Бахшҳо
29 июн 2012 06:14Гузориш

Шумо ваҳдати Тоҷикистонро комил мешуморед?

Ин ваҳдати миллие, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини он ба миён омад ба назари банда ин ҳама рӯйи коғаз аст, на дар амал.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС:

Ваҳдати миллӣ ин як раванди сиёсӣ аст, барои  ба дараҷаи олию комил расидани он хеле вақти зиёд лозим аст. Вале аз нуқтаи назари ин, ки дар муддати 15-сол чӣ ба даст овардем, бояд гуфт, қариб ҳамаи он чизе лозим буд ба даст овардем. Якум ин ки сулҳ ба даст овардем; Дуюм суботи сиёсӣ ба даст овардем, агар ҳамон ҳодисаҳои Раштро ба ҳисоб нагирем, дигар дар маҷмуъ мардуми Тоҷикистон бисёр собитқадамона аз пайи таҳкими ваҳдати миллӣ буданд ва ҳастанд; Сеюм заминаҳои Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омаданд. Ин нақбҳо, роҳҳо, ба ҳам наздик кардани минтақаҳо, рушд додани худи ҳамин минтақаҳо, дар ҳамаи минтақаҳои муайян, масалан дар ноҳияҳои гуногун ба монанди минтақаҳои Суғд, Зарафшон, Бадахшон, Кӯлоб ва ин тараф Қурғонтеппа ё Вахш ё ин тараф Ҳисор сохтмонҳои хеле зиёде ба анҷом расиданд; Чорум, мардуми Тоҷикистон аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳам диданд, ки манфиатҳои умумиашон ба ҳам хеле печидааст. Ҳеч имкон надорад, ки як минтақа аз минтақаи дигар ҷудо бошад ва ҳеч имкон надорад, ки онҳо якдигарро нафаҳманд ё ҳеч имкон надорад, ки давлати миллиро дар алоҳидагӣ созанд. Ин худ фаҳмиш ва дарки Ваҳдати миллӣ аст, ки дар шуури мардуми мо ба вуҷуд омадааст. Ман эҳсос мекунам, ки масалан дар Суғд чӣ қадар муҳаббате дар замони ҳозира нисбати мардуми ҷануб доранд. Ин чизе буд, ки солҳои пешин он қадар рӯшан набуд. Аммо ҳозир хеле рӯшан аст ва ҳамин тариқ дар минтақаҳои дигар, фарз кардем дар Кӯлоб ё Вахш нисбати Суғд ё нисбати Бадахшон ба Кӯлоб ҳамин чизҳо ҳастанд. Ин ҷо мо дар бораи Рашт намегӯем, ки ин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳастанду инҳо дар марказ ҳастанд ва ҳама нисбати инҳо як муносибати хубу як эҳсоси эҳтиром доранд. Ба хусус баъди ин ҳодисаҳои ахире, ки мардуми Рашт дар муқобили терроризм муттаҳид шуд ва нагузошт, ки ба мисли солҳои пешин бо онҳо бозӣ кунанд. Ин ҳам як саҳми бисёр ҷиддии мардуми минтақа аст ба таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ, ки онҳо сулҳу суботро нисбати ҳаргуна манфиатҳои гурӯҳӣ болотар донистанд. Ва боз метавон гуфт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама дар атрофи президенти кишвар муттаҳид шуданд. Дар бораи шахсиятҳое, ки дар ба даст овардани ин чиз дар баробари шахсияти ҷаноби олӣ, якто-дуто нестанд, хеле зиёданд, ҳам дар камандаи ҷаноби олӣ ва ҳам дар камандаи Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ ва мо наметавонем онҳоро эътироф накунем, дар бораи онҳо суҳбат накунем. Бо ташаббусу талошҳои беохири ин ду кас сулҳ ба вуҷуд омад. Ҳар касе ки дар сиёсат ворид аст худ медонад, ки дар атрофии ин шахсиятҳо киҳо боз барои сулҳу ваҳдат хидмат карданд. Аз одитарин хидматгузорони давлат сар карда, то хидматгузорони опозитсиюн саҳм доранд.

