Бахшҳо
15 июн 2012 10:09Гузориш

«Имон дорам интихоб мешавам, барои барканори Шафиқ тавофуқ кардаем».

Ман пеш аз ҳар чиз ба Худо ва ба худ ва ба барномаам ва ба миллати бедор ва ҳушёр итминон дорам ва медонам раъйи худро бе камтарин шакку шубҳа  ба ман хоҳанд дод ва бидонанд, ки  аз додани раъйи худ ба ман  ҳеч гоҳ пушаймон нахоҳанд шуд

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Қоҳира,  Муҳаммад Мурсӣ , номзади ҳизби озодӣ  ва адолат, шохаи сиёсии ҷамоати ихвонулмуслимини Миср муваффақ шуд, бо касби бештарин оро дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср, ба даври дуюм ин интихобот роҳ ёбад ва танҳо баъд аз чанд рӯзи ангуштшумор ба оғози даври дуюми интихобот раёсати ҷумҳури Миср боқӣ намонда, то тайи он Мурсӣ бо  Аҳмад Шафиқ , охирин нухуствазири Ҳуснӣ Муборак ва номзади роҳ ёфта ба даври дуюми ин интихобот, рақобати худро оғоз кунад.
Ин амр баҳонае шуд, то хабарнигори Форс дар Қоҳира дар бораи авзои ҷорӣ дар Миср ва охирин тағйир ва таҳаввулоти ҷорӣ дар ин кишвар, ба вижа интихоботи раёсатии ҷумҳури Миср, бо вай ба гуфтугӯ бинишинад.
Мурсӣ дар ин гуфтугӯ таъкид кард, ки агарчӣ орои исломгароён дар даври аввали интихоботи раёсатии ҷумҳури Миср байни чанд номзад тақсим шуд, аммо ба даври дуюм имон дорам.

Вай ҳамчунин гуфт, Ҳуснӣ Муборакро ба хотири ҷинояти хиёнати бузурги сиёсӣ муҳокима хоҳем кард.
Мурсӣ дар бахши дигаре аз изҳороташ низ бо ишора ба чолишҳои пеши руйи интихобот ёдовар шуд, ки дар интихоботи гумроҳсозиҳое вуҷуд дорад, ки наметавон аз онҳо таҳти унвон тахаллуф ё тақаллуб ёд кард.
Номзади исломгароён ҳамчунин таъкид кард, ки наметавон гуфт, ки дар интихобот таққалубе сурат гирифта ва ин мавзӯъе аст, ки ҷаҳониён ба aйнӣ шоҳиди он буданд, аммо талошҳое аз сӯи бархе тарафҳо ва таблиғоти бархе ситодҳои интихоботӣ анҷом шуд, то раъй даҳандагонро гумроҳ сохта ва фиреб диҳанд.
Вай дар бораи дидораш бо Ҳамдин Алсабоҳӣ ва Абдулфатоҳ - ду номзади ноком дар интихоботи раёсатии ҷумҳурӣ низ гуфт: Дар ин дидор бар зарурати иҷрои қонуни барканории сиёсӣ ва иҷрои он ба вижа дар бораи Аҳмад Шафиқ ва ҳамчунин муҳокимаи муҷаддади Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ва сарони низомияш  дар додгоҳҳои инқилобӣ, ба тавофуқ расидаем. Ҳамчунин, аз ташкили маҷлиси инқилобӣ ҳам сухан ба миён омад, аммо дар бораи он ба тавофуқе даст наёфтем.

Муҳаммад Мурсӣ дар бораи муҳокимаи муҷаддад низ чунин гуфт: Ба дархости худо ин тасмим иҷро хоҳад шуд ва Муборакро бори дигар на аз ҳайси ҷиноӣ, балки аз ҷанбаи сиёсӣ дар баробари маҷлиси Ал-шуъаб, бар асоси қонуни асосӣ муҳокима хоҳем кард, чун ӯ ба ватан ва савганде, ки дар баробари миллат дар тӯли 30 соли гузашта адо карда буд, хиёнат кард.

