Бахшҳо
07 июн 2012 11:38Сиёсат

Замони содасозии баҳси ҳуввият ба сар расидааст

Баҳси ҳуввият дар Афғонистон рӯз ба рӯз доғтар ва ҷанбаҳои васеътаре касб мекунад. Ҳарчанд фишори қавмгароён барои тангтар кардани забони форсӣ бештар мешавад, бонги рушанфикрони тоҷики ин хитта низ баландтар ва расотар ба гӯши ҷаҳониён мерасад. Ба назари соҳибназарон решаи асосии ҷангҳои тулонӣ ва хастакунанда дар Афғонистон бархоста аз масъалаи тайини ҳуввият аст ва то замоне, ки ин мушкил ба таври воқебинона арзёбӣ нашавад, суботу оромиш ба Афғонистон баргаштанӣ нест. Нотавонии ҳузури нерӯҳои байналмиллалӣ тайи беш аз даҳ соли гузашта барои таъмини амнияту субот дар Афғонистон гӯёи ин ҳақиқат аст, ки ҳалли мушкили ин кишвар роҳи низомӣ надорад ва бояд раҳбарони сиёсии афғон худ бо дирояту хештандорӣ роҳи тафоҳум ва ризоияти миллӣ дар ин кишварро пайдо кунанд ва барои ҳифзи якпорчагии Афғонистон ба таври ҷиддӣ ва воқебинона чораандешӣ кунанд. Мақолаи зер навиштаи Муҷиби Меҳрдод, шоири ҷавон ва навгарои Афғонистон аст, ки дар баробари фишорҳои фазояндаи ахир ба дифоъ аз ҳуввияти хеш бархостааст.

Ба қавли Ҳоа Орент вақте ба унвони як яҳудӣ мавриди ҳамла қарор мегирӣ, маҷбурӣ ба унвони як яҳудӣ дифоъ кунӣ. Аммо Орент ба ин бовар низ буд, ки Эйшман ҳамонгуна, ки дар Исроил муҳокима шуд бояд аз тарафи як додгоҳи байналмиллалӣ низ муҳокима мегардид, то наслкушиҳои нозиҳо на амале зидди яҳудӣ, ки амале зидди инсонӣ пиндошта мешуданд. Инро барои он гуфтам, ки дар Афғонистон ҳангоме ки вориди баҳсҳои ҳуввиятӣ мешавӣ пешопеш барчаспи қавмӣ бар пешониат хурдааст ё аз як мавзеи қавмӣ ба гуфтаҳоят посух дода мешавад. Мо ҳаргиз натавонистаем баҳсҳои Афғонистонро ба унвони масоил ва бӯҳронҳои инсонӣ матраҳ кунем ва барои он аз мавзеи бетараф чора бияндешем. Бахусус баҳси адолатхоҳӣ дар Афғонистон ҳамвора аз мавзеи қудрат ба масхара гирифта шудааст. Қудрате, ки моҳияти қавмиашро натавонистааст пинҳон кунад ё ин гаройишро дар пушти ниқоби дуруғини идиулужик тавонистааст китмон кунад, зеро ин баҳсҳо бар пояи маслиҳатҳо, ки ҷонмояи аслиаш қудратанд ҳамвора фоқиди машруият мешаванд.

Ҳукуматҳои Афғонистон умдатан моҳияти қавмӣ доштаанд. Ҳизби Демукротики Халқ тарҳи ҳалли масъалаи миллии Муҳаммадтоҳири Бадахширо натавонист бар битобад. Онҳо ин масъаларо дар таърихи Афғонистон инкор мекарданд. Ҳатто шохаи баъдии ҳизби Демукротики Халқ ба номи Парчам низ хостгоҳи табақотӣ қавмӣ дошт. Наҳзати ҷиҳоди Афғонистон низ дучори ҳамон балое шуд, ки бар сари ҳизби Демукротик омада буд. Танзимҳои ҷиҳодӣ умдатан бар асосоти қавмӣ бино ёфта буданд ва бар ҳамон мабно низ вориди ҷангҳои хонумонсӯзи оғози даҳҳаи ҳафтод шуданд. Агарчи омоҷи аслии онҳо инҳисори қудрат буд, аммо дар кишварҳое бо сохтори ашираии Афғонистон чигуна метавон қудратро аз қавмият ҷудо кард ? Чун дар чунин ҷавомее, ки фоқиди созу кор ва бофти мудернанд, қудратҳо бо қавмиятҳояшон ба ҷанги ҳам мераванд, қудратҳо бо қавмиятҳояшон наҷот меёбанд ё нобуд мешаванд. Ҳукумати Толибон низ як ҳукумати қавмӣ буд, зеро нерӯи ҷанганда ва пояҳои иқтидори он умдатан аз манотиқи паштуннишин таъмин мешуд.

