Бахшҳо
13 июл 2012 06:03Иқтисодӣ

Маблағҳои андози иҷтимоӣ куҷо мераванд?

Сар аз моҳи сентябри соли ҷорӣ бояд музди меҳнат ва нафақаи аҳолӣ боло бурда шавад ва бо ин роҳ ҳукумат мехоҳад ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди мардум бештар иҷро намояд. Зеро дар боби якум ва моддаи 1-и Сарқонун омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки то куҷо вазифаи иҷтимоии давлат дуруст иҷро мегардад?Дар пушти барномаҳои иҷтимоӣ ҳадафҳои сиёсӣ ниҳонанд?

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бояд донем, ки ғояи иҷтимоӣ будани давлат аз куҷо пайдо шудааст. Ҳарчанд аз таърих медонем, ки шоҳону амирон дар гузашта ба мардум кӯмаку дастгириҳои зиёд мекарданд, аммо он  хайри ихтиёрӣ буд на мисли имрӯз, ки давлат бояд ҳатман ба дастгирии ниёзмандон муваззаф бошад. Вале намунаи беҳтарини дастгирии иҷтимоӣ дар ислом омадааст, ки ин закот аз гӯшаи сарвату дороии шахсони сарвантманд ба аҳолии ниёзманд мебошад. Яъне, тибқи фармоиши Худованд шахсони доро муваззафанд, ки як бахши андаки молашонро ба мардуми ниёзманд диҳанд. Бо вуҷуди ин ки чунин амал дастгирии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, лекин аз системаи имрӯзаи дастгирии иҷтимоии давлатӣ фарқ мекунад. Имрӯз давлат муваззаф аст, ки ба аҳолии камбизоат кӯмак кунад, аммо аз ҳисоби пули худи аҳолӣ ин корро анҷом медиҳад. Яъне аз мардум барои бахши иҷтимоӣ андоз меситонад ва боз онро ба як қисми андаки аҳолӣ, ки расман ниёзманд дониста шудаанд, медиҳад. Аммо имрӯз дастгирии иҷтимоӣ ба таври системавӣ ба ӯҳдаи давлат вогузор шудааст ва давлат вазифадор аст, ки мувозиби беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад. Лекин то куҷо ин вазифаро дуруст анҷом медиҳад, масъалаи дигар аст. Ба андешаи иқтисодшинос ва таҳлилгари мустақили рус Дмитрий Зилберман мафҳуми "давлати ғамхор" охирҳои асри 19 дар империяи Олмон, замони канслер будани Отто фон Бисмарк ба вуҷуд омадааст. Соли 1880 бо ташаббуси вай аввалин бастаи қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба вижа таъмини ниёзмандон бо нафақа қабул шуд. Ин коршинос дар як сӯҳбаташ дар нишасти Маркази бозори озоди Тоҷикистон гуфт, ин далел бори дигар собит мекунад, ки нафақа ва дигар таъминоти иҷтимоӣ барои сиёсатмадорон ё шахсони мансабдор чун воситаи баланд бардоштани имиҷи онҳо дар назди як қишри аҳолӣ хизмат мекунад. Зеро Бисмарк ба ин иқдоми "серхароҷот" барои буҷети давлатӣ бо мақсади ба бовари мардум даромадан ва овози зиёди интихобкунандагонро гирифтан дар арафаи интихоботи парлумонӣ даст зад. Ин "ғамхорӣ" ҳам бошад, бо пули худи мардум амалӣ мешавад. Яъне Бисмарк пулро аз куҷо мегирад? Аз буҷет! Ва буҷет аз ҳисоби маблағи андозсупорандагон пур мешавад.        