Матни комили мусоҳибаи хабаргузории Форс бо Муҳаммад Мурсӣ

Форс: Дар ин шак нест, ки интихоботи раёсатиҷумҳури Мисрро бояд бузургтарин ҳодиса баъд аз инқилоби Миср баршумурд, аммо ба назари шумо чаро дар даври аввал шоҳиди мушорикати сатҳи пойни мардум дар ин интихобот будем?

Мурсӣ: Дуруст аст, ки мушорикати мардум дар даври аввали интихобот мушорикати сатҳи пойин дар муқоиса бо ҳузури пурранги мардум дар интихоботи порлумонӣ буд, вале иллати ин мушорикати поинро бояд дар чанд маврид мулоҳиза кард, ки аввалини он тӯлонӣ шудани давраи интиқолӣ аст ва муҷиб шуд, то мардум хаста ва вомонда шаванд ва  шӯру шавқро барои ширкат дар интихобот дигар надошта бошанд. Омили дуюмеро, ки дар вуҷуди 10 миллиюн шаҳрванди Мисрӣ мулоҳиза кард, ки дар устонҳое ғайри устонҳои маҳалли сукунати худ, машғул ба кор ҳастанд  ва табиатан дар рузи интихобот ба иллати адами ҳузур дар маҳалли сукунати худ, имкони додани раъйро аз даст доданд.
Ва омили сеюм, дар нотавонии мардуми Миср дар интихоби номзади мавриди назар, намуд пайдо мекард, ки то охирин руз онҳо саргардон буданд, ки саранҷом раъйи худро ба сандуқи кадом номзад бияндозанд.

Форс: Дар ин ҷо ибҳомоте дар қазияи мушорикати мардумӣ дар интихобот ба чашм мехӯрад, аз як сӯ расонаҳои Мисрӣ аз ҳузури пурранг ва истиқболи пуршӯри мардум дар интихобот сухан гуфтанд ва аз суи дигар оморҳои расмӣ мушорикати мардумро 46% эълом кард, далели ин амрро чӣ гуна мебинед ва ин мавзӯъро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Мурсӣ: Расонаҳои Миср тасовир ва гузоришҳоеро пахш мекрад, ки нишон медод, мардуми Миср дар шӯъбаҳои раъйдиҳӣ сафҳои тулонӣ эҷод карданд ва ин як фиреб ё дурӯғ набуд, чун ба чашм дидем, ки муқобили ҳар шӯъба овоздиҳӣ 5 ҳазор нафар ва ҳатто бештар таҷаммӯъ карда буданд, дар ҳоле ки бо ин  афрод, афроди дигаре низ ки мумкин буд ҳаққи раъй надошта бошанд ҳамроҳ шуда буданд ва ин мавзӯъ муҷиб шуд, то ин тасаввур ба вуҷуд ояд, ки сатҳи мушорикат бисёр болост ва ин таноқуз замоне ташдид шуд, ки кумитаи олии интихоботи Миср эълом кард, ки аз афроди дорои ҳаққи раъй дар Миср 46% дар интихобот ширкат карда буданд.

Форс: Ба назари шумо чаро раъйи исломгароён дар интихоботи порлумонӣ дар муқоиса бо интихоботи раёсатии ҷумҳурӣ  коҳиш пайдо карда буд?

Мурсӣ: Орои исломгароён дар муқоиса бо мизоне, ки аз он ёд мекунанд, коҳиш наёфта аст, аммо он чӣ дар интихоботи раёсатии ҷумҳури Миср руй дод ин буд, ки орои исломгароён ба се бахш тақсим шуд, инҷониб ба унвони номзади ҳизби озодӣ ва адолат ва  Абдумунъам Абдулфатоҳ  ва орои дигаре, ки ба сандуқи  Муҳаммад Салимулаво  рехта шуд; ин дар ҳоле аст ки мулоҳиза кардем, бахши густардае аз ҷарёни салафӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат накарда буданд, бар хилофи интихоби порлумонӣ, ки ҳузури онҳо дар он интихоботи бисёр васеъ ва густарда буд.

