Бахшҳо
25 июн 2012 12:47Муҳоҷир

Панҷ мушкили асосии муҳоҷир

Муҳоҷирон дар роҳи дарёфт ва касби насибае дар ҳиҷрат ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мегарданд, ки мо ин ҷо чанде аз онҳоро мавриди баррасӣ (асосан дар таҳқиқи шаҳри Маскави кишвари Русия, ки ин масоил барои соири манотиқи ин кишвар муштараканд)  қарор медиҳем.

Мушкили санадӣ

Аксари муҳоҷирон баъди убури хати сарҳадии Русия дар ҳолати ғайрирасмӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ онҳо ҳамчун шиканандагони қонуни ин кишвар аз ҳама гуна ҳуқуқу ҳимоят маҳрум мегарданд. Шаҳрванди хориҷӣ дар мӯҳлати се шабонарӯзи вуруд ба ин кишвар бояд аз вуруди худ ба шӯъбаи хадамоти муҳоҷират хабар дода, хешро ба қайд гирад ва ин мӯҳлат барои шаҳрвандони кишвари мо се моҳ аст. Ин танҳо кафили қарордошт дар он ҷо буда, барои шуғли меҳнатӣ боз иҷозатнома ва китобчаи тиббӣ (дар баъзе соҳот) зарур аст. Иҷозатномаи корӣ бо пешниҳоди ҷониби корфармо аз тарафи шӯъбаҳои хадамоти муҳоҷират дода мешавад ва дар асоси мӯҳлати он мӯҳлати варақаи бақайдгирӣ низ идома дода мешавад. Аммо чанд мушкилест, ки аксари муҳоҷирон наметавонанд соҳиби асноди зарурӣ гашта, бе монеа фаъолияти меҳнатӣ дошта бошанд. Азбаски ба ин кишвар теъдоди аз меъёр зиёди муҳоҷирон мераванд, ҳамаи онҳо наметавонанд соҳиби иҷозатномаи расмӣ барои кор гарданд. Бар замми ин ҷониби корфармо барои насупурдани андози бештар аз коргарони аҷнабӣ муҳоҷиронро ба расмият нагирифта, бо созиш бо мақомоти назоратӣ онҳоро кор мефармоянд, ки ин дар баъзе маворид сабаби фиреб додани муҳоҷирон низ мегардад. Инчунин мақомоти масъул иҷозатномаҳои кориро ба қаллобон дода, онҳо бо сохтани камчинии сунъӣ ин аснодро бо нархи гарон (зиёда аз 15 ҳазор рубл) мефурӯшанд, ки аксар ба хариди он имкону тавон надоранд. Муҳоҷирон барои ба қайд гирифтан ҳам бо мушкилот рӯ ба рӯ буда, аксар наметавонанд, ки ҷониби бақайдгирандаро (муассиса ё хонаи шахсӣ) пайдо намоянд ва аз ин ҷиҳат ҳуҷоти лозимаро аз қаллобон харидорӣ менамоянд ва агар бо ҳуҷоти қалбакӣ ба даст афтанд, ба кормандони полис пул дода, раҳоӣ меёбанд, дар сурати ғайр боздошт ва аз кишвар ронда мешаванд. Ин аснодро бо қайди расмӣ низ бо нархи қимат аз кормандони полису қаллобон ҳам дарёфтан мумкин аст. Ҷарима барои бори нахуст бе ҳуҷҷоти лозима будан, дуюнимҳазор рубл, барои дуввумбора панҷҳазор рубл ва маротибаи севвум боздошту истидрор аст. Аммо дар сурати ба даст афтодан дар ҷояш маъмулан бо ҳазор рубл халос мехӯранд. Ба нашру паҳни ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муҳоҷирон шуғл варзида, аз онҳо ҳама гуна ҳуҷҷату муҳри кишварҳои муштаракулманофеъро пайдо намудан мумкин аст ва албатта дар дастрасии ҷиҳоз ба эшон "сарпаноҳашон" (полис) кӯмак мекунад.

