Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:03

Зинатуллоҳи Исмоил: Телевизион барои ман бизнес нест!

18 июн 2012, 06:45

Телевизиони «СМТ», нахустин шабакаи телевизионии мустақил дар пойтахти кишвар имрӯз (18-уми июни соли 2012) панҷ сола мешавад. Ин расона тайи муддати фаъолияташ дар фазои иттилоотӣ тавонист теъдоди зиёди ҳаводоронро ҷамъ кунад. Аммо мушкилоти пахш дар басомад боиси нороҳатии масъулини шабакаву мухлисонаш гашта, сифати дастрасии барномаҳои онро мекоҳонад…    Дар арафаи таҷлили панҷсолагии шабакаи мазкур хабарнигори  Озодагон  бо Зинатуллоҳи  Исмоил, муассис ва директори ТВ  «СМТ» мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаашро ин ҷо мутолиа карда метавонед:         Озодагон: Қаблан шуморо минҳайси сарвари «СМТ», ҳамзамон ҳайати эҷодии ин шабакаро ба 5-солагии он табрик мегӯем. Ҳоло бигӯед, ки идеяи таъсиси телевизиони мустақил кай пайдо шуд ва ҳадаф аз он  аслан чӣ буд?   Зинатуллоҳи Исмоил: Таъсис додани телевизиони мустақил орзуи ҳамаи онҳое буд, ки мехостанд расонаҳои мустақил бо забони тоҷикӣ, дар фазои иттилоотии кишвар нақш дошта бошанд ва тавонанд, барои дифоъ аз ормонҳои миллӣ ва дифоъ аз муқадасоти миллӣ рӯи кор биёянд. Ман ҳам, ки солҳои сол дар шабакаҳои мухталифи радиёӣ ва телевизионӣ кор мекардам, чунин орзу ҳам доштам ва бо кӯмаку дастгирии дӯстон  ин расонаро таъсис додем. Бояд бигӯям, ки ман бо нишони эътироз аз Кумитаи телевезион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рафтам, зеро барои фаъолияти баъдинаам имконияти комил вуҷуд надошт. Ҳамчунин, барои амалӣ намудани он нақшаву ҳадафҳое, ки ҳамчун як журналисти телевизион, ҳамчун як эҷодкор доштам, фазо танг буд имконият набуд ва аз ин хотир мо бо як гурӯҳ аз дӯстонамон машварат намудем ва аз пайи таъсиси як расонаи электронии мустақил гаштем. Албатта, ба вуҷуд овардани телевизиони мустақил дар шароити Тоҷикистон кори осон набуд, нест ва оянда ҳам шояд набошад. Ба он хотир, ки дар сари ҳар қадам мамониат ҳаст, мушкил ҳаст ва садд ҳаст. Аз пайдо намудани утоқи корӣ, то ба қайд гирифтан дар Вазорати адлияи кишвар, ҳатто кор ба ҷое мерасид, ки ба мо эрод мегирифтанд, ки агар дар таркиби корхонаи шумо  «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди СМТ»  вожаи «мустақил» набошад, мо метавонем, онро ба қайд гирем. Вале мо аз аввал барон будем, ки бояд ҳатман вожаи мустақил бошад, чунки ин расона воқеан ҳам бояд мустақил бошад. Ва кӯшишҳои мо самар оварданд. Рӯзи 8-уми августи 2006 дар Вазорати адлия «СМТ»-ро ба қайд гирифтанд. Вале барои он ки пурра телевизион   ба фаъолият шурӯъ кунад, боз қариб як соли дигар зарурат пеш омад, чунки гирифтани иҷозатнома аз Кумитаи телевизион ва радио ва аз дигар мақомоти давлатӣ хеле талошҳои дигарро ҳам талаб меекард. Муҳимтарин чизе, ки моро аз ин кор бознамедошт он буд, ки мо ҳадаф доштем мақсад ва хоҳиш доштем, ки ин расонаи мустақили электрониро ба вуҷуд биёрем. Аз ин хотир, ин ҳадафҳои мо ниҳоятан самар овард ва рӯзи 18-уми июни соли 2007 аввалин барнома тавассути ТВ «СМТ» пахш гардид ва муаррифии он бо ҳузури ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид ва аз он рӯз мо ба фаъолият шурӯъ кардем.  