Бахшҳо
28 июн 2012 04:20Гузориш

«Вақткушӣ»-и ғарбиҳо дар музокира бо Эрон

Музокироти ахир миёни гуруҳи 5+1 ва Эрон дар Маскав, ба унвони сеюмин давр аз гуфтугӯҳои ҷадид, бо меҳвари барномаи ҳастайии Эрон дар шароите ҳафтаи гузашта ба поён расид, ки ҳамчунин нишастҳои пешин, тарафи ғарбӣ ин бор низ бо сангандозиҳои муҷаддади худ монеи ба натиҷа расидани ин гуфтугӯҳо шуданд.

Дар поёни он низ танҳо дастоварде, ки аз ин гуфтугӯҳо ҳосил шуд, баргузории нишастҳои коршиносӣ дар ояндаи наздик буд, ки он ҳам албатта сирфан бо талоши бевақфаи намояндагони Эрон ҳосил шуд.
Дар ин нишаст тамоми саволоти намояндагони Ғарб бо ироаи далелҳои комилан мантиқӣ тавассути намояндагони Эрон посух гуфта шуд, аммо ин бор низ ҳеч омили мусбате аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ сурат нагирифт.
Хабаргузории Форс дар робита бо ин нишаст бо як устоди донишгоҳи амрикоӣ гуфтгӯе дошт, ки вай зимни ин гуфтугӯ ба шарҳи далелҳои рафтори намояндагони ғарбӣ дар нишастҳои ахир миёни гуруҳи 5+1 ва Эрон, мепардозад.

Павел Шелдон Фот, устоди донишгоҳи Колифорниёи Амрико дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс дар робита бо арзёбии худ аз гуфтугӯҳои ахир дар Маскав миёни гуруҳи 5+1 ва Эрон гуфт: «Ба эътиқоди ман қудратҳои ғарбӣ бо баргузории ин гуфтугӯҳо яке пас аз дигари саъй дар вақткушӣ доранд». Номбурда афзуд, дар ҳоли ҳозир раҳбарони Туркия орзуи эҳёи имперотурии усмониро дар сар мепарваронанд, то битавонанд бар Эрон ва кишварҳои арабӣ нуфуз дошта бошанд. Ҳатто Русия низ тамоюл дорад, то нақши бештареро дар умури ҷаҳонӣ иҷро кунад, дуруст ҳамон тавре ки дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ин гуна буд ва ин дар ҳолест, ки саъй дорад, то узвияти созмони тиҷорати ҷаҳониро низ ба даст оварад.
Ин устоди донишгоҳи амрикоӣ дар идома таъкид кард, ки барои кишварҳои ғарбӣ Эрон ҳамчун мӯҳраи сарбоз (аскар) дар бозии шоҳмот аст, ки вобаста ба манфиатҳои ҳоли ҳозир, бояд қурбонӣ шавад ва ё мавриди ҳифозат қарор гирад.

Ҷаноби Фот дар хусуси чашмандози идомаи ин гуфтугӯҳо дар оянда, гуфт: «Дар ҳоли ҳозир дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки дар моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад, саҳюнистҳо ва албатта навмуҳофизакорон, Обама ва Ромнӣ, ду ҷангталабро ба унвони номзадҳои мавриди алоқаи худ, хоҳанд дошт. Банобар ин ҳар гуна умеде барои идомаи ин музокирот, ба иқдоми амали дигар кишварҳои муҳим чун Чин ва Русия  ва ё ҳатто иқдомоти дуруст ва оқилонаи раҳбарони сиёсии Эрон, бастагӣ дорад».