Қирғизҳо 17 % андози иҷтимоӣ месупоранд, тоҷикон 25%
Яъне, имрӯз, ки дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар машғули кор дониста мешаванд, аз гӯшаи маоши худ 25 дар сад андози иҷтимоӣ месупоранд, аммо шумораи нафақахӯрону бознишастагон 700 ҳазор аст ва ҳаҷми нафақаву кӯмакпулиҳо низ хеле ночиз аст. Масалан, имрӯз ҳаҷми маоши кормандон гуногун аст ва агар яке 400 ё 500 сомонӣ гирад, дигаре 1000 ё 2000 сомонӣ маош мегирад ва ҳар кас аз рӯи андозаи маошаш 25 дар сад андози иҷтимоӣ месупорад. Агар маоши як корманд 1000 сомонӣ бошад ӯ 250 сомонӣ андози иҷтимоӣ пардохт мекунад, вале аз ин танҳо 80 сомонияш ба нафақахур ё бознишаста пардохт мешаваду бас. Боқимондаи пул маълум нест, ки ба куҷо ва чӣ тавр харҷ мешавад. Яъне, тасаввур кунед, ки шумо имрӯз ҳар моҳ 250 сомонӣ ё аз рӯи маоши миёнаи 560 сомонӣ 140 сомонӣ ҳар моҳ андози иҷтимоӣ месупоред, вале оянда аз ин маблағ ба шумо танҳо 80 сомонӣ дода мешавад. Дар сурати боло рафтани ҳаҷми маошу нафақа ҳам вазъ тағйир намеёбад. Зеро ҳар қадар маоши бештар гиред, андози иҷтимоиро ҳам зиёдтар пардохт мекунед, вале давлат барои шумо камтар нафақа медиҳад. Аз сӯи дигар шумораи аҳолии машғули кор беш аз 2 миллион аст ва аҳолии нафақахур 700 ҳазор ва маблағи боқимондаи бахши иҷтимоӣ ба куҷо сарф мешавад, ҳисобу китоби аниқ надорад. Масалан, 2 миллион нафар ба ҳисоби миёна аз рӯи маоши 560 сомонӣ андози иҷтимоиро дар ҳаҷми 140 сомонӣ пардохт кунанд, дар як моҳ 280 миллион сомонӣ (58 млн. доллар) маблағ ба даст меояд. Аз ин маблағ 700 ҳазор ниёзманд дар ҳаҷми 80 сомонӣ кӯмак дода шавад, 56 млн. сомонӣ харҷ мешавад ва 224 млн. сомонии дигар бақия мемонад. Дар давоми сол танҳо аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3 миллиарду 360 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ мешавад, ки аз ин танҳо 672 миллионаш ба кӯмаку нафақаи ниёзмандон ҷудо мешавад. Ду миллиарду 688 млн. сомонии дигар ё муодили 560 миллион доллар боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки соли 2011 барои бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву солимгардонии аҳолӣ аз ҳисоби буҷет дар маҷмӯъ 3 605 000 000 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар сурате, ки бо вуҷуди ҷудо шудани ин маблағҳо хизматрасонӣ дар бахши тандурустӣ ва маориф комилан бепул нест. Тақрибан тамоми хизматрасониҳои тандурустӣ пулакӣ аст ва ҳатто он хизматрасониҳое, ки аз рӯи қонун бепул аст, ба таври ғайрирасмӣ пулакӣ мебошад. Дар соҳаи маориф ҳам мактабҳо ба маблағгузории сари касӣ гузашта истодаанд. Яъне як маротиба аз мардум барои таъмини ҳифзи иҷтимоии худи онҳо андоз меситонанд то ба таври ройгон хизмат расонида шавад, вале маротибаи дуввум боз мардум маҷбур мешаванд барои пардохти сари касӣ дар мактабҳо ва ҳаққи ташхису маслиҳати духтур пул супоранд. Маълум мешавад, ки мардум барои таъмини ҳифзи иҷтимоии худ иловатан бояд пул супоранд. Пас дар ин сурат оё зарурате ҳаст, ки ин қадар маблағи зиёд аз ҳисоби буҷет ба ин бахшҳо ҷудо карда шавад? Зеро аз ду сар бо маоши таъинкарда духтурон ё муаллимон зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд ва зарурати аз беморон ё муҳассилин пул гирифтан пеш меояд.     
