Бахшҳо
15 июн 2012 12:07Гузориш

Нахустин қадам барои миллатсозӣ чӣ бояд бошад?

Дар кишваре, ки ҳудуди 8 млн. ҷамъият дораду теъдоди нашри китоб аз 1000 нусха убур намекунад, аз ин бештар чизеро интизор шудан мумкин нест...

Урун КӮҲЗОД, нависанда

Решае, ки дар асоси он бояд миллат ташаккул ёбад, ин ҳалолкорӣ аст. Агар ҳар шахс барои миллат ҳалол кор кунад ва аз рӯи виҷдон амал намояд, барои ободии миллат замина мегузорад. Агар ҳалол кор накунад, охир раҳгум мезанад. Хоҳ фаррош бошад, хоҳ раис ё хоҳ вазир бошад, бояд вазифае, ки ба ӯҳда дорад, онро покизаву ҳалол иҷро кунад. Вақте шахс ҳалол кор кард, манфиати ҷомеа ва тамоми миллатро дар назар мегирад ва чӣ будани миллатсозиву ватандориро дарк мекунад. Шахсе, ки дарки миллатсозиву меҳанпарастиро надорад, кори ҳалоле анҷом дода наметавонад.

Зафари МИРЗОЁН, донишманд

Барои миллатсозӣ пеш аз ҳама худшиносиву худогоҳии миллӣ зарур аст. Дар назари аввал гӯё ҳама худро мешиносанд ва медонанд, ки аз куҷо омадаанд ва ба куҷо мераванд. Вале дар асл ин тавр нест. Аксарияти мардуми мо ба хештаншиносии миллӣ нарасидаанд ва як навъ беэътиноии миллӣ дар миёни мардуми мо дида мешавад. Ман як вожаи фаромӯшшудаи тоҷикӣ: масъуниятро истифода бурдам, ки баъзеҳо нафаҳмиданд. Ин ҳамон варианти тоҷикии иммунитети миллӣ аст. Агар қавме, ки иммунитети миллӣ надошта бошад, дар ин уқёнуси пурталотуми ҷаҳонишавиву аз байнравии тамаддунҳо ва олудашвии фарҳангҳо ба зудӣ аз байн меравад. Таърих бисёр намунаҳои зиёд дорад, ки қавмҳо аз байн рафтаанд. Агар аз замони ҳамлаи аъроб ва қабули дини ислом шурӯъ кунем, метавон гуфт, ки қавмҳои зиёде, ки дар нимҷазираи араб ва Африқои шимолӣ зиндагӣ мекарданд, миллату забони худро аз даст доданд. Онҳо дигар миллат нестанд. Масалан, мисриҳо араби мисриянд, гарчанде ба арабият танҳо забонашон мансубият дорад. Лекин мо дар замони пеш ин масъунияти миллиро доштаем, ки асолати худро нигоҳ доштаем. Лекин дар пайи ин ҳама ошуфтагиҳову осебҳо торих ба мо як модарандар будааст. Чунки мо дар як ҷойгоҳе қарор доштем, ки аз ду самт: ҳам аз Шарқу ҳам аз Ғарб ба мо ҳамлавар шуданд, ба хонаи мо омаданду мо маҷбур онҳоро пазируфтем ва онҳо худи мо тоҷиконро инкор карданд. Акнун мо бояд ҳам давлат ва ҳам миллат бисозем. Мутаассифона,  интернатсионализме, ки дар дини мубини ислом ҳаст, миллатро қабул надорад ва мегӯяд, ки мусулмон дар куҷое набошад, он ҷо ватани ӯст. Ин аз лиҳози инсонгароӣ албатта хуб аст, зеро дар куҷое набошад, инсон инсон аст, вале аз ҷиҳати дигар алам мекунад, ки мо тоҷик будани худро аз даст диҳем. Мо миллати тоҷик дар байни худ як идда ҳамдиёр ё ҳамшаҳриҳое дорем, ки асолатан тоҷик нестанд, лекин рӯ ба тоҷикшавиянд. Дигар