Бахшҳо
07 июн 2012 10:09Оcиёи Марказӣ

Путин ва Каримов «Роғун»-ро баррасӣ карданд?

Коҳиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният дар минтақа баъд аз баровардани нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон яке аз масоили муҳими гуфтушуниди президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов будааст. Хабаргузории «РИА новости» ба нақли қавл аз Ислом Каримов менависад, ки Узбакистон дар симои Русия ҳамеша як абарқудратеро мебинад, ки вазъияти Осиёи Марказӣ барояш хеле муҳим аст. Раисҷумҳури Узбакистон аз он нигаронӣ кардааст, ки пас аз соли 2014 гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ фаротар аз марзи Афғонистон хоҳанд рафт. Дар зимн Владимир Путин гуфтааст, ки ташвиши Ислом Каримовро дар робита ба вазъияти Афғонистон қабул дорад, зеро ин ду кишвар бо ҳам наздиканд. Илова бар ин Владимир Путин зимни баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба гуфтааст, ки Русия ҳозир аст аз ин ба баъд равобит ва муносибаташро бо Узбакистон ҳамчун як шарики стратегии муҳим дар минтақа ба роҳ бимонад.
Гуфта мешавад, пас аз Белорус ин боздиди дуввуми Путин аз кишварҳои собиқ итиҳоди шӯравӣ мебошад. Коршиносон бар ин назаранд, ки Путин талош мекунад то нуфузи қаблии Русияро ҳамчун як кишвари абарқудрати минтақа ҳифз намояд. Гузашта аз ин бархе аз коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки ба эҳтимоли зиёд Владимир Путин ва Ислом Каримов ба ҷузъ аз масоили иқтисодиву амниятӣ масоили об ва тарҳҳои энержии минтақаиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ба гуфтаи онҳо маҳз ба ҳамин хотир Путин аз Тоҷикистон дидан намекунад. Александр Князев, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар як сӯҳбати худ бо «Озодӣ» гуфтааст, ки мавзӯи «Роғун»-ро Путин ва Каримов ҳатман барраси хоҳанд кард. Аммо ББС бо такя ба суханони Султони Ҳамад, таҳлилгари тоҷик менависад, ки Путин ба унвони як сиёсатмадори ботаҷриба ва дурандеш ҳеч баёнияе бар зарари Тоҷикистон пахш нахоҳад кард.


Путин ва Каримов «Роғун»-ро баррасӣ карданд?Дар ҳамин маврид Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии «Диалог» мегӯяд, ки дидори раҳбарони давлатҳои ҷаҳон ҷузъе аз барномарезии сиёсӣ ва стратегии ҳар як кишвар буда, он хеле қабл аз сафар ва ё тасмим тарҳрезӣ мешавад. Аммо Душанбе аз таваққуфи Владимир Путин дар кишварҳои Қазоқистону Узбакистон набояд сарфи назар кунад. Зеро агар Путин хоҳиш медошт, ҳатман аз Тоҷикистон ҳам дидан мекард.  

«Албатта расонаҳои хабарӣ менависанд, ки ҷанобон Путин ва Каримов дар Тошканд танҳо масоили иқтисодӣ ва дуҷонибаро матраҳ мекунанд. Ин сафари Путин сарироҳӣ буд ва ин масоилро онҳо метавонистанд дар ҷаҳорҷуби нишасти Шонхой мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Суоли матраҳ ин аст, ки Владимир Путин чӣ ниёзе ба мулоқоти сарироҳӣ бо Каримов дошт? Ба назари ман дар ин мулоқоти дуҷониба Владимир Путин ва Ислом Каримов дар робита ба масоиле муваффақ мешаванд, ки он ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад», илова намуд Ҳикматулло Сайфуллозода.


Зеро мегӯяд номбурда барои Путин мувофиқа кардани масоили мавриди назар бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дигар муҳим нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки Юрий Крупнов, раҳбари Ҳаракати рушд мегӯяд, ки сафари Путин ба Узбакистон ва Қазоқистон хусусияти сиёсӣ дошта, он барои ба даст овардани манфиат анҷом меёбад. Номбурда аз он тааҷуб мекунад, ки чаро коршиносони тоҷик зимни таҳлили дидори Путин аз Узбакистону Қазоқистон Тоҷикистонро ба назар гирифта, аз Қирғизистону Туркманистон фаромӯш мекунанд.
«Масъала дар он аст, ки Қазоқистон ҳамчун кишвари воридшаванда ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Авруосиё, Узбакистон ҳамчун давлати калонтарини собиқ шӯравӣ дар минтақа барои Русия аҳамияти хоса доранд. Албатта дар Тошканд ҷонибҳо масоили обиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аммо танҳо ба хотири ба риояи тавозуни истифодаи захоири обу- эенержӣ ва кашфи роҳи ҳали ин мушкилоти кишварҳои Осиёи марказӣ Путину Каримов сӯҳбат хоҳанд кард, мегӯяд Юрий Крупнов.
Путин ва Каримов «Роғун»-ро баррасӣ карданд?