Амрико бояд бидуни дархости имтиёз, таҳримҳои Эронро лағв кунад

Устоди донишгоҳи Калифорниё ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико дар қиболи баргузории ин музокирот бо Эрон, бояд таҳримҳои ин кишварро бидуни ин ки бихоҳад имтиёзе аз Эрон бигирад, мутаваққиф кунад ва ҳамчунин пешниҳоди равобити дипломотӣ бо Эронро низ матраҳ кунад.
Ӯ бо ишора ба нуфузи шадиди саҳюнистиҳо бар сиёсатгузориҳо дар Амрико ва ҳамчунин шакл додан ба афкори умумӣ дар ин кишвар гуфт, мутаассифона, дар ҳоли ҳозир кумитаи равобити умумии Исроил- Амрико(Айпак) расонаҳои муҳими амрикоӣ ва ҳамчунин шумори бисёре аз ширкатҳои саҳюнистӣ, аксари сиёсатҳои Амрикоро таҳти контроли худ доранд.
Фот афзуд: «Мардуми Амрико ҳеч чиз дар бораи  Мусо Ҳес, ки яке аз ҳомиёни аввалияи саҳюнистӣ буд ва бо ҳамкорӣ, ки бо Карл Маркс дошт, пешнависи манифести коммунистиро таҳия кард, намедонанд. Бисёре аз мардуми Амрико ҳатто аз ҳомиёни Тротский,  ки ба унвони навмуҳофизакорон шинохта мешавад, низ чизе намедонанд . Эрониҳо бияд бидонанд, ки раҳбарони сиёсии Амрико комилан шайтонсифат ҳастанд ва онҳо бояд пешрафт ва иртиқои равобит бо раҳбарони дигар кишварҳо, ҷузъ Амрикоро ҷустуҷӯ кунанд.
-Ғарб таърихи тулонӣ дар дуздидани манобеи кишварҳои кӯчактар дорад. Ман тааҷуб мекунам, ки донистаҳои эронӣ ва албата амрикоиҳо дар бораи ин дуздиҳо чӣ қадр андак аст. Ҳама бояд таърихи имтиёзотеро, ки Эрон дар гузашта ба Ғарб вогузор карда буд, аз ҷумла имтиёзи Дорсиро (додани имтиёзи нафти Эрон ба Англия) мутолиа кунанд, имтиёзе ки Винстон Черчил онро "ҷойзае аз ҷониби сарзамини афсонаӣ ва он суи сахттарин руёи Ғарб" хонда буд, мегӯяд донишманди амрикоӣ.

Ин устоди донишгоҳ  дар идома бо ишора ба ин ки беш аз як қарн аз вогузории ин имтиёз ба Ғарб мегузарад ва ҳануз ҳеч касс  аз таърихи ба асорат даровардани кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ ғанӣ тавасути Ғарб, итилое надорад, таъкид кард, ҳар гуна музокира миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ бояд бурд- бурд бошад.
Вай ҳамчунин дар бораи иллати ин ки Ғарб исрор ба идомаи музокирот бо Эрон дорад ва дар айни ҳол тамоюле низ надорад, ки ин гуфтугӯҳо ба саранҷом бирасад, таъкид кард: «Ин гуфтугӯҳо барои ҷангафрӯзишои ғарбӣ бисёр муфид аст. Онҳо метавонанд, ҳатто аз ин гуфтугуҳо ба унвони баҳонае истифода кунанд ва муддаъӣ шаванд, ки дар айни ҳол ки бо бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодии бузурги худ дасту панҷа нарм мекарданд, бо Эрон низ дар ин гуфтугӯҳо бисёр сабурона бархӯрд карданд.

Фот бо ишора ба тарси Ғарб аз афзоиши нaрхи нафт, ба унвони яке аз далелҳои идомаи бе натиҷаи ин музокирот, гуфт, албатта нaрхи нафт бар муттаҳидони Амрико, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ низ таъсир мегузорад.
Қимати пардохти масрафкунандагон барои бензин ба ҷуз қимати фурӯши нафти хом, ба омилҳои дигаре низ бастагӣ дорад. Муомилаи нафти хом маъмулан бо доллар сурат мегирад ва кишварҳои тавлидкунандаи нафт бояд маблағи дарёфтиро ба пули ройиҷи худ ва ё ҳатто ба тилло дархост кунанд. Илова бар ин қимати бензин  ба молиётҳо дар кишварҳои ғарбӣ низ бастагӣ дорад ва ба ҳамин далел аст, ки қудратҳои ғарбӣ даст ба текникҳои таҳрим алайҳи Эрон дар солҳои гузашта задаанд. Ва бо вуҷуди тамоми ин таҳримҳо, бархе кишварҳои муҳим ҳануз исрор доранд, ки битавонанд ба хариди нафти худ аз Эрон, идома даҳанд.