онҳо забон ва тамоми хусусиятҳои этникии худро аз даст додаанд, лекин дар дил ва дар байни наздиконашон худро боз ҳам тоҷик намегиранд. Баъзан байни худ мегӯянд, ки мо "эшонзодаем". Шаҷараи худро то ба паёмбари ислом мерасонанд, ки то андозае музҳик аст. Зеро наметавонад шаҷараи расули Худо ин қадар зиёд бошад, ки дар тамоми ҷаҳони ислом паҳн шуда бошад. Аммо ин як ҳиллае аст барои инкор кардани миллат. Ақвоми дигаре ҳастанд, ки баъзан худро турк мегиранд. Аммо на забони туркӣ медонанд ва на хусусияти миллияшонро ҳифз кардаанд. Аммо намедонам забони тоҷикӣ чӣ зараре дорад, ки онон то андозае аз тоҷик будан парҳез доранд. Аммо мо зери вожаи тоҷик ин миллатро бояд муттаҳид кунем ва ин миллатро бисозем. Чунки мо ташаккули пурраи миллӣ  наёфтаем. Баъдан мо ҳатман худогоҳии комили таборӣ дошта бошем ва ҳар кадоме бидонем, ки аз кадом таборем. Вақте мо мегӯем, ки мо эронитаборем, ин маъниро надорад, ки мо ҷузъи Эрон ҳастем. Эрон давлати дигар аст, аммо вақте мо мегӯем, ки аз табори  эронием, бояд ҷудо будани худро аз ақвоми дигаре, ки дар Осиёи Марказӣ 500 ё 700 сол пеш омадаанд, бидонем. Агар мо худамонро аз эронитабор дур бигирем, пас мо худамонро аз Фирдавсӣ, аз Хайём, аз Ҳофиз ва аз Саъдӣ дур мегирем. Агар мо худогоҳии таборӣ надошта бошем чӣ тавр метавонем 12 миллион тоҷике, ки дар Афғонистони имрӯза зиндагӣ мекунанд, аз худ надонем? Ё 10 миллион тоҷике, ки дар Самарқанду Бухоро будубош мекунанд, аз худ надонем? Биноан мо ҳам худшиносии миллӣ ва ҳам худогоҳии таборӣ дошта бошем. Мо бояд рӯҳониёни мӯҳтарами худро ҳам биомӯзонем, ки мо дини дигарро ҳаргиз пазируфта наметавонем, зеро ислом барои мо муқаддас аст. Вале бояд андешаҳои миллиро аз назар дур нагузорем. Бубинед, шайтанату фиреби нерӯҳои аҳриманиро, ки дар зери калимаи "халофат" бунёд кардан, ҳама тоҷику эронитаборро аз байн бибаранд, лекин маркази онҳо дар Туркияи Усмонӣ ҷой дорад. Инро одамони соддаи мо намедонанд ва ба ҳар номҳои навин мехоҳанд дар байни мардуми мо ҷудоӣ андозанд. Агар мо давлати миллӣ бунёд карда бошем ҳам, ҳанӯз истиқлолияти иқтисодӣ ва иртиботӣ надорем ва инро бояд донем, ки хайрхоҳони мо хеле каманд. Дар баёни ин ки маҳалгароҳо ҳаммиллати моянд ё не, инро мегӯям, ки бахши аъзами маҳалгароёни шадид ғайритоҷиканд. Ман мушоҳида кардам, ки бештари маҳалгароҳо ғайритоҷиканд, чаро ки онҳо бо номи тоҷик намехоҳанд ифтихор дошта бошанд, балки бо як маҳалла мехоҳанд ифтихор кунанд. Ин бисёр падидаи бад аст. Мо тоҷикро мехоҳем дар Самарқанду Бухорову Бағлону Кобулу Зобул ва  ҳатто дар Эрон ҷустуҷӯ кунем, аммо вақте дар як маҳал, дар як вилоят ва дар як ҷумҳурӣ қарор дорем ва якдигарро ҷудо мекунем, ин бисёр бадбахтист.

