Бахшҳо
02 июл 2012 10:53Гузориш

Ноҳияи Восеъро кӣ ба феодализм мебарад?

Агар яке аз қонунҳои он вайрон гардад ё нодуруст истифода шавад, дар он сурат тамоми сохторҳои дигари он фалаҷ мегарданд. Ҳатто таъсираш ба илм, маъориф ва маданияти халқ мерасад, ки мо алакай мушоҳида намуда истодаем.

Заҳматҳои шабонарӯзии ҳукумати кишвар барои пешрафти иқтисодии диёрамон боиси дастгирист. Вале, мутаасифона, баъзе зерсохторҳои  ҳукумат манфиатҳои шахсию гурӯҳии худро ба назар гирифта, обрӯи онро дар назди мардум коста мегардонанд, ки дар натиҷа дилсардию бетарафии шаҳрвандонро нисбати иқдомҳои давлату президент ба вуҷуд меорад. Обрӯи бо сад хуни ҷигар ҷамъ кардаи ҳукумату роҳбарро бо тини пучаке ин зерсохторҳо мефурӯшанд. Зеро ки зарбулмасали “об аз боло лой аст”-ро аллакай дар зеҳни мардум ҷойгир намудаанд. Диққати хонандаи гиромиро ба масъалае ҷалб менамоям, ки муддати даҳ сол аст, ки ҳали худро наёфта истодааст. Ҳарчанд ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ дорои деҳоти зиёде ҳам бошад, лекин мавзўи баҳси ман фақат деҳае, ки худам дар онҷо истиқомат менамоям, аст.

Деҳаи Охҷар дар маркази ҷамоати деҳот ҷойгир буда, дар замони шӯравӣ маркази колхози овозадори ба номи Ленин ба шумор мерафт. Мардуми таҳҷоии он дар даврони ташкилшавии сохти колхозӣ аз кӯҳистони Балҷувон, Сарихосор, Кангурт ва Муминобод  муҳоҷир шуда, бо роҳбарии марди деҳқон- Бобои Миралӣ заминҳои санглоху туғайзори ин мавзеъро ба замини ҳосилхез табдил доданд. Меҳнати фидокоронаи падарони мо то ҳол вирди забони мардуми маҳал аст.
Дар айёми шӯравӣ кор дар ин ҷо ҳама вақт дар ҷӯшу хуруш буд ва ҳама ба ҷои кор таъмин буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, соҳибистиқлол шудани ватанамон ва гузаштан ба сохти иқтисоди бозорӣ мебоист дараҷаи некуаҳволии халқ боз ҳам беҳтар мешуду фаъолияти иқтисодии мардум дучанд мегашт. Чунки механизми иқтисоди бозорӣ нисбат ба режими фармонфармоии сотсиалистӣ сад маротиба беҳтар буд. Агар қонунҳое, ки дар ин муддати бист сол аз тарафи ҳукумат ба тасвиб расидаанд, пурра дар амал татбиқ мешуд, дар деҳи мо садҳо ҷойҳои кории нав пайдо мешуду сатҳи камбизоати мардуми деҳа паст мефаромад. Агар Фармони президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 9 июнисоли 1999, №1232  Дар бораи таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ” пурра иҷро мешуд,  ҳоло панҷоҳ фисади мардуми деҳа дарзаминҳои гирду атрофи он машғули кор ме-буданд.  