Бахшҳо
15 июн 2012 08:48Гузориш

Ман журналист! Аммо ҷангал намеравам…

Аммо то имрӯз президент дар қиболи ин мавзӯъ изҳори назар накардааст ва ҷомеаи журналистӣ интизор дорад, ки вокуниши сардори давлат дар пайи рафтори яке аз масъулини баландпояи кишвараш чӣ гуна хоҳад буд…

Қазияи аз сӯи сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ба ҷангал бурдани муовини сардабири рӯзномаи “Новая газета” Сергей Соколов ва таҳдидҳо бар сари хабарнигор мавзӯи ҳамойиши “Марши миллионҳо”- и нерӯи мухолифи ҳукумати вақти Русия, бигумагӯҳои ИМА ва Русия дар мавриди дастрас намудани яроқ, яке ба нерӯҳои Башор Асад ва дигаре ба нерӯҳои мухолифи ӯ ва латукӯб гардидани мухлисини мунтахаби ин кишвар дар сабқати футбол ва аз сӯи ҷавонони полякиро ба ҷойи дуввуму саввум бурд.
Вақте сардабири рӯзномаи мазкур Дмитрий Муратов муроҷиатеро бо шарҳи ин қазия (ба ҷангал бурда шудани муовинаш ва таҳдидҳо бар сари ӯ) нашр кард, хабарнигорон роҳ сӯи Кумитаи тафтишоти Русия пеш гирифтанд. Маҳз бо кӯшиши пулис, ки мехост журналистонро “барои роҳандозии ҳамойиши беиҷозат” даст бигирад, роҳпаймоии хурдакак  дар як муддати кӯтоҳ ба як ҳамойиши бузурги ҳамдилии журналистон табдил ёфт ва ҳар кассе, ки  қаламбадаст буду  эҳтимолияти чунин хатарро бар сараш баъид намедонист, фавран ба назди ин бино ҷамъ омаданд.

Аз ҳамойиш то «Ҳамойиш»

Дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҷузъиёти ин қазия тамоми расонаҳои электрониро “забт” кард. Тадқиқотҳову ахбори фаврӣ лаҳза ба лаҳза ин амали сардори Кумитаи тафтишоти Русияро тасвир намуданд. Ҳатто ин қазия то ба президенти ин кишвар, ки аз ҳамойишҳои эътирозӣ аллакай косаи сабраш пур шудаву дар як ҳолати ногувор қарор дорад, расидааст. Мактуби саркушодаи  сардабири “Новая газета” Дмитрий Муратов унвони сардори Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин рӯзноманигоронро сахт такон дод. Корманди “Комерсантъ” Олга Алленова ва муовини сардабири “Эхо Москви” Владимир Варфомолаев роҳандозии тазоҳуроти эътирози танҳо ба танҳоро дар назди бинои Кумитаи тафтишот пешниҳод намуданд. Мутобиқ ба қонунгузории ин кишвар тазоҳурот ё эътирозии танҳо ба танҳо аз сӯи мақомот иҷозаи махсуро тақозо намекунад. Ва хабарнигорон барои ҳимоят аз ҳамкасбашон дар назди бинои Кумитаи тафтишот ҷамъ омадан гирифтанд.

Ҳарчанд тазоҳуркунандагон аз ҳамдигар дар масофаи 50 метр дуртар қарор доштанд, пулис онҳоро боздошт намуд. Аввалин шуда хабарнигорони “Эхо Москви” Алина Гребнева, Олга Бичкова, Александр Подрабинек ва чандеи дигар дар як муддати кӯтоҳ аз паси панҷараҳои мошини пулис табассум мекарданду ба сӯи дигарон даст меафшонданд.
Александр Подрабинек бо як варақ, ки чизе навишта нашуда буд, ба тазоҳурот омада буд, ки маънои эътироз ба сензура нисбати матбуотро дошт.
Вақте рӯзноманигоронро ба пулиси “Басманное” Маскав бурданд,  шартҳое гузоштад, ки «ҳуш»  аз сари кас мепарад. Барои мисол, Олга Алленова барои он боздошт шудааст, ки шиорварақи (плакати) дигар касро бардошта будааст ва пулис тақозо кардааст, ки дар эътирозоти танҳо ба танҳо ҳар кас бояд бо шиори худ биёяд ва ҳатто мазмуни шиорварақаҳо аз ҳамдигар бояд фарқ дошта бошанд.  
Баъди навишта гирифтани маълумоти шиносномаҳои рӯзноманигорони эътирозӣ яку якбора 2 автобуси пуропури пулис майдони назди КТ- ро иҳота кард ва аммо шояд аз боло дастури дигар гирифтанд, ки ба ғайри сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ дигар пулис ба эътирозоти хабарнигорон аҳамияте намедод. На қоидаи 50 метр ва на аз даст ба даст гаштани шиорварақаҳо  дигар касеро ба ташвиш намеовард.  
Хабарнигорони боздоштшуда дар ШКД-и “Басманное” - и Маскав баъди сӯҳбати оромона озод гардиданд, ки аксарашон дубора ба майдони назди КТ баргаштанд.