Муҳиддин КАБИРӣ, раиси ҲНИТ:

Миллати тоҷик баъд аз истиқлолият якчанд ҷашнвора ва санаҳое дорад, ки барои мо хеле муҳим ҳастанд ва дар байни онҳо ҷашни ваҳдат аз нигоҳи мо ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро агар ваҳдати мо намебуд, ин ҳама сулҳу оромиш ва суботи ҷомеа ба даст намеомад. Мо наметавонистем ҷашни истиқлолиятро таҷлил бикунем ва на наврӯзро. Ҳатто наметавонистем идҳои мазҳабии худамон, мисли иди Қурбон ва иди Рамазонро дар як ҳолати амну субот пешвоз бигирем. Пас, маълум  мешавад, ки ҷашни ваҳдат барои ҳар як тоҷикистонӣ ҷашни тақдирсоз аст ва бояд, ки он дар як сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта шавад. Оне ки баъд аз 15-соли имзои Созишнома мо то кадом сатҳ ваҳдатро комил қабул мекунем ё на, ин саволи дигар аст. Муҳим он аст, ки дар Тоҷикистон сулҳ ҳаст. Агар чӣ ваҳдати пурра ба даст наомадааст, вале сулҳу оромиш ҳаст. Албатта, мо бисёр мехостем, ки ваҳдати пурра ҳам бошад, ҳамон тавре ки дар созишномаи умумии сулҳ омада буд, дар протоколҳо мо ҳангоми имзо кардан якдигарро бо ҳамин андешаю афкорамон қабул кардем ва омода шудем, ки бо ҳам ҳамзистии мусолаҳатомез дошта бошем. Агар имрӯз мушкилиҳое вуҷуд доранд, пас ин мушкилиҳо дар татбиқи созишномаҳо ҳаст, на дар худи созишнома.

Бино бар ҳамин, агарчӣ имрӯз ваҳдат аз нигоҳи мо пурра нест, вале Худоро шукр, ки сулҳу субот дар ҷомеаи мо пурра амалӣ шуда истодааст. Вақте ки мо ваҳдат кардем, пазируфтем, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз ҷаҳонбинӣ, аз гароишашон ба ин ё он мазҳаб, ақида ва афкор ҳаққи дар ин ҷомеа зиндагонӣ кардан, рушд кардан ва озодона фаъолият карданро доранд. Агар ин ҳама ба даст меомад, пас метавон гуфт, ки ваҳдати миллии мо ба даст омад. Вале ҳоло мебинем, ки на ҳама масъулини Тоҷикистон омода ҳастанд, ки андешаи дигареро бипазиранд, қабул дошта бошанд ва ба онҳо ҳаққи зиндагӣ ва фаъолият кардан тибқи қонунҳои кишварро дар Тоҷикистон бидиҳанд. Мо он солҳо ба хулоса омадем, ки яке аз рукнҳои ваҳдати мо ин интихоботҳои шаффоф ва демократӣ аст, то ин ки мардум худаш интихоб кунад, ки киҳо дар парулумон ва киҳо дар ҳукумат бошанд. Вале вақте ки интихоботҳо бо тақаллуб анҷом шуданд, ин як зарбаи сангине буд ба пояи ваҳдат. Чун нишон дод, ки ҳанӯз ҳам як гурӯҳ аз ин сулҳу оромиш доранд сӯистифода мекунанд ва гурӯҳи дигарро мехоҳанд бо роҳҳои тақаллуби интихобот ё ба ҳошия фиристанд аз саҳанаи сиёсӣ дур кунанд. Ин худ нишон медиҳад, ки мутаассифона, ваҳдати мо дар сухан ҳаст, вале дар амал нест. Аз тарафи дигар, бубинед ҳеч кадоми мо 10-15-сол пеш тасаввур намекард, ки рӯзе мерасем ба он ки барои масъалаҳои ҷузъие, мисли ҳиҷобу риш, масҷиду мадраса қишрҳои гуногуни Тоҷикистон байни якдигар муноқаша ва баҳс менамоянд. Агар ҳар касе 15-сол пеш ҳангоми имзои созишнома мегуфт, ки мерасад замоне ки, масалан аъзои ҲНИТ дигар дар идораи кориашон ҳаққи намоз хондан нахоҳанд дошт, ҳеч кас ба ин бовар намекард ва шояд ҳеч кас ҳам созишномаро имзо ҳам намекард. Он вақт мо бовар доштем, ки баъд аз ин ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз, ки  мо акнун якдигарро хуб фаҳмидем ҳеч кас ҷасорат намекунад, ки ба арзишҳо ва ақидаҳои тарафи дигар дастдарозӣ кунад ё маҳудиятҳое эҷод кунад. Вале имрӯз мебинем, ки як гурӯҳ худро чун ғолиб медонад ва иҷозат медиҳад, ки зиндагии мардуми ҳамаи Тоҷикистонро онҳо муайян кунанд, ки мардум чигуна бояд зиндагӣ кунанд, чигуна ба кор биравад, чигуна либос бипӯшад ва ҳатто кор ба дарҷае расид, ки дар куҷо намоз хондан ва нахонданро ҳам як гурӯҳи дигар муайян мекунанд. Ҳоло он ки мо ба хулосае омадем, ки ҳамаи инро миллат бояд муайян кунад ва миллат сарфи назар аз ақида ва ҷаҳонбиниаш, ҳама ҳаққи озодона амал кардан ва фаъолият намуданро дошта бошад. Бино бар ҳамин мо аз нигоҳи имрӯз як каме ваҳдатро нокомил мебинем. Вале ҳанӯз ҳам ҷойи хурсандӣ ва шодӣ он аст, ки боз ҳам шахси худи президент, ки ин ҳама мушкилиҳоро бо устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шахсан кашида буданд, шояд эшон боз ҳам таъсири худро мерасонанд, ки пеши роҳи ин ифротгароёни дунявиро бигиранд ва нагузоранд, ки аз марзи арзишҳо ва ақидатии гурӯҳҳои дигари ҷомеа бигзаранд. Хело мехостем, ки дар ин рӯзҳои сулҳу ваҳдат боз ҳам масъулини кишвар як бори дигар сари ин ҳодисаҳои 15-сол пеш андеша кунанд ва бори дигар хуб мешуд, ки агар он созишнома ва протоколҳоро мехонданд ва баргаштан бар он рӯҳияе, ки мо ба хотири чӣ сулҳ кардем ва барои чӣ ба ин ваҳдат расидем ва бидонанд, ки омили асосии сулҳу суботи кишвари мо ин ҳамдигарфаҳмӣ ҳаст. Агар ин аз байн рафт, таҷрибаи дигар кишварҳо нишон дод, ки ягон омили дигар моро аз муноқиша ва ҳар гунна ҳолатҳои ногувор наҷот нахоҳад дод.

