Бахшҳо
15 июн 2012 06:19Сиёсат

Исломи "тоҷикӣ"

Оё мушкили аслии ҳукумати Тоҷикистон дин ва диндоронанд?

Ҳамакнун шаҳрвандоне, ки бидуни иҷозаи ҳукумат ба хориҷи кишвар барои гирифтани дониши динӣ мераванд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд. Ҳафтаи гузашта вакилони парлумони Тоҷикистон бо ин мазмун тағйиротеро ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид намуданд. Вакилони мардумӣ ҳаҷми пардохти ҷаримаро барои шаҳрвандон то 4 ҳазор сомонӣ муаяйн карданд. Аз ин ба баъд шаҳрвандон танҳо баъди хатми Донишгоҳи исломӣ Тоҷикистон ва бо гирифтани иҷозаи хатии Вазорати маорифу Кумитаи дин дар хориҷ аз кишвар таҳсили худро идома дода метавонанд. Ҳангоми баррасии лоиҳа вакилони мардумӣ аз фаъолияти созмонҳои динӣ сарфи назар накардаанд. Тамоми созмонҳои динӣ ҳамакнун танҳо дар мувофиқат бо мақомоти марбутаи давлатӣ метавонанд робитаи хориҷӣ барқарор намоянд. Илова бар ин созмонҳои динӣ ҳуқуқи баргузории чорабиниҳои таблиғотиро дар ҳудуди макотиби таҳсилоти умумӣ ва ё наздики манзили шаҳрвандон надоранд. Дар сурати нақзи ин банд шаҳрвандон ба маблағи 1 200 - 1 600 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳанд кард.  
Гуфта мешавад, ин монеаи нахустин барои маҳдудият дар фаъолият ва зиндагии мусалмонон дар Тоҷикистон нест. Ҳарчанд тибқи сарқонун Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ шудаву, фаъолияти дин аз сиёсат ҷудост. Аммо дар таҷриба мақомоти давлатии Тоҷикистон хилофи асноди қабул карда фаъолият доранд.

Тоҷикистон шояд яке аз ягона кишварҳое дар ҳудуди Осиёи марказӣ бошад, ки бештар аз 95 дарсади аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд. Вале боз ҳам, шояд ин ягона кишваре бошад, ки занони мусалмонон ҳуқуқи гузоштани панҷ вақт намозро дар масоҷид надоранд. Ҳоло бубинем, ки дар чанд соли охир мақомот дар баробари диндорон чӣ бархӯрдҳое дошт:

1. "Салафия"
Вазъи мусалмонон дар Тоҷикистон баъд аз соли 2008 ба маротиб дигар шудааст. Давоми чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаҳои "амният"- и кишвар амалиётҳое баргузор мекунад. Дар натиҷаи ҳар амалиёт озодии мусалмонон маҳдудтар мешавад. Нахустин шуда мақомот фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда, баъзе аз фаъолони ин равияро боздошт намуд.

2. "Ҷамоати таблиғ"
Баъдан мақомоти марбутаи кишвар кадом як хатареро дар фаъолияти "Ҷамоати таблиғ" низ эҳсос карданд. Бо манъ гардидани фаъолияти "Ҷамоати таблиғ" масъулин гурӯҳе аз пайравони ин ҷамоатро боздошт намуданд. Ин амали ҳукумат сару садои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Боздоштшудагон мегуфтанд, ки аз сабаби надонистани қавонин даст ба таблиғи динашон задаанд. Таблиғи дини мубини Ислом дар Тоҷикистон дар ҳоле мамнӯъ эълон шуд, ки намояндагони адёни дигар амалиёти худро идома медиҳанд. Паҳн кардани варақаҳои Исломӣ барои мусалмонони Тоҷикистон дар ҳоле манъ гардид, ки то имрӯз гурӯҳҳои хурди динҳои дигар дар хиёбон ва баъзан дар манзилҳои зисти сокинони Душанбе варақаву китобҳое тақдим мекунанд. Ин ҷо суоле ба вуҷуд меояд, ки чӣ гуна дар як кишвари мусалмоннишин таблиғи Ислом манъ аст?

3. Сатрпӯшӣ ва хатари он
Аҷобат он аст, ки масъулини мақомоти марбута ба ҷуз аз хатар дар либоси занон ҳамчунин бегонапарастиро низ эҳсос карданд. Роҳ надодани бонувон ба донишгоҳ ва корхонаҳои давлатӣ танҳо ба хотири ба бар намудани либоси суннатӣ характери умумимиллӣ гирифт. Дар рафти ин амалиёт даҳҳо духтарони ҳиҷобпӯш паси дарҳои муассисаҳои "давлатӣ" қарор гирифтанд. Ҳарчанд гурӯҳе аз онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқашон ба додгоҳ муроҷиат карданд, аммо дар кишваре чун Тоҷикистон он бе натиҷа монд. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин раванд баъзе аз мансабдорони тоҷик аз таблиғи фарҳанги бегонаи духтарони сатрпӯш шикоят мекарданд. Фаъолияти Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ки бештар ҳамчун "сатрбезор" шинохта шуд, шояд ба ин зудиҳо фаромӯш нашавад. Номбурда дар ҳар нишасти матбуотӣ аз духтарони сатрпӯш шикоят карда, дар тааҷуб меафтод, ки чаро онҳо ба фарҳанги худ арҷ намегузоранд. Кор то ҷое расида буд, ки дар нишастҳои матбуотӣ вазир мегуфт, ки дигар суол дар мавриди духтарони сатрпӯш ва идомаи таҳсили онҳо нашавад. Масъалаи идомаи таҳсили онҳо бо кашидани рӯсариашон ҳалли худро пайдо хоҳад кард, мегуфт вазир.