Мушкили забонӣ

Касе дар кишваре қарор гирифтаву забони мардумашро надонад, ба мисли аъмо мӯҳтоҷ ба ёварест, ки дасташро гирифта роҳаш барад. Агарчанде дар макотиби мутавасситаву олии  мо таълими забони русӣ роиҷ бошад ҳам, аксарияти муҳоҷирин онро ба қадри зарурӣ намедонанд. Дар миёни соири мардуми кишварҳои собиқи шӯравӣ тоҷикон дар боби донистани забони русӣ бадтарин натоиҷро нишон додаанд ва умуман сатҳи таълим дар кишварамон дар нисбати мамолики собиқ ҳамватанамон дар зинаи паст қарор дорад. Маҳз ҳамин дараҷаи забондониямон сабаби беқадриву мавриди ҳазл қарор доштани забонамон дар кишвари Русия гаштааст. Каламоти "таджикама", "насялникама", "джамшудама" барои тоҷик аз забони пулису корфармову дигар мардуми ин ҷо ба ҳайси хушомадгӯиву таъриф (кумплимент) хидмат мекунанд. (Пасванди "ма" хоси гӯишоти мардуми Доғистон аст ва онро ҳамчун воситаи васл барои каламоти ҳазломези ҳаргуна забон барои "бо тоҷикӣ ҳарф задан" истифода мебаранд). Надонистани забон тоҷиконро ҳамчун мардуми кундфаҳму нодону ҳатто бефаҳм муаррифӣ намудааст. Чунки ҳангоми муомилат муҳоҷирон аз ҷиҳати надонистани забон матолиби эшонро кам мефаҳманд. Мавзӯи "надонистани забон маънои нодониву кундфаҳмиро надорад" сабаби садҳо маротиб баҳси банда бо ин мардум будааст. Зеро ин мардум дар ин хусус назари аҳмақонаеро ҷонибдоранд. Чӣ гуна метавон касеро, ки забонеро нафаҳмад ба доштани сифоти ҳайвонӣ муттаҳам кард? Боре Михайлович як ошноям, ки соҳиби ширкати хусусии сохтмонӣ буд, занг зада хоҳиш намуд, ки барояш касеро барои ба сомоноварии дафтараш баъди тармим пайдо кунам ва ман ба хонае чанд нафаре бекор хобида буданд, занг зада, хоҳиш кардам касе ба он ҷо равад. Дар қисмати наздик ба охири рӯз Михайлович занг зада, бо оҳанги норизогиву малолат шиква намуд, ки чӣ каси бефаҳму ҳайвонсифатеро  фиристодӣ? Ба кӯмаки ӯ навҷавонеро фиристода буданд, ки мӯҳлати вурудаш ба ин кишвар  аз як моҳ камтар будааст. Чун ба наздашон ҳозир шудам, Михайлович арз намуд, ки ба ӯ ҳамаро фаҳмонда, аз паси корам бадар рафтам ва ба ҳама пурсишотам посухи "да" дода, тамоми рӯз кореро аз корҳои фармудаам анҷом надодаст. Хусусан "да" гуфтани ҷавон дар посухи суоли "ё ту "доноӣ" ё ман "аблаҳам"? ӯро сахт асабонӣ карда буд.

Чун ин ҷавонро таҳаффус намудам, маълум гашт, ки ӯ аз забони русӣ ҷуз "да" ва "нет" чизи дигареро намефаҳмад. Пас аз баёни айни ҳол ин марду ду ҳамкори дигараш ба ҷавон каме шӯхӣ намуда, арз намуданд, ки Ҷамшуди аслиро дучор омаданд. Аммо вақте ки бо ҷавон соате гаштугузор намудам, аён гашт, ки ӯ бо вуҷуди надонистани забони русиву таълими пастсифати гирифтааш дар мактаби миёна боодобу зираку даррок аст. Пас аз худоҳофизӣ бо ӯ сарнавишти ин ҷавону ҳазору ҳазорон ҳамтоёни ӯ, ки бо касби даврони балоғат ба ҷои касби илму ҳунар ба табақаи сершумори беихтисосу бекори оянда ва ходиму мардикори мардуми ғайр шомил мегарданд, ҳузни сартосариро дар авзоям пахш намуд. Надонистани забони русӣ ба дараҷаи лозима ва надоштани дониши зарурӣ сабаб гаштааст, ки теъдоди зиёди тоҷикон бо соҳибияти маълумоти олӣ даст ба корҳои сохтмониву боркашиву дигар корҳои ғайрикасбӣ зананд.

