Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

Амрико додраси ҷаҳонӣ набуду нест?!

6 июл 2012, 12:21

Ҷимӣ Картер, собиқ раисҷумҳури Амрико бо иншои изҳороте сиёсати ҷаҳонии кишварашро зери интиқод қарор додааст. Ба бовари ҷаноби Картер Амрико дигар ҳуқуқи маънавии ҳарф задан дар робита ба нақзи ҳуқуқи инсон ҳамчун додраси ҷаҳониро надорад, менависад Нюйорк Таймс.

Ба бовари ҷаноби Картер баъд аз соли 2001, баъд аз амалиёти 11-уми сентябр Амрико нуфузи худро дар ҷаҳон ҳамчун ҳимоягари ҳуқуқи инсон аз даст додааст. Ошкорбаёнии масъулини Вашингтон дар робита ба марги инсон дар хориҷ аз кишвар ва ҳамчунин шаҳрвандони Амрико далели ин гуфтаҳост. Аз ин хотир Амрико барои гузаронидани амалиёт дар кишварҳои хориҷ бояд таҷдиди назар кунад. Дар сурати дигар мо ҳаққи ҳарф задан дар чунин мавзӯъи муҳимро надорем. Баъд аз 30 ҳамлаи ҳавойӣ ба манзили зисти мардуми ғайринизомӣ дар Афғонистон раисиҷумҳури ин кишвар, Ҳомид Карзай талаб кард, ки баргузории чунин амалиёт мутавақиф шавад. Вале он идома дорад, дар манотиқе, ки аслан ҷангӣ нестанд-Покистон, Сомалӣ ва Яман. Мо дақиқан намедонем, ки ҳангоми баргузории чунин ҳамалот чӣ теъдод мардуми бегуноҳ кушта шуданд ва марги кадоме аз онҳо аз тарафи болотарин мақомоти Вашингтон тасвиб шудааст. Қаблан ин қобили мулоҳиза набуд.

Соли 1948 бо талоши Амрико Эъломияи ҳуқуқи башар қабул карда шуд. Вале дар ин авохир аз 30 моддаи ин санад Амрико дастикам 10 моддаи онро иҷро намекунад. Амрико ба ҷойи он, ки ҷаҳонро амнтар намояд, бо чунин рафтораш дӯстонро аз худ дур ва душманонашро ба таҳрик меорад. Аз ин хотир, ҳамчун шаҳрвандони манфиатдор мо бояд Вашингтонро муътақид созем, ки самти ҳаракати худро дигар карда, мақоми роҳбари маънавии ҳимоягари ҳуқуқи инсонро бо дарназардошти меъёрҳои қабул кардаи байналмилалӣ баргардонанд.
Маврид ба зикр аст, Ҷимӣ Картер, раисҷумҳури 39-уми Амрико, бунёдгузори Маркази Картер ва дорандаи ҷоизаи Нобелии сулҳ дар соли 2002 мебошад.
Гуфта мешавад, ин интиқоди нахустин дар робита ба сиёсати ҷаҳонии Амрико нест. Аммо барои аввалин бор аст, ки собиқ раҳбари Вашингтон аз сиёсати ҷаҳонии кишвараш изҳори нигаронӣ намояд.

