Бахшҳо
28 май 2012 03:47Гузориш

Таъсиси "Фронти халқии бе силоҳ" ба сулҳи тоҷикон хатар надорад?

Гурӯҳе аз фармондеҳони Фронти халқии собиқ, ки дар соли 1992 аз ҷониби Сангак Сафаров таъсис дода шуд, тасмим гирифтаанд, ки созмони ғайримусаллаҳеро бо ҳамин ном таъсис диҳанд.  Қувваталӣ Муродов яке аз тасмимгирандагони идеяи таъсиси созмони Фронти халқии бидуни силоҳ  гуфтааст, ки ҳадафи онҳо муколама бо дигар ҳизбҳо ба хотири пешбарии номзади ягона дар интихоботи ояндаи президентӣ аст. Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки ҳарчанд собиқадорони фронти халқӣ созмони бидуни силоҳ таъсис доданианд, аммо баъзан худи идея метавонад хатаре бештар аз силоҳро ба бор орад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин "Озодагон" аз коршиносон пурсид:


Комёб ҶАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятӣ

Таъсиси фронти халқӣ ягон аҳамияти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ надорад ва барқарор кардани он дигар ягон маъние надорад. Зеро асосан фронти халқӣ соли 1993 ҳама он вазоифе, ки гӯё дошт, иҷро кард. Пеш аз ҳама дар ёд дошта бошем, ки командири ҳамонвақтаи фронти халқӣ Сангак Сафаров моҳи марти соли 1993 тавассути телевизион баромад карда, расман ин фронти халқиро пароканда кард. Баъдан он ҷо даъват шуда буд, ки тамоми он нафароне, ки дар ҳайати фронт ҳастанд, иштироккунандагони фронт дар системаи давлатӣ, муҳофизат ва артиш шомил шаванд. Ҳоло бештари намояндагони фронти халқӣ ҳам дар ҳукумат, ҳам дар системаи таъмини амният ва ғайра кор мекунанд. Вақте як нафар мехезаду эълон мекунад, ки фронти халқиро аз нав ташкил мекунад, ин ҳеч маъние надорад. Ҳатто метавонем гӯем, ки Ҳизби халқии демократие, ки ҳозир ҳизби ҳоким аст, дар асоси бисёр иштирокчиёни фронти халқӣ ташкил ёфт. Аз он ҷумла, Достиев ҳамин ҳизбро таъсис дода буд ва ин ҳизб ҳам як меросхӯри ҳамон фронт аст. Барои ҳамин ягон омили аз нав барқарор кардани фронти халқӣ вуҷуд надорад. Агар мисли фронти ягонае, ки дар Русия таъсис ёфт ин фронти халқӣ метавонист ҳамаи нерӯҳои сиёсиву иҷтимоиро сарҷамъ кунад ва барои таҳкими давлатдории Тоҷикистон кӯмак намояд, шояд маъное медошт. Вале ба фикри ман дар шароити феълӣ ҳоҷат ба таъсиси ин фронт нест. Чунки ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд ва метавонанд барои ба даст овардани ҳокимияту пешбурди сиёсат рақобат кунанд. Пешниҳоди барқарор кардани фронти халқӣ ягон маънии сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ надорад. Чӣ хел мешавад, ки бештари намояндагони фронти халқӣ дар ҳокимиятанд ва метавон гуфт, ки гӯё меросхури фронти халқӣ Ҳизби халқии демократӣ аст. Пас ба кадом мақсад фронти халқӣ ташкил мешавад? Ин саволи асосиест, ки бояд ташкилкунандагони он пеш аз ҳама ба он ҷавоб гӯянд. Таъсиси фронти халқӣ ягон маъние надорад ва баръакс метавонад як мухолифату таззодеро дар ҷамъият ба вуҷуд орад.   

Сафар АБДУЛЛО, донишманди тоҷик

Ман дур аз ватанам ва аз рӯйдодҳои сиёсии кишвар чандон огоҳ нестам. Вале ба назар чунин мерасад, ки касе ба вуҷуди ин гуна нерӯе ниёзманд аст. Аммо ман ба унвони як нафар тоҷик мухолифи ҳама гуна "фронт" ҳастам, хосса мухолифи фронтҳое, ки худро халқӣ эълом намуда, аз номи миллати мазлуму бечораи мо амал кунад. Мо таҷрибаи талхе дорем ва ҳаргиз чунин "фронтҳо" ба суди миллат ва кишвари мо нест. Мардум хаста шуданд, дар меҳани мо созандагӣ мебояд на "фронтбозӣ"!