Мушкили иқоматӣ

Дигар мушкиле, ки муҳоҷирон ба он рӯ ба рӯ меоянд, пайдо намудани ҷои зист аст. Даромади муҳоҷир ӯро имкон намедиҳад, ки манзили бароҳат иҷора кунад. Аз ин ҷиҳат барои пасандоз намудани қисми даромад чанд нафар як шуда, манзилеро ба иҷора мегиранд. Гаронии қимати иҷора ва надоштани даромади доимӣ сабаби "тӯда" зистани муҳоҷирон дар хонаҳо мегардад. Ин боиси нигаронии соҳибони манозил гашта, онҳо бештар ба мардуми қиёфаи аврупоидор иҷора дода, ёфтани манзили иҷоравӣ барои мардуми дорои қиёфаи шарқиву (тоҷику қафқозиву афғону ғ) соҳиби қиёфаи осиёӣ (чиниву ветномӣ) душвортар аст. Зеро ин мардум бо "тӯда" шуда зистану риоя нанамудани тозагии манозил маъруф гаштаанд, агарчанде бештари "мардуми сафед" низ аз соҳибияти чунин сифот ориянд ва ҳамаи ин сабаб гаштааст, ки бештари мардум таҳхонаву анбору вагону сохтмонҳову дигар ҷойҳои барои зист номувофиқро макони зисти хеш қарор диҳанд. Албатта ин ҷойҳо соҳибе дошта, дар бештар маворид на моликон, балки "бригадиру" миёнраву "зурдаст" ё қаллоби ҳамқавми онҳо аз истиқоматкунандагон пул ситонда, дар мавриди худ онҳо "сарпаноҳи" (крыша) хешро дошта (полис), ба ӯ барои "ҳимоят" ҳақ (доля) месупоранд. Дар ҷангалзори канори шаҳр дар фаслҳои гарм чандин чайлаҳоро дучор омадаам. Як вақт кормандони полис каппаеро дар анбуҳи ҷангали атрофи Маскав бо маводи мухадиру нашъаҷаллобони тоҷикро мусодира намуда буданд. Дигар навъи манзилқаллобон асосан занони миёнумри қафқозиву бархе тоҷик ҳам хонаҳоро ба иҷора гирифта, миқдори зиёди муҳоҷиронро дар онҳо ҷой медиҳанд. Шахсан хонаеро медонистам, ки доғистонизане кироя карда буд ва дар се ҳуҷраи он шабҳо бо маблағи ду ҳазор рубл дар як моҳ зиёда аз чил нафар ҷавони мардикор хоб мерафтанд. Ин занҳо бо созиш бо нозири полис бо ин роҳ маблағи калоне ба дастоварда, бо созмон додани ин гуна "табун"-ҳо (ба қавли мардуми маҳалӣ) нафрату адовати мардуми маҳалиро меангезонанд. Дар ин "хобгоҳи байналмилалӣ" қариб бист тоҷикбача бо намояндагони дигар милал мезистанд. Инчунин боре шахсан бо нафаре ба манзили зисташ рафтам, ки чунин хонае буд, ки кироягари он низ як зани миёнсоли "тоҷик" буд. Дар як ҳуҷра ин бачаҳо даҳ нафар, дар ҳуҷраи калони мобайнӣ зиёда аз даҳ нафар қирғиздухтару қирғизписару ду духтару чанд ҷавони молдовӣ ва дар ҳуҷраи дигар, ки дараш маҳкам буд ва бачаҳо гуфтанд, ки ҳашт нафар ҷавони тоҷик мезиянду ҳоло аз кор барнагаштаанд ва ҳақи пардохти иҷора дар як моҳ се ҳазор рублро ташкил медиҳад. Ғараз аз тоҷики дар нохунак он  аст, ки вақте ки ин зан ба хона ворид гардид, нишонаи тоҷикии ӯ танҳо ҷурдаи сиёҳаш буд. Намуди зоҳирӣ, сару либос (бо вуҷуди рафтани умр), ахлоқу одобу тарзи рафтору шеваи ғализи гуфтораш (гапзани бо чиликону алфози фаҳшу ғализ шабоҳате бо тоҷикиву мусулмонӣ надоштанд. Аммо бо вуҷуди он ки ин намуди мушкил барои ҳама муҳоҷирон муштарак аст, сарвари идораи назорати санитарии Русия Онишенко пайваста аз маразории тоҷикон ҳушдор дода, маҳз муҳоҷири тоҷикро манбаи сирояту паҳнсозии амрози сироятии силу тифу спиду ғайра медонад. Мутаассифона, ин қавмро пурдиле нест, ки ба ин ҷаноб бигӯяд, ки ҳама навъи амрозу ҳар шакли фасодро мо аз кишвари шумо "савғо" мегирем. Кӣ тасаввур мекард, ки дар ин сарзамини пок амрози сифлису спид пайдову мубталоёнашон ба ҳазорҳо нафар мерасад?