Фатҳиддин АЗИЗУДДИН, ҳуқуқшинос ва рӯзноманигори мустақил:

Ин ваҳдати миллие, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини он ба миён омад ва  аз он 15-сол аст сипарӣ мешавад, ба назари банда ин ҳама рӯйи коғаз аст, на дар амал.  Зеро он ҳама бояду шояде, ки буд, дида намешавад. Яъне асолат ва воқеият дар он дида намешавад. Агар ба шабакаҳои телевизионии кишвар назар бикунем, танҳо як тарафро ном мегиранд ва таъриф мекунанд, ки дар асл ин тавр нест. Зеро вақте сулҳ мекунанд, албатта, сулҳ миёни ду нафар ё ду гурӯҳ сурат мегирад. Пас дар сурате, ки фақат аз як ҷониб ёдоварӣ мешавад ё якҷониб мавриди таъриф қарор дорад, ин ба мисли ҳамон сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳангоми Ҷанги бузурги ватанӣ ҳаст, ки ғолиб баромад ва худро таҳсину таъриф мекард. Дар асл аз мо инхел набуд, ду қувва, ки байни худ нофаҳмиҳое доштанд ва ахиран ба хулосае омаданд, ки сулҳ кунанд ва худро як миллат ҳисобанд ва кӯшиш кунанд байни худ ягон нофаҳмие набошад. Сипас сулҳ карданд. Аз ин фаҳмида мешавад, ки бояд тамоми он шарту шурути созишномаи мазкур дар амал бошад. Вале мутаассифона, чи тавре имрӯз мебинем, ҳатто аз эшон ёде ҳам намекунанд.