Қувваталӣ МУРОДОВ, нафари аввали ҷонибдори таъсиси Фронти халқии бидуни силоҳ

Ҳадафи мо ба ҳам овардани ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамкории зич бо онҳо дар арафаи интихоботи президентӣ аст. Азбаски ҳоло созмони мо сабти ном нашудааст ва миёни ҷонибдорон дар масъалаи тарзу усули фаъолият, барномаи кор ва ҳадафҳои стратегӣ ҳанӯз мавриди омӯзиш қарор дорад, феълан дар мавриди фаъолияти Фронти халқии бидуни силоҳ зиёд ҳарф задан намехоҳам. Дар арафаи таъсисдиҳӣ қарор дорем ва заминаҳои молии онро муҳайё карданием ва дар ин самт ҷонибдорони мо андешаҳои мухталиф доранд. Ба сари як идеяи сараҷамъкунанда омаданамон зарур аст. Аз ин рӯ ҳоло барвақт аст дар ин бора сӯҳбат кардан.

Шамсиддин ҶАЛОЛОВ, коршиноси масоили иқтисодӣ

Ташкили фронт дар фаҳмиши мардум як падидаи ҷангомез ҷилва медиҳад. Шояд нияти ташкилкунандагон мусбат бошад, лекин худи мафҳуми фронт дар зеҳни мардум ҳамчун як чизи манфӣ нақш баста аст. Агар ин тақлид аз фронти ягонаи пешазинтихоботии Русия бошад, хуб мешуд, ки аз чунин як гуна тақлидкориҳо даст кашанд ва ба арзишҳои миллӣ рӯ оранд. Тоҷикон миллате набуданд, ки фақат аз тақлид ба як миллати дигар миллатсозӣ кунанд. Дар гузашта дигар миллатҳо аз тоҷикон тақлид мекарданд. Системаи исломии давлатдориро ҳам баъди фатҳи Эрон ва тарзи девондориву идораи тоҷику форс омӯхтанд. Хуб мешуд, ки бар ивази фронту ҳаракатҳои расмиву ғайрирасмӣ ба ҳизбҳои сиёсие, ки дар  саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳамроҳ шаванд ва ҳамон мағзҳову зеҳнҳои худро ба ин ҳизбҳо равон созанд то иродаи сиёсиашонро ба воситаи ин ҳизбҳо нишон диҳанд. Мафҳуми фронтро мардум чандон хуш қабул намекунанд, зеро ин ба хотири одамон боз ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ ва боз ҳамон нобасомниҳои солҳои 90-ро меорад. Чунки дар ҳамон давра мафҳуми фронт дар зеҳни мардуми мо нақш бастааст ва намехоҳанд, ки "коҳи кӯҳна аз нав бод дода шавад". Таъсиси ин фронт аз лиҳози ҳуқуқӣ имконпазир аст, ба монанди таъсиси ҳизбҳову ташкилотҳои диниву ғайридинӣ, аммо ҳанӯз ҳадафу мақсадро муайян накарда, дар фикри таъсиси фронт ҳастанд, ин як шитобкорӣ аст. Хуб мешуд, агар барои таъсиси он сиёсатмадорони варзида саҳм мегирифтанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, бештари ҳизбҳо ба ҳолатҳое дучор мешаванд, ки баъзан манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои сиёсӣ фарқ намекунанд. Барои он ки дар ҳамин ҳолатҳо манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсиву сиёсӣ ҷудо карда шаванд, бояд шахсиятҳое сарварӣ кунанд, ки дар ҳақиқат тавонанд манфиатҳои миллиро дар мадди аввал қарор диҳанд. Вақте гап сари миллат равад, ҳамаи ҳизбҳо бояд муттаҳид шаванд ва агар гап сари ҳокимият ё манфиатҳои сиёсӣ равад, ҳар ҳизб нақшаву чорабиниҳои худро дошта бошад. Назарам ҳамчун як шаҳрванд нисбати ташкили чунин фронт манфӣ аст ва ман онро эътироф надорам. Мо медонем, ки сарнавишти ин фронт ба чӣ анҷом ёфт. Агар ҳадаф тақлидкорӣ аз фронти ягонаи Русия бошад, ҳеч зарурате дар миён нест. Танҳо Кодекси андоз нишон дода истодааст, ки рӯбардоркуниву тақлидкорӣ ба чӣ оварда расонд. Яке аз камбудиҳои Кодекси андоз ҳамин аст, ки ҳар чӣ масъалаҳое дар шакли чорабинӣ дар дигар кишварҳо буд, дар мо ба шакли тарҷума қабул шуд ва имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистонро ба чӣ ҳол оварда расонидем. Махсусан шахсоне, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ фарзандашонро аз даст доданд, волидайнашон ба шаҳодат расиданд, талафоти моливу ҷонӣ диданд, таъсиси ин гуна созмонро хуш қабул намекунанд. Зеро ин як сабабе мешавад барои намак пошидан ба захми нав давоёфтаи мардум. Ҷароҳатбор кардани захми онҳое, ки нав ба сулҳу суббот расиданд ва дар як фазои то андозае орому осуда зиндагӣ доранд хуб нест.