Ғарб наметавонад бубинад Эрон мустақил рафтор мекунад

Ин устоди донишгоҳи Калифорниё дар посух ба ин савол ки "чаро бо вуҷуди ин ки тамоми фаъолияти ҳастайии Эрон таҳти назорати NPT сурат мегирад, вале ҳамчунон кишварҳои ғарбӣ исрор меварзанд, ки барномаи сулҳомези ҳастайии Эрон бояд мутаваққиф шавад?» гуфт: -- -
-Қудратҳои ғарбӣ дуруғгӯ ва фиребкор ҳастанд. Исроил, Ҳинд ва Покистон миқдори бисёр зиёде кӯмак дар заминаи ҳастаӣ дарёфт кардаанд, дар ҳоле ки ҳеч як ойинномаи NPT- ро имзо накардаанд.

Вай дар идома ба суханронии "атом ба ивази сулҳ"и Айзенҳоувер, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар СММ дар даҳаи 1950 ишора кард ва гуфт, барномаҳои ҳастайии Эрон ва Покистон низ дуруст дар ҳамин давре, ки кишварҳои ҷаҳони ташвиқ ба истифодаи энергии ҳастаӣ мешуданд, оғоз шуд ва ҳатто Арабистони Саъудӣ низ таҳқиқот дар робита бо пружаҳои ҳастайии худро солҳо аст, ки оғоз кардааст, аммо диктаторҳои ғарбӣ бо Эрон ин гуна рафтор мекунанд, чаро ки Эрон саъй дорад мустақил амал кунад. Нанг бар раҳбарони кишварҳое, ки мудаъӣ ҳастанд, узви ҷунбиши адами таъаҳуд ҳастанд, аммо боз ҳам аз Эрон дифоъ намекунанд.

Вай дар идома бо ишора ба ин ки дар ҳоли ҳозир 9 кишвари ҷаҳон таслиҳоти ҳастаӣ доранд ва дар ҳақиқати ин кишварҳо ҳастанд, ки таҳдид ба ҳисоб меоянд на Эрон, гуфт, қудратҳои ғарбӣ дар бораи Эрон дурӯғ мегуянд. Агар онҳо воқеан ба таслиҳоти ҳастаӣ аҳамият медоданд, рӯи кишварҳои дигар, мисли Кореяи шимолӣ мутамаркиз мешуданд. Ҳақиқат ин аст ки таҳдиди воқеӣ барои ҷаҳон он кишварҳое ҳастанд, ки таслиҳоташон тавассути як кишвари сеюм ба кор гирифта мешавад ва дар айни ҳол товонойии инкор кардани ҳар гуна мушорикат дар истифода аз ин таслиҳоти хатарноки биологӣ ва шимиёӣ ва ҳатто сойбериро доранд.

Фот дар поён бо ишора ба ҷангафрӯзиҳои Амрико дар саросари ҷаҳон гуфт: «Амрико дар ҳоли ҳозир садҳо пойгоҳи низомӣ дар саросари ҷаҳон ва таърихи тӯлонӣ дар ҳамлаҳои низомӣ дар ақсои нуқоти ҷаҳон дорад. Мутаассифона, бештари мардуми Амрико аз ниятҳои пушти пардаи ин ҷангҳо бехабаранд».
-Манофеи марокизи санъатии низомии Амрико, ба тарсондани мардуми ин кишвар аз душманон вобаста аст. Дар гузашта душмани Амрико шӯравӣ буд ва ҳоло бархе аз кишварҳои мусулмон барои ин марокизи санъатии низомӣ дар Амрико душманони осон ҳастанд ва ин низ тақрибан ба ин далел муяссар шудааст, ки бархе аз кишварҳои мусулмон, чун Арабистони Саъудӣ ва Қатар ҳомии ҳамалот алайҳи дигар кишварҳои мусулмон ҳастанд,- ҷамъбаст кард ҷаноби Фот.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)