Нашриёти Толибон умдатан бо забони пашту чоп мешуданд. Радиои «Садои шариат» дар ҳудуди ҳаштод дар сад ба забони пашту нашарот дошт. Дар ҳукумати Карзай низ барои дарҷи мусталаҳоти миллӣ ба қонуни асосии Афғонистон дастбурд зада шуд ва бо шунидани як вожаи масалан «донишгоҳ» кафи даҳонҳо сар мекард ва лаъну нафрин бар ту меборад ва барчасби нукарӣ ва вобастагӣ ба ту зада мешавад. Ман дар идомаи ин набишта ишороти бештаре ба пешинаи ин масъала хоҳам дошт. Бархеҳо ин воқеиятро нодида мегиранд. Ба назари ман ин содасозии баҳс аст. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки баҳси ҳуввият Дар Афғонистонро вориди душвориҳояш бисозем. Аз он натарсем ва барои як раҳёфти доимӣ ва пойдор шаҳомати бештар ба харҷ диҳем. Ман ба ин боварам, ки дар кишварҳои истибдодзадаи ҷаҳони саввум замоне, ки истибдод соқит мешавад мардум, ки аз зери инқиёди маҳз наҷот меёбанд, ногаҳон мутаваҷҷеҳи ҳастии таърихӣ ва ҳуввиятии хеш мешаванд, онҳо медонанд, ки таърихе доранд ва бояд онро бозгӯ кунанд ва чунин мекунанд.

Баҳси ҳуввият дар Афғонистон бо соқит шудани низомҳои худкома ва ба хусус дар олами муҳоҷират ба далели фазои бози кишварҳои мизбон густурдатар шудааст ва ҳеҷ шаке вуҷуд надорад, ки бо густурдагии саводи мардум ин баҳс ҷанбаҳои бештаре пайдо кунад. Мизони шиддат ва коҳиши таззоди қавмӣ дуруст аст, ки бо мизони тавсеа ёфтагӣ мутаносиб аст, аммо агар ба ҳамин ҷанбаи баҳс басанда кунем дучори содалавҳӣ шудаем. Имрӯз Катлониҳо ба Боскҳо дар қалби Аврупои мутамаддин дархости ҷудойӣ доранд, пас беҳтар он аст, ки ба ҷойи содасозии баҳс чашмонро ба рӯи он боз кунем ва воқеияту айнияти онро ба расмият бишносем. Агар мабнои қазовати мо ҳамвора мардуми ом бошад боз ҳам ба хато рафтаем, зеро кунишгарони иҷтимоӣ ва сиёсӣ онҳое, ки нақши ҳидояткунанда доранд, ононе, ки ҳамон тудаҳои безабонро ба ҳар сурате дармеоваранд, онҳое, ки билохира ҷараёнҳои таърихиро рақам мезананд, имрӯз дар даруни ин вазъият қарор гирифтаанд, дар даруни бӯҳрони бархоста аз танаввӯи қавмӣ. Нигоҳе ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бияндозед, ба сойтҳо, блогҳо, ман тааҷҷӯб мекунам ин қазоватҳои хӯшбинона аз куҷо омадаанд…