4. Занон набояд масҷид раванд
Хусусияти ҷомеаи Тоҷикистон ин аст, ки мардум бо гузашти замоне ҳар як мушкилӣ ва монеаро қабул карда, аз нақзи ҳуқуқи хеш фаромӯш мекунад. Ҳамин тавр бо гузаштани вақти муаяйн, мардум бо манъ гардидани таҳсил барои духтарони сатрпӯш дар мактабҳои дунявӣ ва бо ҳамин роҳ поймол гардидани ҳуқуқи онҳо барои дастрасӣ ба таҳсил одат карданд. Зоҳиран ин амалиёти масъулин бо муваффақият анҷом ёфт. Аммо бо он иктифо накарда, мақомоти марбута бо ҳар далелу баҳона талош карданд, то занон дар масҷид ибодат накунанд. Дар робита баъзе аз чеҳраҳои динӣ муқобилияти худро дар робита ба ин амали ҳукумат тавассути расонаҳо иброз намуданд. Аммо он ба қарори ҳукумат ҳеч таъсире нарасонд.

5. Қабули қонунҳо ва ё ҷалб кардани парлумон дар рафти амалиёт
Бояд тазаккур дод, ин амалиёт дар ҳоле анҷом меёфт, ки вакилони парлумони Тоҷикистон саргарми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" буданд. Баррасии ин қонун дар Шӯрои парлумон баҳсҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Гуфта мешавад, ин қонун дар ҳоле қабул гардид, ки  намояндаи ҲНИТ дар парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар сафар хориҷ аз кишвар қарор дошт. Ин амали парлумони вақти Тоҷикистон суолҳоеро ба вуҷуд оварда буд.

6. Манъи Қуръон омӯзии шаҳрвандон
Бо қабули қонуни мазкур маҳдудиятҳо барои мусалмонон зиёдтар гардид. Дере нагузашта мақомоти марбутаи Тоҷикистон омӯхтани Ислом ва Қуръонро дар назди домуллоҳои "ғайрирасмӣ" мамнӯъ эълон намуд.

7. Ба қайдгирии масҷидҳо
Баъд аз қабули қонуни мазкур баҳори соли 2009 масҷидҳо ва иттиҳодияҳои динӣ дубора сабти ном гардида, мақоми дигар гирифтанд. Масҷиди ҷомеа ва иттиҳодияҳои динӣ ҳамакнун мақоми ҳуқуқӣ гирифтанд. Дар рафти сабти ном кардан танҳо масоҷиде масҷиди ҷомеъ унвон мешуданд, ки дар ҳудуди он бештар аз 15 ҳазор нафар ба сар бубарад. Ҳадаф аз гузаронидани амалиёти мазкур дар тартиб додани феҳраст ва қонунӣ кардани фаъолияти масоҷид арзёбӣ гардида буд.

8. Имомхатибони "ҳукуматӣ"
Баъдтар бо ибтикори Шӯрои уламо ва Кумитаи дин амалиётҳои махсусе барои дақиқ кардани маъруфият ва шахсияти имомхатибон баргузор гардид. Дар рафти ин амалиёт гурӯҳе аз имомхатибон аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Дар натиҷа Кумитаи дин қарор баровард, ки аз ин ба баъд дар масоҷиди ҷомеъ нафароне имомхатиб таъин хоҳанд шуд, ки хатмкардаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон бошанд.

9. Қонуни дигаре барои "муаяйн" кардани фаъолияти наврасон
Пешниҳоди тарҳи қонун "Дар бораи масъулияти падару модарон дар бораи таълиму тарбияи фарзандон" аз ҷониби ҳукумат ба Парлумон ҷомеаро ба таҳрик овард. Тибқи лоиҳаи ин қонун кӯдакону наврасон то синни 18-сола ҳуқуқи гузоштани намоз дар масоҷидро надошта, дар сурати риоя накардани ин банди қонун волидайн ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Банди дигаре, ки боиси баҳси зиёд гардид, ин дар мактабу корхонаҳо мамнӯъ шудани гузоштани намоз буд. Илова бар ин тибқи қонуни мазкур донишомӯзон ҳуқуқи гузоштани намози ҷумъаро надоштанд. Ва танҳо бо иҷозаи хаттии падару модар кӯдакон дар назди чеҳраҳои динӣ бояд дониш андӯзанд. Дар ин маврид шаҳрвандон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Гурӯҳи аввал тавассути расонаҳои хабарии давлатӣ аз қабули чунин қонун ҷонибдорӣ мекарданд. Ба назари онҳо кӯдакон  то синни наврасӣ бояд танҳо ба омӯзиши илмҳои дунявӣ машғул бошанд. Гурӯҳи дуввум тавассути расонаҳои хабарии мустақил пайваста аз он мегуфт, ки аз худ кардани дини Ислом дар баробари илмҳои дунявӣ зараре барои фарзандони онҳо надорад. Бо вуҷуди чунин назарҳои мухолиф қонуни мазкур аз ҷониби парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