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини раиси ҲНИТ

Ташкили фронти халқӣ сулҳи ҷомеаро таҳдид карда наметавонад. Онҳо медонанд, ки  фронти халқӣ чи осоре аз худ дар ҷомеа ба ҷо гузоштааст. Он касе, ки мехоҳад дубора ин фронтро ташкил кунад, фикр мекунам набзи ҷомеаро ба дурустӣ намедонад. Барпоии дубораи ин фронт имкон надорад ва касе ҳам онро ташкил нахоҳад кард. Танҳо касе ин корро карданӣ мешавад, ки аз вазъияти ҷомеаи Тоҷикистон огоҳӣ надорад. Ин танҳо гап асту дар ҳақиқат фронти халқӣ ҳаргиз ташкил намеёбад. Ва агар ҳам ин фронт ташкил гардад, ҳеч хатареро барои Тоҷикистон эҷод намекунаду хатаре ҳам надорад ва касе ҳам ба он таваҷҷуҳ намекунад.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ,сиёсатшинос

Фронти халқӣ яке аз тарафҳои ҷанг миёни тоҷикон буд ва аз нав барпокунии ингуна созмонҳову ташкилотҳо на ба сулҳу суботи ҷомеа фоида дорад ва на ба ҷамъият. Зимнан далели ташкили муҷаддади ин созмон ба таври возеҳу равшан мушаххас нест. Барои чи ин созмонро ташкил мекунанду чи ҳоҷате пеш омадааст ва чаро дар ҳамин айём ин мавзуъро матраҳ кардаанд, номаълум аст. бояд ба ҷомеа фаҳмонд, ки фронти халқӣ ин муродифи ҷангу силоҳу куштор аст. Ин фронт аслан як чизест, ки тамоман мухолифи рӯҳия ва гуфтугӯи байни тоҷикон аст. Боз масъала мебардоранд, ки ин сафед кардани қумондонҳоии собиқи фронти халқист, ки албатта онҳо хеле гуногун буданд ва одамоне буданд, ки танҳо дар ҷанг иштирок доштанду то гулӯ ба хуни тоҷикон олуда мебошанд. Бисёре аз онҳо ҷинояткоранд ва онҳоро агар дубора сафед кунанд, маънои онро дорад, ки боз ҷанг мехоҳем. Онҳо барои тоҷикон ва ояндаи миллати тоҷик хеле хатарноканд. Дар остонаи 15 солагии ҷашни ваҳдат матраҳ шудани ин мавзуъ, нишон аз нофаҳмӣ аст. Ман қатъан гуфта наметавонам, ки ин гурӯҳҳо сабт мешаванд, аммо фикр мекунам, ки ҳукумат барои ба қайдгирии онҳо розӣ намешавад. Зеро ин қадами хеле нозукест.

Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ, раиси Асотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон

Барои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳар чизе, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ марбут мешавад, барои ваҳдати миллӣ ва муттаҳидшавии ҳамаи ақшори ҷомеа фаромӯш кардан беҳтар аст. Эҳё кардани он унсурҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, албатта барои оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистон кумаке намекунад. Ташкили ин фронт он кашмакашҳову банду бастҳои нисбат ба баҳодиҳии ҷанги шаҳрвандӣ бударо, боз ҳам васеътар мекунад. Барои ҳамин кӯшишҳо барои фаъолияти ин гурӯҳ ба манфиати миллӣ ва ваҳдати Тоҷикистон нақши мусбате намебозад. Дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон як гурӯҳҳои сиёсӣ пайдо мешаванд, ки онҳо ба нафъи сулҳу суботи чомеа нестанд ва аз ҳар самт кушиш мекунанд то ин сулҳу суботро хароб гардонанд ва монеаҳои сунъӣ эҷод кунанд.                             


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)