Бахшҳо
12 июл 2012 07:08Сиёсат

Чаро Раҳмонро президенти хабарсоз намедонанд?

Баъзе аз коршиносон ба ин назаранд, ки натиҷаҳои ин рейтинг ба интихоботи  навбатии  президенти Тоҷикистон  сах т алоқаманд аст

Хабаргузории «Регниун» ва созмони ҷамиятии «Медиология» рейтинги  хабарсозии сарварони кишварҳои пасошўравиро  нашр кард, ки боис ба сару садои зиёд гардид. Саволи аввалине, ки дар ин замина пайдо мешавад, ин аст, ки бо кадом меёрҳо Ислом Каримов  ва Қурбонгулӣ  Бердимуҳамедов аз Эмомалӣ Раҳмон бартарӣ доранд,зеро назар ба рейтинги баргузоркардаи ин ду созмон ин ду президенти  ғайридемократӣ дар мавқеъ болотар  аз Эмомали Раҳмон қарор доранд.

Хулосаи ниҳоии ду маълумоте, ки ин ниҳодҳои журналистиву ҷамъиятӣ ба нашр расониданд, як аст: то куҷо президентҳо хабарсоз ҳастанд ва хабарсозии онҳо то куҷо маънои мусбатро дорад. Аз  рўи меёрҳои муайякардаи ин таҳқиқот чунин бармеояд, ки президент Раҳмон дар ҳар ду ҳолат мавқеи аз ҳама охирро соҳиб аст. Аз мӯҳтавои ин насарсанҷӣ чунин маъние ҳосил мешавад, ки гўё президенти Тоҷикистон аслан хабарсоз нест ва агар хабаре ҳам ба вуҷуд меорад маънои мусбат надорад.

Таҳлилгарони тоҷик мегўянд, пеш аз ҳама дар ин назарсанҷӣ бояд ба он нуқта таваҷҷўҳ кард, ки таҳқиқоти мазкурро кадом созмон ва бо чӣ руҳия анҷом додааст, зеро дар кишварҳое мисли мамлакатҳои пасошўравӣ анҷом додани чунин таҳқиқот бидуни назардошти манфиатҳои идеологӣ имкон надорад. Аслан вақте  сухан дар бораи кишварҳои автократие  мисли Русия меравад. Ба гуфтаи коршиносони тоҷик кишварҳои автократии собиқ шўравӣ доимо таваҷҷўҳ ба ин мекунанд, ки дар кишварҳои бо ном «бародари бузург» нисбати онҳо чи андеша ақида шакл мегирад ва пароканда мешавад. Барои кишварҳое ҳаммонанд садои иҷтимоии дохили кишвари худ, моҳияти чандоне надорад, зеро онҳо чунин мепиндоранд, ки ҳама чиз ва ҳама сиёсатҳо дар хориҷ аз кишвар таҳрезӣ ва анҷом мегирад.

- Ин маҳсусияти  фаъолияти ҳукуматҳои автократие  мебошад, ки дар онҳо райъи мардуми мамлакат  эътибори  хоса надорад. Дар ин гуна кишварҳо ба ҳарф ва садои хориҷи кишвар ва он ҳам аз ҳисоби кишварҳои абарқудрат таваҷҷўҳи амиқ зоҳир карда мешавад. Вагарна дар кадоме аз ин кишварҳо шумо боре мушоҳида кардаед, ки таҳқиқоти як созмони ҷамъяитии ватанӣ ба эътибор гирифта шуда бошад? Бештар аз ин дар кадоме аз ин кишварҳо шумо шоҳиди таҳқиқоти як назарсанҷии  созмонҳои ватанӣ гардидаед? Бубинед, дар ҳамаи кишварҳои авторитарӣ, хоса пасошўравӣ ба натиҷагирии созмонҳои иҷтимоии кишварҳои абарқудрат он қадар таваҷҷўҳ зоҳир мегардад, ки гуфтан надорад. Ҳол он ки дар қонуни асосии ҳамаи кишварҳо ба осонӣ зикри чунин меёрро хоҳед дарёфт: (Халқ  сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат аст). Ин нуқта аз ҷумла дар моддаи 6  Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст. Аммо шумо кай ва  чӣ гуна эхсос кардед, ки Ҳукумати Тоҷикистон  дар доираи хоста ва нохостаҳои мардуми кишвар, фаъолиятҳояшро анҷом додааст? Оё  кадоме аз созмонҳои иҷтимоӣ  назарсанҷие анҷом додаанд ва воқеиятро дар ҳукумати кишвар ошкор кардаанд? Магар шумо як бору ду бор шунидаед, ки фаъолияти мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон аз  вазъи воқеӣ дур аст, масъалагузори мекунад, раҳбари маркази тадқиқоти сосиологии «Бозтоб» Раҷаби Мирзо.
Паҳлӯи дигар…