Ба бовари раҳбари Ҳаракати рушд муносибат ва ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон хеле хуб буда, узвияти онҳо дар созмонҳое чун СПАД, ИДМ ва СҲШ равобити онҳоро густариш медиҳад. Номбурда аз он нигаронӣ намуд, ки дар ҳоли ҳозир ҷониби Русия барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба таври бояду шояд фаъол нест. Ба сифати далел ҷаноби Крупнов аз бетаваҷҷӯҳии Маскав дар робита ба омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ мисол овард. Эҳтимол меравад бо таъсиси корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ ҳузури иқтисодӣ ва гуманитарии Русия дар Тоҷикистон суръат мегирад. Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки муносибати Тоҷикистону Русия дар ҳолати ноҳамвор қарор дошта. Ба гуфтаи вай дидор ва мулоқоти охири дуҷониб дар Маскав муаяйн намуд, ки Душанбе ва Кремл нисбат ба масоили доғи муносиботи дуҷониба ва минтақавӣ чӣ аҳдофу ниёзҳое доранд. Ҳамчунин тақозои ҷаноби Раҳмон аз Путин дар мавриди эҳтироми манофеъи Тоҷикистон барои Русия хеле ҷиддӣ ва ғайричашмдошт буд. Раҳбари маркази таҳлилии «Диалог» бар ин назар аст, ки шунидани чунин масъалагузорӣ барои Путин ҳамчун раҳбари кишвари абарқудрат осон набуд. Он ҳам ҷониби оқои Раҳмон, ки Русия ӯро бо дараназардошти манфиатҳои худ сари қудрат овардааст, мегӯяд Ҳикматулло Сайфуллозода.


Номбурда эълони номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси президенти оянда дар интихоботи соли 2013 бе сабаб намедонад.
«Тоҷикистон чунин таҷриба надошт. Инҷо чӣ ниёзе барои ҷаноби Раҳмон вуҷуд дошт, ки номзадии хешро 1,5 сол қабл аз интихобот эълон намояд. Ин таҳрик мебошад ва Русия онро хуб дарк мекунад», мегӯяд ҷаноби Сайфуллозода.

Чунин ба назар мерасад, ки дар ин авохир муносиботи Русия бо Тоҷикистон ранги дигар мегирад. Метавон гуфт, ки шояд Тоҷикистон ягона кишваре бошад, ки тарҳҳои бузургтаринаш бо дахолати Маскав амалӣ нагардиданд. Барои мисол соли 2004 қабл аз мухолифати Тошканд барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» Русия эълон дошт, ки худ сармоягузорӣ ин пружаи энержӣ хоҳад буд. Баъдан ҷаноби Путин ҳангоми сафараш ба Душанбе созишномаеро дар хусуси  2 милиард доллар сармоягузорӣ ба Тоҷикистон  имзо намуд. Дар ин миён Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ба ҷо овард, аммо Русия ақибнишинӣ кард.


Путин ва Каримов «Роғун»-ро баррасӣ карданд?Ба ҷуз аз «Роғун» нофаҳмиҳо  миёни Душанбеву Маскав ҳамчунин дар мавриди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Пардохти ҳақи истифода аз замини Тоҷикистон боъиси норозигии Русия гашт.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин рафтори Русия коршиносони тоҷик мегӯянд, ки Душанбе набояд умед бар Маскав бандад. Зеро Русия ҳамчун кишвари абарқудрат барои расидан ба манфиатҳои хеш ба ҳама кор қодир аст. Гузашта аз ин Тоҷикистон набояд Русияро ба унвони кишвари бародар ва ё стратегӣ қабул карда, сарфи назар аз манфиати хеш кунад. Сӯҳроб Шарипов, собиқ раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур зимни як нишасти хабариаш гуфта буд, ки Русия барои истифодаи ройгон аз иншооти бузурги Тоҷикистон одат кардааст.



Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)