Бахшҳо
07 июл 2012 03:49Тоҷикистон / Гузориш

Каду

МО ҳеч гоҳ таваҷҷӯҳ ҳам  накардаем, ки кадуро падараш кисту аз кадом авлод аст. МО ҳанӯз ҳам дарк накардаем, ки  каду ба МО хизмат мекунад ё МО ба каду...
Каду ва интихобот


Интихобот аз решаи калимаи "интихоб" гирифта шуда, маънояш ҷудо карда гирифтан, писандидан, беҳтар донистан мебошад. Ва ҳар бори "интихобот" гуфтан, гап сари маҳз интихоби мову шумо меравад, то кӣ ва чиро интихоб карда тавонем. Дар зиндагӣ ҳам инсон барои интихоби дурусти бисёр чизҳо ҳақ дорад. Масалан, интихоби либос,  манзил, хамсар, роҳбар, хӯрокиҳову нӯшокиҳо ва ғ.  
Тӯли чанд сол мешавад, ки қисме аз мардум кадуро барои худ беҳтарин маводи ғизоӣ интихоб кардаанд. Аммо чаро махсусан кадуро?
Сари ин мавзӯъ, яъне, "интихоби каду" бо атрофиён сӯҳбату баҳсҳои зиёд низ доштем. Ҳар кас доир ба каду андешаи худро дорад.  Бархе аллакай интихоби худро кардааст, ки дар ин кишвар бо каду мемонад ё меравад ва ё… Аз ин рӯ, лозим донистем каме дар бораи каду ва иртиботи он бо ҷомеаи кунунӣ маълумот диҳем, ки чаро маҳз кадуро интихоб карданд.


Каду ва таърих


Аслан, дар бораи каду дар таърих ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Бо ин  ривоятҳо  дар китобҳои гиёҳшиносӣ ва китобҳои таърихи сабзавоту меваҷот метавон вохӯрд. Аммо каду  инқадар таблиғу маъруфияте, ки дар замони мо дорад, дар ҳеч давраи дигар надоштааст. Масалан, бист сол қабл қариб ҳеч кас дар бораи каду дар ВАО ҳарфе намезад. Гарчанде, мардуми манотиқи гуногун ба каду эҳтиром доштанд, аммо он ба қавле "авторитет - лидер" ва ё пешвои тамоми сабзавотҳо набуд. Аниқтараш, кадуро ба ҷуз деҳқонон ва якчанд бригадиру фермер дигар касе намешинохт. Яъне, зиёиёну олимон, рӯзноманигорону равшанфикрон қариб, ки дар бораи каду эҷод намекарданд…


Каду ва дин


Чун гузаштагону кӯҳансолон дар мавриди муқаддас будани каду, хусусан ба дини Ислом иртибот доштанаш, ривоятҳо мекунанд, лозим донистем то воқеияти инро аз китобҳои диннӣ ва диншиносон пайдо намоем. Аммо донандагони дини Ислом мегӯянд дар мавриди хӯроки муқаддас будани каду аз назари дин ҳеч ривоят, ҳадис ва ё фатвое вуҷуд надорад.
Ин гуфта ҳам, ки каду хӯроки пайғамбарон буд, дурӯғи маҳз будааст. Зеро дар ҷойе, ки пайёмбарон ба пайёмбарӣ интихоб шудаанд, аслан каду намерӯяд. Рӯҳониён ҳатто ба ин савол, ки каду бо дин чӣ иртиботе дорад, бо ханда мегуфтанд, ки каду куҷову дин куҷо?! Он танҳо як неъмати офаридаи Худост, ки на ҳама шавқи хӯрданашро доранд. Бисёриҳо аз хӯрдани зиёди каду қимоб ҳам мешаванд…


Каду ва истиқлол


Пас аз он ки Тоҷикистон соли 1991 истиқлолияти хешро ба даст овард, якбора обрӯву нуфузи каду боло рафт. Аҷиб! Дар миёни картошкаву пиёз, помидору бодиринг, ки хӯрдании ҳаррӯзаи мардуми тоҷик мебошад, каду ба зуди "авторитет" пайдо кард. Чаро? Шояд сабаб дар он бошад, ки пиёз бо тундӣ ва картошка бо диладориву сахтиаш натавонистанд  маззаи таъоми  мардумро таъмин намоянд. Помидору бодиринг  бошад, аз кишвар фирор карда дар зимистон барои худ ҷои гарм мекофтанд. Зеро ҳамон шабурӯз ранги онҳо ба қисме аз мардуми мо  маъқул набуд. Мардум ҳам ки дар даврони Шӯравӣ гӯшту равғанро зиёд истеъмол карда буданд, кадуро хӯроки "шифобахш" гуфта, истеъмол мекарданд. Аз сӯи дигар чун гӯшнагиву сахтӣ расид, каду ягона ғизои дастрас барои ҷомеа  шуд. Шукронаи ҳамин каду, ки мо солҳои гуруснагиро паси сар карда, ба имрӯзи сериву пурӣ расидем. Аз ин рӯ, каду дар даврони истиқлол мавқеи худро миёни сабзавотҳои дигар  мустаҳкам карда, аз ҳама бештар тарғиб шудааст, ки баъдтар онро шарҳ хоҳем дод…


