Бахшҳо
09 июн 2012 06:34Гузориш

Такяи зиёд ба сармояи Чин Тоҷикистонро вобастаи ин кишвар намесозад?

"Мо, ки аз Чин қарзҳои хеле гароне барои сохтани роҳу дигар иншоот гирифтем, маълум аст, ки як замоне вобастаи ин кишвар мешавем".

Сӯҳроб ШАРИПОВ, вакили Маҷлиси намояндагон

Тамоми ҷаҳон хоҳони он аст то давлате пайдо шуда дар ин ё он ҷабҳаи иқтисодиёташ сармоягузорӣ кунад. Барои мо ягон вобастагие нахоҳад шуд, зеро агар аз Чин қарзу сармоя гирем, бароямон хеле беҳтар аст. Зеро дар як марҳилаи ҳассоси бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ қарор дорем, ки дар Аврупо, Осиё ва дар тамоми ҷаҳон таъсири манфии худро гузоштааст. Бинобар ин сармоягузории Чин дар Тоҷикистон хеле ҳам омили хубест. Аврупо, Русия ва Амрико мехоҳанд, ки бо Чин ҳамкории хубе дошта бошанд. Чин ҳам дар сиёсатҳои иқтисодии онҳо доим рентаҳои бисёр муайян мегирад. Чин ҳамсояи мост ва аз нуфузи бузурги иқтисодии ин кишвар истифода набурдан, бепарвоӣ аст. Имрӯз агар ба иқтисодиёти ҷаҳон нигоҳ карда шавад, ҳеч иқтисодиёти мустақилу мутлақу соҳибихтиёре вуҷуд надорад. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир бо ҳамдигар алоқаҳои наздик доранд. Иттиҳодияҳои иқтисодӣ ва иттиҳодияҳои сиёсӣ ҳам дар ҳоли ташкил шудананд. Омилҳои интегратсионӣ, ки дар ҷаҳони имрӯза таъсиру нуфузи зиёде дорад, ба Тоҷикистон ҳам иртибот дорад. Ва Тоҷикистон бояд аз ин омилҳо ба фоидаи худ, ба нафъи миллату давлат истифода барад. Мегӯянд, ки қарзи мо зиёд аст, аммо қарзи хориҷии мо нисбат ба ММД хатари ҷиддие ба ҳисоб намеравад ва агар мо бӯҳрони мавҷуд буда дар Аврупову Амрикоро нигоҳ кунем, қарзи он давлатҳо аз ММД -ашон чандҳо маротиба зиёдтар аст. Дар ин марҳилаи ҳассос бояд иқтисодиёти худро ҳамчун омили рушд нигоҳ дорем. Яъне бояд ин бӯҳронро пушти сар гузорем. Яке аз принсипҳои рушди иқтисодиёт ҳамин сармоя мебошад. Барои хамин ин сармоя бояд ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шавад. Ин хеле ҳам кумаки бузургест барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон. Мо бояд дар бораи вобаста шудану нашудан сӯҳбат накунем, зеро ин категорияҳо дар муносибатҳои иқтисодиёти кунунӣ он қадар муҳим нест. Дар муносибатҳои сиёсӣ Русия, ӯзбакистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳоро гирем, онҳо низ моликиятҳои ҷиддиии худро дар Тоҷикистон доранд ва мо намегӯем, ки вобастагиҳои иқтисодии мо аз Русия паст шавад ё аз Қазоқистон шавад, хатар дорад. Дар ҳамин фазо имрӯз Иттиҳодияи гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳоли шаклгирист. Аммо омилҳои интегратсионӣ доранд ғалаба мекунанд ва ҳамаи инҳоро ба Чин рабт додан, аз тарафи касоне сурат мегирад, ки ғаразҳои муъаяне доранду назари рушди Тоҷикистонро аз дигар тараф баҳо медиҳанд. Агар инҷо назари Русия ва ё Амрико бошад, ман мегӯям, ки албатта ғараз ҳаст. Мо агар тавонем сармояҳоро аз кадом давлате, ки набошад ворид кунем. Ҳоло мо аз Чин метавонем сармояҳоро ворид намоем ва имрӯз ин кишвар иқтидори онро дорад то сармояҳояшро ба кишвари мо ворид намояд. Бигзор Чин сармояҳояшро ба Тоҷикистон ворид кардан гирад, зеро ин сармоягузориҳои ин кишвар барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон равона шудааст. Ман фикр мекунам мо умуман бояд дар ин масъала назари он омилҳои ҷидди ҷаҳонишавии иқтисодиёти ҷаҳонро, ки имрӯз дар ҳоли рух додан ҳастанд, ба инобат гирем ва ба он назарияҳои кӯҳнаи иқтисодие, ки пеши роҳи рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро мегирад, аз диди интиқодӣ нигоҳ кунем. Ва ҳаракат намоем то аз назарияҳои нави иқтисодие, ки вуҷуд доранд, истифода намоем на аз он назарияҳое, ки дар давраи ҳукмронии марксизм вуҷуд доштанд.