Ногуфта намонад, ки баъди баромадани ин фармони тақдирсоз намояндандагони салоҳиятдори онвақтаи ҷамоати деҳот дарҳол пайи татбиқи амру фармони ҷаноби президент шуданд ва хоҷагии Миралӣ Маҳмадалиевро “таҷдид” намуданд, яъне қарорро “ба тариқи колегиалӣ” бароварданд. Хулосаҳои комиссияе, ки ин “таҷдид”-ро гузаронидааст, ба ҳеч кас маълум нест. Кӣ дорои ҳуқуқи истифодаи замин шуд, дар ягон маҷлис эълон нагардид ва то ҳол мардум дар ҷустуҷӯи  руйхати саҳмдорони хоҷагии “таҷдидшудаи” ба номи Мирали Маҳмадалиев сарсону саргардонанд. Мо сӣ нафар истиқоматкунандагони деҳа ба дастгоҳи ҷамоат дар шакли хаттӣ таклиф пешниҳод намудем, ки адолати иҷтимоиро барқарор созанд. Лекин ба таклифи мо ҳатто ҷавоб ҳам надоданд. Ба замми ҳамаи ин, ҳоло ҳам мардумро мисли тўб аз як дар ба дари дигар ҳаво медиҳанд: дастгоҳи ҷамоати деҳот ба дастгоҳи иҷроияи ноҳия, дастгоҳи иҷроияи ноҳия ба кумитаи заминсозӣ, кумитаи заминсозӣ боз  ба дастгоҳи ҷамоати деҳот “пас” медиҳанд. Заминҳои кишоварзии гирду атрофи маҳаларо фақат  чор-панҷ хоҷагии деҳқонӣ истифода мебаранду халос. Боқимондаи аҳолӣ ҳама “расиян”, мардикор дар пойтахт, коргари кироя дар ин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нафақагир мебошанд. Корманмандони ҷамоат бемасъулиятӣ нишон дода, намехоҳанд масъалаи тақсимоти саҳми заминро ба равиши муайян дароранд. Баҳона пеш меоранд, ки гӯё  онҳо ҳуқуқи дахолат карданро надошта будаанд. Агар ҷамоат ҳуқуқи дахолатро надошта бошад, пас ваколате, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоркунии шаҳрак ва деҳот” (№549 аз 5 уми августи соли 2009. Моддаи 23) ба ҷамоати деҳот вогузор намудааст, барои кист?: назорати истифода ва ҳифзи замини ҳудуди шаҳрак ва деҳотро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил мекунад ва масъалаҳои вобаста ба заминро ба муҳокимаи ҷамоат пешниҳод менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешрафти иқтисодии кишвар ва паст шудани сатҳи камбизоатии мардуми деҳқон  ба хоҷагиҳои деҳқонӣ  афзалиятҳои бисёре ба мисли андози ягона, бахшидани қарзи ФҲИА ва додан қарзҳои имтиёзнок фароҳам овард, вале намедонад, ки  деҳқони бечораи деҳаи Охҷар замин надорад.

