Бахшҳо
13 июн 2012 10:24Гузориш

Дар Файзобод тобистон ҳам роҳ нест

Рустоҳои Файзобод, Боғи Мир, Сурхдара, Кенҷаобод, Қанғелӣ, Чуқурак ва Сайидонии ноҳияи Файзобод аз роҳ маҳрум шуданд…

Субҳи 8-уми июни соли равон Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода буд, ки соати 05:30-и саҳарӣ, дар натиҷаи боришоти пуршиддат ва омадани сел сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, пули деҳаи Сари Сафедхоки ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзободро ба пуррагӣ хароб кардааст. Ҳамчунин, як пули дигар дар  деҳаи Ҷоварсӯзи ҷамоати деҳоти Файзободи ноҳия қисман вайрон шудааст. Сокинони ҳафт рустои ҷамоати деҳоти Файзободи ноҳия, ки аз пули корношоям гаштаи маъруф ба номи «кӯпруки Ҷонварсӯз» истифода мекарданд, тайи 5 рӯзи охир бе роҳ мондаанд. Дар ин муддат, эшон ба воситаи пули деҳаи Кабкрез ба маркази ноҳия равуо доранд, ки ин роҳ аз роҳи маъмулӣ 3-4 маротиба тӯлонитар буда, машаққати зиёдро тақозо мекунад.
Сокинони ин маҳаллаҳо мегӯянд, аз сабаби бероҳӣ маҷбуранд, ки аз роҳи дур ва ноҳамвор истифода мекунанд. «Бо иллати корношоям гаштани кӯпрук, мо маҷбурем, ки бо дигар роҳ ба маркази ноҳия пайваст шавем, гарчанде ки роҳкиро як баробар гарон аст. Ҳукумати ноҳия бошад, чорае намебинад».

Хоби масъулин. «Дар гӯши фил»
Дар ҳамин ҳол, як нафар аз бошандагони деҳаи Боғи Мирӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, ман як коргари оддиям, ҳар субҳ аз он тарафи дарё ба воситаи ҳамин пул гузашта ба ҷои корам, ки дар маркази ноҳия аст, меомадам. Аз деҳаи мо то маркази ноҳия тақрибан 3 километр роҳ аст. Барои рафту омад, ки танҳо таксиҳо ҳаракат мекунад, 4 сомонӣ харҷ мекардам.  Аз рӯзи 8-уми июн сар карда то имрӯз 48 сомонӣ танҳо барои роҳкиро сарф кардам, дар як рӯз 8 сомонӣ лозим аст. Ман хамагӣ 300 сомони маош мегирам. Тасаввур кунед, ки дар як моҳ ин маблағ ба зиёда аз 200 сомонӣ мерасад, боқимондаи ин пул сарфи хӯрок мешавад.   Кадом пулро дигар пасандоз карда метавонем?.
Номбурда мегӯяд, ба мисли ман садҳо нафари дигар ҳаст, ки ҳамарӯза бо харҷи ҳамин қадар маблағ ба ҷои кор меоянд. Аз тахриби пул алакай 5 рӯз сипарӣ шуд, аммо масъулини ноҳия «дар гӯши фил хобанд». Сокинони ин деҳот аз ҳукумати ноҳия изҳори норозигӣ намуда, илова карданд, ки ин ҳолат қариб ҳар баҳор такрор мешавад. Дар фасли зимистон ҳамин роҳ аз барфу тармаи зиёд ҳафтаҳо маҳкам мешавад, вале масъулини маҳаллӣ бо вуҷуди супориши қатъии президент барои бартараф кардани ин мушкилоти ҷойдошта фавран амал намекунанд.    Сокинон мегӯянд, ки агар эшон ин гуна бепарво бошанд, боз чанд ҳафтаи дигар мардуми ин деҳот барои пайваст шудан ба маркази ноҳия, аз гаронии роҳкиро танқисӣ мекашанд.   Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи маскунии ин минтақа президенти Тоҷикистон зимни сафараш ба Файзобод, масъулини ноҳияро вазифадор карда буд, ки барои тоза намудани роҳҳо аз барфу тармаи зиёд ва рафъи офатҳои табии техника ҷудо намуда, дар сурати маҳкам шудани роҳ ё сар задани офатҳои табиӣ фавран  амал кунанд. Аммо аз масъулини маҳаллӣ ва техникаи фавран амалкунандаи хукумати ноҳия ҳанӯз дараке нест.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)