Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:27

Киссенҷер: Мудохилаи низомӣ дар Сурия назми ҷаҳониро ба ҳам хоҳад рехт

8 июн 2012, 06:31

Вазири хориҷаи собиқи Амрико бо ишора ба ин ки асли мудохилаи башардӯстона муҷиб шуда, то «усули весфолиёи»-и давлатҳо нодида гирифта шавад, эълом кард, ҳар гуна мудохила дар Сурия низомӣ байналмилалиро ба ҳам мерезад.

Хабаргузории Форс навишта, ки Ҳенри Киссенҷер, вазири собиқи корҳои хориҷаи Амрико дар ёддоште, ки рӯзномаи «Вашингтон пост» мунташир кард, ҳар гуна мудохилаи низомӣ дар Сурияро муҷиби аз байн рафтани асли ҳокимияти милии кишварҳо дониста ва таъкид кардааст, ки таҳаввулоти мардумӣ дар кишварҳои арабӣ муҷиб шуд, то доктрини мудохилаи башардустона ё «масъулият барои муҳофизат (аз ҷони шаҳрвандон)» ҷойи «усули весфолиёи»-и давлатҳо барои ҳифзи тамомияти арзиро бигирад.

Киссенҷер афзуд: «Дар ин замина, буҳронҳои дохилӣ аз манзари байналмилалӣ заминаҳои нигарониҳои демокротӣ ё фирқаиро фароҳам мекунад. Қудратҳои хориҷӣ аз давлатҳои ҳоким мехоҳанд то ба манзури вогузории қудрат бо мухолифон, вориди музокира шаванд. Аммо ба далели ин ки ҳадафи ду тарафи музокира, «бақо» аст бано бар ин тавсияҳо ба натиҷа намерасад».
Вай таъкид карда, замоне ки қудрати ду тараф тақрибан дар як сатҳ аст, он мавқеъ мудохилаи хориҷӣ, монанди иқдоми низомӣ барои хориҷ кардани вазъият аз ҳолати бунбаст вориди амал мешавад.

Ин рӯйкард соли гузашата дар мавриди Либӣ ба кор гирифта шуд ва нерӯҳои НАТО-ву кишварҳои арабӣ барои сарнагунии режими Муъамар Қаззофӣ дар Либӣ, иқдом ба мудохилаи низомӣ ба нафъи мухолифон карданд.
Киссенҷер дар идома бо изҳори таассуф аз ин ки доктрини мудохилаи башардӯстона дар хидмати манофеи миллӣ ва тавозуни қувваҳо қарор гирифта, таъкид кард, ки ин асосноккунии поймолкунии усули ҳукуматӣ дар чаҳон аст.

Ин дипломоти куҳнакори Амрико идома дод, ки агар ин мавзӯъ ба унвони бахше аз усули сиёсати хориҷа пазируфта шавад, он гоҳ ин навъ мудохила саволҳои бисёреро дар бораи стратегияи Амрико матраҳ мекунад. Оё ИМА худро ба ин масъала пойбанд медонад, ки аз наҳзатҳои мардумӣ дар баробари давлатҳои ғайридемократӣ дар чаҳон ҳимоят кунад, ҳатто кишварҳое, ки мавҷудияти онҳо барои ҳифзи назми кунунии байналмилалӣ бисёр муҳим хастанд?

«Барои мисол, Арабистони Саудӣ то он замон ки ҷунбишҳои мардумӣ дар ин кишвар рух надиҳад, ҳампаймони Амрико боқӣ хоҳад монд. Агар чи мумкин аст суқути ҳукумати Башор Асад дар Сурия битавонад манофеи милии Амрикоро таъмин кунад, аммо бар ҳар далeли стратегӣ наметавон ҷангеро барпо кард. Банобар ин назми чаҳонӣ, ки марзҳоро аз байн бурда ва ҷангҳои дохилӣ ва байналмилалиро таркиб кунад, ҳеч гоҳ ба вуҷуд нахоҳад омад»,-гуфтааст вазири собиқи корҳои хориҷаи Амрико.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!