Агар касе аз илми назарияи иқтисод бохабар бошад, дарк хоҳад кард, ки ин тарз “ҳаракат”- и   бародарони воломақоми  ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев қатъиян манъ аст ва  ба пешрафти иқтисодиёти маҳал ва амалисозии стратегияи миллии давлат зарбаи ҳалокатовар мезанад. Таҳрифи қонун боварии мардумро нисбат ба давлат коста мегардонад. Барои он таҳриф номидам, ки дар назар гӯё қонун иҷро шудааст, вале дар амал нишоне аз он нест. Дар моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” бошад ҳамчун “ба тариқи колегиалӣ баровардани қарор” қайд шудааст.  
Албатта, ҳамаи мо медонем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибихтёр шудан, сохти иқтисоди бозориро пеш гирифт. Чунки аксари давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон маҳз ин намуди иқтисодиётро ҷорӣ намудаанд ва ба комёбиҳои бузург ноил гаштаанд.  

Нобаробарӣ дар масъалаи замин

Хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун субъекти иқтисодӣ мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ)” ташкил шуда, фаъолияти хоҷагидории худро дар асоси муқарароти ҳамин қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Азбаски мақсади он истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, бояд  дар ҷараёни истеҳсолот ҳамаи омилҳои истеҳсолот: захираи табии-замин, сармоя, захираи меҳнатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, иштирок намоянд. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бояд ҳамчун соҳибкор   баромад намояд. Яъне бояд хислатҳои кордонию малакаву маҳорати роҳбарии як нафарро ба назар гирифта,  аъзои хоҷагии деҳқонӣ  ӯро интихоб намоянд ва рақобати комил таъмин бошаду ақалан як нафари дигар барои роҳбар шудан мубориза барад. Дар ин сурат роҳбаре, ки интихоб мешавад,  кӯшиш менамояд то  вазифаҳои дар наздаш гузошта шударо дар сатҳи баланд иҷро намояд. Дар ин ҳолат ҳам худу аъзоёни хоҷагӣ  даромад ба даст меоранд, ҳам ба хоҷагии деҳқонӣ фоида меорад ва ҳам ба иқтисодиёти кишвар беҳбудие мебахшад. Дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум каме ҳам бошад боло меравад. Мутаасифона, дар хоҷагиҳои деҳқонии маҳалли мо бошад ин омили истеҳсолот,  ки вобастакунандаи се омили дигар ба ҳисоб меравад, ҳоло пайдо нашудааст ва дар сурате пайдо мегардад, ки ҳаққи саҳми тамоми деҳқонон тақсим карда шаваду дар интихоби роҳбари хоҷагӣ иштирок намоянд. Нобаробарӣ дар ҳуқуқи истифодаи замин (як оила  50-100 га замин истифода мебараду 50-100 оилаи дигар ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд) боиси пайдошавии монополия мегардад. Дилхоҳ иқтисодшинос медонад, ки дар ҷое, ки монополия ҳаст, дар он ҷо рақобати комил нест. Дар ҷое, ки рақобати комил нест, дар онҷо пешрафти иқтисодӣ ба назар намерасад. Дар ин ҳолат баробарҳуқуқии тамоми қишри ҷомеаро танҳо мақомоти давлатӣ метавонад таъмин намояд. Бале, давлат ба зерсохторҳои худ ҳуқуқи дахолатро надодааст. Чунки дар сохти иқтисоди бозорӣ механизми рақобат ҳамаи муносибатҳои дигари иқтисодиро ба танзим медарорад. Лекин давлат маҳдудкунии рақобат ва сохтакориро аз амалҳои корупсионӣ дониста, ғайриқонунӣ эълон намудааст. Чора надидан барои амалӣ сохтани қонун  низ амали корупсионӣ аст.

Омили дигари истеҳсолот-захираи меҳнатӣ низ дар пешрафти иқтисодиёт мавқеи хосса дорад. Дуруст истифода бурдани он, яъне ҳавасманд гардонидани деҳқонон дар истифодаи замин, ҷалби бештари қувваи коргарӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатии маҳал  метавонад боиси гулгулшукуфии маҳал гардад. Ҳаваси деҳқонон, аниқтараш коргарони кирояи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев фақат дар баланд қад кашидани ниҳолҳои пахта аст, чунки фоидаи онҳо ҳамин ғузапояҳо мебошанду халос.

Сабаби ба кишоварзӣ майл надоштану ба муҳоҷират рафани қувваи коргарии маҳал маҳз ҳамин амал, яъне ҳавасманд набудани захираҳои меҳнатӣ мебошад. Дар бораи сармоя (дар мавриди мо ҳаққи саҳми замин), ки ба ҳаракат дароварандаи тамоми механизмҳои  дигари иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад, ҳоҷати гап ҳам нест. Хулоса,  дар ин як мақолаи кӯтоҳ ҳамаи он оқибатҳои нохуше, ки дар натиҷаи таҳрифи қонунҳои давлат ба вуҷуд меоянд, наметавонам шарҳ диҳам. Фақат метавонам чунин хулосабарорӣ намоям: Иқтисоди бозорӣ ин системаест, ки дар он ҳамаи муносибатҳои иқтисодӣ дар асоси рақобати комил поягузорӣ шуда, якдигарро ба танзим медароранд. Агар яке аз қонунҳои он вайрон гардад ё нодуруст истифода шавад, дар он сурат тамоми сохторҳои дигари он фалаҷ мегарданд. Ҳатто таъсираш ба илм, маъориф ва маданияти халқ мерасад, ки мо алакай мушоҳида намуда истодаем. Нишондиҳандаҳои нодуруст истифода бурдани қонун ин баланд шудани сатҳи камбизоатӣ, муҳоҷирати қувваи асосии коргарӣ, бекорӣ ё камфаъолият гаштани мардум, бесаводӣ ва беаҳамиятӣ нисбати иқдомҳои давлат шуда метавонад. Дар иқтисодиёти ҷамоати деҳоти мо ҳамаи механизму қонунҳои сохти иқтисоди бозорӣ ё амал намекунад, ё дар шакли таҳрифшуда ба роҳ монда шудааст.

