Бахшҳо
29 май 2012 11:32Гузориш

Авзалов: Мо гуши шунаво дорем ва ба арзу додатон хоҳем расид

Рӯзи шанбеи 26-уми май Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф овард.

Сафари кории раиси вилоят тибқи фармони президенти ҷумҳурӣ дар мавриди вохӯрии роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо бо аҳолӣ ва дар ҳамин замина ҳали проблемаву мушкили мардум роҳандозӣ гардид. Тибқи хабари аз ҳукумати вилояти Хатлон расида, раиси вилоят рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ба навоҳии вилоят ба сафари корӣ баромада, бо сокинони ноҳияҳо мулоқот мекунад. Нахустин маротиба Авзалов вохӯриро бо сокинони як ҷамоати деҳот доир намуд.

Ҷамоати деҳоти Пахтакор, ки акнун ба Худоёр Раҷабов тағйири ном кард, аз солҳои 60-уми асри пор то имрӯз ҳамчун мавзеи беморони сил шинохта мешавад.
Ғайбулло Авзалов зимни вохӯрӣ қайд намуд, ки мулоқоти навбатиро махсус бо сокинони ин ҷамоат интихоб намудааст: «Медонам, ки проблемаҳои ин мавзеъ зиёданд. Ҳукумати вилоят ба мушкили аҳолии ин ҷамоат бепарво нест ва маҳз бо шумо ба сӯҳбат омада, дар ин дидор бо камбудиву проблемаҳои шумо ошно гашта, кӯшиш мекунем то ба ҳадди имкон бароятон кӯмак намоем. Ҳар нафаре, чӣ гуфтание дорад, арзу шикоят ва ё пешниҳоду дархост, бе ягон ҳарос метавонад баромад кунад. Мо гуши шунаво дорем ва ба арзу додатон хоҳем расид».

Дар вохӯрӣ сокинони рустоҳои ҷамоат ба сухан баромада, барои ҳали мушкилот аз раиси вилоят кӯмак мехостанд. Аммо мавриди зикр аст, ки тақрибан ҳама аз мушкили инфиродӣ ҳарф намезаданд. Танҳо чизеро мехостанд, ки барои ҳамаи аҳолӣ фоидаовар аст.
Майрам Назирова, як сокини рустои Осмонбика гуфт, ки беморхонаи минтақавии ҷамоат муддати зиёдест, ки аз фаъолият бозмондааст ва дар ин маврид беморони ҷамоатро зарур мешавад, то бо мушкили зиёд худро то ба шаҳри Кӯлоб ва ё маркази ноҳия расонанд, ки масофаи зиёд аст.

Аммо, Мисралӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустии минтақавии Кӯлоб бо худсафедкунӣ мегуфт, ки ба хотири бунёди беморхонаи нави минтақавии зидди сил дар ноҳияи Восеъ, маризони гирифтори ин беморӣ метавонанд ба он ҷо муроҷиат намоянд: «Барои маризони дигар бемориҳо, беморхонаи ҷамоатӣ бо 15 кат фаъол аст. Беморон метавонанд ин ҷо муолиҷа гиранд». Вале сокинон мегуфтанд, ки барои тифли беморро то ба Кӯлобу Восеъ бурдан аввалан имконият надоранд, баъдан маризон дар ин масофаи дур азияти зиёд мекашанд. Инчунин, ягон шӯъбаи таваллудхона низ дар ҳамаи ҷамоат нест, ки барои бонувони зоянда мушкили зиёд меорад.

Ғайбулло Авзалов гуфт, ки аз вазъи беморхона ба пуррагӣ огоҳ аст ва он барои фаъолият намудан ҳанӯз омода нест: «Барои ин дар кӯтоҳтарин муддат беморхонаи ҷамоатро таъмиру аз нав барқарор кардан лозим. Санаторияи барои гирифторони сил низ ҳоло фаъолият намекунад. Онро ҳам ҳар чӣ тезтар аз таъмир бароварда, фаъол намоед ва бо духтурону кормандони миёнаи тиббӣ таъмин намоед».
Барои азнавбарқароршавии ин ду беморхона, раиси вилоят ба Раёсати молияи вилоятӣ супориш дод, то дар ин маврид маблағи зарурӣ ҷудо намояд.

Масъалаи дигари зарурӣ, ки аҳолии ҷамоат изҳори нигаронӣ доштанд, таъмин набудан бо оби нушокӣ буд. Дар ин маврид, ҷаноби Авзалов ваъда дод, ки дар ҳали ин мушкил ҳатман кӯмак хоҳад намуд. «Аз ҳисоби буҷаи вилоят ба қадри тавон маблағ ҷудо намуда, қубуру дигар маводи заруриро таъмин менамоем. Дар мавриди ҳали мушкили ҷомеа ҳукумати вилоят чораҳои аз дасташ меомадаро мерасонад. Ҳукумати марказӣ ҳам барои аҳолии ҷумхурӣ ба қадри имкон кӯмак менамояд. Боқӣ корҳои пешомадаро ба таври ҳашар ва кӯмаки соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонидан лозим»,-афзуд раиси вилоят.

Дар вохӯрӣ раиси вилоят аз фаъолияти нохуби идораҳои давлатӣ, бахусус Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, нозироти андози давлатӣ, шабакаҳои барқӣ, шӯъбаи молия ва корхонаҳои саноатӣ изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба иттилоъ, Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ҳудуди ноҳия дар ҳолати сусти фаъолият ва дар бисёр маврид дар ҳолати садамавӣ қарор доштаанд. Дар ноҳия 266 духтури касбӣ намерасад, вале Раёсати тандурустӣ аз ин парвое надорад. Ба андешаи Авзалов «фаолияти ин ташкилотҳо тағйироти ҷиддиро металабад. Зеро саломатии аҳолӣ ва ғанӣ гаштани хазинаи буҷаи маҳаллӣ ва дар ин бастагӣ рушди минтақа маҳз аз онҳо вобастагии зиёд дорад».  

Аслиддин Достиев








































































Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)