Агар ба баҳсҳои қавмӣ дар Фейсбук назаре бияндозӣ он гоҳ медонӣ, ки чунин фаҳошиҳои бебокона аз чи нафратҳои решадоре меоянд. Пас бояд дар садади чораандешӣ шуд. Бидуни шак шабакаҳои иҷтимоӣ ин бӯҳронро ташдид хоҳанд кард. Ин шабакаҳо имкони ширкати гурӯҳҳои азими инсониро дар ин баҳсҳои эҳсосотӣ аммо хатарнок фароҳам кардаанд. Душвор аст, энержӣ мегирад, хатар дорад, аммо танҳо чораи асосӣ гуфтугӯе шаффоф, мустадал ва сареҳ дар ин бора аст. Ҳуввияти афғониҳо ҳуввияти миллӣ набудааст. Ҳуввияте барсохтааст. Агар умумият ёфтааст ба иҷбор умумият ёфтааст барои ҳамин аст, ки дар шароити демукросӣ бо чунин шиддате рад мешавад. Ҳуввияти эҷодшуда дар масири яксонсозии ҳуввият бо абзори саркӯби давлатӣ, сиёсате, ки бо зӯри сарнайза амалӣ шуд. Ҳуввияти «афғонӣ» аз ноҳияи қудрат омадааст. Он ҳам дар буҳбуҳаи ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва дар масири сиёсати фашизми гитлерӣ, ки садри аъзами он замони Афғонистон ба Олмон меравад ва бо иштиёқи тамом ҳамсӯиашро бо бародари бузург Гитлер эълом мекунад. Баъд бо миёнҷигарии аъзои дигари салтанат ин садри аъзам ақиб менишинад ва Афғонистон бетарафиашро дар он ҷанг метавонад эълом кунад. Аммо он барномаҳо дар увлавияти садри аъзам боқӣ мемонад.

Ҳуввияти афғонӣ ҳуввияте миллӣ нест, чунон ки танаввӯи хурдафарҳангҳоро тоб биёварад, балки ҳуввияте аст таҳоҷумӣ ва балъанда. Бархоста на аз носиюнолизме ҳамашумул, балки носиюнолизме, ки хосташ ба истиҳола бурдани ҳамаи нишонаҳои ҳуввиятӣ ва таърихӣ дар як ҳуввияти воҳиди қавмӣ аст. Афғон ва афғоният ба унвони идиулужии ҳукуматҳои муосири мо бо носиюнолизме қавмӣ даромехтаанд. Барои ҳамин аст, ки имрӯз нишонаҳои он бозтоби он «ҳуввияти тамаддунии Афғонистон»-е , ки шумо мегӯед нестанд. Дар ин фароянд «ҳеҷ ривояти таърихи»-е вуҷуд надоштааст, агар доштааст бифармо, вале ман собит мекунам, ки ривояти як хӯрдафарҳанг аст, ки бар ривоятҳои дигар ғолиб мешавад ва садои кунунии эътироз дар баробари ҳамон ғалабаи беамони як хурдафарҳанг аст, ки бар он поёне мутасаввир нест. Ҳамин ҳукуматҳое, ки шумо аз онҳо ба унвони муҳофизони ин ҳуввият ном мебаред дар шароити ғайридемукротик атани (як навъ бозии миллӣ) як қавмро атани миллӣ сохтанд.

Забонашонро забони суруди миллӣ сохтанд. Либосашонро либосӣ миллӣ сохтанд. Ба ҳамин Кобул нигоҳ кунед?  Номгузории манотиқи Кобулро бубинед : Хушҳолмина, Раҳмонмина, Вазиракбархон...Ҷамолмина, чаҳорроҳиҳо: Туррабозхон, ҷодаи майванд, ҷодаи нодирпаштун, куҷо аст он Буалӣ, куҷо аст он Ҷомӣ, куҷо аст он Мавлоно?  Сабзавори таърихиро сохтанд Шинданд... Баъд воруна кардани таърих аз даруни ҳамин носиюнолизм баромад. Шумо ба шаҷаракашиҳои беасос барои як қавм дар таърихи Муҳаммадалии Кӯҳзод нигоҳ кунед, шумо ба «Паттахазона» нигоҳ кунед, ки ба қавли Қаландар Мӯманд, ки яке аз донишмандони азиз бародарони паштун аст дар рӯи миз навишта шудааст. Қаландар Мӯманд ба лиҳози вожашиносӣ, наҳвшиносӣ, таърихӣ ва даҳҳо далели дигар исбот кардааст, ки ин китоб дурӯғ аст.

Носиунолизми қавмӣ дар Афғонистон худашро дар баробари фарҳанги форсӣ, ки фарҳанги ин ҳавзаи тамаддунӣ ба шумули паштунҳо аст, арза мекунад. «Патахазона» ба шоирони паштуне ишора дорад, ки аз қарни дуввуми ҳиҷрӣ шеър гуфтаанд, яъне як қарн пеш аз оғози шеъри форсӣ. Ҳатто Амир Карур барсохтаест дар баробари Рустам ва ба хусус ишороти аҷибу ғариби он шеър ба Зобулу Кобулу Ҳинд. Номи Ҳинд номе бисёр тоза аст, Ҳинд дар қадим Синд будааст. Аз сӯи дигар ин ҳамоса худашро дар баробари ҳамосае матраҳ мекунад, ки сад сол баъд аз худаш ба вуҷуд меояд, яъне «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ин мегӯянд, аҷиб. Як ҳамоса чигуна дар баробари ҳамосае, ки сад сол баъд аз худаш ба вуҷуд меояд, меистад. Дар замони садорати Муҳаммад Ҳошимхон садри аъзам ва кокои Зоҳиршоҳ бархӯрд бо забони порсӣ бисёр хасмона аст.

