Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:06

Ховалинг супориши президентро иҷро намекунад

3 июл 2012, 06:29

Тайи чанд соли ахир, чандин раиси ноҳия, намояндагони президент иваз гаштанд, аммо вазъи роҳҳо низ ба ҷиҳати манфӣ тағйир хӯрд. Гумон меравад, раиси феълии ноҳия Қодир Валиев низ чун ҳамтоҳои пешини худ, «дар ғами роҳ нест».

Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон аснои мулоқот бо сокинони ноҳияи Ховалинг аз фаъолияти идораи нақлиёт ва роҳсозӣ изҳори нигаронӣ карда,  ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозии ҷодаҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт.
-Як сол қабл аз ин, замони боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати деҳоти Шугнови   ноҳия, тибқи протоколи президентӣ бояд дар як муддати кӯтоҳтарин дар ин мавзеъ ду пули нақлиётгард сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо то имрӯз муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард кореро ба анҷом нарасонидааст,-гуфт раиси вилоят.

Афзалов афзуд, на фақат кӯпрук бунёд накардед, ҳатто роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияро низ аз таъмир набаровардаед. Дар ин ҳолат на танҳо муассисаи роҳсозӣ, балки вазорати нақлиёт ва ҳукумати ноҳия ҳам бепарво аст. Супориши президентро иҷро накардед!   
Сайдаҳмад Ҳусайнов, сардори муассисаи давлатии нақлиёт ва роҳсозӣ мегӯяд, барои таъмиру барқароркунии роҳҳои ҳудуди ноҳия дар 5 моҳи аввали соли равон вазорати нақлиёт 160 ҳазор сомонӣ ва аз буҷаи маҳаллӣ 47 ҳазор сомонии дигар ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, аз ҷониби ин вазорат 10 тонна битум ва ҳукумати ноҳия низ ҳамин миқдор битум ироа шуд.  Аммо мутаасифона, то имрӯз тақрибан ягон метр роҳ аз таъмир набаромадааст. Танҳо бо ташрифи ҳокими вилоят, роҳсозони ховалингӣ тавонистанд, чанд чуқуриҳои баъзе аз қитъаҳои наздик ба маркази ноҳияро бо сангу шағал рӯпӯш намоянду бас.
Ҳусайнов дар мавриди ба куҷо сарф гаштани маблағҳои ҷудошуда бе ягон азоби виҷдон ба журналистон гуфт, ҳамаи маблағи ҷудошуда ба тоза намудани барф дар роҳҳои нақлиётгард сарф шуд: «Зеро имсол дар ноҳия зимистони вазнин омад ва идораи мо танҳо ба пок намудани роҳҳо аз барфи баланд машғул  буд».

Дар ҳамин ҳол, роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг ончунон вазъи вазнин доранд, ки ҳоҷат ба навиштан нест. Сар аз мавзеи ба ном Тангатовтии ноҳияи Восеъ то маркази ноҳияи Ховалинг, ки ба истилоҳ шоҳрох ба ҳисоб рафтаву ба гурӯҳи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта дохил шуда, беш аз 70 км масофаро дар бар мегирад, ҳатто ним километр роҳи дурусту таъмиршударо вохӯрдан имкон надорад.
Бино ба иттилоъ, қисмати зиёди ин шоҳроҳ дар ихтиёри муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг набудааст. Яъне, дар вайрону валангор гаштани ин шоҳроҳ на танҳо муассисаи роҳсозии ноҳияи Ховалинг, балки муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди минтақавӣ (сардораш Сафаралӣ Абдуллоев), гунаҳкори асосӣ будааст. Муассисаи мазкур назорат аз болои сохтмон ва таъмири роҳҳоро дар ҳамаи минтақа ба анҷом расонида наметавонад. Аз хунукназарии кормандони ҳамин идора аст, ки на танҳо роҳҳои байниноҳиявӣ, балки шоҳроҳҳо дар минтақа, низ солҳои зиёд аз таъмир берун монда, вайрону валангор гаштаанд.

Роҳҳои маркази ноҳияи Ховалинг ва байнидеҳотӣ бошанд, бешак аз солҳои 90-уми асри гузашта дигар рӯи таъмирро надидаанд ва барои истифода, малеҳтар карда гӯем, ҷоиз нестанд. Тайи ин муддат чандин раиси ноҳия, намояндагони президент иваз гаштанд, аммо вазъи роҳҳо низ ба ҷиҳати манфӣ тағйир хӯрд. Гумон меравад, раиси феълии ноҳия Қодир Валиев низ чун ҳамтоҳои пешини худ, «дар ғами роҳ нест».

Акнун Валиев чӣ тасмим мегирад?

Мавзеи Шугнов ягона мавзее дар ҳамаи вилоят мебошад, ки конҳои зиёди тилло дорад. Дар ҳоли ҳозир, ин ҷо 6 корхонаи коркарди тилло фаъолият доранд. Аммо роҳи нақлиётгард аз маркази ноҳия то ин мавзеъ, ки ҳамагӣ 40-км аст, ончунон вайрон аст, ки дар он танҳо нақлиёти ҳарҷогард, ё ба истилоҳ «вездеход» метавонад ҳаракат кунаду бас. Воқеан, сокинони мавзеъ, ба истилоҳ тиллокоркунон, ҳамагӣ аз «ҶИП»-у «Ланд Крузер»-и ҳарҷогарди хориҷӣ истифода мебаранд. Дар Шугнов 6 пули чӯбин ҳанӯз солҳои –анди шӯравӣ сохта шудааст, ки ҳамакнун рӯ ба вайроншавӣ доранд. Вале соҳибкорони маҳаллӣ, ки садҳо килограмм тилло кор карда, мебароваранд, умуман дар андешаи бунёди пул ва таъмири роҳ набуданду нестанд.  Ҳукумати ноҳия бо баҳонаи камбуди маблағи буҷа, тамоман аз ободонии ин ҷамоати деҳот парво надорад.
Дар вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Ховалинг низ дар протокол махсус қайд карда шуд, ки дар мӯҳлати як моҳ сохтмони ду пули нақлиётгард дар мавзеи Шугнов оғоз гардида, таъмиру азнавсозии роҳҳо дар ҳудуди ноҳия, ба роҳ монда шавад.   
-Ин супориши ҳукумати вилоят аст ва ин масъала ҳар чӣ тезтар ҳалди худро ёбад,-      амр дод раиси вилоят.
Аммо гумон меравад, ки масъулини муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ховалингро  ин супориши протоколии раиси вилоят низ нигарон нахоҳад кард. Зеро, тавре худи ҷаноби Афзалов мегуфт, эшон ҳатто супориши протоколии президентро иҷро накардаанд.

Аслиддин Достиев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!