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛОҲ, сиёсатшинос

Мо бояд аз куҷое набошад сармоягузориҳоро ба Тоҷикистон ҷалб намоем. Зеро бидуни ин сармоягузориҳо имкони рушди муназзам вуҷуд надорад. Барои мо ҳамин муҳим аст на ин ки оё мо вобаста мешавем ё на. Имрӯз сармоягузории Чин ба Тоҷикистон чандон зиёд ҳам нест, ки побанди онҳо шавем. Барои мо муҳим он аст. ки сармоягузориҳоро ҳар чи бештар ҷалб намоему бо сифати беҳтар онҳоро идора карда тавонем. Бояд ба мавзуъ аз ин паҳлӯ нигоҳ кунем. Худи Чин ҳам бо тамоми дороияш кӯшиш мекунад то ҳарчи бештар сармояҳоро ба худ ҷалб намояд. Ҳар қадар сармояҳои зиёдтаре ба кишвар ворид гарданд, ҳамон қадар ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Ҳоло инкишофи Амрико ҳам аз сармоягузориҳои берун вобаста аст. Набояд ҳеч гоҳ дарро ба рӯи сармоягузорони берунӣ баст. Имрӯз бояд кишварҳо бо якдигар ҳамкорӣ кунанд ва масъаларо ба ин шакл баҳо додан дуруст нест. Нашавад, ки мо аз сармоягузориҳои хориҷӣ маҳрум монем, он ҳам дар ҳолате, ки имконоти дохилии кишвар чандон зиёд набуда, барои амалигардонии тарҳҳои стратегии худамон кофӣ нестанд.

Сайид Иброҳими НАЗАР, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲНИТ

Мо, ки аз Чин қарзҳои хеле гароне барои сохтани роҳу дигар иншоот гирифтем, маълум аст, ки як замоне вобастаи ин кишвар мешавем. Аз назари вобастагии иҷтимоӣ ҳам вобаста шудан имкон дорад. Вақте шаҳрвандони Чин ин ҷо омада кор мекарданд, бисёре аз бетартибиҳояшонро мо дар роҳи Хуҷанд дидем, ки чи гуна бетарбиягӣ аз худ нишон медиҳанд. Ва маълум аст, ки вақте шаҳрвандони Чин ба ин ҷо омаданд, дигар намераванд. Дар Русия ҳам чанд млн. чинӣ ҳаст. Зарараш барои мо зиёдтар аст. Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам бингарем, вақте роҳу дигар иншоотамонро сохтанду инро идора накардем, як рӯзе вобастаи ин кишвар мешавем. Албатта сармоягузориро намешавад қабул накарду онро манъ намуд, вале сари ин масъала андешаву ояндабинӣ ҳам лозим аст. Мо мебинем, ки Чин аз нигоҳи сармоягузорӣ дунёро ба худ вобаста кардааст.

Зайд САИДОВ,  собиқ вазири саноат

Пеш аз ҳама бояд таҳлил кард, ки ин сармояҳо аз ҷониби ҳукумат аст ё аз ҷониби бахши хусусӣ ё ин ки мустақим аст ё ғайримустақим. Албатта, саҳми ин ё он давлат дар рушди иқтисоди давлати дигар бештар мегардад, ин бечуну чаро таъсираш ба тамоми ҷабҳаҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ мерасад. Вале дар ин ҷо агар таносуби байни сармоягузорӣ бо кишварҳои дигар то андозае риоя шавад, дар он ҳолат ҳеч нигаронӣ надорад. Сармоягузорӣ агар мустақим бошад беҳтар аст, чунки дар ин ҳолат давлат ҳеч масъулият надорад ва сармоягузорон дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият мебаранд. Яъне ин қарзи давлатӣ нест. Агар сармоягузорӣ аз бахши хусусӣ мустақим ояд, дар он сурат давлат ба бахши хусусӣ ҳеч замонати давлатӣ намедиҳад. Агар сармояи давлатӣ бошад, он қарзи давлатӣ ба ҳисоб меравад ва онро дар мӯҳлати муайян баргардонидан лозим меояд. Агар сармоя аз бахши хусусӣ ояд, шарти баргардонидан вуҷуд надорад, сармоягузор ин ё он пружаро интихоб мекунад, сармоя мегузорад ва аз ҳисоби амалӣ кардани он даромад ба даст меорад. Инро сармоягузории мустақим меноманд.