Дар ҳамин замон бо машвараи мушовирини олмонӣ дар соли 1937 забони паштуро танҳо забони расмӣ дар кишвар эълом мекунад. Ин барнома дар се давраи ду сола такрор мешавад . Яъне дар ҳудуди шаш соли тамом мардуми Афғонистон ба забони пашту дарс мехонанд, вале раванди дарсу маориф ихлол мешавад ва шоҳ амр медиҳад, ки агар як бори дигар мардум ҳама бесавод мешаванд ва дубора забони форсӣ роиҷ мешавад. Албатта ёд кунам, ки ҳамон гуна, ки дар бахши дигари ин набишта хоҳед хонд тарафдори барномарезиҳои асосӣ барои рушди адабиёти пашту ҳастам ва далелҳои маҳкаме ҳам барои ин иддаоям дорам. Манзур аз ёдкарди ин масоил барои ин аст, ки Холид аз ин ҳукуматҳо ба унвони посдорони як ҳуввияти фарогир ёд кардааст.

Пашту Тулана дар соли 1316 ба ҷои Анҷумани адабии Кобул эҷод мешавад, яъне анҷумани адабии Кобул номаш ба пашту тулана тағйир мекунад. Дар соли 1321, яъне ду сол пеш аз зуҳури «Патахазона» анҷумани таърих кори тадвини таърихи Афғонистонро ба пайрави аз носиунолисми қавмӣ ба даст гирифт. «Афғонистон дар панҷ қарни ахир»- и Патахазона дар соли 1323 аз ҷониби Пашту Тулана чоп мешавад ва маҷаллаи Пашту Тулана, ки пеш аз он форсӣ аст ба забони пашту тағйир мекунад. Ин ҳама иттифоқот дар замони садорати Ҳошимхон иттифоқ меафтад. Мехоҳам инро ба Холиди азиз бигӯям, ки ин масоил решадортар ва печидатар аз оне ҳастанд, ки ту тасаввур кардаӣ ва барои ҳамин аст, ки хости худат бароварда шуданӣ нест. Чун ба назари ман бо замина ва мантиқи ин низоҳо ҳамхонӣ надорад.

Давлатмиллатҳо дар минтақаи мо дақиқан маҳсули давраи истеъморанд. Ҳамонгуна, ки дар Африқо ва дигар нуқоти ҷаҳон. Магар марзҳои кишвари моро мо худамон тайин кардаем? Нигоҳе ба муъоҳидоти марзии Афғонистон бияндозед. Аксари ин муъоҳидот ва ҷанҷолҳо миёни давлати Ҳинди бритониёӣ ва Русияи таззорианд. Ҳатто замоне, ки инглисиҳо ҳам мераванд мо бо Русияи таззорӣ марзҳои шимолиамонро мушаххас мекунем. Агар ҷуғрофиё яке аз аркони асосии давлатмиллат бошад, мо акнун дар кадом ҷуғрофиё қарор дорем? Ҳамон ҷуғрофиёи тайиншуда ба воситаи Инглису Рус. Бояд эътироф кунем то раҳоӣ ёбем, эътироф кардан оғози айният ёфтани инсонияти мо аст. Оғози зуҳури созандагии мо, манбаи ҳамаи фазилатҳои дигар ва ҳамаи фазоили дигар ба он вобастаанд.