Шодӣ ШАБДОЛОВ, раиси ҲКТ

Ваҳдати миллӣ аслан мафҳуми умумӣ аст, ҳар як миллат давлат дорад, дар он давлат ҳаст меъёрҳое, ки дар онҳо мавқеи ҳамаи қишрҳои ҷомеа як аст. Яъне давлат пойдор бошад, пароканда нашавад, инро ҳар як миллат мехоҳад, хоҳ тоҷик ё миллати дигар бошад. Дуюм ин ки сулҳу салоҳ бошад дар ин давлат, яъне ҷангу ҷадали шаҳрвандию дигар чизҳо набошад. Сеюм фарҳанги миллӣ ҳифз карда шавад. Чорум сатҳи зиндагии мардум сол то сол бояд хуб шавад, бад нашавад.
Яъне ин дар маҷмуъ маънои умумии ваҳдати миллӣ аст. Дар ҷанги тулонии шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 шурӯъ шуд, 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ талаф шуд, ҳамаҷо пур аз мазори тоҷик шуд. Сарсону саргардон ба давлатҳои дигар, Покистон рафтанд, Эрон рафтанд, Аврупо рафтанд, Руссия рафтанд. Баъди ҳамон ин созишномае, ки имзо шуд бисёр созишномаи муҳим буд, чунки дар ин созишнома аз ду ҷиҳат ба як ақида омаданд, ки давом додани ҷанги шаҳрвандӣ маънои онро дорад, ки Тоҷикистон аз байн меравад. Тамоми аломатҳои пошхӯрии Тоҷикистон вуҷуд дошт.

Аслан ин ваҳдати миллӣ маънои онро дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Лекин ваҳдати миллӣ маънои онро надорад, ки гуногунандешӣ аз байн рафта аст. Аҳзоби сиёсӣ андешаҳои гуногун доранд, мавқеъҳои гуногун доранд. Ҳизби комунист, Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби нахзати исломӣ, Ҳизби тараққиёт, Ҳизби сотсиал-демократӣ андешаҳои гуногун доранд албатта, он гуногунандешӣ боқӣ мемонад, лекин гуногунандешӣ бояд дар чорчӯбаи қонуни асосӣ, яъне конститутсияи Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад, на дар майдони ҷанг. Ин муҳимтарин хулосаи талх, як таҷрибаи талхе, ки танбеҳ гирифт ин миллати мо аз он даврае, ки мо як бозича, як арӯсак дар манофеи геопалитикии давлатҳои берунмарзии дуру наздик гардидем. Барои ҳамин мо инро фаҳмидем, ин як дастоварди бениҳоят бузург аст ва мо бояд дар ҳамин раванд бошем ва қадрдон бошем, ба хусус насли ҷавон бояд иллату сабаби ҷанги шаҳрвандӣ, муқовамати мусаллаҳонаи баъзе гурӯхҳои гуногун ва натиҷаи талхи онро бифаҳмад, ки дигар такрор накунад.

Рустами ВАҲҲОБ, устоди ДМТ

Ваҳдат ин кори 10 ва ҳатто 15-сол ҳам нест, кишвар ё худ милатҳое, ки ба ваҳдати миллӣ расиданд таърихи дусадсола-сесадсолаи таҷрибаи фаъолиятҳои барномарезишудаи сиёсиро барои эҷоди ваҳдати миллӣ пушти сар карданд, то он ки ба он ҳадди лозим ба ин чиз расиданд. Мо ҳоло фақат ба таври барномарезӣ шуда таҷрибаи 15-сола дорем ва агар ин нуқсу камбудие дорад, ин амри табиӣ аст. Ваҳдати миллӣ лозимааш ва асосаш, пеш аз ҳама шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ, донистани таърихи миллат ва ҳадафи миллӣ аст. Яъне бидуни шинохти ҳадафи воҳиди миллӣ ташкил ва эҷоди ваҳдати миллӣ бисёр як кори сахт аст. Бино бар ин мо бояд ба он дараҷа аз шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ бирасем, ки ҳар яке аз афроди миллат нисбат ба ҳадафи умумимиллӣ, албатта, мешавад аҳдофи мавридӣ, давраӣ, марҳалавӣ ва аҳдофи ҷовидонӣ куллӣ, нисбат ба инҳо шинохт ва эътиқоди комил пайдо кунанд. Дар он сурат мо ба ваҳдати миллии комил даст ёфта метавонем. Вале муҳимтарин омиле барои эҷоди ваҳдати миллӣ зарур аст, ҳамин оромиши нисбӣ ва вуҷуди сулҳу суббот дар кишвар аст, ки алҳамдулиллоҳ, тайи ин 15-сол асосан вуҷуд дорад. Бидуни ҳамчунин як фазое ҳарфҳо танҳо ҳарфҳои ормонӣ мешаванд, на амалӣ. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳамин фазои мусолаҳатомез ва субботе, ки дар айни ҳол вуҷуд дорад ва хушбахтона, 15-сол аст, ки мо аз он бархурдор ҳастем, муҳимтарин шарти ба даст овардани ҳадафи олии ваҳдати миллӣ аст. Ҳамчунин чизеро, ки аз худи ҷомеаи тоҷик сарзада бошад ва ҳадафманд бошад ва мақсадаш барҳам задани барномаи ваҳдати миллӣ бошад мушоҳида накардам. Чунки тоҷикҳо, онҳое, ки дар худи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд дар инҷо реша доранд, инҷо худашон, азизонашон умр ба сар мебаранд, инҳо бихоҳанд ё нахоҳанд ҳаётан ниёз доранд ба вуҷуди сулҳу ваҳдати миллӣ. Вале албатта, омилҳое ҳастанд, ки аз берун, аз хориҷ таҳрик мешаванд, омилҳое ҳастанд, ки албатта, аз нодонӣ ё ғаразҳои маҳдуди гурӯҳӣ сар мезананд. Ингуна омилҳо хоҳ нохоҳ ҳастанд ва вуҷуди инҳо як амри ногузир аст. Вале ман фикр мекунам, ки раванди умумии эҷоди ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар аз тарафи ҷомеаи кишвар ҳамеша пӯё ва дар ҷараён будааст ва ҳамеша вуҷуд доштааст, ҳаргиз қатъ нагардидааст.