Дилшод МУЛЛОЕВ, иқтисодшинос

Чин иқтидори мушаххаси геополитикӣ дорад. Феълан як элитаи то як андоза ғайрифавқуллода дар Чин ба сари қудрат аст ва баъди иваз шудани ҳамин элита бар сари ҳокимият технократҳои ҷавоне меоянд, ки заминаи экспансия бисёр густардаи иқтисодии Чинро дар мамолики пасошӯравӣ як навъ тарҳрезӣ карда истодаанд. Фикр мекунам, вақте ҳамин насл ба сари қудрат омад, сиёсати экспансионии иқтисодии Чинро, ки албатта дар он маҳаки ҳарбӣ-техникӣ ва геополитикӣ хеле муқтадир ҳаст, боз ҳам густардатар амалӣ хоҳанд кард. Аммо феълан барои дурнамои Тоҷикистон ман фикр мекунам, ки ҳамкориҳои хеле ҳам танготанги иқтисодӣ бо Чин аз нуктаи назари рушди иқтисодӣ ва як навъ ҷаҳиши иқтисодӣ барои Тоҷикистон, моро метавонад вобаста ба ҳамин давлат гардонад. То як андоза диверсификатсияи иқтисодие, ки барои рушди устувор ва вобастаи як давлат набудан аст, барои Тоҷикистон метавонад он қадар нақши хуб надошта бошад. Чунки чиниҳо бисёр миллати прагматикӣ ҳастанд ва барои сармоягузорӣ кардан ба ҳар як давлат тарҳи вижаи геополитикие дорад. Ин ҳам бошад, эҳё кардани ҳамон "Поднебесное Империя" аст, яъне империяе, ки дунёро контрол карда тавонад. Фикр мекунам, аз нуқтаи назари мавзеъгирӣ сармоягузории Чин ҳама вақт ангезаҳои сиёсӣ дорад. Лекин ин маънои онро надорад, ки сармоягузории Русия, сармоягузории Амрико ё дигар давлатҳо ҳамин мақсадро надошта бошад. Ҳар як давлат вақте ягон тарҳи иқтисодиро амалӣ мекунад, ба ғайр аз манфиати иқтисодӣ манфиати геополитикиеро дар назар дорад. Аммо ба андешаи ман Тоҷикистон бояд аз Чин он қадар вобастагии қавӣ надошта бошад. Аз нуқтаи назари дурнамои хеле глобалии рушд, фикр мекунам, вектори иқтисодии мо бояд ҳама вақт такя ба Аврупои ғарбӣ ва Амрико кунад. Чунки маҳз аз ҳамин давлатҳо як навъ вектори хеле устувор, инсондӯстона ва рушдёфтаи иқтисодӣ ҳамеша ҳаст, ки чиниҳо низ аз он бархурдоранд. Вақте мо аз сӯзан то воридоти мошин аз Чин вобаста мешавем, маро ҳамчун шаҳрванд хушбин карда наметавонад. Ман мехоҳам он имконоте, ки барои Тоҷикистон ҳаст, аз нуқтаи назари ҳам экспорт ва ҳам импорт ҳама вақт онро дар тавозуни гуногуни давлатҳои дигар дошта бошем. Яъне, 10 то аз Чин, 10 то аз Амрико, 5 то аз Русия, 15 то аз Аврупо. Албатта, дар давраи миёнамӯҳлат сармоягузории як давлат гӯё хушбинкунанда аст ва мо метавонем ба ин давлат такя кунем, лекин аз нуқтаи назари фарҳангӣ Чин ин тамаддуни мо нест. Мо вектори халиҷи Форс ва Аврупои ғарбиро бояд истифода барем. Албатта онҳо талаботҳои худро доранд. Масалан, Аврупо мехоҳад, ки як навъ ислоҳоти хеле муқтадири сиёсӣ сурат гирад, Тоҷикистон боз ҳам демократитар шавад, мардумсолорӣ бештар гардад, институтҳои демократӣ қавӣ шаванд. Халиҷи Форс мехоҳад, ки мо як навъ сиёсати воқеан таҳаммулпазирӣ дошта бошем, дар назар дорам давлатҳои назди Халиҷи Форс, ки бисёр патенсиали муқтадир барои Тоҷикистон доранд. Мо бояд дар сиёсати берунаи иқтисодӣ ҳама вақт хеле хунсардона, объективона ва воқеъбинона манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистонро ба назар гирем. Мо бояд донем, ки манфиатҳои иқтисодиамон аз чӣ иборат аст. Яъне, диверсификатсияи иқтисодӣ ва вобаста набудани иқтисодиёти кишвар ба як давлат, ҳам аз нуқтаи назари энержӣ, ҳам аз нуқтаи назари сармоягузорӣ, ҳам аз нуқтаи назари ҳарбӣ-техникӣ ва ҳам воридоту содироти технологӣ. Мо бояд аз ҳозир ба як навъ диверсификатсия, яъне роҳ надодан ба он ки иқтисодиёти миллӣ вобастаи як давлат бошад, талош кунем, ки дар акси ҳол оқибати хубе нахоҳад дошт.