Мушовири собиқи давлатии президент  оид ба равобити ҷамъиятӣ Иброҳим Усмонов масъалаи дигарро пеш мегузорад. Ба гуфтаи ў, то замони музокироти сулҳи тоҷикон, ҳукумати кишвар талош мекард, ки бо журналистон  равобити зич анҷом бидиҳад ва  наздикии худро ба мардум нишон бидиҳад. Дар ин замон аз ҷумла сухангўи собиқи президент Зафар Саидов тактикаи сухангӯии зиндаи президенти Тоҷикистонро хуб истифода мекард. Аммо феълан Абдуфаттоҳ Шарипов сухангўи нави президент ҳамаи суханҳои гуфтаву ногуфтаи президент Раҳмонро ба ўҳдаи худ мегирад, мегўяд ў. Усмонов  ҳамчунин идома дод, ки чунин тарзи кори хос ба кишварҳои автократист ва хадафи масъулин  бо ин тарзи фаъолият гуё баланд бурдани обру ва эътибори президент бошад дар ҳоле, ки чунин гузоришҳо аслан вокуниши манфӣ бадар мекунад, бовар кунед.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили хизб дар парлумон  бар ин ақида аст, ки масъалаи хабарсоз ва ё  хабарсоз набудани президенти Тоҷикистон дар дигар ҷо нуҳуфтааст:

- Тоҷикистон давлати чандон бузург ва қавӣ дар минтақа  нест ва таъсиргузор ҳам будан наметавонад, ки худи кишвар ва  раҳбарияти он дар хатсайри хабарҳо қарор бигиранд. Маъмулан раҳбари кишварҳое дар хатсайри хабархо зуд- зуд пайдо мегарданд, ки раҳбари кишвараш шахсияте  мебошад, ки мавқеаш таъсир дорад ва боиси таҳлилҳои  ҷомеаи хабарнигорон ва коршиносӣ мегардад. Кабирӣ ҳамчунин таъкид кард, ки аз ин гуна рейтингҳо набояд ташвиш кард ва ба ин бояд муросо намуд, ки Украина, Қазоқистон ва Русия аз мо пурқувват ва пуртаъсиртар дар минтақа  мебошанд.
Раиси ҲНИТ дар ҳоле оид ба кишвари хоса набудани Тоҷикистон ишора мекунад, ки баъзе аз коршиносон сабаби аз эҳтиёт кор гирифтани раҳбарияти Тоҷикистон дар масоили сиёсии ҷаҳонро ба бозиҳои геополитикӣ  нисбат медиҳад:

- Бубинед аксарияти раҳбарони кишварҳо дар бораи руҳдодҳои пурҳарорати ҷаҳон сўҳбатҳо анҷом медиҳанд ва аз ин хотир дар хатсайри  хабарҳо пайдо мешаванд. Аммо Тоҷикистон ва раҳбарияти он дар ин замина хомуширо беҳтар медонанд. Ба назари ман ин ҳолат аз ду омил вобаста аст, яке ҳукумат дар бозиҳои геополитикиву геостратегӣ, ки аз сиёсати бисёрсамтиро  интихоб кардааст, намехоҳад бо ин ё он бозингар муносиботи худро вайрон кунад. Аз ҷониби дигар  ин мешавад ба наҳвае аз номустақилии онхо донист. Аммо ин эҳтиёткорӣ  то дараҷае қавӣ  шудааст, ки ҳукумат ҳатто барои пуштибонӣ ё  ҳимояи манфиатҳои милливу ҳатто шаҳрвандони одиаш сахт шитоб намекунад. Вагарна чандин маротиба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта шуданду мо назари расмиро дар ин бора нашунидем ва хеле дер ва ба қавле малеҳ шунидем, илова кард, зимни сўҳбат  Раҷаби Мирзо.
Аммо баъзе аз коршиносон  ба ин назаранд, ки дар ин масъала бояд зафъи ниҳодҳои  иттилоотиву идеолигиро низ ҷустуҷў  кард.  Ба гуфтаи онҳо, азбаски дар ин мақомот ашхоси аз технологияи хабарсозӣ ва усулҳои нави технологӣ  дур кор мекунанд, дар натиҷа бисёрии фаъолиятҳои ҳукумати кишвар пушти парда мемонад.