Мирзомуҳаммадии НАВИД, фарҳангшинос:

Ваҳдат як неъмати бузурги Офаридагор аст, барои ҳар қавму миллат, ҳатто бубинед агар ваҳдати назарҳо дар дохили як хона набошад, мебинем, ки доимо он хонавода ба як мушкили дохилии хонаводагӣ гирифтор аст. Аз ин хотир, умуман, ҳар як шахс бояд ба қадру қиммати ин неъмати бузург-ваҳдат бирасад, на забонӣ, балки амалӣ ва дар кӯшишҳои ҳамарӯзаи худ саъй кунад, то ба ин неъмат ягон халале ворид нашавад. Дигар ин ки дар муддати 15-сол мо дар таносуб бояд бубинем, ки ҳамин ваҳдат ё худ иттиҳоди ҷомеа, якпорчагии ҷомеа мутлақ намебошад. Яъне ваҳдати мутлақ ин ваҳдати илоҳӣ аст, ки дигар дар онҷо ҳеч халале роҳ намеёбад ва ваҳдонияти Худо  ва ҳақ бетағйиру табдил мемонад ва ин дигар ваҳдатҳо, ваҳдати иҷтимоӣ, ваҳдати як ҷомеа, ваҳдати ҷаҳонӣ ҳар ваҳдате, ки ҳаст дар таносуб қарор дорад ва мо ин таносубҳоро аз назари илму мантиқ ва мушоҳидаҳои ҳаррӯза дигар муқоиса карда метавонем, ки мо дар кадом пояи ваҳдат қарор дорем. Агар аз ҳамин меъёрҳои мантиқӣ нигоҳ бикунем, мебинем, ки дар воқеъ ваҳдат вуҷуд дорад. Вале, аз баски ваҳдати мутлақ нест, дар он баъзе камбуду нуқсонҳо, ки боиси заиф гаштани якпорчагии ваҳдат мегарданд, дар ҷомеаи мо низ дида мешавад. Дар ин муддати кутоҳ, гарчанде аз ваҳдат 15-сол мегузарад, аз истиқлолият 20-21-сол мегузарад, мо ба як андозае, ки на онқадар қобили мушоҳида аст, пешравие дар иқтисодиёт дорем, инро инкор кардан лозим нест. Ба мисли сохта шудани роҳҳову шабакаҳои истихроҷи барқӣ ва ғ.., ки инҳоро нодида гирифтан камоли ноадолатист. Вале дар умум мо як чунин иқтисоде, ки мардумро сарҷамъ кунад, мардумро фориғулболу хотирҷамъ бикунад, ки дигар мушкилоте надошта бошанду фарзандони худро аз ночорӣ ба хориҷ равон накунанд, инхел иқтисод надорем. Масалан тибқи омори расмию ғайрирасмӣ қариб 1 миллион ё 1, 5 миллион фарзандони мову шумо дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, таҳқир мебинанд, бештар мавриди латукӯб қарор мегиранд ва ҳамин аломати заъфи кишвари мо аст, ки аз онҳо ҳимояти комил карда наметавонад. Ин як сабабе аст, ки пояҳои ваҳдати моро заъиф мегардонад. Ҳоло шумо бубинед дигар мафкураҳои ҳаргуна мазҳабию ғайри миллӣ дар афкори муҳоҷирин ҷой мешавад. Албатта, онҳо баъди бозгашт ба ватан бо як мафкураи тозаву нав меоянд ва  ин ҳам шояд як сабаби ихтилоф бошад. Боре шумо ба сайтҳои муҳоҷирон назар афканед, гапу чизҳои зиёдеро хоҳед дид. Ба мисли ихтилофоту эътирозоти зиёд ва ин ҳам албатта, як сабабе аст, ки ба ваҳдати