Баҳром ШАРИФОВ, коршиноси масоили иқтисодӣ

Фақат аз як давлат қарздор шавад, нигаронӣ ҷой дошта метавонад. Чунки қарзҳои калоне, ки ба давлат ё ба корхонаҳои азим дода мешавад, хоҳу нохоҳ кишварҳои сармоягузор шарту шароитҳои худашонро мемонанд. Агар давлат шартҳое, ки     кишварҳои сармоягузор мемонанд, иҷро карда натавонад эҳтимоли сар задании нофаҳмӣ ё фишор вуҷуд дорад. Давлатҳо метавонанд қарзҳои худро тавассути баъзе гузаштҳо бахшанд. Масалан, Русия ба хотири "Окно" аз баҳри қарзи худ гузашта буд ё шартҳои дигареро гузошт. Аз ин рӯ дар сиёсати давлатӣ ба хотири танзими раванди қарз бояд роҳе интихоб гардад, ки Тоҷикистон аз ягон давлат аз меъёр зиёд қарздор нашавад. Агар аз чанд давлат қарздор бошем, метавонем онро бо механизмҳои мавҷуд танзим кунем. Лекин аз як давлат қарздории зиёд мавриди нигаронӣ хоҳад шуд. Дар кишварҳои тараққикарда сармоя ба восиати бозори молии дуюмдараҷа, яъне бозоре, ки дар он ҷо саҳмияҳо фурӯхта мешавад, ҷалб карда мешавад. Дар он ҷо давлат ҳам метавонад коғазҳои худро ба фурӯш гузорад ва сармоягузоронро ҷалб кунад ва дигар ташкилоту корхонаҳо низ метавонанд саҳмияҳои худро фурӯшанд, ки онро саҳмдори хориҷӣ ё дохилӣ мехарад. Ин раванди ҷалби сармоя ҳар гуна нофаҳмиҳо дар сармоягузории давлатҳоро бартараф месозад. Дар сурати бо чунин усул ҷалб кардани сармоя сармоягузоронро аз ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ эмин нигоҳ медорад. Фурӯши саҳмия дар бозор мувофиқи қонунҳои иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад, на аз хоҳиши як-ду нафар вобастагӣ дорад. Бинобар ин бозори молиро ташкил кардан яке аз масъалаҳои мубрам дар Тоҷикистон аст. Дар мо қонун ҳаст, биржаҳо вуҷуд доранд, аммо бозори коғазҳои қиматнок фаъолият надорад. Ин яке аз монеаи асосии ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ гаштааст. Аз сабаби набудани чунин бозор пулҳои дасти аҳолӣ ба иқтисодиёт ҷалб намегардад.

Исломбек ХОРКАШЕВ, иқтисодшинос

Гирифтани қарз ва ҷалби сармоя аз сиёсати иқтисодии ҳар кишвар вобастагӣ дорад. Бисёр муҳим аст, ки мамлакат дар ҷалби сармояи хориҷӣ чӣ гуна сиёсатеро метавонад ба роҳ монад. Имрӯз имкониятҳои Чин барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон васеътар аст. Зеро шароити  ҷуғрофӣ ва ҳам суди иқтисодиву ва хароҷоти кам ба сармоягузорони Чин имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кунанд. Тоҷикистон ба сармоягузорони чинӣ имконият фароҳам месозад, то онҳо тавассути бунёди корхонаву истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон ва баровардани он ба бозори минтақа ба дигар кишварҳо роҳ ёбанд. Чӣ гуна шароит муҳайё гаштан аз ҷониби давлат баҳри сармоягузорони хориҷӣ мавқеи онҳоро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Ман фикр мекунам, ки ҳангоми амалӣ кардани ҳар сармоягузорие аз ҳисоби кишварҳои хориҷӣ бояд манфиатҳои дохилӣ болотар ва авлотар дониста шаванд. Сармоягузорӣ ягон ҷои нигаронӣ надорад ва сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷоранишинанд ва бо оғози фаъолияти онҳо дар кишвар ҷойҳои кори нав пайдо мегардад ва замоне, ки аз кишвар мераванд, корхонаву иншооти сохтаашон боқӣ мемонад. Ягон нигароние дар мавриди эҳтимоли вобаста мондани Тоҷикистон ба дигар кишвари сармоягузор вуҷуд надорад. Ҳамчунин аксари шаҳрвандон аз ҳисоби сармояи хориҷӣ соҳиби корва даромад мешаванд ва онҳо метавонанд дар оянда мустақилияти иқтисодӣ ба даст оранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)