Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

30-юми октябри 2011 интихоботи президентӣ баргузор мешавад

29 июн 2011, 07:02

Вакилони парлумони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки интихоботи президентӣ 30-юми октябри соли 2011 баргузор шавад.

Бино ба навиштаи хабаргузории «24.kg»  ин масъала ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон)  аз ҷониби фраксияи ҳизби «Ата Мекен» ироа гардидааст. Гуфта мешавад, сарвари фраксияи мазкур дар парлумон- Омурбек Текебаев ба сухан баромада, дар бораи лоиҳаи қонун назари ҳизбашро эълом хоҳад дошт. Ин санад  тарҳи қонун «Дар бораи қарори Жогорку Кенеш» оид ба «Таъини интихоботи президентӣ дар Қирғизистон» мебошад.
Маврид ба ёдоварист, фардо яъне 30-юми июн ҷаласаи охирини Жогорку Кенеш баргузор мешавад ва вакилон то 1-уми сентябр ба таътил мебароянд. Аз ин рӯ депутатҳои қирғизро зарур аст, ки қабл аз истироҳаташон санаи маъракаи асосӣ- интихоботи райисҷумҳурро дақиқ эълом кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!