Озодагон: Тими «СМТ», ё ана ҳамон шахсиятҳое, ки дар таъсис ва рушди шабака саҳм доштанду доранд, киҳоанд?Зинатуллоҳи Исмоил: Барои ба вуҷуд овардани тарзи нави пешниҳоди барномаҳо ва шинохта шудани «СМТ» тими пурқудрати барномаҳои иттилоотӣ, ба вуҷуд овардани барномаҳои муаллифӣ устодон- Ӯрун Назаров  (Ворис), Иброҳим Усмонов, Каримҷон Азизов (ҳоло сармуҳаррир шӯъбаи ахбори ТВ «Сафина»), Хилватшоҳи Маҳмуд (ҳоло сардабири хабаргузории Озодагон), Мирзо Тоиров ва чандин ҷавони дигар, ки мехостанд фаъолияти муаасир дошта бошанду минбар надоштанд, бо мо пайвастанду «СМТ»-ро муаррифӣ карданд. Ҳар касе, ки тӯли ин муддат барномаҳои моро тамошо кардааст, албатта баробари мо огаҳ аст аз мушкилоте, ки мо доштему дорем. Чунки дар дилхоҳ кишвари дунё ҳамин хел аст, ки барои рушди расонаҳои мустақил мамониатҳо ҳамеша ҳастанд. Вале муҳимтарин чиз он мебошад, ки мо ният дорем, ки бинандаи тоҷик, аудиторияи Тоҷикистон, имконияти интихоби шабакаро дошта бошад. Яъне, ин шабакаро на бо зурӣ, на бо роҳи пахш намудани шабакаҳои дигар, балки бо хоҳиши худ тавонад тамошо кунад ва аз барномаҳои он лаззати маънавӣ  бигирад. Мо даъвои онро намекунем, ки мо муштарии хеле ва хеле зиёд дорем, барои мо муҳим он аст, ки мардум тавонистанд як шабакаи мустақили телевизиониро тамошо карда тавонанд. Барои ман ҳамчун муассис ва роҳбари ин шабака муҳим фоида ё ин ки суди иқтисодӣ аз ин нест. Барои ман телевизион ин бизнес нест. Барои ман телевизион ин ҳаловати маънавӣ аз пешаи интихоб кардаам мебошад.Озодагон: Оё «СМТ» ба  он ҳадафҳое, ки дошт, ба онҳо расид ва то имрӯз чӣ корҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки то ҳол иҷро нашудаанд?Зинатуллоҳи Исмоил: Албатта вақте ки нақша ва ниятҳои инсон хатм мешаванд, будани инсон ҳам зери аломати бузурги суол меравад. Чунки инсон бо нақша, бо ният, бо орзу ва бо умед зинда аст.  Ва аз ин хотир, мо ҳам ҳамеша вобаста бо тараққиёти кишвар ҳамқадем,  чунки имрӯз бинандаи тоҷик  ё аудиторияи Тоҷикистон бинандаи  оддиву содда нест. Тавассути рушди технологияҳои навин мардум ба шабакаҳои мухталифи телевизионӣ дастрасии пайдо кардаанд, тариқи моҳвора ба шабакаҳои зиёд дастрасӣ пайдо кардаанд ва албатта дар баробари он вақте  ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо карданӣ мешаванд, онҳо пеш аз ҳама фарқ мегузоранд, пеш аз ҳама муқоиса мекунанд. Барои он ки талаботи бинандагон  қонеъ карда шавад албатта мо ниятҳо ва нақшаҳои зиёде дорем. Дар панҷ соли аввале, ки мо фаъолият намудем, муҳимтарин нақшае, ки мо амалӣ намудем, якум ин тарзи нави барномасозӣ ва пахши он буд. Дуюм, шикастани стереотипе, ки гӯё телевизион фақат барои як гурӯҳи шахсон фаъолият мекунад ва сеюм мо ба он талош намудем, ки журналистони ҷавонро ҷалб намоем. Зеро