Ҳоло ба як далели дигар таваҷҷӯҳ кунед, ки дар Қирғизистон бо 17 фоиз андози иҷтимоӣ ба нафақахурон 150 сомонӣ ё муодили 30 доллар нафақа дода мешавад, аммо нафақахурон дар Тоҷикистон бо пардохти 25 фоиз андози иҷтимоӣ 80 сомонӣ ё ҳудуди 16 доллар нафақа мегиранд. Чаро дар Қирғизистон бо пардохти 17 фоиз андози иҷтимоӣ нафақаи бештар гирифтан имкон доштаасту дар Тоҷикистон не?!

Пули Исову роҳати Мӯсо
Аммо мушкили дигар дар он дониста мешавад, ки мардум ба таъмини боадолатонаи нафақа чандон бовар надоранд ва дақиқ намедонанд, ки имрӯз бо чунин пардохти зиёд фардо чӣ қадар нафақа гирифта метавонанд. Ба гуфтаи таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмолилиён чунин нофаҳмӣ дар додани нафақа дар бисёр кишварҳо кайҳо роҳҳалли худро ёфтааст. Дар ҷаҳон ду системаи нафақадиҳӣ роиҷ аст, ки яке тақсимкунӣ ва дигаре баҳраандӯзӣ ном дорад. Системаи тақсимкунӣ чунин аст, ки ҳар нафар ба фонди иҷтимоӣ ё нафақа андози муайян месупорад ва он ба нафақахӯрони  тақсим карда мешавад ва касоне, ки имрӯз нафақагиронро бо нафақа таъмин мекунанд, фардо, замони ба сини нафақа расидан аз ҳисоби андози дигар кормандон бо нафақа таъмин мешаванд. Дар Тоҷикистон асосан чунин навъи нафақадиҳӣ роиҷ аст. Аммо дар дигар кишварҳо ба таври баҳраандӯзӣ нафақа дода мешавад. Яъне, ба таври андоз нест, давлат маҷбур ҳам намекунад, танҳо ҳар кас бо хоҳиши худ метавонад барои давраи пиронсолӣ пасандоз гузорад. ӯ ба ширкатҳои хусусии машғули чунин корҳо муроҷиат мекунад ва моҳона пасандоз мегузорад. Чӣ қадаре маблағ супорад, ҳамон қадар мегирад. Он ширкатҳо маблағи ӯро дар гардиш медароранд ва аз он ҳисоб фоида ба даст меоранд, вале маблағи ҳар муштариро бо номи ӯ навишта мемонанд ва дар сини нафақа ҳар касе, ки пасандоз карда буд, меравад ва он пулро қисман ё комилан аз ширкат мегирад.Вале ба андешаи Зулфиқори Исмоилиён чун дар Тоҷикистон бештари фаъолиятҳо давлатӣ аст, мардум аз фаъолияти ширкатҳои хусусӣ чандон огоҳ нестанд.
Аммо дар сурати бо ин усул пасандоз кардан метавонад дар оянда барои роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ сармояи зарурӣ фароҳам созад ва аз сӯи дигар одамон худашон тасмим мегиранд, ки маблағашонро чӣ гунна ва бо кадом мақсад истифода баранд, на ин ки давлат пули онҳоро дар ихтиёр мегирад ва чӣ тавре хоҳад ҳамон тавр истифода мекунад. Ба андешаи Димитрий Зилберман аз ҳама механизми беҳтари таъмини иҷтимоии аҳолӣ ин "аз саҳна" берун шудани давлат аст. Яъне ин масъала ба ихтиёри одамон ва бахши хусусӣ вогузор шавад авлотар аст.  