Форс: Гуфта мешавад, ки тахалуфҳое дар интихобот сурат гирифта аст ва ё барномарезиҳое барои аз масир хориҷ кардани он анҷом шуда аст. Ба баён расотар, ба назар мерасад, ки Ихвонулмуслимин ба наҳвае дил нигарони бекоркунии интихобот  тавассути шӯрои олии низомии Миср ва ё таъхири интиқоли қудрат тавассути ин шӯро буд. Аз ин ҳайс гуфта шуд, ки онҳо тарҳи тақаллуб дар интихоботро поярезӣ карда буданд. Шумо чӣ эътиқоде доред?

Мурсӣ: Ба маънои хоси калима наметавон гуфт, ки дар интихобот таққалубе сурат гирифта аст ва ин мавзӯъе аст, ки ҷаҳониён ба айнӣ шоҳиди он буданд, аммо талошҳое аз сӯи бархе тарафҳои расонаӣ ва таблиғотӣ ва бархе ситодҳои интихоботӣ анҷом шуд, то раъйдаҳандагонро гумроҳ сохта ва фиреб диҳанд ва ё ба таври ғайримустақим бо таблиғоти худ, бар дидгоҳҳои онҳо таъсир бигузоранд, ки ин мавзӯъро наметавон ҳамчун тақаллуб дар интихобот ном бурд, ҳамон тавр ки омилҳои сиёсӣ  низ нақши бисёр муҳиме дар раванди интихобот ва талош барои хариди овозҳоро бозӣ кард.

Форс: Бархе таҳлилгарон ва соҳибназарони сиёсӣ мегуянд, ки интихоботи раёсатии ҷумҳурӣ тарҳе барои муқобила бо пирузии исломгароён буд, то мухолифони ин ҷарён битавонанд, барномаҳои худро ба иҷро бигузоранд ва ба ин тартиб битавонанд давлати эътилофии муташаккил аз ҷарёнҳои мухталиф, ташкил диҳад. Назари шумо дар ин иртибот чист?

Мурсӣ: Дар ин ки ҷабҳаи ҷангии дар бархи расонаҳо алайҳи исломгароён кушода шуда ва касоне намехоҳанд исломгароён ба пирузӣ бирасанд, шаке нест ва ин мавзӯъ комилан возеҳ ва ошкор аст. Албатта, манзури ман аз исломгароён танҳо шахси худам нест. Балки бояд аз Абдулфатоҳ ва ҳамчунин Ал-аво ҳам ёд кунам ки ба унвони номзадҳои исломгаро пеш аз интихобот ва дар ҷарёни интихобот, ҳадафи ҳамлаи ин расонаҳо қарор гирифтанд ва ҳамакнун низ ин раванд идома дорад.

Форс: Амру Мусо ва Абдулфатуҳ аз ҷумлаи номзадҳои қудратманди интихобот буданд, ба назари шумо чаро пируз нашуданд? Эътиқод доред чи ҷарёнҳо ва афроде ба суди Шафиқ раъйи худро ба сандуқҳо рехтанд?

Мурсӣ: Ин ки чаро Амру Мусо ва Абдулфатоҳ пирӯз нашуданд, саволе аст ки барои мардуми Миср ҳам матраҳ аст, аммо ҷарёнҳое ки ба Шафиқ раъй доданд, табиатан бозмондагони  режими собиқ, ба вижа аъзои ҳизби пароканда шудаи миллӣ ва бархе афроди содалавҳе буданд,  ки шиорҳои Шафиқ дар бораи таъмини амният ва истиқрори субот дар кишвар, дар онҳо таъсир гузошт.