мо аз аввал тасмим гирифта будем, ки мактаби мустақили «СМТ»-ро дошта бошем. То ин ки ин мактаб аз бунёдаш бо тарзи нав ва бо тафаккуру  диди нави пешниҳоди барномаҳо  тавонад воқеияти кишварро барои бинандагон бозгӯ созад. Ман хушҳол аз он ҳастам, ки намояндагони ин мактаб феълан  чӣ дар шабакаҳои мустақил ва чӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ кору фаъолият доранд. Барои мо муҳим он аст, ки онҳо дасти худро дар ин ҷо рост карданд ва мо дар ин ҷо барои онҳо шароит фароҳам овардем, ки онҳо имконоти ақливу зеҳнии худро нишон диҳанд ва барномаҳои ҷолиб таҳия намоянд. Озодагон: Мушкилоти феълӣ чӣ аст ва дар оянда чӣ нақшаҳо доред?Зинатуллоҳи Исмоил: Аввалин коре, ки мо мехоҳем ба анҷом бирасонем пеш аз ҳама ин вусъат бахшидани барномаҳоямон мебошад. Тавре  ки мо ва бинадагони «СМТ»  иттилоъ дорад мо мушкилоти фаннӣ ҳам дорем, ки ин мушкилоти «СМТ» нест ин мушкилоти ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аниқтараш мушкилоти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон  ва сохторҳои дигаре ҳаст, ки онҳо наметавонанд, як шабакаеро, ки ғайриқонунӣ фаъолият дорад (шабаки ОРТ-и Русия) дар кишвар ва барномаҳои телевизиони бегонаро тӯли 24 соат пахш мекунад аз он пешгирӣ кунанд. Дар баробари ин намехоҳанд, ба мо басомади дигареро диҳанд то ин ки мо хуб дар он фаъолият карда тавонем. Мо кӯшиш дорем, ки бо тарҳҳои дигар пеш аз ҳама мушкилоти фаннии «СМТ»-ро рафъ намоем ва орзуи дигар ин аст, ки барои моҳвораӣ намудани СМТ кӯшиш карда истодаем, ки онро амалӣ намоем. То ин ки мардум тавонанд аз берун ҳам аз вуҷудияти як чунин шабакаи мустақил огоҳӣ дошта бошанд. Аз воқеияти кишварашон аз нигоҳи журналистони мустақил ошноӣ падо карда тавонанд. Озодагон: Шумо ба журналистон, бинандагон ва умуман ҳаводорони «СМТ»  чӣ таманниёт доред?Зинатуллоҳи Исмоил: Ба ҳамаи онҳое, ки тайи 5 соли будан бо мо буданду  сарфи назар аз ҳама мушкилот бо ҳар роҳ моро дастгирӣ карданд, арзи сипос менамоям. Ҳоло бо воситаи зангҳои телефонӣ, тариқи барқияҳои худ, ба воситаи равобит тавассути почтаи электронӣ бе восита омадан ба шабакаи СМТ ва барои изҳор намудан аз он ки омода ҳастанд, ки моро дастгирӣ кунанд минатдории худро баён мекунам. Албатта, ҳар бинанда ҳаққи интихоби худро дорад, ман ҳамчун роҳбар ва муассиси «СМТ»  ба ҳаққи интихоби бинандагон арҷ мегузорам. Албатта, кӯшиш мекунем, ки бо пешниҳоди силсилаи барномаҳо таваҷҷӯҳи мухлисон ва бинандагонро ба шабакаи худ ҷалб намоем ва бар он талош намоем, ки рисолати «СМТ» ин минбари озоди баёни андешаҳо ҳаст ва мо ин минбарро ба вуҷуд овардаем, дар оянда низ он идома ёбад ва мо барои бинандагони худ барномаҳоеро пахш намоем, ки баёнгари рӯзгори воқеии онҳо бошад. Мусоҳиб: Ибодуллоҳи Тоир Аз идора: Озодагон ҳам ба табрикоти самимии мухлисону ҳаводорони ТВ «СМТ» ҳамроҳ асту ба ин расонаву масъулинаш комёбиҳои беш аз пеш, мавҷи «тоза»-ву «шаффоф» таманно дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!