Қисмати дигари таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ин гуна шакли пешниҳоди гузориши ахбор хостаи  худи ҳукумат аст, ки намехоҳад ҳама фаъолиятҳои худро ба мардум пешкаш созад, ки бештар ба интригаву манфиатхоҳиҳои дохилии худи онҳо хеле ҳам сахт дахл дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки директори собиқи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва вакили феълии маҷлиси намояндагон Сўҳроб Шарипов  мегўяд, ман рўи рост мегўям, назарсанҷии  анҷомдодаи Русия бештар характери субъеактивӣ  доранд. Ба гуфтаи Шарипов дар матбуоти Русия ва доираҳои таҳлилии ин кишвар вобаста  ба Нурсултон Назарбоев, Александр Лукашенко ва Виктор Янукович мавқеи дигареро ишғол мекунанд, ки ба сиёсатҳои байналмиллалии  ва стратегияи Русия вобастагӣ дорад.  Сухан дар бораи иттиҳоди гумрукӣ  ва иттиҳоди Авру Осиё меравад, ки Маскав бунёди онро дар авлавият қарор додааст:

- Вагарна хабарсоз будан ё набудани раҳбарияти кишварҳо аз рўи кадом меъёрҳо муайян шудааст?Бисёр иқдомҳои Тоҷикистон ҷаҳонӣ шудаанд ба мисоли «Об барои ҳаёт» ва  ғайра. Аммо матбуоти Русия бештар кўшиш мекунад, дар бораи Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва қочоқ маводи мухадираро фақат хабар пахш кунанд.Онҳо аз бисёр дастовардҳои мо огоҳ нестанд.Тамоми шаҳрвандони Русия, ки ин ҷо мебиёянд, тааҷҷуб мекунанд, ки чи гуна як  кишвари пешрафтаро дар матбуоти давлатии  Русия сиёҳ  мекунанд. Мо албатта аз ин сенсасия кардани нестем, вале ин ҳақиқате аст, ки мо ҳар руз мебинем. Агар дар Тоҷикистон низ чунин назарсанҷӣ гузаронда мешуд, мо низ аввал президенти Тоҷикистон Раҳмон баъдан Путин, Назарбоев ва дигаронро ном мебурдем. Инро ман бе тарс мегўям ва ҷои пинҳон ҳам нест.Бубинед, ки чигуна президенти кишвар дар чаҳорчубаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай хеле пешниҳодҳои ҷолиб ҳам кард, вале тамоми давлатҳои ИДМ кўшиш мекунанд онро нодида бигиранд. Бо ин ҳама Сўҳроб Шарипов мегўяд, бахши идеолигиву иттилоотиии Тоҷикистон бояд бештар фаъолият кунанд ва амалкардҳои худро бо замони муосир мутобиқ  созанд. Телевизионҳои мо аз ҷониби ҳукумат конрол мешаванд ва баъзан бисёр дилгиркунанда  ҳам мешаванд ростӣ. Аз кадом ҷиҳат? Чизҳои зиёд такрор ба такрор нишон дода мешаванд.  Мавзўҳои проблемавӣ нест, дар  пешниҳоди мавзўҳои таҳлилӣ хабарнигорони телевизион вазиронро низ ба мусоҳиба даъват кунанд ва мардум бояд гуфтаҳои онҳоро мустақиман аз тариқи телевизионҳои давлатӣ  кшунаванд. Ташкили клубҳои мубоҳисавӣ дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ  хеле заруранд.
Воқеан чанд сол пеш  Зафар Саидов  сухангўи собиқи президенти Тоҷикистон бо пешниҳоде баромад карда буд, ки бояд як ниҳоди имиҷсозӣ дар ҳукумати кишвар таъсис ёбад. Бо гузашти чор сол аз ин пешниҳод дар ин замина та ғироте ба вучуд наомад.

Аммо ба гуфтаи коришиносони тоҷик соли оянда чун Тоҷикистонро  интихоботи президентӣ  интизор аст, мебояд дар ин бахш талоши бештаре дошта бошанд. Зеро сиёсат шарикони доимӣ  надорад. Ва тавре коршиносон мисол меоранд, соле қабл шабакаҳои телевизионии Русия нисбати президенти Белорус Анатолий Лукашенко силсилафилмҳое омода карда буданд, ки ба интихоботи президентиии ин кишвар ва ҳарорати сиёсии он бетаъсир намонд. Оё дар бораи Тоҷикистон низ чунин силсилафилмҳоро омода хоҳанд кард?

Ҷамила Мирбозхонова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)