як миллат муассир аст. Сабаби дигар дар дохили кишвар бо ҳар роҳе пинҳон намоем, аммо дигар ошкор аст, ки як навъ табъиз ва ҷудоие вуҷуд дорад, ки онро гуфта мешавад мазҳабӣ ва мафкуравӣ. Мо то ҳол аз ҳамон гирдоби бисёр бади маҳалгароӣ раҳоӣ наёфтем. Масалан ман мисолҳои мушаххасеро гуфта метавонам, ки бачаҳои бисёр қобилиятнок, фориғуттаҳсилини мактабҳои олӣ ва дорои мафкураи бисёр ҳам тоза аз ҷиҳати баъзе аз сабабҳои ҷузъӣ кори хубе дошта наметавонанд. Сабаби дигараш ин афзоиши номутаносиб ва номувофиқи табақоти гуногуни ҷомеа аст. Як қишри ҷомеа бо кадом роҳҳое ба дараҷаҳои ниҳоят олии зиндагӣ расиданд. Вале агар ба ҷониби дигар назар кунем, мебинем, ки чигуна дар як ҳолати сахти зиндагӣ умр ба сар мебаранд, ба истилоҳ аз саҳар мехезанд то бегоҳ барои пайдо кардани як луқмаи нон саргардон ҳастанд. Ин ҳам як омили дигар дар заъфи иттиҳод ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо камоли итминон гуфта метавонам, ки ҳолати кунунии озодии баёну ақида ва озодии виҷдон дар кишвари мо, ҳатто баробари солҳои баъди истиқлол, то соли 2005 нест  Инҳо сабаб мешаванд, ки миллат дар умум нисбат ба ваҳдату якпорчагии он бадгумон бошад ё беэътибор бошад. Инро ғафлат мегӯянд ва ғафлатзадагии ҷомеа бисёр бад аст, барои ҷомеаи пешрафта вақте, ки инсонҳо ё шаҳрвандон бетафовут шуданд ба арзишҳои худ, ин бисёр ҳолати бад аст. Дар натиҷа миллат дар ҳолати рукуд ва барҷомондагӣ қарор мегирад ва мо наметавонем интизори пешрафтҳо шавем.

Усмон СОЛЕҲОВ, мудири шӯъбаи иттилооти ҲХДТ:

Ваҳдат барои як миллат ҳамеша даркор аст. Ваҳдат барои миллат чун обу ҳаво зарур аст. Ҳамеша ба таҳкиму ҳифз кардан ниёз дорад. Имрӯз мо шукр мекунем, ки тавассути созишномаи сулҳ, ки ба имзо расид, сулҳ барқарор шуд ва ваҳдат таҳким ёфта истодааст. Дар баробари ин ваҳдат бояд ҳамеша ҳифз карда шавад. Зеро дар ҷомеа ҳамеша неруҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ғаразҷуёна бо ҳар роҳу сабаб нотинҷӣ кунанд. Зеро душманони мо ҳам дар дохил ҳастанд ва ҳам дар хориҷи кишвар.
Мо имрӯз як ҷомеаи озоду осуда дорем, ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад, ки  ҳар кадом манфиатҳои гурӯҳию сиёсию ҳизбии худро доранд. Вале бо вуҷуди ин ҳар як ҳизб ё ҳаракате, ки ҳаст дар ҷумҳурӣ қонунӣ фаъолият мекунанд, онҳо дар баробари манфиатҳои хусусии худашон, дар як манфиати умумӣ бояд ҳамаи ин ҳизбҳоро муттаҳид кунанд, ки ин манфиат ваҳдати миллӣ асту осудагию оромӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)