Бахшҳо
02 июн 2012 08:09Гузориш

15 дарсад ихтисори кормандони давлатӣ кофӣ аст?

Теъдоди вазоратҳоро бояд кам кард, ин қадар вазоратҳо ба мо зарур нест. То ҳамин корро анҷом надиҳем, бо 5-10 ва 15 фоиз ягон натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Наход як Ҷопоне, ки 130 миллион аҳолӣ дорад 11 вазир дошта бошаду Тоҷикистон, ки ба як ноҳияи Ҷопон баробар нест, дорои вазирҳои зиёд бошад. Як ноҳияи Ҷопон аз Тоҷикистон бештр маҳсулоти доихлӣ истеҳсол мекунад. Нафароне, ки ихтисор шуданд, агар мутахассис бошанд, боз ҷои кор меёбнд. Мутахассис ҳеч вақт бекор намемонад. Он нафаре бекор мемонад, ки аслан ба касе даркор нест.

Шодӣ ШАБДОЛОВ, раиси ҲКТ

Имрӯз кадом соҳаеро нагирем, нисбат ба давраи шӯравӣ истеҳсоли маҳсулот кам аст, лекин теъдоди кормандон бениҳоят зиёданд. Ин кормандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маош мегиранд ва ман борҳо дар баромадам ҳангоми баррасии буҷети давлатӣ ин масъаларо дар миён гузоштам ва гуфтам, ки ба ин шакл идома додани кор мумкин нест. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол кам мегардад ва теъдоди кормандоне, ки маҳсулот истеҳсол намекунанд ва фақат ба назорату тафтишу кофтуков машғуланд, меафзояд. Бо чунин ихтисори тахминӣ наметавон масъаларо ҳал кард, бояд кормандони идораҳо комилан ихтисор шаванд ва аз нав мутахассисони варзидаву таҷрибадор ба кор даъват шаванд. Маоши дуруст пешниҳод кардан даркор аст, зеро бо 400-500 сомонӣ ягон корманди варзида дар идораҳои давлатӣ кор намекунад. Чӣ хел мешавад, ки дар дастгоҳи давлатӣ бо 500-600 сомонӣ маош қаноат кунад? Аз ҳамин сабаб ба кофтукову тафтишу дигар корҳое даст мезанад, ки сади роҳи рушди иқтисоди кишвар мегардад. Зеро он корманди давлатӣ ҳам дигар илоҷ надорад, ӯ инсон аст ва фарзанду зану оила дорад ва зиндагияшро бояд пеш барад. Теъдоди кормандони давлатӣ бояд ба маротиб кам карда шавад ва касоне, ки кор мекунанд бояд бо маоши хуб таъмин гарданд. Замони шӯравӣ ба ғайр аз телефон ва факс дигар дастгоҳи иттилоотӣ набуду, имрӯз интернету технологияҳои иттилоотиву назоратӣ ниҳоят зиёд аст ва кори чанд нафарро метавонад анҷом диҳад. Теъдоди вазоратҳоро бояд кам кард, ин қадар вазоратҳо ба мо зарур нест. То ҳамин корро анҷом надиҳем, бо 5-10 ва 15 фоиз ягон натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Наход як Ҷопоне, ки 130 миллион аҳолӣ дорад 11 вазир дошта бошаду Тоҷикистон, ки ба як ноҳияи Ҷопон баробар нест, дорои вазирҳои зиёд бошад. Як ноҳияи Ҷопон аз Тоҷикистон бештр маҳсулоти доихлӣ истеҳсол мекунад. Нафароне, ки ихтисор шуданд, агар мутахассис бошанд, боз ҷои кор меёбнд. Мутахассис ҳеч вақт бекор намемонад. Он нафаре бекор мемонад, ки аслан ба касе даркор нест. Ин нафарон аслан мутахассис нестанд ва дар идораҳо мешинанду як маълумотномаро дуруст мекунанду гапи дурӯғро фаровон чоп менамоянду одамонро сарсону саргардон месозанд. Ин хел мутахассис ба кӣ даркор аст? Ба ҳеч кас!     