Дар робита ба ин изҳороти ҷаноби Картер, Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз мавҷудияти чунин номае хабар надорад. Аммо мегӯяд номбурда, Амрико корҳои хуберо ба анҷом мерасонад, ки он бар нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
"Амрико талош мекунад, корҳои дурустеро аз дидгоҳи худ анҷом бидиҳад. Вашингтон кӯшиш мекунад, то анҷоми кор нақша иваз нашавад. Аммо ин на ба он хотире, ки дар оянда Амрикоро ҳамчун як кишвари "терористӣ" ва "агресивӣ" муаррифӣ намоянд", -ва ман наметавонам бигӯям, ки нерӯҳои Амрико шаҳрвандони осоиштаро ба қатл мерасонанд, илова намуд ҷаноби сафир. Дар зимн номбурда аз Либӣ мисол оварда мегӯяд, ки вазъият тавре нест, ки нерӯҳои низомии амрикоӣ дар марги шаҳрвандони ин кишвар даст дошта бошанд. Амрико бояд тавре рафтор намояд, ки ба умури дохилаи Либӣ дахолат накунад. Амрико танҳо дар бартараф кардани мушкилот метавонад саҳмгузор бошад. Вазъият давоми 15 сол муташаниҷ гаштааст, Амрико тасмим гирифт то ин мушкилотро то андозае бартараф намояд. Кен Гросс мегӯяд, ки дар ин маврид Вашингтон хеле ҷиддӣ кор кард. Ҳамон шеваи кореро пеш гирифт, ки он ба нафаре зарар нарасонад. Амалиёт тавре анҷом биёбад, ки хисороти камтар дар пай дошта бошад.

"Дар робита ба Афғонистон ҳаминро метавон гуфт, ки мо баъди ҳаводиси моҳи сентябри соли 2001 маҷбур шудем, то қушунҳои худро ба Афғонистон ворид созем. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳузури неруҳои низомии як кишвар дар давлати дигар боиси зарари аҳолии осоишта низ мегардад. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки тақдири хоки Афғонистон, таъмини амнияти ин кишварро бар мардумаш биспорем. Барои ҳамин мо нерӯҳои ҳарбии худро аз ин кишвар берун мекунем",- гуфт ҷаноби Гросс.

Гузашта аз ин баровардани низомиёни аз ҳудуди Афғонистон низ танҳо ба хотири коҳиш додани зарар бар мардуми афғон мебошад, мегӯяд номбурда.
Бояд тазаккур дод, ки пас аз ҳаводиси соли 2001 ва бо вуруди низомиёни Амрико ба хоки Афғонистон Вашингтон ҳамчун як кишвари намунавӣ оҳиста оҳиста нуфузи худро аз даст дод. Ҳарчанд мақомоти амниятии Амрико таркиши 11-уми сентбярро кори терорристон унвон намуданд. Аммо таҳлилгарони байналмилалӣ бар ин назаранд, ки таркиш ва терористон, баҳоне беш барои ворид шудан ба хоки Афғонистон набуданд.

Бо чунин мазмун борҳо олимони рус ва инглис баромад доштанд. Ҳанӯз дар соли 1996 К. Дарк ва Р. Хэррис олимони Бритониё пешбинӣ доштанд, ки баъд аз муддати кӯтоҳе идора кардани вазъияти ҷаҳон яке аз мушкилоти аслии Амрико ба ҳисоб хоҳад рафт. Евгений Сатановский, раҳбари Донишкадаи Шарқи наздик бошад боре зимни як сӯҳбаташ гуфтааст, ки барои ҳукумати Амрико ба ҷуз аз интихобот дигар чизе муҳим нест. Ба бовари ин коршинос агар маъмурияти Барак Обама тасмим бигирад, ки ҳуҷум бар Сурия ба раисҷумҳури феълии Амрико нуфуз меорад, пас ҳеч санаде наметавонад садди роҳи Вашингтон гардад. Бо ҳамин мазмун таҳлилгарони тоҷик низ борҳо баромад доштанд. Хуршеди Саъдӣ, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки Амрико дар сиёсати хориҷии худ ба ҷуз аз манфиати дохилӣ дигар чизеро ба назар намегирад. Амрико дар сиёсати худ ду шева дорад. Сиёсати дохилиаш аз сиёсати хориҷиаш ба куллӣ фарқ мекунад.