Ҳатто Сергей Пархоменко, рӯзноманигори шинохта ва узви Кумитаи тадорукоти ҳамойишҳои эътирозии “Марши миллионҳо” бо дасти худ шиорварақаи “Ман журналист. Сардори КТ ҳамкори маро таҳдид ба куштан кардааст. Тақозои тафтишоти мустақилонаро дорем!” навишта, миёни 2 автобуси пулис меистод.
Чунин ҳамойиши эътирозӣ дар таърихи Русия собиқа надошт. Ин ҷо ҳама ҳамдигарро мешинохтанд. Ҳамкасбон аз ҳамкасбон мусоҳиба мегирифтанд, ҳазлҳо мекарданд.
Теъдоди таозоҳургарон рӯ ба афзойиш дошт. Аксаран шиорварақаҳои “Ҷаноби Бастрикин! Ман журналист, аммо ба ҷангал рафтан намехоҳам!”, ”Александр Иванович, аз тариқи ҷангал гузаред!” “Ҷангали тадқиқотӣ” (Следственний лес) ва ғайраро дар даст доштанд. Дар тирезаи пеши нақлиёти яке аз журналистон шиорварақаи “ Маршрути нав: Кумитаи тафтишот -ҷангал” ҳамагонро якбора ба ваҷд овард.
Тазоҳургарон қариб соатҳои 10  - и шаб майдони назди КТ ро тарк намуданд.

КТ барои журналистон «бачаи худӣ» нест

Аммо ҷаҳони интернетиро тамоми рӯз ин мавзӯъ пур карда буд. Ҳатто касе шӯхиомез сомонаи кайҳо фаромӯшшудаи “Увеземвалес.ру” аз нав пайдо намуд, ки як ширкате бо номи ООО “Увезем в лес” хадамоти худро бо роҳҳои дар бағочи мошин ба ҷангал бурдани шахси барои ширкати алоҳида номаъқулро пешниҳод мекард ва ҳадс зада мешуд, ки акнун маълум гардид, ки пушти ин ширкат кӣ меистад.
Дар пайи ин шӯхиҳои ҳамкорон маълум гардид, ки журналисти таҳдидшуда Сергей Соколов ба хотири таъмини амният ба ҷонаш марзи Русияро тарк гуфтааст. КТ, ки то ин дам яке аз ниҳодҳои барои хабарнигорон дастрасу боз маҳсуб меёфт, ин навбат хомӯширо ихтиёр карда буд. Иттиҳоди журналистони Русия, Шӯрои Федератсияи Русия бо изҳоротҳо баромад карда, тақозои роҳандозии тадқиқоти беғаразонаи қазияро намудаанд ва ҳатто Иттиҳоди журналистон бо мактуби махсус ба додситони кулли Русия муроҷиат намудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамкасби дигарамон, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфтааст, ба сардори давлат дар хусуси қазияи мазкур ва инъикоси он дар ВАО аллакай маълумоти муфассал манзур карда шудааст.
Аммо то имрӯз сардори давлати Русия дар қиболи ин мавзӯъ изҳори назар накардааст ва ҷомеаи журналистии Русия ва ҷаҳон интизор доранд, ки вокуниши сардори давлат дар пайи рафтори яке аз масъулини баландпояи кишвараш чӣ гуна хоҳад буд. Мо ҳам бо изҳори ҳамрайъӣ аз ҳамкасбонамон интизори тафтиши мунсифонаи қазия  хоҳем шуд.

Муҳаммад Рашод, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)