Раҳматулло ВАЛИЕВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Дар қиёс бо даврони шӯравӣ ҳоло кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ хам дар дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳам дар ҳукумату ҳокимиятҳои ноҳиявиву вилоятӣ, хеле зиёданд. Албатта онҳое, ки дар ҳукумат кор мекунанд, истеҳсолкунанда набуда балки истеъмолкунанда ҳастанд. Истеҳсолкунандагон танҳо деҳқонон ҳастанд, ки молеро тавлид карда бозорро ғанӣ мегардонанд. Ба ҳамин хотир фикр мекунам, ки дар замони шӯравӣ ҳам теъдоди каме аз одамон бо сифат ва дар сатҳи баланд корашонро иҷро мекарданд. То 15 дарсад кам кардани шумораи кормандони ҳокимияти давлатӣ сари вақтист ва ин ихтисорот зина ба зина боз ҳам зидётар хоҳад шуд ва фикр мекунам, ки то 25% коҳиш додани кормандони ҳокимияти мақомоти давлатӣ хуб аст. Акнун 15 фисад кам мешавад ва агар баъди 6 моҳи дигар боз 10 фоизи дигар кам мешуд, хеле хуб мешуд. Ин як масъалаи муҳим аст, ки то кадом дараҷа ихтисори кормандони корхонаҳои давлатӣ ба таври шаффоф сурат мегирад. Ва то кадом андоза шаффоф сурат гирифтани ин ихтисорот, ба нафъи ҳамагон аст.  Онҳое, ки аз ӯҳдаи кор намебароянд бояд ихтисор карда шаванд ҳамроҳи он вазифаҳое, ки такрориянд. Аммо агар он одамоне, ки барои роҳбар худаш, ситорааш ё географияаш маъқул нест, ихтисор гарданд, ин ба нафъи ҳеч касе нест. Принсипи ҷудо кардан ва интихоби кадр на аз рӯи маҳалу аз рӯи мӯҳаббати шахсӣ ба роҳбар, балки бояд аз тибқи кордонӣ ва тахассуси баланди шахс бошад. Дар ҳоли ҳозир Кумитаи андоз ва Агентии мубориза бо коррупсияи назди президент, ҳамдигарро такрор мекунанд. Хамчунин Вазорати кишоварзиву Вазорати мелиоратсия метавонанд кори якдигарро анҷом диҳанд ва дигар вазоратҳое ҳастанд, ки метавонанд дар якҷоягӣ фаъолият кунанду як шаванд.                          

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси ҲУСДТ

Ин бори аввал нест, ки кормандони давлатиро ихтисор мекунанд. Вале одатан дар чунин мавридҳо кӯшиш менамоянд, ки ҷойҳои холӣ бударо ба ҳамин баҳона барои ихтисор пешниҳод кунанд. Воқеан дар мақомоти мухталифи ҳокимияти давлатӣ аз меъёр зиёд кор мекунанд ва мувофиқи мақсад мебуд, ки онҳоро то 50 фоиз ихтисор намуда, ҳамзамон вазорату идораҳои ҷумҳуриву маҳаллиро низ такмил диҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ несту роҳбар зиёд аст. Дар хусуси ихтисори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бошад, ҳаминро бояд зикр намуд, ки низомҳои авторитарӣ доимо кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади нигоҳ доштани вазифаи худ онҳоро аз меъёрҳои муқарраргардида зиёдтар маблағгузорӣ намоянд, ки бар хилофи иқтисодиёти миллӣ мебошад. Вале бо чунин  нимтадбирҳо  мушкилоти давлатдориро, ки хусусияти  стратегӣ доранд, ҳал карда намешавад.  

Маҳмадалӣ ҲАЙИТ, муовини раиси ҲНИТ

Хуб мешуд, ки худи ҳукумат пурра иваз гардад. Бо ин 15 фоиз ихтисоре, ки анҷом медиҳанд, боз ҳамонҳое ихтисор мегарданд, ки аз гурӯҳи маҳалли баъзе доираҳо нестанду садоқати шахсие ба касе изҳор накардаанд ва ё пушту паноҳе дар ҳукумат надоранд. Ва то имрӯз ҳар ихтисоре, ки сурат гирифта танҳо як тоифаи мардумро дар бар гирифтаву ин ихтисороти ҷузъие, ки дар ҳукумат сурат мегирд, ба тағироти куллӣ оварда намерасонад ва ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ зарбаи ҷиддӣ ворид месозад. Агар дар маҷмуъ ҳукуматро гирем, имрӯз ҳукумати мову шумо ҳукумати мардумӣ несту манфиатҳои мардумро пуштибонӣ намекунд ва пур аз ришваву ришвахурист. Агар тамоми соҳаҳо дар назар гирифта шавад, аз бахши маориф сар карда то соҳаи тандурустӣ танҳо бар зарари мардум аст ва мардум маҷбуранд бо додани ришва дар макотиби оливу миёна таҳсил намоянд ҳамчунин дар муассисаҳои тндурустӣ табобат гиранд. Ҳарчанд давлати мо иҷтимоист, вале аз иҷтимоӣ буданаш хабаре нест. Бинобарин ман фикр мекунам, ки агар тағйироти куллие дар ҳукумат рух медод монанди ҳукумти Русия, ки 75 дарсади кабинаи шурои вазирони Русия иваз гардид ва нафарони наве рӯи саҳнаи ҳукумат омаданд. Дар мо ҳам гар чунин коре сурат гирд, ба манфиати давлату миллат хоҳад буд. Вале бо тағйироте ҷузъие ба монанди тағйири вазирон, ба ин ҳукумат ҳеч чизе муяссар нахоҳад гашт.