"Бубинед, агар Амрико тамоми шароити иҷтимоиро барои шаҳрвандони худ фароҳам меораду тамоми талошро барои иҷрои масъулият назди шаҳрвандонаш анҷом медиҳад. Аммо дар қиболи сиёсати хориҷӣ аз усули дигар истифода мекунад. Маъмулан аксари раҳбарони кишварҳои ноустувор ва рушд накарда маҳз бо кумаки Амрико сари қудрат меоянд. Ва ҳамин диктаторҳое, ки имруз Амрико бар зидди онҳо мубориза мебарад, онҳо низ маҳз бо имтиёзҳои Амрико сари қудрат омада буданд. Онҳо ҳамеша медонистанд, ки роҳбаладе чун Амрико доранд", аз ин хотир баъид аст, ки Амрико сиёсати хориҷии худро дигар кунад, мегӯяд Хуршеди Саъдӣ. ӯ қабул ва амалӣ гардидани пешниҳоди Ҷими Картерро баъид медонад. Ин гуфтаҳоро Қосими Бекмуҳаммад тақвият бахшида, мегӯяд, ки агар ҳукумати Амрико ҳатто дар сурати 50 дарсад пешниҳоди собиқ раисиҷумҳурро ба инобат бигирад, метавонад нуфузи қаблиашро то андозае барқарор намояд. Номбурда пешниҳоди Ҷими Картерро мантиқӣ ва бар фоидаи миллати Амрико арзёбӣ намуд. Аммо Хуршеди Саъдӣ ҳамсуҳбати дигарам мегӯяд, ки аз чунин изҳороти Ҷими Картер мо набояд хушбин ва хушбовар бошем. Зеро ин ҳам метавонад як усули махсуси сиёсатмадорони Амрико бошад.

Коршиносон мегӯянд, ки Кохи Сафед дар мавриди пешниҳоди собиқ роҳбари кишвар бояд андеша намояд. Зеро ҷомеаи байналмилалӣ демократияи Амрикоро имрӯз баробари фашизм қабул карда, ҳеч тафовутеро миёни ин ду вожа намебинад. Ба гуфтаи таҳлилгарон ҳар коре, ки имрӯз ҳукумати Амрико анҷом медиҳад онро "демократия" номгузорӣ мекунад. Дақиан корҳоеро анҷом медиҳад, дар садаи гузашта ҳукумати советӣ онро анҷом медод.

Дар ҳамин маврид Қосими Бекмуҳаммад коршиноси тоҷик мегӯяд, ки аслан вазъиятро дар Вашингтон на ҳукумат, балки гурӯҳҳои саҳюнистӣ идора мекунанд. Ба зоҳир дар Амрико раисиҷумҳур аст, ӯро мардум интихоб мекунанд, барои як муддати муаяйн. Дар асл ин ҳайатро лоббиҳо таҳти назорати худ қарор додаанд. Қосими Бекмуҳаммад мушкили аслии коста гардидани обрӯи Амрикоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар фаъол будани лоббиҳои саҳюнистии пушти пардагӣ медонад. То замони аз байн набурдани чунин гурӯҳҳо Амрико имкони барқкарор кардани нуфузи қаблиашро нахоҳад дошт.

"Кор то ҷое расидааст, ки ин гурӯҳҳои лоббӣ ба ҷуз  аз умури дохилии Амрико сиёсати ҷаҳониро низ дар ихтиёри худ гирифтааст. Имрӯз маҳз ҳамин гурӯҳҳои саҳюнистӣ сиёсати хориҷии ин кишварро идора карда, тозиёна бар миллатҳои дигар мезананд", мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.
Воқеан бе изҳороти Ҷимӣ Картер низ тамоми ҷаҳон медонад, ки Амрико то куҷо ба масъалаи ҳуқуқи башар арҷ мегузорад. Бахусус дар солҳои охир пас аз воқеаҳои Ироқу Афғонистон ва ахиран Либӣ ин кишвар чеҳраи аслиашро ба намоиш гузошт.

Ҳумайрои Бахтиёр


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!