Бахшҳо
30 май 2012 05:04Гузориш

Маълумоте, ки дар Қирғизистон ҳама дастрасӣ доранд, дар Тоҷикистон «сир»-и давлатӣ аст

Дар тамоми ҷаҳон медонанд, ки барои нигоҳдории як сарбоз чанд пул ҷудо мешавад, аммо дар Тоҷикистон ин сир аст.

Дар мо эълон мекунанд, ки бо қарори президент ба мардум замин дода мешавад, аммо касе намедонад, ки кай, чӣ хел ва бо дасти кӣ ин кор амалӣ мешавад. Зеро қарори заминдиҳӣ тақрибан 2 сол пеш буд, аммо мардум ҳанӯз намедонанд, ки чаро то имрӯз дар бисёр навоҳиву маҳалҳо замин тақсим намешавад.

Гӯё мансабдор худаш шоҳу табъаш вазир аст ва аз ӯҳдадории қонунии ҳисоботдиҳӣ ва маълумотдиҳӣ ба мардум саркашӣ мекунад.

Дар мо нерӯгоҳи «Роғун»-ро идеяи миллӣ унвон карданд, аммо дар бораи ин идеяи миллӣ мардум маълумот дастрас карда наметавонанд. Ба назар мерасад, ки ё мансабдорон намехоҳанд ба мардум дар ин бора иттилоъ диҳанд ё ҷомеаи шаҳрвандӣ «ҳукумати мардумӣ»-ро ба ҳисобот додан водор намесозад.

Ба андешаи Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия плюс» сабаби аслии аз иттилоъ додан худдорӣ кардани чиновник ин беҷазо мондани ӯ мебошад. Ҳеч касро барои надодани маълумот ҷазо намедиҳанд. Ба ин хотир барои мансабдор осонтар аст, ки ягон маълумот надиҳад. «Мо чунин фазоеро ба вуҷуд наовардаем, ки чиновник аз маълумот надодан ҳарос дошта бошад, ки метавонад аз рӯи қонун ҷазо гирад», иброз дош ӯ.

Дар ҳамин ҳол вазъият дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле беҳтар арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи коршинос дар масоили ВАО, Лариса Ли дар Қирғизистон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва парламент маълумот дастрас кардан барои журналистон кори осон аст ва аз сӯи дигар баъзе ниҳодҳо, аз ҷумла бонк ҳар моҳ ҳисоботи худро пешниҳод мекунад. Ӯ мегӯяд, агар ба журналист маълумот надоданд, бояд ба Парлумон, ниҳоде, ки намояндагонашро мардум интихоб кардаанд, муроҷиат кунад ва аз болои ин ё он вазорати «худписанд» шикоят намояд ё дар нашрияву расонаҳо номи вазоратҳоеро, ки аз маълумотдиҳӣ саркашӣ мекунанд нависад ва онҳоро водор созад то вазифаи қонунии худ: маълумот додан ба мардумро иҷро кунанд.
Вале ба назар мерасад, ки вазъият дар Қирғизистон фарқ мекунад. Зеро дар мо агар ба Парлумони «дарҳои боз» муроҷиат кардан хоҳед, нахуст ҳангоми ворид шудан ба бино 15-20 дақиқа тафтиш мекунанду баъд роҳ медиҳанд ва боз агар шикоят дошта бошед, нома нависеду супоред ва пас аз як моҳ ҷавобашро мегиред. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Парлумон ҳам феълан барои додани бисёре аз маълумотҳо худдорӣ мекунад, аз ҷумла, дар бораи додани бастаи ҳуҷҷатҳо дар бораи қонуни буҷет, ки он қабулшуда аст ва маълумот бояд дастраси мардум гардад. Дар Қирғизистон журналистон ба ин гуна ҳуҷҷатҳо дастрасӣ доштаанд ва ҳатто дар бораи ҷудо шудани пул бар сари ҳар сарбоз иттилоъ пахш мекардаанд. Лекин дар мо ин маълумот, яъне хабар пахш кардан оид ба бахши мудофиа комилан махфӣ аст.

Рӯзноманигор Назаралӣ Пирназаров мегӯяд, ки дар бораи «Роғун» аз Бонки ҷаҳонӣ маълумот дастрас карданӣ хостааст ва бо масъули идораи ин бонк дар Тоҷикистон тамос гирифтааст. Аммо масъули бонк посух додаст, ки ҳар чӣ маълумоте буд тариқи варақаи иттилоотӣ пешниҳод кардааст ва дигар ҳеч чиз илова карда наметавонад. Дар сурате, ки дар варақаи иттилоотии паҳншудаи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ маълумоти мушаххасе дар бораи ташхиси «Роғун» ва сабаби рафтани ширкати бозрас ё таъйиди он ёфтан душвор аст.
Аммо Лариса Ли мегӯяд, ки дар Қирғизистон агар мабодо маълумотеро ниҳодҳои давлатӣ дастрас карда натавонанд ё дар ихтиёр надошта бошанд, дастрас кардан аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ боз кори осонтар аст.
Ба назар чунин мерасад, ки кишвар чӣ низом дошта бошад, намояндагиҳои созмонҳои байналмиллалӣ ҳам офиси монанд ба онро боз мекардаанд. Вагарна, чаро дар Қирғизистон дастрасӣ ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ осон асту дар Тоҷикистон касе омода нест шарҳ диҳад?

Исфандиёр Халилӣ   
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)