Мушкили ихтисосӣ  

Надоштани ихтисос дигар мушкилоти мубрами муҳоҷирони сершумори тоҷик (ҳам занону ҳам мардон) буда, адами он муҷиби ба ҳама гуна корҳои паст даст задани онҳо гаштааст, ки ин падида вожаи тоҷикро бо истилоҳҳои "коргари кироя", "мардикор", "коргари беихтисос" ҳаммаънно гардонидааст. Ҳатто дар барномаҳои телевизионӣ ин вожаро бо ҳамин маъно аз забони чеҳраҳои маъруфи ҷамъиятии ин кишвар даҳҳо ва аз забони мардуми дигар садҳо маротиб шунидаам. Тоҷикон аслан бо ихтисоси "заминканиву шикастапартоӣ" (копать - ломать) маъруфият доранд. Албатта беҳунариву беихтисосии тоҷикон, чуноне ки меандешанд, хосияти табиияшон набуда,  мӯҷиби он фаро нагирифтани донишу касб дар ватан аст ва ин амр натиҷаашро дар хориҷ ҳувайдо сохта, ба оламиён дараҷаи "баланди" рушди маорифамонро нишон дода аст.

Тоҷикон низ аз ақлу шуури худодод баҳраваранд. Шахсан бо ду гурӯҳи  ҷавонони тоҷик шинос ҳастам, ки худ мустақилона дар шаҳри Маскав, яке аз бузургтарину ҳозирзамонтарину мутамаддинтарин шаҳрҳои олам чандин (ҳар гурӯҳ зиёда аз даҳ) биноҳои баландошёнаи монолитиро сохтаанд. Ин ҷавонон дар ибтидо дар сохтмонҳо ба ҳайси коргари оддӣ кор менамуданд ва расман соҳиби маълумоти миёна бошанд ҳам, соҳиби дониши ниҳоят паст буданд. Тайи чанд сол дар натиҷаи кор дар ин намуди бинокорӣ таҷриба омӯхта, худ устод гаштанд. Бинокорони югословӣ сохмонро ба пудрат (кафолату масъулият низ ба дӯши онҳост) гирифта, ба онҳо месупоранд ва онҳо асосан мустақилона биноро сохта, ба итмом мерасонанд. Сохтани биноҳои бисту биступанҷошёна аз ҷониби ҷавонони беихтисос, албатта кори саҳле нест. Бо амри зарурат тоҷикон касбу ҳунар омӯхтаанд ва дар ҳамаи соҳаҳои сохтмониву хизмативу маишӣ расман ва ғайрирасмӣ шуғл доранд ва ба қадри назаррас дар соҳаи бинокорӣ мавқеи турку югослову укроину белорусу дигарро танг намуда, эътибори костаи хешро тадриҷан боло бурда истодаанд. Аммо бастани бозорҳои бузурги Маскав (Черкизовский, Лужники ва ғ), ки паноҳгоҳу ҷойи кори теъдоди зиёди муҳоҷирон буданд, сабаби бекории онҳо гардид, ки ҷуз аробакашӣ коре аз дасташон намеомад. Аз миёни ин  бекорон чандин гурӯҳҳои ҷинояткор ташаккул ёфт, ки аз амалиётҳои дуздиву ғоратгариашон ҳатто дар телевизиюнҳо  намоишҳо пахш карданд. Надоштан ҳунару касб ва пайдо нанамудани кор шумори зиёди духтарони муҳоҷири тоҷикро ба адои амали номашрӯъ танфурӯшӣ водор сохтааст.

