Бахшҳо
16 июн 2012 05:56Сиёсат

Чаро Тоҷикистонро давлати худкома меноманд?

Чанд рӯз қабл созмони байналмилалии оид ба ҳуқуқ "Freedoom House" дар гузориши нави худ кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷумла Тоҷикистонро мамолике номид, ки сатҳи демократия дар онҳо дар вазъияти хубе қарор надорад. Бештари коршиносон ингуна баҳодиҳиро мутобиқи шароити Тоҷикистон унвон мекунанд.

Ин созмон то куҷо рушд кардан ва заъиф шудани равандҳои демократия дар Тоҷикистонро аз рӯи баргузории интихобот, шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи расонаҳои мустақил, фаъолияти сохторҳои милливу маҳаллии демократӣ, мустақилияти сохтори додгоҳӣ ва мизони фасод арзёбӣ кардааст.
Дар ин гузориш созмони "Freedom House", ки дар Амрико қарор дорад, аз коста гардидани равандҳои демократӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ манфӣ арзёбӣ кардааст. Ин созмон порсол ҳам Тоҷикистонро кишвари авторитарӣ дониста буд. Аммо оё масъулини Тоҷикистон ингуна баҳодиҳиҳоро қабул доранд?
Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар хусуси ин ки то кадом андоза ин баҳодиҳиҳо бо шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқат мекунад, мегӯяд:  

"Ман чандин сол дар ин бора гуфтааму боз мегуям, ки ба ин баҳодиҳӣ розӣ шуда наметавонам. Мо чун Аврупо нестему 300 сол бо капитализм ва демократия зиндагӣ накардаем, вале он озодиҳову комфорти иҷтимоие, ки мо дорем, кишварҳои ғарбӣ надоранд. Мо баъди чанд сол ба онҳо нишон хоҳем дод, ки чи гуна демократияи мо аз онҳо самарабахштар аст ва фарҳанги сиёсии мо чи тавр боло рафта аст. Саросема нашаванд ва мо ҳам саросема нестем".
Аммо коршиносон гузориши ин созмонро мусбат арзёбӣ карда мегӯянд, ки    новобаста аз сатҳи ҳамкории ИМА ва баъзе кишварҳои демократӣ, ҳангоми зарурият дар ҳар шакл ақидаи худро доир ба халалдор гардидани ҳуқуқи инсон, мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократия ба таври ошкоро байён мекунанд ва чунин амали онҳо аз пайгир буданашон гувоҳӣ медиҳад.

Оё интихоботи Тоҷикистон шаффоф аст?

Яке аз мақулаҳое (категория), ки "Freedom House" дар баҳодиҳии худ ба кор бурдааст, ин интихоботи озоди президентист, ки албатта интихоботи раёсатҷумҳурӣ яке аз аслитарин сутунҳои демократия башумор меравад. Ҳар вақт интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад, аҳзоби сиёӣ онро ношаффоф ва ғайридемократӣ унвон мекунанд. Вақте, ки ҳамеша чунин изҳорот нисбати ин интихобот сурат мегираду "Freedom House" ҳам интихоботро дар назар мегирад, суоле матарҳ мегардад, ки оё интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба таври  шаффоф сурат мегирад?
Шокир Хамкимов муовини раиси ҲУСДТ дар ин маврид мегӯяд, "моҳияти эродҳои ишоранамудаи ин созмон дуруст мебошад. Дар байни интихоботҳо доир ба арзишҳои демократӣ суханпардозӣ намудан дар Тоҷикистон воқеан одати бад шудааст. Вале боиси таасуф аст, ки зимни баргузории интихоботҳо ва дигар маъракаҳои сиёсие, ки аз иродаи шаҳрвандон вобастагӣ дорад, бо ҳар баҳона механизмҳои демократӣ халалдор мешаванд".

