Бахшҳо
29 июн 2012 10:32Иҷтимоӣ

Муфаттишони тоҷик аз шиканҷа кор мегиранд

Соли гузашта 26 шикоят дар мавриди ҷой доштани шиканҷа ва дигар намуди зӯроварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он танҳо 5 ҳолат тасдиқи худро ёфтааст. Соли 2010 бошад 48 шикоят оид ба шиканҷа ба Додситонии кул ворид шудааст, ки 13 ҳолати он тасдиқ гаштааст. Аммо намояндаи Созмони авфи байналмилал (Amnesty International) Рейчел Буглер чанд рӯзи пеш дар як суханронияш дар Душанбе гуфт, ки оморҳои расмие, ки мақомоти Тоҷикистон ироа мекунанд, ба маълумоте, ки дастраси созмони мазкур мегардад, таноқуз дорад ва мавориди ҷой доштани шиканҷа бештар ба назар мерасад. Ба қавли ӯ ҳукумати Тоҷикистон проблемаи шиканҷаро чун мушкили "№ 1" қабул кардааст, вале маълумоти дақиқ дар бораи шиканҷа то ҳол вуҷуд надорад. Зеро аз як сӯ боздоштшудаҳо ва хонаводаи онҳо гоҳе аз гуфтани проблема метарсанд ва аз сӯи дигар зикр нашудани нишонаҳои шиканҷа дар қонунгузории кишвар тасдиқи ҳолатҳои шиканҷаро душвор гардонидааст.

Ҳисобот ба Парламент, на ба ВКД ва Генпрокуратура

Вале дар ҳамин ҳол шиканҷа дар Тоҷикистон яке аз усули осони "ошкор" кардани ҷиноят ба шумор меравад ва ба андешаи коршиносон гоҳе кормандони ҳифзи ҳукуқ аз коргоҳи худ берун нашуда, ба бо ин усул тафтишотро ба анҷом мерасонанд. Ҳуқуқшинос Моҳира Усомнова мегӯяд, ки бо чунин шеваи кор тамоми ҷиноятҳоро аз ҳуҷраи корӣ набаромада ва ягон тафтишот нагузаронида, метавон ошкор кард.    
Дар аксар ҳолат сабаби ба ҷавобгарӣ накашидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои истифодаи шиканҷа дар он дониста мешавад, ки ба ошкор кардани ҳолатҳои шиканҷа кормандони шӯъбаи тафтишот машғуланд, ки дар асл онҳо як бахши он ниҳоде ҳастанд, ки одамон аз ҷониби баъзе кормандони он ниҳод мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Ҳуқуқшиносон пешниҳод карданд, ки барои тафтиши мавориди шиканҷа ва дигар намуди зӯроварӣ бояд ниҳоди мустақиле таъсис дода шавад, ки муфаттишони ин ниҳод на аз қатори кормандони собиқ ва феълии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад ва набояд дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ё Додситонии кул ҳисобот диҳанд, балки танҳо ба Парлумон ҳисоботи худро пешниҳод намоянд.
Ҳуқуқшинос Татяна Хатюхина пешниҳод кард, ки барои коҳиш додани мавориди шиканҷа бояд кормандони милиса аз нав ба қайд гирифта шаванд ва танҳо мутахассисони касбӣ ба кор қабул гарданд. Ташхиси тиббӣ гузаронида шавад ва он кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки бемориҳои равонӣ ё асаб доранд аз вазифа барканор карда шаванд. Он милисае, ки дар шиканҷа ҳамдаст аст, ҳатман аз кор ронда шавад.