Каду ва тиб


Аз назари илми тиб каду ба баъзе бемориҳо фоидаовар буда, аслан ғизои парҳезӣ ба шумор меравад. Дар таркиби каду маводҳои додбоғи ва витаминҳои зиёде мавҷуд аст. Табибон мегӯянд каду барои бемории қанд низ фоидаовар мебошад. Ҳамчунин, гузаштагонамон мегуфтанд каду барои боло бурдани шаҳвати мардон бештар муфид аст. Шояд аз ин сабаб бошад, ки дар деҳот бештари мардум дар пириашон ҳам фарзанддор мешаванд. Аммо  аз чӣ бошад, ки кадуҳои ҳозира мисли пештара қавӣ набуда, ба фишорҳои табиат тобовар нестанд. Мутахассион ҳам мегӯянд, таркиби ғизонокии кадуи имрӯза коҳиш ёфтааст ва тахмин мекунанд, ки решааш аз дигар манбаъ об мехӯрад. Табибони мардумӣ бошанд, ба он назаранд, ки аз ҳад зиёд хӯрдани каду ба асаби одам зарар расонида, дилбеҳузуриро пайдо мекунад…


Каду ва сиёсат


Дар баъзе минтақаҳо деҳқонон сиёсати дурусти кадукориро пеша карда, солҳои 2006-2011 ба натиҷаҳои дилхоҳ расиданд. Дар ин давра онҳо кадуи  худро дар баробари харбузаву асал тарғиб намуда, дар ҷомеа "қадр"-и кадуро боз ҳам боло бурданд. Аслан, сиёсати каду низ ҳамин аст, вагарна каду куҷову асалу харбуза куҷо?!
Сиёсати кадукории деҳконони мо ҳанӯз ҳам идома дорад. Ин аст, ки кадуро мехаранд ё не, мардум ба он эҳтиёҷ дорад ё не, каду дар ҳамаҷо бологузар аст. Чунки "реклама" дорад. Ва сиёсати имрӯзаи ҷаҳон низ ба маззаву лаззат кор надорад. Барои дар миёни дигарҳо будану онҳоро зери идеологияи худ даровардан, маҳз таблиғ нақши муҳим дорад.
Вале тарғиби ғайрикасбӣ ва аз ҳад зиёд метавонад дилбазан шуда, обрӯи  кадуро, агарчӣ сабзавоти сари сабад ҳам бошад, поён мебарад. Шояд каду худ инро нахоҳад,  чун забон надорад. Аммо сиёсати кадукорӣ, ки дар дасти деҳқон аст, ҳар тавре дилаш хоҳад онро "реклама" мекунад.
Хонандаи мӯҳтарам, сиёсат сиёсат асту каду каду ва мантиқ ин аст, ки каду ҳеч гоҳ ҳарф зада наметавонад. Ё не?! Бо ин вуҷуд, сиёсати пешбарии каду ҳанӯз ҳам идома дорад, ки ин вазъи пиёзу картошкаро дар кишвар метавонад нигаронкунанда созад…


Каду ва маориф


Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил кардан, вақте аз ягон фан баҳои ду мегирифтем, муаллимон сарзанишкунон "каллакаду" мегуфтанд. Барои ман он замон аҷиб менамуд, ки чаро "каллапиёз" ё "каллакартошка"  неву факат  "каллакаду" мегуфтанд?! Вақте ба хона бармегаштам, бароям кадушӯрбо меоварданд. Ман ки аз каду дилбазан шуда будам, аз хӯрданаш саркашӣ мекардам. Барои он ки ман аз кадушӯрбо рӯй нагардонам, бибиям мегуфт: "Каду хӯроки муқаддас аст, хӯроки пайғамбарон аст, онро агар нахӯрӣ "гунаҳгор" мешавӣ". Дар ҷавоби суханони бибиям мегуфтам, ки дар мактаб агар касе аз фане баҳои ду гирад,  ӯро "каллакаду" мегӯянд…
Хулоса, ман ва насли ман бо каду калон шудааст ва таълимамон низ ба каду рабт дорад. Дар хона, мактаб, умуман ҳамаҷо номи каду буд. Акнун дарк мекунам, ки барои чӣ одами нодону бефаҳмро "каллакаду" мегуфтаанд.  Зеро бо вуҷуди парваришу оби зиёд мондан, дохили каду холӣ аст. Агар беҳтарин деҳқон ҳам ба "таълиму тарбия"-и каду машғул шавад, он тағйир нахоҳад ёфт. Чунки даруни насли каду табиатан холӣ аст. Аз ин рӯ, ҳарқадар нигоҳубини хуб ҳам кунанд, танҳо ҳаҷмаш калон шуда, холигиаш ҳамонқадар зиёд мешавад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки каду аз ҳад калон шавад, таъмаш низ бемазза шудан мегирад …