Дигар категорияе, ки ин созмон дар гузориши худ дар назар гирифтааст ин фаъолияти сохторҳои милливу маҳаллист. Ин ки фаъолияти ин сохторҳо то кадом андоза ҷавобгӯи талабот аст, Шокир Ҳакимов мегӯяд, ки масоили фаъолияти сохторҳои милливу маҳаллӣ бевосита аз мушкилоти низоми сиёсии давлатдории муосири мо, ки авторитарист бармеояд. Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова дар ин бора мегӯяд, сохторҳои маҳаллӣ побанди мақомоти иҷроия мебошанд аз раиси ҷамоату ноҳияву деҳоту мақомотҳои ҳокимияти маҳаллву вилоятӣ. Ба қавли номбурда акнун мақомоти маҳаллӣ дар хидмати мардум нестанд балки мардум дар хидмати онҳост ва хулосаи ин созмон дуруст аст, ки ҳоло мақомоти маҳаллӣ на дар фаъолияташон озоданду на ба манофиъати мардум кор мекунанд. Хамаи онҳо ба мақомоти ичроия итоъат мекунанду тамоми фаъолияти онҳо бо ишора аз боло сурат мегирад.          
Яке аз дигар аз категорияҳои дар назар гирифтаи "Хонаи Озодӣ" ё "Freedom House" ин шароити ҷомеаи шаҳрвандист. Дар ҳамин маврид Шокир Ҳакимов мегӯяд, ки номукаммалии низоми ҳокимият аз иродаи мардум ва афкори ҷамъиятӣ новобаста будани мақомоти давлатӣ ва паст будани мизони фарҳанги сиёсии муайянкунандагони технологияи сиёсати дохилӣ, боиси пайдо шудани монеаҳои сунъӣ дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бисёрҳизбии ҳаққонӣ дар Тоҷикистон шуда истодааст.

Ҳукумати судӣ мустақил нест

Дигар меъёри "Fredoomhouse" бар он таъкид варзидааст, ин мустақилияти сохторҳои додгоҳист. Аммо оё ба ростӣ ҳокимияти судӣ ва судяҳои мо мустақиланд ва ё ҳуқуқшиносон ба мустақилияти ин шоха чигун баҳо медиҳанд?
Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова бар ин назар аст, ки бо баҳодиҳиҳои "Хонаи Озодӣ" розист, зеро бо фаъолияти онҳо ошноӣ дорад чун имрӯз бо гузашти 20 сол аз истиқлолият таҷриба нишон дода, ки ҳарчанд дар ҳақиқат ҷумҳуриҳои собиқи СССР демократӣ ҳастанд, аммо ҳеч аломати демократия дар ин кишварҳо ҳис намегардад: "Дар ҳамин гузориш омада дар бархе мақомот фасод вуҷуд дораду онҳо мустақил нестанд, ки ин бо ҳақиқати ҳол рост меояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардум аз фаъолияти сохторҳои додгоҳӣ норозиянд. Имрӯз агар саҳифаҳои нашрияҳоро бинем, ҳама аз муроҷиъати шаҳрвандон ба президент ба хотири набудани адолати судӣ гувоҳӣ медиҳад. Агар аз рӯи қонун гирем, ҳар як судя бояд дар фаъолияти худ мустақил бошад ва ҳар як судя бояд аз рӯи баробарӣ нисбати ҳар як парванда новобаста аз он ки парвандаи ҷиноӣ асту оилавию гражданӣ мустақилан фикри худро баён дошта дар асоси ҳамин фикру ақоиди ботинии худ қарор қабул намояд. Аммо имрӯз таҷриба нишон дода, ки додгоҳ мустақил несту ҳар як қарори судя дар тавофуқ бо суди ноҳияву суди оливу маҳаллӣ сурат мегирад, ки ин мустақилияти додгоҳро аз байн мебарад. Дар 7 соли ахир дар ҳукми додгоҳӣ ҳеч ҳукми сафедкунандае вуҷуд надорад ва ҳамакнун мо гуфта наметавонем, ки ҷомеаи мо демократист. Тибқи Сарқонун Тоҷикитсон давлати ҳуқуқбунёд аст, дар давлати ҳуқуқбунёд агар додгоҳаш ҳукми сафедкунанда содир накунад, давлат давлати ҳуқуқбунёд намебошад. Бовар кардан мумкин нест, ки дар як давлати мустақил тамоми шаҳрвандоне, ки бо ҷурму ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, айбдор бошанд. Вақте, ки имрӯз дар таҷриба азобу шиканҷа мавҷуд асту азобу шиканҷаро нишондодҳои худиқрорӣ мегӯянду дар асоси ҳамин далоиле, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, додгоҳ ҳукми айбдоркунӣ қабул менамояд. Ин мустаасифона ҳуқуқбунёд будани давлат ва мустақилияти додгоҳро зери шубҳа мегузорад".                                     

Рамзия Мирзобекова журналисте, ки ба далели баррасии масоили судӣ борҳо таҳти фишор қарор гирифтааст, ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ин ки Ҳокимияти судӣ ва низоми додгоҳии Тоҷикистон аз ҳокимияти давлатӣ вобастаанд, хеле возеҳ аст: "дар робита бо қазияи Низомхон Ҷураев ва 33 нафар исфарагиҳо ин амр собит шуд. Гузашта аз ин низоми додгоҳӣ дар нақшаҳои коррупсионӣ ғутавар аст ва аз набуди кадрҳои ҳирфаӣ ранҷ мебарад. Аммо суоли аслӣ инҷост, ки ҷуз "Fredoomhouse" ва мардуми Тоҷикистон, ки ҳеч коре анҷом дод наметавонанд, ин пурсиш киро ташвиш медиҳад"?   