Илова бар ҳамаи ин зуҳуроти номатлуби дагаре ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳам шикасти рӯҳияи ободкорӣ, созандагӣ, матонату мардонагӣ, боварӣ ба худ, фидокорӣ барои ояндаи давлат  дар шуури мардум мебошад. Халқе, ки дар солҳои ташкил шудани сохти колхозӣ аз кӯҳ омаду заминҳои туғайзорро пахтазор намуд, акнун дигар намехоҳад дар замин кор кунад ва ба муҳоҷират рафтанро авлотар  медонад. Чунки чанд бор барои гирифтани ҳаққи саҳми истифодаи замин кӯшиш кард, саргардонаш карданд. Ҳатто замини наздиҳавлигии худро наметавонад истифода барад. Барои он ки мумкин аст, имсол дар ҷӯйбори паси хонааш об наояд.

Аз боло ба поён…

Халқе, ки бо пахтакориаш шӯҳраи Иттиҳоди Шӯравӣ гашта буд, имрӯз метарсад, ки ҳаққи саҳми замини худро соҳиб шаваду пахта корад. Зеро ки на шароит дорад ва на маблағ. Халқе, ки бо доманаш ин заминҳоро аз санг тоза карда буд, имрӯз намехоҳад, ки ба сӯи он заминҳои ободкардааш назар андозад. Чунки ҳарчанд тамоми молу ҷонашро барои ободии ин сарзамин фидо карда бошад ҳам, имрӯз безамин аст. Сиёсати нодурусти баъзе шахсон халқро ба дараҷаи камҳавсалагию ноуҳдабароӣ оварда расонидааст. Боз халқро гунаҳкор менамоянд, ки “танбал аст”. “Маблағ надорад, ки заминро истифода барад”, “ба маҷлис намеояд”, “пахта корида наметавонад” ва ҳазор айби дигар. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилиҳо, ман итминон дорам, ки роҳбарияти тозаинтихобшудаи дастгоҳи ҷамоат аз хатоиҳои роҳбарони пешинаи хоҷагию ҷамоати деҳот сабақ гирифта, дарҳол паи ислоҳи он хатоиҳо мешаванд. Ман бовар дорам, ки адолати иҷтимоиро дар маҳал барқарор месозанду боварию эътиқоди мардумро нисбат ба давлат зиёда мегардонанд. Ман мутмаинам, ки ин халқи бунёдкор, ки дар замони шӯравӣ колхози намунавӣ сохта буд, имрӯз барои пешрафти иқтисодии ҷумҳуриамон фаъол мешаваду саҳми худро мегузорад. Агар ба шарте, ки роҳбарон ба боварии халқ дароянду мисли Бобои Миралӣ роҳбари ғамхори халқ бошанд, чунки Бобои Миралӣ қонунҳои давлатро таҳриф намекарду рӯҳияи бунёдкории халқро намешикаст. Агар сиёсати иқтисодии давлатро, ки гузаштан ба сохти иқтисоди бозорӣ мебошад, ба мардум дар шакли аслиаш пешниҳод намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд, онгоҳ метавон дар бораи ҷомеаи тараққикарда сухан кард. Вагарна, ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ МИРАЛӢ МАҲМАДАЛИЕВИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ба ҷомеаи феодалӣ табдил хоҳад гашт.

Лутфулло  Мирзоев, сокини деҳаи   
Охҷари ноҳияи Восеъ  

Аз муаллиф:
Мақсад  аз навиштани ин мақола таҳлили иқтисодиёти маҳале, ки дар он истиқомат мекунам ва бо мисолҳои аниқу ҳаётӣ исбот намудани паҳлуҳои манфии муносибатҳои иқтисодии як маҳал буд. Аммо, вақте ки мақоларо ба деҳқонони маҳал нишон додам, онҳо хоҳиш намуданд, агар дар ягон рўзнома чоп карданӣ бошӣ, муроҷиати моро ҳам ба мақомоти болоӣ, хусусан ба Ҷаноби президент қайд намо, то ки ба “инҳо” супорише диҳанду душвории мо ҳалли худро ёбад. Бинобар ин, ба мақомоти салоҳиятдор расониданиям, ки марди деҳқон дар даст каланд мунтазири қарори одилонаи Шумост. Ё замини аҷдодонро обод намояду дар пешрафти иқтисодии кишвар саҳм гузорад ё ин ки каландро дур партофта, ба муҳоҷират ба Русия равад?




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)