Ман эътироф мекунам ва бо он таърихи инқизои чизеро дар худам эълом мекунам. Ман эътироф мекунам ва худамро аз чизе холӣ мекунам. Чизеро дар масири дурусташ мегузорам. Ман эътироф мекунам ва худамро дар маърази дид қарор медиҳам. Пас дигар чизе барои пинҳон кардан надорам. Чизе барои тарсидан. Ҳақорат пинҳони хатарнок аст, ҳақорате, ки агар нишон дода нашавад ва агар аз бармало шуданаш тарс вуҷуд дошта бошад тавҷеҳ мешавад ва дар ниҳоят қурбонӣ мегирад ё даруни моро мепӯсонад. Бахши бузурге аз таҳрифкориҳо дар таърихи мо бархоста аз ҳамин ҳис аст. Эътироф даре аст, ки ба рӯи гуфтугӯ ва таъомул гушода мешавад ва эътимоди онҳоеро, ки зиндагии ҳамаи мо дар шабакае бо номи иҷтимо дар ҳам танида шудааст, ҷалб мекунад. Ононе, ки эътироф намекунанд меҳаросанд. Дучори бӯҳрони эътимоданд.

Ҳар гуна эътирофе метавонад созанда бошад. Ҳама ақвоми Афғонистон бояд масъулияти ранҷҳоеро, ки ба дигарон бахшидаанд, шуҷоона ба ӯҳда бигиранд, аммо дар Афғонистон ҳеҷ кас бар ҳеҷ заъфе эътироф намекунад. Ҳамаи мо заъфҳоямонро мепӯшонем ё тавҷеҳ мекунем ва ин пинҳонкорӣ далоили зиёде дорад ва ин пинҳонкорӣ ба таносуби вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар миёни гурӯҳҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ фарқ мекунад. Масалан ман ба унвони як форсизабон эътироф мекунам, ки шеъри клосики форсӣ дар идомаи шеъри араб падид омадааст ва агар Яъқуби Лайси Саффорӣ арабӣ мефаҳмид, ба шоирони дарбораш намегуфт «Он чи андар наёбам чаро бояд гуфт» ва шояд имрӯз ман ба забони арабӣ ин ҳарфҳоямро менавиштам ва мо паштуну тоҷик ва ақвоми дигар арабизабон будем. Чун забони форсӣ ҳамчун ҳифозе ҳамаи ин фарҳангҳо ва забонҳоро дар баробари сели хурӯшони фарҳангу забони арабӣ ҳифз кардааст. Ё шояд шеъру адабиёти форсӣ дертар ба вуҷуд меомад.

Ман ба унвони як форсизабон эътироф мекунам, ки шеъри нави форсӣ дар идомаи шеъри румонтики Аврупо ба вуҷуд омадааст ва пас аз Нимо бо ошноии шогирдонаш бо шеъри қарни бистуми ҷаҳон болида ва шукуфо шудааст. Барои ман муҳим нест, ки шеъри форсӣ дар идомаи ҷарёнҳои шеърии дигар болидааст, муҳим воқеияти азим ва инкорнопазире ба номи шеъри муосири форсӣ аст, ки бо гузаштаи худаш имрӯз бахше аз гаронбаҳотарин мероси фарҳанги башариро дар дили худ ҷо додааст. Бародарони Паштун бояд эътироф кунанд, ки шеъри клосикашон дар идомаи шеъри клосики форсӣ падид омадааст. Раҳмонбобо худ як шоири форсигӯ низ будааст ва шеърҳои паштуяш ҳам ҳамон фазоҳои орифонаи шеърҳои Ҳофизу Мавлоноро тадовум бахшидаанд. Албатта ёдовар шавам, ки забони форсӣ танҳо забони тоҷикҳо нест. Забони як ҳавзаи тамаддуни аст, забони дуввуми ҷаҳони ислом аст. Забони туркҳо, узбакҳо, паштунҳо ва ҳазораҳо ҳам будааст. Забони форсӣ забони ҳеҷ нажоде нест. Хостгоҳи нажодии рушане ҳам надорад.

Забони форсии имрӯз аз ҳама посдоронаш, аз ҳама ақвому нажодҳо моя гирифтааст. Имрӯз бисёре аз калимоте, ки фикр мекунем форсианд, форсӣ нестанд ва ин хусусияти ҷаҳоншумулии ҳамаи забонҳо аст. Бародарони паштун бояд эътироф кунанд, ки шеъри муосирашон ҳам таҳти таъсири таҳаввулоти шеъри нимоӣ дигардун шудааст. Чаро ки ҳатто бархе беҳтарин шеърҳои муосири аввалияи форсӣ дар Афғонистонро Сулаймон Лоиқ, Бориқ Шафеӣ, Маҳмуд Форонӣ, пуҳонд Раҳим Илҳом, Абдулҳай Ҳабибӣ ва пуҳонд Рашод навиштаанд, ки паштун ё паштуни сайид-ул-асланд.

