Бахшҳо
28 май 2012 10:33Иқтисодӣ

Ба рушди равобити иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон чӣ монеа мешавад?

24 - уми май дар сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди равобити дипломатии Душанбеву Боку нишасти хабарие сурат гирифт. Яке аз нуктаҳои ҷолиби нишаст ин буд, ки Аббосалӣ Ҳасанов, сафири Озорбойҷон дар Тоҷикистон аз мизони равобити иқтисодӣ – тиҷории ду кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ин ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.

Аз равобити заифи тиҷоратӣ кӣ бештар зарар мебинад?

Аббосалӣ Ҳасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон гуфт, баъди фурӯпошии СССР ва ба гирдоби ҷангҳои дохилӣ гирифтор шудани ду кишвар боис шуд, ки мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Озарбойҷон ночиз бошад. Ба қавли номбурда набудани парвози мстақим миёни Душанбеву Боку омили дигарест, ки равобити иқтисодии ду ҷумҳуриро заиф гардонидааст. Оё воқеан набудани роҳи ҳавоӣ таъсири ҷиддие дар равобити тиҷории Тоҷикистону Озарбойҷон расонида метавонад?
Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён дар ин замина мегӯяд, набуди парвози мустақим таъсири зиёде намерасонад, зеро дар замони шӯравӣ Тоҷикистон аз ин кишвар барои алюминий ашёи хом ворид мекард. Номбурда ҳамчунин афзуд: «Дар замони шӯравӣ равобити тиҷоратии байни ду кишвар заиф буд, баъди фурӯпошии СССР ҳам ҳамон тавр монд. Зеро мо колоҳоямонро бештар аз Русияву Чину Қирғизистон ворид мекунем. Набудани равобити тиҷоратӣ ҳеч рабте ба парвози ҳавоӣ надошта ва бо роҳандозии он ҳам пешрафте дар мубодилоти тиҷоратии ду кишвар сурат намегирад. Бо шурӯи парвози мустақим пешравӣ танҳо дар сафари мардуми ду кишвар ба вуҷуд меояд ва на дар муомилоти тиҷоратӣ».          

Озарбойҷон кишварест, дорои нафту гази фаровон ва Тоҷикистон метавонад аз ин давлат нафт ворид кунад. Аммо Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки дар Тоҷикистон полойишгоҳҳои коркарди нафт мавҷуд нест ва ҳангоми бӯҳронҳо ҳарчанд давлат мегӯяд, ки аз Эрон нафт ворид мекунад, аммо ин ваъдаҳо ҳамааш мардумфиребие беш нест, чунки корхонаҳое надорем то ба полоиши нафт машғул шаваду сузишворӣ тавлид кунад.   

Ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун афзоиш меёбад?

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, кишвараш дар омода намудани кадр ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Вазорати маориф Маҳмудхон Шоев дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт, дар феълан Тоҷикистон дар заминаи омода намудани кадрҳои баландихтисос бо Русия, Эрон, Украина ва дигар кишварҳо ҳамкории густурдае дорад. Иқдоми Озорбойҷон дар ин замина оё ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд? Таҳлилгари тоҷик Сафват Бурҳонов мегӯяд: «Вазоратҳои тандурустиву нақлиёту алоқа ва дигар вазоратҳо ҳам дар ин амр ҳамкорӣ доранд, аммо мушкил инҷост, ки ҳарчанд мо бо кишварҳои мусалмонӣ ба монанди Эрону Покистон ҳамкорӣ дорем, аммо менталитети мо намегузорад, ки рафта дар он ҷо физики ядроӣ хонему дар Эрон ҳам ба хондани фанни муносибе машғул шавем. Ба ҷои он ба хондани таълимоти динӣ ҷалб мегардем, дарсҳои диниро аз муллоҳои худамон ҳам ёд гирифтан мумкин аст, шарт нест барои ин Покистон рафтан».

Ба ақидаи Сафват Бурҳонов дар ҳоли ҳозир бисёре аз тоҷикон дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, аммо мушкил дар таъмин намудани онҳо бо ҷои кори муносиб аст. Номбурда муътақид аст, ки дар дараҷаи баланд ё паст қарор доштани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳоро, сатҳи зиндагии мардум муаян мекунад ба вижа вақте, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоист.     
Ҳарчанд Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ ном мебаранд, аммо дар малакат аз рӯи омори расмӣ беш аз 40 дарсади мардум камбизоат маҳсуб мешавад ва тибқи омори ғайрирасмӣ бошад, беш аз 60 фоизи аҳолӣ дар зери хатти фақр қарор дорад, ки 14 фисади онро қашшоқии шадид ташкил медиҳад.