Усмони СОЛЕҲ, раиси шӯъбаи иттилоотии ҲХДД

Ин ихтисоркунӣ ду паҳлӯ дорад. Нафарони зиёде ҳастанд, ки бекор мемонанд. Бояд бар сари ҷиҳати иҷтимоии ин масъала андеша кард. Паҳлӯи дигари масъала инҷост, ки кадрҳои нав сари кор меоянд. Барои мисол, барои як курсӣ як ё ду се нафар мусобиқа менамоянд, ки ниҳоят беҳтарини онҳо рӯи кор меояду боиси пешравии ҳамон корхона мегардад. Ба фикри ман ин ихтисорот хуб аст. Ин ихтисорот албатта, ки шаффоф сурат мегирад, зеро комиссияҳои муштараке ташкил мегардаду ин масъаларо ҳал менамояд. Аз рӯи суханоне, ки президент дар паёми худ гуфтанд, баъзе шӯъбаҳову идораҳои давлатӣ такрори якдигаранд. Агар ин идорҳои такрорӣ ихтисор гарданд, ба фикрам беҳтар хоҳад шуд.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Ҳоло ихтисор шудани кормандони давлатӣ ба назар намерасад, лекин як қароре ҳаст, ки ягон идораи давлатӣ бояд коргари нав нагирад. Дигар, ин ки шеваи хешу табориву шиносбозӣ ҳанӯз вуҷуд дорад ва дар байни мардум суханҳое ҳам ҳаст, ки дар кадом вазорат кӣ кор мекунад ва кадом ҳамшаҳриву хешу таборонашро дар атрофаш гирд овардааст. Ин падида дар Тоҷикистон ҳаст ва ягона иқдоме дар самти барканор кардани наздикон аз вазифа аз ҷониби вазири тозаинтихоби корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов сурат пазируфта буд, ки бародару писарашро аз кор гирифт ва онҳо ҳоло дар дигар ниҳод кор мекунанд. Ростӣ, намедонам аз рӯи кадом усулу шева вазорату кумитаҳо дар Тоҷикистон таъсис меёбанд, вале идораҳое ҳастанд, ки кори онҳоро худи дафтари раёсати ҷумҳур анҷом медиҳад. Баъд идораву вазоратҳое ҳаст, ки онҳоро метавон якҷоя кард, ба хотири он ки коршон дар алоҳидагӣ пеш намеравад. Ба таври мисол дар гузашта ЖЭУ ё идораи коммуналӣ фаъолият мекард ва ҳоло ҳам фаъолият дорад, аммо мувофиқи қонун барҳам дода шудааст ва бар ивази он ҳар бино як иттиҳоде таъсис медод, то назорати маҳалларо ба ӯҳда гирад. Зеро идораҳои коммуналӣ барои тамоми чиз аз мардум пул меситонанд, вале ҳеч коре анҷом намедиҳанд. Имрӯз пули обро масъулини идораи обу корез аз мардум мегранд, вале барои таъмири лӯлаҳои обу садамаи об дар хона ҷавобгӯ нестанд. Таъмири ин ба ӯҳдаи ЖЭУ аст, ки онҳо ҳеч имконияте надоранд. Вазорати обу мелиоратсия ҳамчунин, захираҳои обро дар ихтиёр надорад ва танҳо обёриву обрасонӣ ба мардумро ба ӯҳда дорад. Боз ҳаст Вазорати энергетика ва саноат, ки ба назари ман Вазорати энергетика бо вазорати об якҷо бошад беҳтар аст. Хулоса он ниҳодҳое, ки корҳояшон бо ҳам алоқамандии зич дорад, бояд якҷоя кард ва баъзе ниҳодҳои такрориро аз байн бурд.

Марат МАМАДШОЕВ, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс"

Албатта, ихтисор кардани кормандони давлатӣ амри зарурист, лекин гуфтан душвор аст, ки чанд фоиз кам кардан даркор. Ба фикри ман мо метавонем бе ягон проблема то 30-40 фоиз ихтисор кунем. Мо мебинем, ки ин ҷараён ношафоф аст. Ман бо сухани Шодӣ Шабдолов розӣ ҳастам, ки мо бояд бештар онҳоеро ихтисор кунем, ки дар системаи назоратӣ кор мекунанд, масалан кормандони БДА ва дигарон. Мутаасифона, ман боварӣ дорам, ки ин амал бидуни риояти принсипи хешутаборӣ сурат намепазирад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)