Ба андешаи коршиноси иқтисодӣ Дилшоди Абдуҷалил камбудии асосии системаи тақсимкунии нафақа дар он аст, ки кишварҳои дунё ба танзими таваллуди насл шурӯъ кардаанд ва минбаъд нерӯи кории кишварҳо рӯз то рӯз кам шудан мегираду теъдоди пирон меафзояд ва шумораи кормандон дар нисбати нафақахурон коҳиш ёфтан мегирад. Дар ин сурат ҳаҷми пардохти маблағ ба фонди иҷтимоӣ кам мегардад ва хароҷот баръакс зиёд мешавад. Дар ин сурат ё системаи мавҷуда барҳам мехурад ё давлат маҷбур мешавад як қатор чораҳоро амалӣ созад. Аз ҷумла, ба боло бурдани сини нафақа, зиёд кардани андозҳо ва кам кардани ҳаҷми нафақа зарурат пеш меояд.     

Аҳволи ниёзмандон чӣ мешавад?
Аммо саволи навбатӣ ин аст, ки агар хароҷотҳои иҷтимоии давлатӣ кам гардад, аҳволи мардуми бознишаста ва ниёзманд чӣ мешавад? Зулфиқори Исмоилиён чунин мешуморад, ки агар ин хароҷотҳо камтар шавад, мардум боз қашшоқтар мешаванд. "Зеро беш аз 60 дар сади аҳолӣ зери хати фақр ба сар мебаранд ва чӣ хел метавон нафақаву кӯмакпулиҳои онро кам кард, ки бе ин ҳам барои рӯзгузаронӣ нокофӣ аст? Он 80 сомоние, ки нафақахурон мегиранд ба як халта орд намерасад. Баръакс метавон аз хонаҳои бузургу дороиҳои зиёд андоз ҷорӣ кард ва аз ҳисоби он нафақаи бознишастагонро боло бурд. Генофонди миллат ба ин вобастагӣ дорад. Тасаввур мекунед, ки дар Тоҷикистон аксари кӯдакон ба бемориҳое гирифторанд, ки сабаби аслиашон камғизоӣ аст. Ояндаи миллати мо ин кӯдакон ҳастанд ва вақте носолим ба оя мерасанд, ояндаи миллати мо дар хатар аст".     
Ҷонибдорони низоми озоди иқтисодӣ бошанд мегӯянд, касе мехоҳад "давлати пирӣ" ронад, пас ба умеди имтиёзҳои давлатнашавад ва бояд аз имрӯз барои фардо пасандоз гузорад. Лекин дар ин байн ҳастнад нафароне, ки феълан имкони кор кардан надоранд ва бознишастаанд ва онҳо наметавонанд барои оянда пасандоз гузоранд. Ё дар ҳар кишваре шахсони имконияиташон маҳдуд ба сар мебаранд ва онҳоро дар бисёр идораҳо ба кор намегиранд. Пас онҳо чӣ кор бояд кунанд? Таҳлилгари иқтисодӣ Дилшоди Абдуҷалил бар ин назар аст, ки теъдоди шахсони имконияташон маҳдуд чандон зиёд нест ва агар имрӯз системаи нафақагирӣ ба таври баҳраандӯзӣ ё аз рӯи принсипи "барои фардо аз имрӯз замина фароҳам кун" сурат гирад, боқимонда нафарони маъюб ё маҷҳулро давлат метавонад аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстонаву имкониятҳои андаки буҷетӣ таъмин кунад. Зеро дар Тоҷикистон қувваи корӣ зиёд аст ва он нафақахуроне, ки имрӯз 80 сомонӣ ҳақмузд мегиранд, дар гузашта ба буҷети давлатӣ ва сандуқи иҷтимоӣ андоз супорида буданд то ояндаи бофароғат дошта бошанд, аммо имрӯз бисёре аз онҳо ба нони хурдан дармондаанд. Агар онҳо дар он давра пардохти иҷтимоии худро дар шакли пасандоз нигоҳ медоштанд, имрӯз шояд зиндагии беҳтаре медоштанд. Давлат ягон кафолате барои гирифтани нафақаи хуб ба онҳо дода натавонист. Пас аз куҷо маълум аст, ки боз оянда моро бо нафақаи хуб таъмин карда метавонад?
Исфандиёр ХАЛИЛӣ    
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)