Фасод дар кишвар ошкор зиёд аст!

Сатҳи фасод ҳам дар гузориши ин созмон дида мешавад. ин ки фасод дар кишвари мо дар кадом сатҳ қарор дорад, вакили Парлумон Сӯҳроб Шарипов мегӯяд:
"Ҳарчанд омилҳои коҳиши фасод ба назар мерасад вале бояд бо фасод ҳамаи сохторҳои ҷомеа мубориза барад то сутунмуҳраи фасод шикаста шавад, зеро ниҳодҳои ҳукуматӣ ба танҳоӣ зӯрашон намерасад. Ин омилҳо дар ҷамъияти мо хеле васеъ паҳн гаштаанду дар сатҳҳои гуногуни ҳам ҳукумат ҳам ҷамъияти шаҳрвандӣ ва сохторҳои байналмилалӣ дида мешаванд. Барои коҳиш додани сатҳи фасод дар Тоҷикистон бояд сохторҳои нав вориди амал шаванду ислоҳот гузаронида шавад. Президент супориш дод, то палатаи ҳисоб ташкил шавад, аммо ин супоришот рӯи замин мондааст. Аҳаммияти ин палата барои ҳисоботи маблағҳои буҷет хеле муҳим аст. Бояд як сохтори муҳими давлатӣ ба вуҷуд ояд то сиёсати давлатро дар муқобили фасод муаян созад. Сохторҳое ҳастанд, ки намехоҳанд бо фасод муборизаи ҷиддӣ бурда шавад. Яъне фасод дар сатҳи олист ва ин хеле ҳам хатари ҷиддӣ дорад ва пеши роҳи рушди иқтисодиву сиёсии Тоҷикистонро мегирад. Ин чиз пӯшида нест зеро худи президент борҳо гуфт, ки фасод хатари ҷиддӣ барои сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон мебошад. Имрӯз дар ҳукумати Тоҷикистон сохторҳо хеле доранд коррупсионӣ мешаванду дар гирдогирди худи президент ҳам системаҳое ҳаст, ки мубориза бо фасодро мушкил мегардонаду бе ислоҳот фасодро коҳиш додан мушкил аст".            

Матбуъоти Тоҷикистон озод аст?

"Freedoom House" қайд карда, ки аз лиҳози озодии матбуот Тоҷикистон дар соли гузашта ду зина поён рафта, аз ҷойи 174-ум ба мақоми 172 таназзул ёфтааст. "Хонаи Озодӣ" гуфта, бо вуҷуди он ки Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии сухану матбуотро кафолат додааст, аммо мақомоти расмӣ хабарнигоронро метарсонанд ва онҳоро  таҳдид мекунанд. Бо баҳонаи таҳдиду бӯҳтон рӯзномаҳоеро, ки хукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд ба додгоҳ мекашанд ва аксари нашриёту таъсисоти пахши телевизиону радиоҳо, дар ихтиёри ҳукумат қарор дорад.
Аммо дар шароити кунунӣ метавон матбуоти Тоҷикистонро озод номид? Раиси асосиатсияи "Медиа Алиянси" Тоҷикистон Хуршед Атовулло дар ин бора мегӯяд:

"шояд бори садум бошад, ки ҳар вақт сухан дар бораи озодии баён ва беҳтар будани вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон нисбат ба ӯзбакистону Туркманистон меравад, ман ҳамеша сари як андеша ҳастам. То он замоне, ки дар Тоҷикистон як чопхонаи комилан мустақил дар зери ҳимояи як созмони байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намекунад, ҳама андешаҳо дар мавриди озодии баён беҳудаанд. Барои он ки ин озодии баён комилан муваққатисту монанди ашки сари миҷгон ҳар лаҳза имкони афтоданаш вуҷуд дорад. агар Худое накарда қаҳри яке аз кормандони дастгоҳи иҷроияи президент барояду ба чопхонаҳои имрӯзаи Тоҷикистон занг занад, маълум аст, ки дилхоҳ нашрия ҳафтаи дигар чоп намегардад. Инро дар таҷрибаамон дар соли 2010 дидем. Барои он ки қаҳри касе аз дастгоҳи иҷроияи президент набарояд, роҳбарони нашрияҳо эҳсоси худсензуриро риоя мекунанд аз тарси баста нашудани нашриёт ва қаҳри кормандони дастгоҳи иҷроияи президент. Ва ин худсензурӣ то як андоза ба мувофиқ кардани мавод бо замонаву ҳокимони давр роҳ медиҳанд. То вақте, ки чопхонаи мустақил набошад ман ба ин озодии байён ба монанди як чизи муваққатӣ менигарам".

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)