Дар идомаи нишаст Аббосалӣ Ҳасанов ба мавзӯи хариди алюминий аз Тоҷикистон даъл кард. Сафири Озарбойҷон иброз дошт, ки кишвараш бо вуҷуди таъхири фаровон бо мақомоти тоҷик ба тавофуқ расида ва барои хариди алюминиюм феълан музокирот ҷарён дорад. Аммо суол инҷост, ки оё Тоҷикистон метавонад алюминиюми худро ба таври муназзам ба ин мамлакат фурӯшад, дар ҳоле, ки корхонаи алюминиюми тоҷик бо газ кор мекунаду Узбакистон дар додани газ бештар аз гузашта сахтгирӣ мекунад?
Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ аз тариқи бандарҳои Боку, хоҳиши роҳандозии фурӯши алюминийро дошт ва чанд соли пеш ҳам танҳо ба хотири фурӯши алюминиюм, сафораташро дар ин кишвар боз кард: «Ин ҳам ба он хотир буд, ки Русия замоне роҳи фурӯши алюминиюмро бар рӯи Тоҷикистон баст ва мо хостем то фурӯши алюминийи худро, ки бештар ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ содир мегардад, аз тариқи баҳри Балтик ва шаҳрҳои бандарии Санкт- Петербург бароҳ монем. Аммо бо дахолати Русия мо тасмим гирифтем, то фурӯши алюминийро аз роҳи бахри сиёҳ оғоз кунему аз роҳи Боку ва дигар шаҳрҳои бандарии Озарбойҷон ин корро анҷом диҳем. Зеро ба воситаи роҳи обӣ фурӯхтани он арзонтар меафтад».

Дипломатияи заиф ва фасоди молӣ аслитарин мушкил

Сафири Озарбойҷон дар идомаи нишасти хабари афзуд, буҷаи Озарбойҷон дар соли 2012 ба 42 миллиард доллар расид. Сармоягузорӣ бошад, ба 122 милллиард доллар баробар шуд, ки нисфи онро сармоягузории хориҷӣ ва қисми дигарро сармоягузории миллӣ ташкил медиҳад. Инчунин ММД-и Озарбойҷон 63 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки 1 820 доллар бар сари ҳар нафар рост меояд ва рушди иқтисоди ин кишвар тайи солҳои 2004-2010 36% будааст. Сафири Озарбойҷон гуфт, кишвараш бӯҳрони молии соли 2008-ро бо муваффақият паси сар кард, ки ин ба хотири сиёсатҳои стратегии иқтисодии ин кишвар буд. Аббосалӣ Ҳасанов дар идома қайд кард, ки имрӯз дар ин кишвар ҳама чӣ дар пеши чашм дар ҳоли тағйир аст, чунончи дар ҳар сари роҳ пешрафтҳои чашмгире дида мешавад. Аз сохти корхонаву роҳу пулу мадраса гирифта, то бунёди донишкадаву марокизи варзишву парк ва ғайра.

Ҳамчунин мубодилоти иқтисодии ин кишвар бо Тоҷикистон ҳудуди 20 то 22 миллион долларро ташкил медиҳад. Ширкати "Risk" - и Озарбойҷон, ки дар 24 кишвари дунё фаолият дорад, дар Тоҷикистон бар рӯи як тарҳе сармоягузорӣ кардаву аммо ҷониби Тоҷикистон маблағе барои ин тарҳ надорад, ки ба ҳамин хотир ин ширкат аз Бонки осиёии рушд қарз гирифтааст. Ҳазинаи ин тарҳ 60 миллион долларо дар бар мегирад. Аммо чун Тоҷикистон саҳми худро дар иҷрои ин тарҳ нагузошта, иҷрои он ноком мондааст.

Ба андешаи таҳлилгарон дар тамоми дунё тиҷорату иқтисод пойбанди сиёсат аст. Равобити иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо метавонад хуб бошад. Аммо аз нигоҳи сиёсӣ метавонанд якдигарро чашми дидан надошта бошанд, монанди Чину Амрико, ки агарчи 40 дарсади бозори ин кишвар дар тасхири колоҳои чинист, аммо аз нигоҳи сиёсӣ ин ду кишвар душмани якдигаранд. Бештари саҳмияҳои бонкҳои Амрикоро ҳам чиниҳо харидаанд ва ахиран саҳмияҳои боз як бонки дигари бузурги ИМА ҳам моли хитоиҳо шуд. Коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба хотири дипломатияи заифаш бо ҳамсояҳояш наметавонад равобити хуби иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор кунад. Иллати ин ҳам бармегардад ба он ки барномаи дурусте дар ростои ҷалби диққати дигар кишварҳо ироа намедиҳад. Чун дар ҳоле муносибатҳои ду кишвар 20 сола мешавад, ки сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар соли 2008 шурӯъ ба кор кардаанд.

Иқтисодонон сабаби равобити номуваффақи иқтисодии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо аз ҷумла Озарбойҷонро ба фасоди молӣ марбут медонанд. Гуфта мешавад, фасод роҳи вуруди сармоя ва тиҷоратро маҳдуд мекунад. Чун вақте тоҷирони мустақил ба Тоҷикистон меоянду бо фасод мувоҷеҳ мегарданд, фаъолияти худро оғоз накарда бармегарданд ва ё сармоягузорон аз амн будани сармояи худ дар кишвар дучори тардид мешаванд. Гузашта аз ин, низоми андозбандии сангини ҷорӣ дар Тоҷикистон монеаи дигари ҷиддиест, ки равобити тиҷоратии байни кишварҳоро халалдор мекунад. Ин гуна мушкилот ҳамкориҳои тиҷоратии байни кишварҳоро коста мегардонад. Ҳамин риоя нагардидани қавоиди фаолият дар бозорҳои Тоҷикистон пеши роҳи ҳар гуна равобити хуби тиҷориро гирифтааст.

Сиёвуш Қосимзода   

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)