Сафар АБДУЛЛО, профессор

Вақте Шумо суол мекунед, ки нахустин гом барои миллат шудан кудом аст, бояд посухе барои мафҳуми "миллат" дошта бошед. Ҳатман Шумо медонед, ки мафҳуми "миллат" барои  мо ва барои урупоиён яксон нест. Барои кишварҳои ғарбӣ "миллат" ба маънии шаҳрванди ин ё он кишвар будан аст, яъне ҳар касе аз ҳар нажоде метавонад, аз миллати амрикоӣ бошад ва ё фаронсавӣ! Дар ҳоле, ки бисёриҳо миллатро ба маънии як тоифаи нажодию забонӣ медонанд, ки дорои торих ва ҷуғрофиёи воҳид ҳастанд ва решаҳои муштарак доранд. Дар гузашта миллатро ба маънии "дин" истифода кардаанд ва вожаи "уммат"-ро ба кор мебурданд. Мафҳуми миллат дар тӯли ҳазор сол дар забони мо, маъонии мухталиф доштааст. Ба назари ман агар мо ин мавзӯъро баррасӣ мекунем, бояд пеш аз ҳама барои хеш мушаххас бисозем, ки аз ин мафҳум чӣ бардоште дорем ва ё аҳдофи мо аз баррасии ин мавзӯъ чист?! Агар дар воқеъ мо манзурамон аз ин мафҳум масоили қавмию нажодист, пас бояд ин масъаларо дар доираи васеътар ва бо дарназардошти таърихамон ва фарҳангамон баррасӣ кунем. Вале дар ҳама ҳолат, нахустин гом дар ин роҳ маърифат доштан, дониш андӯхтан аст. Барои ин кор низоми омӯзишии кишварро бояд тағйир дод, зимоми омӯзишро бояст ба дасти афроди огоҳ ва доно вогузор кард, кодрҳои омӯзиширо бо меъёрҳои миллию ахлоқӣ ва бо дар назардошти салоҳияту донишашон интихоб кард. Дар он сурат метавон ба фардои кишвар эътимод намуд. Танҳо маърифат метавонад, моро аз бадиҳо ва дадиҳо раҳоӣ бахшад ва ба як миллати пешрафта ва сарафроз раҳнамоӣ кунад. Ҳамаи фоҷиъаҳо дар ҷаҳон аз бемаърифатист! Пас дар ин маврид низ гоми нахуст бояд таҳияи як барномаи санҷидашуда ва огоҳона дар роҳи омӯзиши дуруст ва андӯхтани донишҳои лозима барои ҷомиъа бошад. Ҳамаи мо, бояд дар ин роҳ гом бардорем. Агар дар асраъи вақт барои маърифат талош наварзем, фардоямон табоҳист. Дар ҷомиъае ки маърифат ва дониш нест ва ё дониш қадр надорад, таассуб, хурофот, ифроту тафрит пирӯз мешавад ва афроде пайдо мешаванд, ки мағзи сари фарзандони моро чун морони Заҳҳок хоҳанд хӯрд…

Қодири РУСТАМ, нависанда

Ақвоми мухталиф дар байни манотиқ ва аҳзоби гуногун, ҳарчанд тарҳу барномаҳои худро доранд, мардуми ҳар минтақа дорои менталитети минтақаи худ низ ҳастанд, барои расидан ба як мақсади умумӣ ва як ҳадафи ниҳоии миллӣ бояд бо ҳам муттаҳид ва ягона бошанд. Бидуни ин ваҳдату ягонагӣ миллати яклахт вуҷуд дошта наметавонад. Барои ин пеш аз ҳама давлат бояд дар ин росто барнома дошта бошад ва барои амалӣ гардонидани он дар самтҳои мухталиф барномаҳои хурдтари дигаре таҳия намояду барои таҳияи ин барномаҳо бояд нерӯҳои илмӣ, зиёиён сафарбар карда шаванд. Мо дар сатҳи пасти маърифат қарор дорем ва барои он ки як ҳуввияти миллии фарогир вуҷуд дошта бошад, бояд маърифати мардум боло бошад ва дорои  маърифати пасти сиёсиву иқтисодӣ, диниву мазҳабӣ ва ниҳоят маърифати пасти адабиву мусиқӣ, ҳастем, ки дар ин самтҳо хеле бояд кор кард то ба ҳадди муайяни маърифат бирасем. Дар кишваре, ки ҳудуди 8 млн. ҷамъият дораду теъдоди нашри китоб аз 1000 нусха убур намекунад, аз ин бештар чизеро интизор шудан мумкин нест.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС

Давлати пурқуввати демократии миллиро сохта истиқлолияти онро устувор нигоҳ доштан лозим аст. Миллат дар доираи он худаш ташаккул меёбад. Заминаҳои миллат дар мо сад дар сад мавҷуданд. Аниқтараш худи миллат дар мо мавҷуд ҳаст, вале камбудиҳо дар миллатсозии мо низ кам нестанд. Онҳоро кам кардан лозим, зеро ба ҳамон андоза роҳи миллатсозии мо ҳамвор мегардад.

Дориюши РАҶАБИЁН, журналист

Якум, ба қавли Мавлавӣ, "ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст". Дар мақулаи миллатсозӣ ҳам ҳамдилӣ пояи кор аст; ҳамдилӣ дар ҳамзабонӣ аммо. Ҳамдилӣ дар фарҳангу забону дирӯзу имрӯзу фардои муштарак. Барои сохтани миллате қавӣ бояд забоне қавӣ дошт. Ҳеч миллати қавие бо забони заъиф дар ҷаҳон ва дар торих вуҷуд надорад. Забон пояи ҳама навъ пешрафт аст, аз ҷумла ва ба вижа миллатсозӣ. Забони порсӣ мавҳибат ё ҳадяи бузурги сарнавишт барои тоҷикон аст, ки нахустин гӯишварони ин забонанд. Аммо аз бади рӯзгор мо наҳваи нигаҳдорӣ аз ин забонро фаромӯш кардаем ва содатарину бунёдитарин шарти нигаҳдориро, ки мувозибат аз хатти модарӣ (хатти порсӣ) ва бозгашт ба он аст, баҷо наовардаем. Тоҷикон метавонанд танҳо аз роҳи бозгашт ба алифбои порсӣ забоне қавӣ ва дар натиҷа миллате қавӣ шакл диҳанд.