Форс: Нақши неруҳои бегона ва ҳимоятҳои молии онҳо аз интихобот ва талоши онҳо барои тағйири натиҷа ба суд худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Мурсӣ: Ба назари ман натиҷаи интихобот, натиҷае буд, ки аз сандуқҳо берун омад ва ин натиҷаи бедорӣ ва огоҳии мардуми Миср буд, бидуни таъмини молӣ касе ё кишвари бегонае ва далели ин мудаъо он аст, ки мо ба унвони номзадҳое, ки вобаста ба режими собиқ набудем, ба ин андоза аз раъйи мардум даст ёфтем ва ҳамон тавр ки гуфтам, ин натиҷаи бедорӣ ва огоҳӣ аст, ки мардуми Миср ба он даст ёфтаанд ва мӯҷиб мешавад, то ҳеч гоҳ овози худро бо пул иваз накунанд.

Форс: Дар ин авохир бо Абдумунъим Абдулфатоҳ ва Ҳамдин Сабоҳӣ дидор доштед, натиҷаи ин дидор чӣ буд? Оё бар сари масъалаҳое ба тавофуқ расидед? Оё шартҳоеро барои тавофуқоти ҳосил шуда  дар назар гирифтед?

Мурсӣ: Дар ин дидор бар зарурати иҷрои қонуни барканории сиёсӣ ва иҷрои он ба вижа дар бораи Аҳмад Шафиқ ва ҳамчунин муҳокимаи муҷаддади Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ва сарони низомиаш дар додгоҳҳои инқилобӣ, ба тавофуқ расидем. Ҳамчунин,  аз ташкили маҷлиси инқилобӣ ҳам сухан ба миён омад, аммо дар бораи  он ба тавофуқе даст наёфтем.

Форс: Гуфтед, ки ҳукми додгоҳи ҷиноии Қоҳира дар бораи Муборак, зарбаи бузурге ба миллати Миср ворид кард ва ҳамчунин гуфтед, ки дар сурати расидан ба қудрат Муборакро муҳокима хоҳед кард. Ба эътиқоди шумо оё ин гуфта амалӣ хоҳад шуд, ё дар ҳадди сухан боқӣ мемонад?

Мурсӣ: Ба хости Худо ин тасмим иҷро хоҳад шуд ва Муборакро бори дигар на аз ҳайси ҷиноӣ, балки аз ҷанбаи сиёсӣ, дар баробари маҷлиси Ал-шуаб, бар асоси Қонуни асосӣ муҳокима хоҳем кард, чун ӯ ба ватан ва савганде, ки дар баробари миллат дар тӯли 30 соли гузашта  адо карда буд, хиёнат кард ва ин суханро ба унвони як сухан ва гуфтаи таблиғотӣ бар забон намеоварам ва дар ин иртибот холисона ният дорам, суханеро, ки бар забон  меоварам ба иҷро бигузорам ва аз худо мехоҳам, ки ин тавофуқро ба ман бидиҳад, то хидматгузори миллати бузурги Миср бошам ва ин тавоноиро ба ман бидиҳад, ки Муборакро бори дигар муҳокима кунам.

Форс: То чӣ андоза ба пирӯзии худ дар даври дуюми интихобот итминон доред?

Мурсӣ: Ман пеш аз ҳар чиз ба Худо ва ба худ ва ба барномаам ва ба миллати бедор ва ҳушёри Миср итминон дорам ва медонам раъйи худро бе камтарин шакку шубҳа  ба ман хоҳанд дод ва бидонанд, ки  аз додани раъйи худ ба ман  ҳеч гоҳ пушаймон нахоҳанд шуд, чун дигар шоҳиди рӯи кор омадани режими собиқ нахоҳанд буд ва осудахотир хоҳанд буд, ки хуни ҷавононашон ҳадар нарафта аст.   

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)