10. Хатари таҳсили Ислом дар хориҷ
Баъд аз қабули ин қонун ҳукумат якбора дар мавриди баргардонидани донишҷуён аз кишварҳои хориҷ иқдом намуд. Тибқи ин қарор ҳар шаҳрванде, ки дар хориҷ аз кишвар дини мубини Исломро аз худ мекард,  баргардонида шуданд. Сабаби аслии баргардонидани донишомӯзони тоҷикро ҳукумат дар эҳтимоли пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ арзёбӣ намуд. Масъулин ваъда кард, ки бо баргаштан донишҷӯён дар макотиби динии кишвар идомаи таҳсил хоҳанд намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон шароити бо ҷойи таҳсил таъмин кардани тамоми донишҷӯён дар дохил вуҷуд надорад. Ба ҳар сурат то имрӯз ҳеч аз тақдири донишҷӯёни бозпас оварда ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин шудани онҳо ҳеч маълумоти расмие вуҷуд надорад. Ҳамакнун танҳо нафароне дар хориҷ идомаи таҳсил хоҳанд кард, ки агар онҳо иҷозаи вазорати маориф ва мақомоти марбутаро рӯйи даст дошта бошанд.

11. Ришдорҳо ва хатари онҳо
Агар дар ин муддат парлумони Тоҷикистон ба қабули қонунҳо барои муаяйн кардани мақоми мусалмон машғул буданд, дар кӯчаву хиёбонҳо маъмурони пулис шаҳрвандони ришдорро боздошт мекарданд. Дар рафти ин амалиёт, ки онро матбуот ҳамчун "амалиёти риш" унвон намуд, пулис ҷавонон ва мардони ришдорро дастгир карда, баъди суолу ҷавоб ришҳои онҳоро тарошида ҷавоб медоданд. Ҳарчанд мақомоти расмӣ аз мавҷудияти чунин як амалиёт инкор мекарданд. Аммо шоҳидони ин амалиёт аз баргузории он ва нақзи ҳуқуқи инсон шикоят мекарданд.

12. Маҳдудият дар мавъизахониву азон
Набояд фаромӯш кард, ки дар ин муддат масъулин дар бомдод садои азонро маҳдуд карданд. Бино бар гуфтаи масъулин ҳангоми даъват ба намоз мусалмонон бояд вазъи шаҳрро ба инобат бигиранд ва барои гурӯҳи дигари сокинон халал нарасонанд. Ҳамчунин Кумитаи дин дар ин миён бо таъсиси комисияи махсусе аз имомхатибон даъват намуданд, то феҳрасти мавъизаҳои худро барои намози ҷумъа пешкаши ҳайат намоянд. Ин қарор дар асоси анҷоми  амалиёти фиттаҳои мавъизахонии рӯҳониён содир шуд. Маврид ба зикр аст, соли 2007 мақомоти марбута ба амалиёт мусодира намудани фиттаҳои мавъизаи рӯҳониён даст зада буд. Дар рафти ин амалиёт масъулин фиттаҳои эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзоро бо далелҳои мухталиф мусодира карда буданд.

Ин 12 маврид аз бархӯрдҳои мақомоти Тоҷикистон нисбати дин ва диндорон буд, ки дар кишвари демократӣ ба миён омад. Дар ҳоле, ки мувофиқи сарқонун дин аз давлат ҷудост. Тазодро дидед?

Гуфта мешавад, давоми ин солҳо таҳлилгарон ва мухолифини  ҳукумати кишвар ва мақомоти марбутаи онро барои баргузории чунин амалиётҳо мавриди интиқод карор дода, аз хилофи ин амал ба Сарқонун ва асноди байналмилалӣ шикоят мекунанд. Ҳамзамон гурӯҳе аз ҳуқуқшиносон аз нақзи ҳуқуқи инсон дар робита ба анҷоми чунин амалиёт борҳо бонги хатар мезананд. Аммо ҳеч нашудааст, ки созмони байналмилалие масъалаҳои мазкурро бо ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор бидиҳад. Ин созмонҳо маъмулан танҳо дар ҳисоботи худ аз нақзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон гузориш менависанд.
Паҳлӯи дигари аҷиби масъала ин аст, ки ҳарчанд ҳукумат мубориза бо "бегонапарастии" бонувонро идома медиҳад, вале то имрӯз аз гирифтани маблағҳои имтиёзии кишварҳои мусалмонӣ даст накашидааст. Агар воқеан кишварҳои исломӣ ва фарҳанги онҳо барои мо бегона буда, зараре дорад, пас чаро вазорати маорифи кишвар маблағҳои онҳоро рад намекунад? Ин ҳам як тазоди дигар.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)