Каду ва фарҳанг


Каду бештар дар фарҳанги таъомпазӣ ҳангоми пухтани хӯрокҳое чун манту, шӯрбо, самбӯса ва ширкаду истифода мешавад. Ин ҳолат замоне зиёд ба назар мерасад, ки нархи гӯшт дар бозор боло равад. Баъзан дар деҳот аз каду танҳо як навъи хӯрок, "кадуи тагиаловӣ" омода мекунанд. Онҳое, ки аз каду қимобанд дар оташ пухтану сӯхтани кадуро дида, лаззат мебаранд.
Каду натанҳо дар таъомпазӣ, балки дар театру кино низ ҷойгоҳи хоси худро дорад. Масалан, Асланшо Рахматулоевро бештар бо исми "Кадушоҳ" мешиносанд, ки ӯ дар ин нақш хеле хуб бозӣ кардааст.  
Имрӯз каду хеле муҳим аст. Зеро агар каду муҳим намебуд, ӯро ба  футбол, кино, иқтисод, сиёсат, дин, бонк,… чӣ иртибот буд? Ин аст, ки имрӯз ҳама чиз ба каду пайванд мехурад…


Каду ва ВАО


Нуктаи муҳими дигар оид ба каду ин муносибати он бо Воситаҳои ахбори омма аст. Бояд гуфт, каду  бо ВАО пайванди ногусастанӣ дорад. Тавре дар боло қайд кардем, ки шӯҳратёбии каду тавассути "реклама" сурат гирифтааст. "Реклама" бошад, танҳо ба воситаи ВАО имконпазир мебошад. Каду пеш аз он ки шӯҳратманд шавад, дар миёни дигар сабзавотҳо ба ВАО роҳ ёфт. Хусусан, солҳои 2004-2011 аз тариқи телевизионҳои давлатии кишвар каду тарғиби бемислу монанд пайдо карда, дар борааш хабару гузоришҳои зиёде пахш мекарданд. Ва маҳз ҳамин "хидмат"-и ВАО буд, ки мардум кадуро шинохтанд. Имрӯз кадуро бе ВАО тасаввур кардан ғайриимкон аст. Доир аз хусусиятҳои шифобахшии каду то фоидаи иқтисодӣ доштани он "журналистон" гуфтанду навиштанд.
Воқеан, каду чеҳраи телевизионӣ ҳам дорад. Оё боре таваҷҷӯҳ кардаед инро?! Ин бор ҳатман таваҷҷӯҳ кунед. Бадани каду нисбати сараш бориктар аст. Зардиву сурхии рӯяш вобаста ба вазъияташ тағйир меёбад. Аз ин рӯ, сари каду холӣ ҳам бошад, барои экрани телевизион мувофиқ аст. Чун сиёсати телевизион ҳамин аст. Яъне, зоҳир бошад, ботин даркор нест. Аммо ҳарчанд каду симои зоҳирӣ дошта бошаду наворбардор бо кадом шакле, ки ба навор нагирад, каду каду аст. Вай наметавонад аз ин беш чизе бошад…


Каду ва қасам


Чизи дигаре, ки имрӯзҳо дар ҷомеа "мӯд" шудааст - ин ба номи ҳарчиз қасам хӯрдан аст. Қариб одаме нест, ки барои андак коре ба ҳар чизе хоҳад, қасам нахӯрад. Ин оддат албатта, аз хурдӣ пайдо мешавад, чун калонҳо қасам мехӯранд, хурдҳо ҳам ба онҳо пайравӣ мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи таълимоти дини муқаддаси Ислом қасам ба номи ғайри Худо, масалан, нон, обу хок, падару модар ҷоиз набуда, шахси қасамхурда муртакиби гуноҳи азим мешавад. Ҳатто онҳое, ки ба ин гуна қасамхӯриҳо эътиқод дошта бошанду бовар кунанд, ки ҷоиз аст, онҳо низ муртад ва кофир мешаванд. Аз ин рӯ, агар каду ҳар қадаре, ки "муқаддас" бошад ҳам, бо номаш қасам хӯрдан нораво ва аз назари таълимоти дини Ислом гуноҳи бузург аст…