Ҳатто устод Халилулло Халилӣ низ, ки нахустин шеърҳои нимоии моро навиштааст, ба лиҳози таборӣ на тоҷик аст ва на паштун, софӣ аст, ки имрӯз аксаран ба забони пашту такаллум мекунанд. Ва ман ба шеърҳояшон меболам ва шеърҳои форсии тамоми шоирони паштузабонро дӯст дорам ҳамонгуна ки аз шеърҳои паштуяшон ҳаргиз бадам намеояд. Онҳо бояд эътироф кунанд, ки «Ларғун пижандана»-ро аз рӯи бостоншиносии форсӣ сохтаанд, зижентунро аз рӯи зойишгоҳ ва пуҳантуну пуҳанзайро аз рӯи донишгоҳу донишкадае, ки моро аз гуфтанашон манъ мекунанд. Чаро ман мегӯям эътироф кунанд ? Чун дигар маҷбур нашаванд, ки пинҳонӣ аз ин манбаи азим истифода кунанд. Онҳо чаро бо ҳисси шармсорӣ истифода мекунанд? Мехоҳам бигӯям, ки агар шеъри фаронса намебуд, агар шеъри испониё намебуд, агар шеъри инглис ва Амрикои Лотин ва рус намебуд, шеъри муосири форсӣ падид намеомад.

Мо бо шаҳомат истифода кардем ва шеъри азими муосирамонро офаридем. Паштунҳо ҳам барои падид овардани адабиёте азим бояд аз забони форсӣ истифода кунанд. Ин як вадиъаи худовандӣ аст, ки онҳо ҳама форсӣ медонанд ва имрӯз ҳама осори бузургӣ ҷаҳон баргардонда шудааст. Онҳо бояд истифода кунанд ва мисли мо аз гуфтани манобеи тағзияаашон ҳам ор надошта бошанд. Ба ростӣ ин «шарм» аз куҷо меояд? Гоҳе фикр кардаед? Чаро аз яксӯ вуруди китобҳои ирониро таҳоҷуми фарҳангӣ мегӯянд ва аз сӯи дигар ҳамаи устодони паштузабон ба хусус дар ҳавзаи улуми инсонӣ аз манобеи иронӣ тағзия мекунанд? Ин пинҳонкорӣ реша дар кадом тарс дорад?

Ман ҳамин ҷоро ҳадаф мегирам, нуқтаи зарбатам дуруст ҳамин ҷо аст. Ман мехоҳам бигӯям, ки ҳузури як адабиёти ғании пашту ва узбакӣ бузургтарин пуштивона барои забони форсӣ аст. Ман намехоҳам, ки паштуҳо забонашонро аз даст бидиҳанд ва дар забони форсӣ идғом шаванд. Ин фикр на амалӣ аст ва на инсонӣ, хеле ҳам шармовару нангин аст агар гоҳе бар ҳасби заъфҳои оми инсонӣ дучори чунин тасаввури ғайриодилона ҳам шудаам дар ҳамин ҷо шармсориамро эълом мекунам. Вале адабиёти пашту бояд ба забони форсӣ ба унвони як «шанс» барои рушди худаш нигоҳ кунад ва адабиёти азими муосирашро ба вуҷуд биёварад. Адабиёте, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон қобили ҳисоб бошад. Ҳоло ман намегӯям, ки шеъри форсӣ дар Афғонистон ба чунон ҷойгоҳе расидааст, манзури ман имконоти билқувваест, ки дар Эрон барои рушди забони форсӣ ва пашту ва узбакӣ, ҳамзабонони мо падид овардаанд.

Ин ҳарфи ман набояд тафохур пиндошта шавад. Агар ба ин мавқеияти забони форсӣ дар Афғонистон ба унвони ҳарбае дар баробари пашту истифода кунем дар воқеъ ба сурати худкор ба таҳқири худамон пардохтаем. Чун мо аз ин ҳайс беш аз ҳар забони дигаре мадюни забону фарҳангҳои дигар будаем. Баҳси ман баҳси имконот аст ва раҳоӣ ёфтан аз ҳисси сағорат. Сағорате, ки мунҷар ба дастандозӣ дар таърих мешавад. Сағорате, ки дар пайи мусодираи таърих, ба дурӯғ мутавассил мешавад. Сағорате, ки гузаштагаро аст ва гузаштаро танҳо роҳи наҷот ва саъодаташ медонад. Гузашта метавонад хуб ё бад, дурахшон ё камранг бошад. Агар хуб буд мояи бахтиёрӣ аст ва агар дурахшон набуд ба ҳеҷ ваҷҳ мояи шармсорӣ нест. Мехоҳам бигӯям, ки қадим набудани як забон ва як фарҳанг ҳеҷ айбе нест, балки айби бузург таҳрифи як фарҳанги қадим аст.

