Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

«Тоҷиксодиротбонк»-и Восеъ хизматрасонии густурдаро роҳандозӣ кардааст

29 июн 2011, 05:16

Дар ноҳияи Восеъ бахши нави «Тоҷиксодиротбонк» фаъолияти худро оғоз намуд.


Тайи як моҳ бахши мазкур тавонист, бо фаоълияти густарда муштариёни зиёдероро ҷалб кунад. Ба иттилои Ёқуб Сабуров, сардори бахши тозабунёди ин бонк, ҳамин бахш аз нимаи саввуми моҳи май ба фаоълият пардохта, дар ин муддат ба хоҹагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони алоҳида қарзҳои фоизнок ҷудо намудаст. Аз ҷумла 30-ҳазор сомонӣ барои 3-хоҷагии деҳқонӣ,  500-доллари амрикоӣ барои 4-муҳоҹири меҳнатӣ, ки ба Русия сафар кардаанд ва барои соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ.
Ҳамзамон, бахши мазкур аз аҳолӣ маблағи пулӣ  ба амонат ё худ депозит мегирад. То имрӯз аллакай 10-нафар аз сокинони ноҳия ба маблағи 60-ҳазор сомонӣ  бо фоизи 18-дарсади даромад маблағҳои худро ин ҹо амонат гузоштаанд.
Ҷаноби Сабуров мегӯяд, бахши онҳо дар самти қарздиҳӣ,  ҷалби маблағи амонатӣ аз шаҳрвандон, корти маош  ва нигаҳдории маблағҳои пулӣ барои ташкилоту корхонаҳо фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Амиршоев, муовини аввали раиси ноҳияи Муъминобод   эълом дошт, ки дар ин ноҳияи кӯҳистон ҳам рўзҳои наздик сохтмони бинои бахши ҶСК «Тоҹиксодиротбонк» оғоз хоҳад ёфт.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!