Каду ва МО


Шояд бисёриҳо ҷонибдори каду бошанд ва бисёрии дигар аз каду қимоб. Аммо ман мутмаинам, ки онҳое кадуро таърифу тавсиф мекунанд, аз ноилоҷӣ аст. Зеро хонанадаи мӯҳтарам низ хуб медонад, ки каду ҳеч гоҳ ҷои асалу харбузаву гӯштро гирифта наметавонад. Гузашта аз ин, дар фарҳанги хӯрокпазӣ низ мавқеи каду рӯз то рӯз танг мешавад. Бо пайдо шудани ошхонаҳои аврупоӣ, аз қабили фасфудҳои муосир мардум бештар ба гамбургеру чизбургер рӯй оварда, ҷои кадуро аллакай иваз ҳам кардаанд. Новобаста бо таъсири бӯҳронҳои молиявӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ каду ҳанӯз ҳам намехоҳад мавқеашро аз даст диҳад. ӯ солҳост бо МОсту МО бо каду. Аксарамон бо он оддат ҳам кардаем. Ин аст, ки дар бораи сабзавоти дигар "камтар" фикр мекунем. Аз ин рӯ, МО мехоҳем ё намехоҳем каду то чандсоли дигар бо МО мемонд…


Дод аз дасти каду


Дар баҳсҳои хоса ман зиндабоди кадуро мекунам, дӯстон "дод аз дасти каду" мегӯянд! Шояд бисёриҳо аз каду қимоб шудаанд, ки дар ҳар ҷое набошанд, аз каду интиқод мекунанд. Баъзан дар назди дӯстдорону ҷонибдорони каду ба ҳаде бепарвоёна танқид месозанд, вале онҳо аз кадуи "муқаддас" ва шаъну шарафи он дифоъ намекунанд.
Аммо МО  ба касе кор надорем, ки кадуро дуст медоранд ё аз он ҳазар доранд.
Ба МО фарқ надорад, ки кадуро тиҷорат мекунад ё ба дигар мақсад истифода мебаранд.
Барои МО муҳим нест кадом шоир дар бораи каду шеър менависаду кадом нависанда  асар иншо мекунад.
Барои МО аҷиб нест, ки каду лалмӣ аст ё обӣ.
МО ҳеч гоҳ таваҷҷӯҳ ҳам  накардаем, ки кадуро падараш кисту аз кадом авлод аст.
МО ҳанӯз ҳам дарк накардаем, ки  каду ба МО хизмат мекунад ё МО ба каду.


Вақте ки КАДУ мепӯсад


Ҳар оғозеро анҷом аст. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузаранд. Омаданҳо рафтанҳо дорад. Вале муҳим омадан нест, муҳим рафтан аст. Чун олам фаношаванда аст, аз ин рӯ ҳамаи оламу одам, набототу ҳайвонот низ аз байн мераванд. Каду пештар аз фано шудани оламу одам хоҳад рафт.
Рӯзе осмони "софу беғубор"-и Тоҷикистонро абри сиёҳ иҳота мекунад. Борон чанд рӯз беист меборад. Дар замин ҳосили фаровони каду, ки акнун пухта расидааст, зери об мемонад. Баъд аз чанд рӯзи дигар дар ин кишвар боз офтоб мебарояду бо гармии зиёд замину осмонро тафсон мекунад, ки ин ба каду низ бетаъсир намемонад. Каду, ки дар борони сел зери об монда буд, бо таъсири аз ҳад зиёди гармӣ, ки дар шароити гармшавии иқлм ҳарораташ баланд шудааст, тоб наоварда мепӯсад. Ва ин пӯсидан аз шоҳкаду, ки "лидер"-и кадуҳост, оғоз мешавад. Ин ҳолатро кадупарварҳо дида ашк мерезанд. Саросема ба наҷоти каду мешитобанд, аммо кадуҳои пӯсида онҳоро лағжонида, бо каду дар лой ғутида фано мешаванд.
Аммо пӯсидани каду нисбати дигар сабзавотҳо мудҳиштар аст. Зеро он бузургҷусса асту масоҳати зиёдро фаро мегирад. Бӯйи бади пӯсидани каду зуд ба ҳамаҷо паҳн мешавад. Агар каду аз ин тариқ нест нашавад, рӯзе решакан мешавад. Вале агар деҳқонони ботаҷриба пайдо шаванду тавонанд онро аз решакан шудан пешгирӣ кунанд чӣ? Дар ин сурат, рӯзе фариштаи марг ба суроғи каду меояд. Дар ҳарсе ҳолат ҳам каду як роҳ дорад: ӯ  МЕПӯСАД!


Далер Шарипов
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)