Мушкили қиёфӣ

Намуди зоҳирӣ аз муҳимтарин мушкилот барои муҳоҷир буда, он метавонад оқибатҳои бадеро ба сараш биёрад. Бо қиёфаи шарқӣ дар ин кишвар басар бурдан амри тавакалист. Зеро бо соҳибияти ин намуди қиёфа мумкин аст ҳар замоне (ё дар роҳ ё дар нақлиёт)  аз ҳаёт маҳрум гашт. Мисоли ин садҳо тобутҳои аз Русия оварда аст. Ҷанги Қафқоз ҳисси адовату нафратро дар байни русҳо нисбати ин мардум бедор сохта, баъди пайдоиши тамоюлҳои миллатгароиву нажодгароӣ гурӯҳои зиёди фошистӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки асосан аз наврасону ҷавонон бо роҳнамудии калонсолонашон иборатанд. Дар ибтидо аслан ҳадафи шикорашон "қиёфаи хоси милали қафқозӣ" буда, пас онро алайҳи ҳама гуна қиёфаи ғайрисловянӣ равона сохтанд ва бисёре аз муҳоҷирони мо низ бо доштани чунин намуди қиёфа қурбони зулми ин ваҳшиён гаштанд. Духтари ҳафтсолаи тоҷикистонии дар шаҳри Петербург Хуршеда Султонова, ки аз дасти ин хунхорон кушта гардид, барои ҳамешагӣ рамзӣ ин қурбониёни таърихӣ хоҳад буд. Боре дар он ҷо дар сохтмоне кор мекардем ва ҷавонмарди узбекистоние, ки ҳамроҳамон кор мекард, аз дасти калсарҳо ваҳшиёна кушта шуда буд. Дар сӯҳбате муфаттиши қазия арз намуд, ки рус чунин ваҳшиёна кушта наметавонад ва ин услуби "сиёҳон" аст. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар ҷаҳони муосир аз ҷое нашнида ва аз чизе нахондаам, ки наврас, ки воқеан кӯдак аст, касеро ваҳшиёна бикушад, сари касеро бибурад ва кӯдакеро бикушад. Аммо ҳамаи ин имрӯз аз дасти кӯдаки рус бармеояд. Чуноне пасон ҳам маълум гашт қотилони ин марди фақир, ки дар ватан занеро беваю чанд тифлеро ятим гузошт, хонандагони мактаб буданд. Дар пайроҳаи назди ҷангал, ки ӯ аз хавфи  полис роҳи калонро гузошта, ҳангоми убур аз он ба гӯрӯҳи наврасони маст дучор омада буд, бо хӯрдани дувоздаҳ корд дар ҳама ҷои баданаш ва лату кӯби зиёд ҷон супурда буд.

Соҳиби қиёфаи шарқӣ дар ҳама ҷо боэҳтиёт буда, мекӯшад на ба чанги полис афтаду на ба дасти фошистҳо. Дар бештари эълонҳои ҷойи кор ҳоло бештар матнҳо бо таври зайл:"барои кор даъват карда мешаванд: боркашҳо, пешхизматҳо, дигар кормандҳо... бо қиёфаи словянӣ..." дарҷ мегарданд. Ба ғайр аз Русия бархе барои кор ба кишвари Қазоқистон ҳам мераванд ва дар он ҷо ҳам қиёфаи тоҷикияшон сабаби шинохташон мегардад.


Ашраф Акрам
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)