бархе коршиносон давлати Тоҷикистон дар 100 кило гандум, 20 кило гандуми ватанӣ ва 80 кило гандуми хориҷӣ омехта мекунад, ки дар ин ҳолат орди хушсифат ба даст меояд.

Аммо ин ки мо метавонем аҳолии худро бо маводи ғизоӣ таъмин кунем ё на, номзади улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев бар ин бовар аст, ки дар сурати барномарезии дуруст метавон аҳолии Тоҷикистонро бо ғаладона, меваҷот ва сабзиҷот то ҳудуди 80 ва 100 фоиз таъмин кард. Ба гуфтаи номбурда таъминоти мардум бо маҳсулоте ба монанди гушт, шир ва қаймоқи дохилӣ дар сатҳи 40 то 50 фоиз қарор дорад, ки ин боис шуда то 80 дарсади ингуна маҳсулот аз хориҷа вориди кишвар гардад.           

Аз 2 вазифаи асосии хоҷагии қишлоқ ҳеч кадомаш иҷро нашудааст!

Таъмини ҷамъият бо маводи ғизоӣ ва низ қонеъгардонии саноат бо ашёи хом, ду вазифаи асосии хоҷагии қишлоқ мебошад, ки ба гуфтаи коршиносон иҷро наградидааст. Зеро маҳсулоти ғизоиву ашёи хоми мавриди ниёзи Тоҷикистон аз хориҷа оварда мешавад.
Дар ин хусус коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳатто маҳсулоти ғизоие ба монанди ангуру себу анор ба берун содир мегардад, ки инҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ гардонида наметавонад. Тавре номбурда мегӯяд: "содироти мо нисбат ба 20 соли пеш камтар шудааст то зиёдтар ва тибқи иттилои ман ҳудуди 200 ҳазор заминҳои кишт дар Тоҷикистон ба шуразор табдил ёфтаанду аз сабаби нодуруст истифода бурдан корношоям ва ғайриқобили истифода гаштаанд. Сабабҳои дигаре ба монанди нарасидани об, набуди технология ва низ бесоҳиб мондани заминҳо ҳам дар корношоям гаштани заминҳо таъсир доштаанд".

Бино ба гуфтаи коршиносон замин дар Тоҷикистон кам набуда дар сурати истифодаи дуруст ҳамонанди солҳои гузашта метавон мардуми кишварро бо молҳои ғизоии ватанӣ таъмин кард. Агар Тоҷикистон натавонад гандумро зиёдтар аз ҳадди маъмулаш истеҳсол кунад, бояд баҷои он маҳсулоти дигареро ба бозорҳо арза кунад. Ин чиз дар тамоми дунё дида мешавад ва ҳар чизе, ки имкони парвариши он вуҷуд дорад, боястӣ дар кишвар тавлиди он бароҳ монда шавад.
Дар ҳамин ҳол номзади улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев чунин мешуморад, ки Тоҷикистон бо доштани себу ангуру ноку картошка ва бодирингу помидор, дар ҳар ҳол ингуна маҳсулотро аз берун
ворид мекунад. Ба маълумоти номбурда, тоҷирон вақте мебинанд, ки чунин молҳо дар хориҷа арзонтар аз дохил аст, онро ба дохили кишвар меоваранд.       
Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки сохтори соҳаи кишоварзӣ нодуруст аст. Коршиноси масоили иктисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд,  дар соҳаи кишоварзӣ тарҳрезии носаҳеҳ ҷой дорад, ки Вазорати кишоварзиву иттиҳодияҳои деҳқонӣ ҳар кадом кори худро мекунанд. Тарҳрезии нодурусти пешрафти ин соҳа бояд ба назар гирифта шавад.

Чаро заминҳои Тоҷикистон шӯр мешаванд?

Аз рӯи омори Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон, заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар кишвар 6 миллиону 987 ҳазору 661 гектарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо соли 2011 76 ҳазору 901 гектари он кам шудааст.   
Сабаби онро раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ аз истифодаи дарозмуддати заминҳои корхонаҳои кишоварзӣ даст кашидани истифодабарандагони замин дар ноҳияҳо медонад. Инчунин дар вилояти Хатлон то 40 ҳазор замини шӯр вуҷуд дорад.   
Зулфиқори Исмоилиён иллати корношоямиро дар он медонад, ки ин заминҳоро аз солҳои пешин раисони колхозҳову иттиҳодияиҳои деҳқонӣ мавриди истифода қарор намедоданду онҳо бештар ба заминҳое, ки ҳосилхезанд, таваҷҷуҳ мекарданд: "аслан андози ин заминҳо зиёд аст ва аз 20 сол пеш ин заминҳо бекор хобидаанду касе аз онҳо ба хотири гарон будани пардохти андоз аз даромад, истифода намекунад. Мушкили рақами як инҷост, ки иттиҳодияҳои деҳқонӣ ба хотири зарар надидан аз баҳри истифодаи ин заминҳо ва кишти пахтаву гандуму дигар намуди маҳсулот худдорӣ мекунанд".            

Ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоддонон мегӯянд, ки агар замин оқилона истифода шавад, на танҳо хароб намешавад, балки ҳосилхезии худро афзоиш медиҳад. Аммо акнун заминҳои кишоварзии мо рӯз то рӯз дар ҳоли кам шудан қарор доранд.
Ба гуфтаи номзади улуми иқтисод Қурбоналӣ Партоев, дар Тоҷикистон дар 360 рӯзи сол, 300 рӯзаш офтобист ва расидани маҳсулотҳо то 80 - 90 рӯз вақт мегирад, ки агар ба 360 рӯзи сол тақсим гардад, метавон дар як сол то 3 маротиба аз заминҳо ҳосил гирифт ва воридотро кам кард.     
Ёдовар мешавем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон то 50 дарсадро ташкил медиҳад, ин ҳам дар ҳолест, ки дар мамолики пешрафтаи дунё ҳаҷми тавлидоти соҳаи молҳои кишоварзӣ то 90 фоизро дар бар мегирад.

Даромадро заминдор мегирад ё зироаткор?

Мақсади интиҳоии истеҳсолоти кишоварзӣ ин ба даст овардани даромад мебошад, аммо вақте, ки кишоварзони мо бо вазъияти феълӣ даромади ончуноние аз фаъолияти худ ба даст намеоваранд ва ҳатто гоҳо хароҷоти худро пӯшонида наметавонанд, чигуна метавон интизор дошт, ки ин соҳа инкишоф меёбаду ба амнияти озуқаворӣ даст меёбем. Оё дар муомилаи байни заминдору зироаткор дар Тоҷикистон манфиати баробар риоя мегардад?
Кишоварзи тоҷик Ҳикматзода аз мушкилоти ҷойдошта барои кишоварзон интиқод карда мегӯяд, ки дар ҳангоми коридани картошка ҳашарот зарар мерасонанд ва дар канори ин боз нархи нуриҳои маъданӣ гарон асту на ҳама ба он дастрасӣ доранд: "ба хоҷагиҳои деҳқонии водии Ҳисор, Рашт, Хатлон кумак расонида намешавад. Агар маконҳои картошкапарварии Файзобод, Рашт ва Ваҳдатро бо тухми картошка таъмин кунанд, нархи он дар Душанбе аз 2 ба 1 сомонӣ ва ҳатто то 80 дирам мефарояд".        

Гуфта мешавад, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ кор бо замин фоидаи аз ҳама пастро дорад. Дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон низ аз фановариҳои ҷадид ба далели дастрасӣ надоштан ба онҳо ва набуди маблағ истифода намешавад. Зимнан  яке аз сарчашмаҳои даромадро дар соҳаи кишоварзӣ ҳамроҳи замин ва қувваи корӣ, фоизи қарз ташкил медиҳад, ки дар ин соҳа қарзи бонкӣ то 36 фоизи солона ба кишоварзон дода мешавад, ки албатта мӯҳлати пардохти ин қарзҳо яксола буда чунин қарзҳоро касе ба хотири варшикаст нашудан намегирад. Зеро зироаткор наметавонад таи ин муддат маҳсулоти худро фурӯхта қарзашро баргардонад. Агар кишоварз 100 доллар қарз гирад, бояд 160 доллар баргардонад. Ба қавли коршиносон 90 дарсади иттиҳодияҳои деҳқонӣ ва дигар ширкатҳои хурду бузурги ин соҳа бо бонкҳои Тоҷикистон робита надоранд. Яъне агар маблағ ёфтанд, кори худро мекунанд ва агар наёфтанд, аз замин ҳосил намегиранд.       

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле аз пайгирии ҳадафи стратегии худ яъне даст ёфтан ба амнияти озуқаворӣ сухан меронад, ки на тавониста техникаҳои замонавиро дар ин соҳа ворид кунад ва на дар баробари ҳуҷуми ҳашароти гуногун барномае дошта бошад. Ба тавре, ки бисёре вақтҳо хабар аз ҳамлаи малаху дигар намуди ҳашарот ба зироатҳо ба гӯш мерасад. Акнун суол пеш меояд, ки чаро давлат техникаҳои замонавиро ба ин соҳа ворид намекунад? Коршиносон мегӯянд, ки давлат ин корро ба бахши хусусӣ вогузор карда то худро бо техникаҳои замонавӣ таъмин кунад.   Зулфиқори Исмоилиён роҳи инкишофи ин соҳаро танҳо дар давлатикунонии ин бахш дониста мегӯяд, ки беҳтарин кор ин аст то давлат ба низоми пешина баргардад: "ба монанди замони шӯравӣ, ки давлат маблағ ҷудо мекарду кишоварзон кор мекарданд ва дар охири сол маҳсулоти худро ба давлат мефурӯхтанд".  
Иқтисоддонон мӯътақиданд, ки ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ бидуни ислоҳоти низоми ҳавасмандгардонии молия, қарз, андоз, асъор ва нарху нархгузорӣ имкон надорад. Бо давом ёфтани вазъияти кунунӣ пешрафтеро дар соҳаи кишоварзӣ интизор набояд буд. Ба гуфтаи коршиносон ворид кардани 70 фоизи маводи ғизоӣ аз хориҷа ҷои нигаронӣ дорад. Зеро бо раванди феълии воридоти молҳои ғизоӣ аз хориҷа, расидан ба ҳадафи стратегии амнияти ғизоӣ душвортар мегардад.

Сиёвуш Қосимзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)