Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:32

Сангдара ва сокинони он бо оби нӯшиданӣ таъмин шуданд

29 июн 2011, 03:41

Сокинони як деҳаи дурдасти минтақаи Ховалинг бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» бо ташаббус ва маблағгузории ҳукумати ноҳияи Ховалинг дар рустои дурдасти Сангдараи ҷамоати деҳоти Шугнов, дар масофаи 3-ҳазор метр  хати оби нўшокӣ барои сокинон кашида оварда шуд.Қодир Валиев, раиси ноҳия мегӯяд, ҳанўз замони шуравй хати обтаъминкунӣ  барои ин русто вайрон гашта буду муддати беш аз 25-сол буд, ки сокинони деҳа аз оби ошомиданӣ маҳрум гашта буданд. Сар аз тирамоҳи соли гузашта барқарорсозии хати об, ки миёни кӯхистон мегузараду дар баъзе маврид зарурати кандани канал ба амал омада буд, оғоз гардида, баҳори имсол он ба таври пурра аз нав эҳё гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Гузашта аз ин, 750-метр қубури обгузар, ки низ дар натиҷаи фармадани ярч вайрон гашта буданд, аз нав таъмиру барқарор гардиданд. Ба қавли ҹаноби Валиев, дар ҳамин ҳол зиёда аз 150-гектар замин обёрӣ гардида, барои кишт тайёр шудаанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!