Бубинед адабиёти инглисӣ дар воқеъ аз замони Шекспир шурӯ мешавад. Адабиёти фаронсавӣ ва олмонӣ ҳам дар ҳамин ҳудудҳои замонӣ вале имрӯз аз ҳамин таърихи се чаҳорсад сола ғулҳои адабиёти ҷаҳон зуҳӯр мекунанд. Дар Афғонистон ба ҷои сохтани ҳол ба дунболи гузашта саргардонем. Бояд имрӯзро сохт ва наслҳои ояндаро аз ҳақорате, ки худ гирифтори онем раҳойӣ бахшид. Аз ин тариқ эҷоди адабиёти ҷиддӣ мумкин аст ва адабиёти ҷиддиро ҳиссе шариф ва инсонӣ халқ мекунад. Рӯҳи чиркин ва олуда ба нафрат наметавонад шоҳкор биёфаринад. Ин ҳарфам мутаваҷҷеҳ ҳама ақвоми Афғонистон аст.

Ман чаро ин ҳама бепарда ҳарф мезанам? Барои он ки ба ҳаққонияти ҳарфоям бовар дорам. Ин калимот аз шаҳомати сидқ ҷӯшидаанд. Аз шаҳомате, ки аз ростӣ ва ҳисси масъулияти инсонӣ моя гирифтаанд. Ман мехоҳам дар рӯ ба рӯи як паштун барояш бигӯям, ки ман як афғон нестам ва ин ба маънои он нест, ки аз ту нафрат дошта бошам ё ранҷҳои ин хокдонро фаромӯш кунам. Ман туро дӯст дорам ва метавонам дар канорӣ ту ободонӣ кунам ва аз зиндагӣ лаззат бибарам, бе он ки афғон бошам, бе он ки аз ин калима нафрат дошта бошам. Ман мехоҳам бо шовинисм мубориза кунам. Шовинизме, ки ба унвони як хусусияти зишти башарӣ ҳама ақвомро метавонад мусоб кунад. Ман қурбонии шовинисми қавми худам низ будаам, шовинизми идиулужики қавми худам ва имрӯз ҳам танҳо масъалаи мо шовинисми қавмӣ нест танҳо яке аз масоили муҳими мо аст, балки фасод ва ҳақхӯрие, ки мо тоҷикҳо ҳам дар он шарикем мояи нангу шармсории мост ва бояд дар баробари он муқовимат кунем.

Дар баробари бартариталабии зотии нажодпарастонаи тоҷикҳо ҳам бояд эътироз кунем. Мо тоҷикҳо дар ҳавзаи муносибатҳои иҷтимоӣ шармовартарин нави таассубро дар баробари ақвоми дигар дорем. Мо тоҷикҳо як умр ҳазораҳо ва паштунҳоро таҳқир кардаем. Аз куҷо маълум, ки он шовинизм вокунише набуда бошад, ки дар баробари шовинизми мо тоҷикҳо худашро худашро ба сурати сиёсӣ нишон дода бошад. Айни нигоҳро паштунҳо дар баробари ҳазораҳо ва узбакҳо доранд. Дар канори ҷиноятҳое, ки ҳама дар баробари ҳам кардаем ва онро тавҷеҳ мекунем. Пас ин носиунолисм бар мабнои афғонияти сохтагӣ, дурӯғе беш нест. Он нерӯи дарунии созанда ва илҳомбахш нест чизе ки ҷомеаи ақибмонда ва аз ҳам гусехтаи Афғонистон ба он ниёз дорад. Он носиунолисм, носиунолисми ғайри таборӣ ва дар чаҳорчуби марзҳои ҷуғрофиёист, чизе ки то ҳоло нест, аммо бояд бошад.

Муаллиф : Муҷиби Меҳрдод (дар посух ба Холиди Хусрав)
Баргардон ва виройиши : Беҳрӯзи Забеҳулло
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)