Талофипулӣ ба шахсони шиканҷадида

Сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон" Сергей Романов изҳор дошт, ки шахсони шиканҷадида бояд ба табобат фаро гирифта  шаванд ва барои зарари расонидашуда ба саломатияшон ҷубронпулӣ гиранд.
Талаб кардани ҷубронпулӣ  аз ҷониби шиканҷадидаҳо тақрибан ба назар намерасад ва танҳо наздикони Исмоил Бобоҷонов, ки бар асари шиканҷа фавтидааст, ахиран хостаанд то давлат ҷубронпулӣ пардохт кунад.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Нозгул Ергалиева, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти сиёсати ҳуқуқӣ дар Қазоқистон кишварҳои Осиёи Марказӣ давлат барои пардохти ҷубронпулӣ ба шиканҷадидаҳо ҳеч саҳме надорад. Ба қавли ӯ дар ин минтақа ҷубронпулӣ аз ҷониби ранҷдидаҳо кам ба назар мерасад ва боз гоҳе пардохт мегардад ва он ҳам аз ҷониби шахсони маҳкумшуда, на аз буҷети давлатӣ. Дар таҷриба ягон ҳолате дида намешавад, ки дар кишварҳои ин минтақа конпенсатсия аз ҳисоби буҷет пардохт шуда бошад.  

Иқрори мақомот аз вуҷуди шиканҷа

Соли 2011 дар як ҳамоиш намояндаи Прокуратураи генралӣ Муҳаммадризо Халифазода  иқрор шуд, ки феълан дар Тоҷикистон аз рӯи далели шиканҷа ягон омори вижае гузаронида намешавад. Зеро дар кодекси ҷиноятӣ моддаи алоҳидае вуҷуд надорад, ки мушаххасоти шиканҷаро аз рӯи фаҳмиши байналмиллалӣ ифода кунад.
Нигина Баҳриева, сарвари ташкилоти "Нотабене" дар Тоҷикистон мегӯяд, ки проблемаи шиканҷа дар Тоҷикистон ҷиддӣ аст ва вуҷуд доштани онро мақомоти давлатӣ иқрор шудаанд.  Ҳатто президенти кишвар аз мавориди шиканҷа изҳори нигаронӣ мекунад, вале ӯ суол мекунад, ки кишвар барои мубориза бо ин амали номатлуб то чӣ ҳад омода аст? Зеро ба гуфтаи ӯ аз як сӯ вуҷуди ин проблема ҷиддӣ хонда мешавад, аз ҷониби дигар вақте онҳо ба суди конститутсионӣ дар ворид кардани баъзе тағйирот муроҷиат кардаанд, онҳо гуфтаанд, ки чаро дар Русия ин тавр аст ва онҳо тағйиротро ба шакли дигар роҳандозӣ кунанд?

Дар ошкор ва собит кардани шиканҷа монеаи аслӣ дар Тоҷикистон ин ҷой надоштани мушаххасоти он дар қонун мебошад. Яъне дар бораи он ки нишонаҳои шиканҷа кадом аст, дар қонун шарҳе дода нашудааст ва ин боис мегардад то ошкор кардани ҳолати шиканҷа душвор гардад. Аз ин рӯ шиканҷа мушкили системавии Тоҷикистон боқӣ мондааст, мегӯянд коршиносон ва пешниҳод мекунанд, ки ҳукуматдорон бояд барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳои мушаххасеро андешанд.

Агар шиканҷа ҷиддӣ пайгирӣ нашавад, Тоҷикистон кӯмак намегирад

Хонум Аудроне Перкаускене, мушовир оид ба масоили ҳуқуқи инсони Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо тамоми салоҳияташро ба кор мебарад, то ҳангоми додани кӯмакҳо ба бахши иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистон шартҳои мушаххасеро ба ӯҳда гирад. Ба гуфтаи ӯ бояд ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои ғайридавлативу ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, бахши хусусӣ ва ба хусус дар мубориза бо шиканҷа густариш ёбад. Вай аз ҷумла афзуд: "Аз якуми июн озмуни қабули лоиҳаҳо оид ба шиканҷа оғоз шуд ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 16 миллион евро ҷудо шудааст. Соли 2013 Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон барномаи наверо дар бораи ҷудо кардани грантҳо роҳандозӣ мекунад ва мо тамоми фишорҳои сиёсиро истифода мекунем то кор дар самти мубориза бо шиканҷа дар ин кишвар беҳтар гардад".

