Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:21

Восеъ баъди 20 сол соҳиби пул шуд

4 июн 2012, 11:44

Роҳҳои нақлиётгарди навоҳии Фархору Шурообод, Муъминободу Балҷувон ва Кӯлобу Темурмалик ончунон вайрону валангор мебошанд, ки мусофирон то ба манзил расидан, афгору хаста мегарданд.

Роҳсозони муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ дар бист соли ахир аввалин маротиба як купруки мошингард сохта, ба истифода доданд.
Дар натиҷаи селхезии шадид як пули нақлиётгард дар рустои Заркорони ҷамоати деҳоти ба номи Вайсов хароб гардид. Роҳсозон ба таври муваққатӣ бо шинондани 4 қубури калонҳаҷм аз зери роҳи нақлиётгард, тавонистанд ҳаракати нақлиётро барқарор намоянд. Ҳамзамон, бо маблағгузории Вазорати нақлиёт сохтмони як пули кӯчакро низ ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ онро мавриди истифода қарор доданд. Дар маросими ифтитоҳи пул вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов, раиси ноҳия Султон Валиев ва намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон иштирок намуданд. Тибқи иттилои масъулини вазорат, ҳарчанд ин купрук хӯрд ҳам бошад, аммо нахустин маротиба аст, ки дар минтақа ва бо дасти сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд меёбад. Низом Ҳакимов гуфт «шурӯъ аз соли гузашта то имрӯз дар ҳамаи ҷумҳурӣ бо маблағгузории Вазорати нақлиёт ва ҷалби сохтмончиёни худӣ 68 пули хӯрд сохтаву ба истифода додаем. Дар минтақаи Кӯлоб бошад, ин пул беназир аст. Зеро аввалин маротиба аст, ки дар минтақа инчунин купрук сохта шуд».

Пули мазкур дар километри 3-юми шоҳроҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Восеъ-Ховалинг бо маблағи наздик ба 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Вазорати нақлиёт тибқи лоиҳаи пешакӣ 80 ҳазор сомонӣ барои сохтани он пардохт намуд. Инчунин, як соҳибкори маҳаллӣ бо исми Қурбон Камолов низ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби худ 10 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.

Дар маросими ба истифодадиҳии пул вазири нақлиёт роҳсозони восеъгиро бо бунёди аввалин купрук табрик намуда, аз ҷумла аз фаъолияти хуби ин муассиса изҳори қаноатмандӣ кард. Ҷаноби Ҳакимов саҳми роҳсозонро бахусус дар таъмиру нигаҳдории шоҳроҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявидошта, ки аз ҳудуди ноҳия гузаштаву нигаҳдории он ба зиммаи муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди Восеъ будааст, қайд намуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Қурбон Ҳикматуллоев, сардори муассиса, таъмиру тармим ва нигаҳдории 46 км роҳи аҳамияти байналмиллалидошта, 68 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 164 км роҳҳои маҳаллӣ ба ихтиёри ҳамин муассиса гузошта шудааст. Дар сӯҳбат ба Озодагон ҷаноби Ҳикматуллоев гуфт, дар мавриди таъмири роҳҳо пайваста Вазорати нақлиёт ва ҳукумати маҳаллӣ кӯмак мерасонанд. Аз аввали имсол ҳукумати маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст, ки роҳсозон онро аллакай аз худ намудаанд. Инчунин бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия Султон Валиев, 20 тона битум барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ба муассиса ворид гаштааст, ки 10 тонаи он аллакай дар таъмири роҳҳо сарф шудааст.

«Кормандони муассиса ният доранд боз 2 пули дигарро дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта, ки тақрибан садамавианд, таъмиру барқарор намоянд. Тибқи нақшаи пешакӣ, имсол Вазорати нақлиёт барои муассисаи мо 308 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, инчунин ваъдаи 20 тона битум низ кардааст. Бо дарёфти маблағ роҳсозон кушиш ба харҷ медиҳанд, то қитъаҳои вайронгаштаи роҳҳо ва ҳам пулҳои нақлиётгардро аз таъмир бароранд»,- афзуд Қурбон Ҳикматуллоев.
Воқеан, роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ дар нисбат ба дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб ҳамасола аз таъмир баромада, ба таври назаррас фарқкунанда мемонад. Агар аз як тараф дар ободонии он саҳми роҳсозон ҳам бошад, аз ҷониби дигар ба иқрори кормандони муассисаи роҳсозӣ, худи раиси ноҳия аз вазъи роҳҳо мунтазам назорат мебарад. Вале ин амал аз ҷониби раисони дигар навоҳӣ ба мушоҳида намерасад.

Роҳҳои нақлиётгарди навоҳии Фархору Шурообод, Муъминободу Балҷувон ва Кӯлобу Темурмалик ончунон вайрону валангор мебошанд, ки мусофирон то ба манзил расидан, афгору хаста мегарданд. Вазъияти роҳҳо дар марказҳои навоҳӣ боз ҳам дилгиркунанда мебошад. Аммо масъулини навоҳӣ онро нодида мегиранд ва бо баҳонаи зиёд, гӯш ба карӣ мезананд. Аз эҳтимол дур нест, ки Вазорати нақлиёт барои муассисаҳои давлатии роҳҳои автомобилгарди ин навоҳӣ ҳам маблағи зарурӣ ҷудо мекунад, вале ин маблағҳо кай, дар куҷо ва дар кадом самт равона мегарданд, «Х» боқӣ мемонад. Зеро ба гумони ғолиб, вазъияти роҳҳо барои ноҳиядорон чандон зарур нест ва таҳти назорат нестанд. Вагарна, бо истифода аз чанд тона шағали сиёҳтайёркардашуда (чёрный щебень) барои таъмиру рӯпӯш намудани чуқуриҳои сунъии роҳҳо, ки дар баъзе маврид ба каналу ҷӯй мубаддал гаштан доранд, метавон ҳам роҳро ҳамвор карду ҳам ронандагону мусофиронро аз хатари ҳар гуна садама раҳоӣ дод.

Тайи 3 сол мешавад, ки Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор дар мавриди аз таъмир набаромадани роҳҳои ҳудуди ноҳия ба саволҳои журналистон танҳо як баҳона меорад, ки маблағ ҷудо мекунем. Аммо баҳорон ҳаво хунук асту битумро бо шағал тайёр карда намешавад. Тобистон бояд роҳҳоро таъмир намоем, вале дар тобистон боз ҳам бо иллатҳои дигар, таъмири роҳҳо ба роҳ монда намешаваду дар тирамоҳ бошад, боз бо баҳонаи сардии ҳаво то тобистон мемонад. Дар ҳоли ҳозир, дар кӯчаҳои маркази ноҳия, ҳатто нақлиёти тасмачарх ҳам барои ҳаракат дар мушкил мемонад.  

Аммо кормандони муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ тавонистанд аз аввали имсол  46 км роҳҳои байналмиллалӣ, 30 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 12 км роҳҳои маҳаллиро бо истифода аз шағали сиёхтайркардашуда дар омехтаи битум, аз таъмир бароранд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Қурбон Ҳикматуллоев боз 97 тона шағали сиёҳи битумдор барои таъмир омода будааст. Пас, барои таъмири роҳ битуми бечораи сиёҳ ва фаслҳои сол гунаҳкор буда наметавонанд ё не?

Аслиддин Достиев



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!