Дуввум, агар маҳалгароёнро ҳаммилатони худ надонем, бекас хоҳем монд, чун тақрибан ҳамаи тоҷикҳо маҳалгароянд. Магар ин ки ғурбат чашида бошанд ва бар вусъати дидашон афзуда бошанд ё дар ҳамон Тоҷикистон ба ин муҳим даст ёфта бошанд, ки ҳатто худи Тоҷикистон танҳо пораи кӯчаке аз миллати моро дарбар мегирад; пас набояд онро кӯчактар аз ин кард. Шумори ин даст афрод бисёр андак аст. Аз бади рӯзгор, тайи чандсад соли ахир доманаи ҷаҳонбинии бештари тоҷикон беандоза тангу маҳдуд шуда. Ба ҳамон шева, ки ба рӯд "дарё" (баҳр) мегӯем (чун дарёи воқеъӣ дар таркиби хокамон намондааст), ба вилоят ё ноҳия ё ҳатто рустои худ гоҳ "ватан" мегӯем, ки бароянди тангии дид ва маҳсуру мунзавӣ будани инсон аст. Теъдоди бисёре аз касоне, ки санги Самарқанду Бухороро ба сина мекӯбанд, мутаваҷҷеҳ нестанд, ки яке аз ъавомили ҷудоии он ду шоҳшаҳр ҳисси шуми маҳалгаройӣ буд, ки монеъ аз дарки мусибати миллӣ дар он давра шуд. Вақте бархурдашон бо ҳаммеҳанони худ дар гӯшае дигар аз кишвар инчунин аст, ба чи ҳаққи маънавие иддаъои Самарқанду Бухороро мекунанд? Ва чи тазмине вуҷуд дорад, ки фардо агар муъҷизае шуду Самарқанду Бухоро ба оғӯши моми меҳан баргаштанд, ҳамин бархурди носолимро бо ҳамқавмони самарқандию бухороимон нахоҳанд дошт? Пас ин ашки тимсоҳ рехтанҳо ба чи дарде мехурад? Ҳоло, ки ҳамин тоҷикони боқимондаи сарзаминро худӣ ва азиз намедонӣ, синни зеҳниат қадд намедиҳад, ки ба хиёли Самарқанду Бухоро бошӣ. Аммо ин воқеъиятҳои имрӯзи мост ва бояд ба гунае бо онҳо канор омад ва воқеъиятҳои беҳтаре сохт. Танҳо роҳи мумкин дар ростои миллатсозӣ ҳам ин аст: ҳаммиллат донистани ҳамдигар бо вуҷуди касру камбуди эҳсоси таъаллуқ ба як миллати воҳид, бо ин умед, ки рӯзе-рӯзгоре ин ҳисси таъаллуқ по бигирад.

Зарафо РАҲМОНӢ, мудири шӯъбаи фарҳанги ҲНИТ

Аввалин қадаме, ки барои бунёди як миллат бардошта мешавад, бояд аз имондорӣ сахт вобаста бошад. Яъне ҳар касе, ки имон дорад метавонад барои сохтани ватан, дуст доштан ва ҳифз намудани он кӯшиш намояд. Ва дустдорӣ ва сохтани як миллат бастагӣ дорад ба зеҳнияти мардум, таъриху тамаддун ва ҳуввияти ҳамон миллате, ки бояд худро муаррифӣ кунаду созмон диҳад. Ташаккул ва созмон додани як миллат низ ба ҷомеъаи он миллат ҳам вобастагӣ дорад. Дӯст доштан ва хифз намудани он миллат аз имондории он мардумаш вобастааст. Бинобарин бисёр хуб мебуд, ки таъриху тамаддун ва ҳуввияти он миллат аввал баррасӣ мешуд ва баъд барои ташаккул додани он барномарезӣ мегардид. Мо то он ҳангом, ки ба худшиносии миллӣ нарасем, ба қадри дустдорӣ ва ҳуввияти миллатамон намерасем. Дар давраи 20 соли истиқлолияти  Тоҷикистон мо то ҳануз ҳам ба худшиносии миллӣ даст наёфтаем. Худшиносии миллии мо дар сатҳи миёна қарор дораду то ҳол натавонистаем ба миқдори лозим худу ватани худро бишносему  ҳуввияти миллӣ дошта бошем. Ба дараҷаи лозима ҳануз нарасидаему барои расидан бояд қабл аз ҳар чиз аз таъриху фарҳангу тамаддун ва асолату динӣ худ бохабар бошем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)