Аммо хонум Аудроне бо баёни ин ки онҳо тамоми салоҳиятҳояшонро барои беҳтар амалӣ шудани кор дар самти мубориза бо шиканҷа истифода мебаранд, ҳамчунин гуфт, ки ин чораҳо ҳанӯз кофӣ нест ва бояд худи созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва мубориза бо шиканҷа кӯшиш кунанд. "Зеро пеш аз ҳама ин кишвари шумост ва ҳар кори хайре анҷом медиҳед, барои мардуми худатон аст", изҳор дошт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки Иттиҳоди Аврупо бузургтарин донори дунё маҳсуб мешавад ва дар Тоҷикистон аз соли 1992 ба инҷониб ҳама сола барои рушди соҳаҳои гуногун ҳудуди 25 миллион евро кӯмак мекунад. Ин маблағҳо асосан ба соҳаҳои тандурустӣ, бахши хусусӣ, ёрии техникӣ, назорати сарҳад ва мубориза бар зидди нашъаҷаллобӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист, муҳоҷират, ҳуқуқи инсонe демократия ва рушди соҳибкории хурду миёна ҷудо мешаванд.

"Террористон" қурбонии шиканҷа?

Тайи ду соли ахир истифодаи шиканҷа алайҳи шаҳрвандон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд ва овозаи он то Созмони милали муттаҳид расид. Аз ҷумла, шиканҷаи Исмоил Бобоҷонов, Урунбой Усмонов, Сафаралӣ Сангов, Тағойбек Шарифов ва Баҳромиддин Шодиев сару садои зиёдеро дар ВАО-и Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва ин боис гашт, ки Тоҷикстон ҳангоми ҳисобот дар назди СММ оид ба шиканҷа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва барои коҳиши мавориди шиканҷа ӯҳдадориҳои бештаре ба дӯш гирифт.

Аммо бо ин ҳама мавориди шиканҷа танҳо дар омори расмӣ коҳиш ёфт, вале дар маълумоти ғайрирасмӣ ҳамоно афзоиши шиканҷа ба назар мерасад. Аммо то ҳол маълум нест, ки авомили аслии шиканҷа дар Тоҷикистон чист. Намояндаи Инсттути ҳуқуқи инсон дар Русия Елена Рябинина бар ин назар аст, ки зери мафҳуми мубориза бо терроризм ва экстримизм чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои шиканҷа бештар ба назар мерасад. Ба қавли ӯ бо дастгир кардани шаҳрвандон ба даст доштани онҳо дар амалҳои террористӣ ва эктримистӣ мақомоти қудратӣ кӯшиш мекунанд барои боздошти ҳамдастони онҳо ё пешгирӣ кардани амалиётҳо ба онҳо фишор оранд ва азият диҳанд то эшон иқрор шаванд. Ҳамчунин шиканҷа воситаи фишор ба мухолифони сиёсӣ ва мазҳабӣ аст. Чун ба гуфтаи Рябинина чунин ашхос нисбат ба дигарон бештар қурбонии шиканҷа мешаванд, зеро фаъолияти онҳо гоҳо чун таҳдид ба амнияти милиии як кишвар шуморида мешавад. Агар чӣ дар баъзе ҳолат ин баҳогузорӣ то андозае дуруст ҳам бошад, бо ин вуҷуд ҳассосияти проблемаи шиканҷа коҳиш намеёбад.    
Барои коҳиш ёфтани мавориди шиканҷа ҳуқуқшиносон пешниҳод карданд, ки шаҳодати шоҳидон ё худиқроршавии онҳо танҳо аз ҷониби додрасҳо маълум карда шавад. Яъне худиқроршавӣ на бо дасти муфаттишону кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки аз ҷониби судяҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин сабабҳои шиканҷа берун аз доираи ҳуқуқӣ, аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ маълум карда шавад.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)