Бахшҳо

Ғорати саррофон ва қатли язнаи президент. Таҳдид ё ҳушдор?

Ҳафтае, ки гузашт бо ду хабари доғ сӯҳбатҳо атрофи амнияти кишварро бештар кард. Ба яғмо рафтани 90 ҳазор $ ва куштори райиси идораи «Тоҷикҷангал»…
Дар рӯзи равшан ду фарди номаълуми бо тапончаи пневматикӣ мусаллаҳ дар маҳаллаи Зарафшон ду саррофро мавриди ҳамла қарор дода, 90 ҳазор доллари амрикоиро рабуданд. Тибқи иттилои ВКД 11-уми июни соли равон С. Файзуллоев, сокини кӯчаи Рӯдакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва Х. Саидов, истиқоматкунандаи кӯчаи Амиршоев ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан бо сабукрави «Тайота-Каролла» дучори ҳуҷуми роҳзанон гардидаанд. Шахсони ҳамлавар, ки ниқоб пӯшида будаанд, сумкаи варзиширо бо 90.000 доллар тасарруф намуда, дар автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» ба самти маҳаллаи Зарафшон раҳсипор мешаванд. «Дар роҳ аз яроқи пневматикӣ тир кушода, автомашинаи мазкурро назди бинои 29, воқеъ дар маҳаллаи номбурда мепартоянд ва баъдан бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи «Нексия»-и  шаҳрванд А. Мустафоро аз худ мекунанд ва дар он савор шуда, ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Ҳамон рӯз соатҳои 16:10 сабукрави мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт гардид»,-омадааст дар хабари сайти ВКД.
Ба иттилои манбаъ бо фармони Раҳимов Рамазон, вазири корҳои дохилӣ оид ба муайян ва дастгир намудани ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, рафти тафтиши ин ҷиноят таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Зимнан, ВКД ваъда кард, ки шаҳрвандонеро, ки дар ошкор кардани ҷиноят ва боздошти омилони он кӯмак мерасонанд, қадршиносӣ хоҳад кард.
Ҳамла ба кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ҳодисаи нав нест. Ба гунаи мисол моҳи октябри соли 2011-ум дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба яке аз нуқтаи мубодилаи асъори пойтахт ду нафар ҷароҳат бардошта буд.

Хабари 2: Куштор дар кӯчаи Сино


Хабари дуюм субҳи рӯзи 14-уми июн ба расонаҳо рехт. Шаби 13-ум язнаи (шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон) райисҷумҳури кишвар дар пайи як сӯиқасд ба ҳалокат расид.   Тибқи иттилои расида, Холмӯъмин Сафаров замоне мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст, ки баъди анҷоми намози хуфтан сӯйи манзилаш раҳсипор буд. Ба нақли ҳамсояҳои мақтул касе садои тирро нашунидааст. Аз ин хотир ҳадс зада мешавад, ки ҳамлавар ё ҳамлаварон аз таппончаи бидуни садо (глушителдор) истифода кардаанд. Ба иттилои ВКД марҳум тавассути силоҳи «Макаров» аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст.
Ин ҳодиса дар кӯчаи Сино-42, назди боғчаи бачагони №2-и маҳаллаи мавсум ба «Автовокзал»-и шаҳри Душанбе дар соати 21:40 ба вуқӯъ пайвастааст.
Холмӯъмин Сафаров, роҳбарии корхонаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зистро бар ӯҳда дошт. Ӯ шавҳари хоҳари президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар пайи ин ҳодиса низ ВКД гурӯҳи фаврию ҷустуҷӯӣ таъсис дод.
Барои маълумоте, ки ба боздошти омилони ин ҳодиса кӯмак мекунад, мақомоти корҳои дохила ҷоизаи калони пулӣ ваъда кард. Аммо бо гузашти як ҳафта созмондиҳанда ва иҷрокунандаи ҳеч яке аз ин ду ҳодиса ошкор нашудааст.

Гуфта мешавад, ин ҷо имтиҳони мақомоти милиса ҳам ҳаст. Зеро дар чанд соли ахир аз як навъ фосилаи миёни мақомоти умури дохиливу мардум сӯҳбатҳои гарм мешуд. Чанд ҳодисаи ахир, ки  гумонбарон дар утоқҳои милиса ба ҳалокат расиданд, ин фосиларо дарозтар кард. Шиори «милисаи ман пуштибони ман» моли таърихи шӯравӣ шуда, ҷои онро масали «Худо корат ба милиса наафтад» гирифтааст. Адами эътимоди мардум ба милисаро коршиносон ба таври мухталиф таъриф мекунанд.  
Агар дар аҳди вазири нав, ки дар нахустин рӯзҳои дар курсӣ нишастанаш иқдомҳоеро  пиёда кард, фосилаи миёни милисаву мардум кӯтоҳ шавад, бурди аслии ин мақомот хоҳад буд. Ин наздикшавӣ метавонад аз бо кӯмаки мардум дастгир кардани ҷинояткорони ду ҳодисаи дар боло зикршуда оғоз шавад. Агар чунин иттифоқ бияфтад, бурди Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ хоҳад буд. Имрӯзҳо атрофи ба пулис иваз кардани номи милиса зиёд сӯҳбат мешавад. Аммо тавре коршиносон мегӯянд, иваз кардани ном сабаби тағйири нигоҳ ба ин ниҳод нахоҳад гашт. Агар ҳукумат мехоҳад, мардум ва мақомоти корҳои дохилӣ ҳамдигарро пурра кунанд, бояд тасмимҳои ҷиддитареро роҳандозӣ кунад.


Аммо бигзарем аз адами эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва биравем дунболи хабари дуввум, ки дар қиёс ба хабари аввал сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Расонаҳо аз нақли онҳое, ки Холмӯъмин Сафаровро мешиносанд, навиштанд, ки шахси фурӯтану хоксор ва ба фарқ аз ҳамаи дигар наздикону пайвандони президент номаш тақрибан расонаӣ набуд. Бо ин ҳол бархеҳо куштори ӯро «ҳушдор»-у «сигнал», қисме дар пояи кинаву адовати шахсӣ ва гурӯҳе иштибоҳӣ гуфтаанд.
Ҳарчӣ ҳам бошад, баъди ин ҳодиса эҳсос мешавад, мақомот бархе иқдомҳои вижае рӯи даст гирифтаанд. Аммо бо гузашти як ҳафта ҳанӯз ҳеч гумонбаре боздошт нашудааст.


Абдулазизизи Восеъ


РS: Холмӯъмин Сафаров 24-уми январи соли 1955 дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз 4-уми июли соли 2009 то замони суиқасд ба ҷонаш Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)